Jump to content

Размдор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Гурӯҳдор)
Размдор
Сардӯшии Нерӯи заминӣ Сардӯшии Нерӯи заминӣ
Кӯтаҳнивишт форсӣ: رزم‌دار
Кишвар  Тоҷикистон
Дараҷаи болотар Разморо
Дараҷаи пойинтар Размовар
Ҳамто

Размдор (форсӣ: رزم‌دار‎) — дараҷае размоварӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз размовар ва пойинтар аз разморо дорад ва баробар бо новёр якум дар нерӯи дарёӣ аст; сержант[1].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Размовар

Размдор
Дараҷаи болотар:
Разморо

Размдор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми фармондеҳи радаро дорад, ки ягоне размиест, ки аз ду гурӯҳ (6 — 12 сарбоз) ташкил шуда ва бахше аз таҳм аст[2]; отделение[3]. Размдор ҳамчунин мақоми созмонии фармондеҳи тонк ва фармондеҳи зиреҳпӯшро дорад.

«Размдор» ба маънои «ҷанговар; ҷангҷӯ; размӣ» аст[4] ва аз як вожа ва як пасванд сохта шудаву мақулаи дастурии он исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (разм) + пасванд (-дор)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст:

разм (порсии миёна: razm < порсии бостон: *razma-рада” < эронии бостон: *raźman-ороиши ҷангӣ” аз √*raź-оростан; тартиб додан, идора кардан[5]) + -дор (форсӣ: دار‎ < порсии миёна: dār < порсии бостон: *dār(a)- < эронии бостон: *dārai̯a- «доштан; доранда»), ки ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «нигаҳдоранда»-ро мерасонад[6].

Вожасозӣ бо пасванди «-дор» аз куҳантарин замонҳо ба кор меравад. Чунончи, дар забони эронии бостон «*kāra-daranaka-» ‘дорандаи сипоҳ, сипаҳдор[7] ва дар форсӣ: «сипаҳдор»‎ ва «лашкардор» бо ҳамин пасванд сохта шудаанд.

Сипаҳдор ё сипоҳдор аз истилоҳоти куҳани низомӣ ва мутародиф бо «сипаҳсолор» ва «фармонраво; подшоҳ» аст ва «сипаҳдорӣ» низ «амали сипаҳдор, сардории сипоҳ, фармондеҳӣ»-ро мегуфтанд[8]. Чунончи, Фирдавсӣ «сипаҳдор»-ро ба маънои «фармондеҳи сипоҳ» бисёр ба кор бурдааст:

Таҳамтан ҳамон гаҳ забон баркушод,
Паёми сипаҳдори Эрон бидод[9].

Сипаҳдори Турон чу з-он гуна дид,
Сабук сар аз он ҷанг берун кашид[9].

«Лашкардор» низ аз истилоҳоти куҳани низомӣ ва ба маънои «идоракунанда ва фармондеҳи лашкар» аст ва «амалу шуғли лашкардор; нигаҳдории лашкар; фармондеҳии лашкар»-ро «лашкардорӣ» мегуфтанд[8]. Лашкардор дар «Марзбоннома» ба маънои «фармондеҳи лашкар» ба кор рафтааст:

«Корҳои мамлакат ба мардони кору лашкару лашкардор рост ояд»[4].

Чун яке аз куҳантарин маъниҳои разм — «рада» буда, ки номи хурдтарин ягони размӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ аст, ِ «размдор» дар қиёс бо сипаҳдор ва лашкардор ба маънои “фармондеҳи рада” гирифта шудааст, ки мақоми созмонии ӯро дар силсиламаротиби низомӣ бозтоб медиҳад.

«Размдор» барои ҷойгузинии дараҷаи низомии «сержант» ба Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст[10].

Сипоҳи Ҳахоманишиён
Ягонҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
*daθa- 10 сарбоз *daθapati-
*θata- 100 сарбоз *θatapati-
*hazāra- 1 000 сарбоз *hazārapati-
*baivara- 10 000 сарбоз *baivarapati-
*spāda- 60 000 сарбоз *spādapati-

Мақоми фармондеҳии рада нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадааст. Дар сипоҳи Ҳахоманишиён (порсии бостон: *spāda- [сипоҳ]), ки бар пояи радабандии даҳ-даҳӣ созмон ёфта буд, аз 10 сарбоз як *daθa- [даҳа] ташкил мешуд, ки сардораш *daθapati- [даҳабад] буд[11]. Аз 10 даҳа як *θata- [сада] ташкил мешуд, ки фармондеҳаш *θatapati- [садабад] буд[11]. Аз 10 сада як *hazāra- [ҳазора] ташкил мешуд, ки онро *hazārapati- [ҳазорабад] фармондеҳӣ мекард[12]. Аз 10 ҳазора як *baivara- [бевара] ташкил мешуд, ки фармондеҳаш *baivarapati- [беварабад] буд[12]. Сарфармондеҳи сипоҳи Ҳахоманишиён *spādapati- [сипаҳбад] буд[13].

