Гурӯҳвар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Гурӯҳвар
Tajikistan-Army-OR-5.png
Сардӯшии гурӯҳвар дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон.
Кишвар  Tajikistan
Нерӯ Артиш
Кӯтаҳнивишт форсӣ: گروه‌ور
Ҳамто дар НАТО[en] OR-5
Пайдоиш 1935
Дараҷаи болотар Гурӯҳдор
Дараҷаи поинтар Радабон
Дараҷаҳои баробар

Гурӯҳвар (форсӣ: گروه‌ور‎) — дараҷае сарбозӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз гурӯҳдор ва болотар аз радабон мебошад; сержанти хурд.

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи поинтар:
Радабон

Нишони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.jpg
Гурӯҳвар
Дараҷаи болотар:
Гурӯҳдор

Гурӯҳвар дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати ёвари муовини фармондеҳи гурӯҳро дорад, ки ягоне тактикиест, ки аз ду рада (6 — 12 сарбоз) ташкил шуда ва бахше аз таҳм аст[1]; отделение[2].

Вожашиносӣ[вироиш]

«Гурӯҳвар» аз як вожа ва як пасванд сохта шудааст: гурӯҳ + -вар. Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (гурӯҳ) + пасванд (-вар)] аст. Пасванди «-вар» ба маънои «доранда» аст, ки ба исм афзуда мешавад ва сифат месозад[3]. Дар сохти ин сифат аз фароянди вожасозии иштиқоқӣ истифода шудааст.

Гурӯҳвар дар пайравӣ аз гурӯҳдор ва гурӯҳбон сохта шудааст.

Пешина[вироиш]

«Гурӯҳ» (форсӣ: گروه[4] > порсии миёна: grōh[5]) ба маънии «дастае аз сипоҳиён, лашкариён, ҷанговарон» дар «Шоҳнома» бисёр ба кор рафтааст. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:

Бирав бо сипоҳе ба кирдори кӯҳ,
Гузин кун зи гурдони лашкар гурӯҳ[6]

Ин вожаро соли 1935 Фарҳангистони забони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии артиш ҳамчун истилоҳи низомӣ барои номидани бахше аз даста тасвиб кардааст. Ҳамзамон истилоҳи «гурӯҳбон» (форсӣ: گروهبان‎) низ бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинӣ ба маънои «фармондеҳи гурӯҳ» тасвиб шудааст[7].

«Гурӯҳбон» ҳамакнун яке аз дараҷаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва баробар бо «сержанти калон» дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст[8]. Аз рӯи ин истилоҳ вожаҳои «саргурӯҳбон», «гурӯҳдор» ва «гурӯҳвар» сохта ва барои ҷойгузин кардани дараҷаҳои низомии «старшина», «сержант» ва «сержанти хурд» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[9].

Манобеъ[вироиш]

  1. Фарҳанги ҳазор вожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 161
  2. Коллектив авторов. Том 6, статья «Отделение» // Военная энциклопедия / Под ред. П. В. Грачёв. — М.: Воениздат, 2002. — С. 181. — 639 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01873-1.
  3. Таботабоӣ, Алоъуддин. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. ISBN 978-600-105-121-0. – с. 106
  4. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 1, с. 297.
  5. MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 38
  6. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 15
  7. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314 — 1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод. — с. 38
  8. Фарҳангномаи форсӣ: вожагон ва аълом. Ғуломҳусайн Садрии Афшор, Насрин Ҳакамӣ, Настаран Ҳакамӣ. Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1388. — 3 ҷилд. ISBN: ҷ. 1: 978-964-8637-92-2; ҷ. 2: 978-964-8637-89-2; ҷ. 3: 978-964-8637-91-5
  9. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной

Пайвандҳо[вироиш]