Агар шумори нерӯҳои ин ягонҳоро бо воҳидҳои низомии артишҳои имрӯзӣ ҳамсанҷӣ кунем, даҳа бо отделение, сада бо рота, ҳазора бо полк, бевара бо дивизия ва сипоҳ бо армия баробар мешаванд. Бо ҳамин қиёс, даҳабад бо сержант ё старшина, садабад бо лейтенант ё капитан, ҳазорабад бо майор ё полковник, беварабад бо генерал-майор ё генерал-лейтенант ва сипаҳбад бо генерал-полковник ё генерали артиш баробар мешаванд.

Сержант (фр. sergent, аз лот. serviens) худ ба маънои «чокар, хидматгор, хидматгузор» аст ва ҳамчун рутба нахустин бор дар асри XV дар артиши Фаронса ва сипас артишҳои Олмон ва Бритониё ба кор рафтааст. Дар садаҳои миёна дар нерӯҳои муздур ва артиши кишварҳои урупоӣ шаш намуд сержант хидмат мекард:

  1. дар радаҳокапрал ё сержанти хурд.
  2. дар таҳмҳосержант.
  3. дар ваштҳомастер-сержант ё сержанти калон.
  4. дар гурдонҳоштаб-сержант.
  5. дар ҳангҳосержант-майор, ки дертар майор номида шуд.
  6. дар ситоди сарфармондеҳи артиш (капитан-генерал) — генерал-сержант-майор, ки дертар генерал-майор номида шуд.

Дар Артиши Сурх дараҷаи «сержант» ҳамчун рутбаи шахсӣ 2 ноябри соли 1940 ҷорӣ шуда буд.

Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дараҷа 23 феврали соли 1993 ҷорӣ шудаву чаҳор рутба дорад:

  1. сержанти хурд,
  2. сержант,
  3. сержанти калон,
  4. старшина.

Дар нерӯҳои мусаллаҳ барои фармондеҳии ҳар ягони размӣ мақоми созмоние дар назар гирифта шудааст. Бино бар ойинномаҳои низомӣ, мақоми созмонии ин дараҷадорон фармондеҳии рада, тонк, зиреҳпӯш ва дигарҳо аст.

Размдор ҳамчун дараҷаи низомӣ соли 1991 дар нерӯҳои заминиву ҳавоии Сипоҳи посдорон ҷорӣ шуда[8][14] ва ду рутба дорад, ки баробар бо рутбаҳои зерин дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд:

  1. размдори дувум = старшина;
  2. размдори якум = прапоршик.
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»
  2. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 161. 10 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  3. Коллектив авторов. Том 6, статья «Отделение» // Военная энциклопедия / Под ред. П. В. Грачёв. — М.: Воениздат, 2002. — С. 181. — 639 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01873-1.
  4. 4.0 4.1 Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.
  5. Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: «Восточная литература», 2020. — Т. 6 (p—r̥). — С. 436. — 463 с. — 500 экз. — ISBN 5-02-018124-2; ISBN 978-5-02-039863-4 (в пер.).
  6. Содиқӣ, Алиашраф. Шеваҳо ва имконоти вожасозӣ дар забони форсии муъосир (5) // «Нашри дониш», хурдод ва тири 1371, шумораи 7, сс. 39 – 45.. 11 Декабри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 Декабри 2021.
  7. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи Ҳасандӯст ворид нашудааст
  8. 8.0 8.1 8.2 Анварӣ, Ҳасан. Фарҳанги бузурги «Сухан». Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ, Теҳрон: «Сухан», 1381 –. 8 ҷ. мусаввар. ISBN 964-6961-98-3 (давра).
  9. 9.0 9.1 Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2007. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ISBN 978-99947-32-84-5
  10. Умед Ҷайҳонӣ: Агар раисҷумҳур тасмим гираду дастур диҳад, рутбаҳои низомӣ бечунучаро миллӣ мешаванд(тоҷ.) (23 February 2022).
  11. 11.0 11.1 W. Hinz, Altiranisches Sprachgut der Nebenüberlieferungen, Wiesbaden, 1975.
  12. 12.0 12.1 J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896.
  13. Шаҳбозӣ, Алиризо Шопур. Ҷанг дар Эрони бостон // Ҷусторҳои эроншиносӣ. Теҳрон: Китоби марҷаъ, 1391. – саҳ. 55 – 95
  14. Қонуни муқаррароти истихдомии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ. 12 Декабри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 августи 2013.