Размовар
| |||||
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: رزمآور | ||||
Кишвар | Tajikistan | ||||
Дараҷаи болотар | Размдор | ||||
Дараҷаи пойинтар | Размюз | ||||
Ҳамто |
|
Размовар (форсӣ: رزمآور) — дараҷае размоварӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз размюз ва пойинтар аз размдор дорад ва баробар бо новёр дувум дар нерӯи дарёӣ аст; сержанти хурд[1].
Мақоми созмонии размовар, бино бар Ойинномаи хидмати дохилӣ ва Ойинномаи инзиботии Нерӯҳои мусаллаҳ, фармондеҳи рада аст, ки он ягоне размӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ будаву аз ду гурӯҳ (6 — 12 сарбоз) ташкил шуда ва бахше аз таҳм аст; гурӯҳ[2]; отделение[3].
Дараҷаи пойинтар: Размюз |
Размовар |
Дараҷаи болотар: Размдор |
Вожашиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]«Размовар» аз «разм овардан» ба маънои «ҷанг кардан, ҷангидан; размидан; набард кардан» сохта шудааст. Мақулаи дастурии ин вожа исму сифати фоъилӣ ва сохтвожаи он ба сурати [исм (разм) + асоси феъли замони ҳозираи «овардан» (овар)] аст. Дар сохти ин вожа аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст:
разм (порсии миёна: razm < порсии бостон: *razma- “рада” < эронии бостон: *raźman- “ороиши ҷангӣ” аз √*raź- “оростан; тартиб додан, идора кардан”[4]) + овар > асоси замони ҳозираи феъли овардан.
«Размовар» ба маънии «ҷанговар, разманда» дар осори адабии форсӣ бисёр ба кор рафтааст[5]. Чунончи, Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» гуфта:
Чун яке аз куҳантарин маъниҳои разм — «рада» буда, ки номи хурдтарин ягони размӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ аст, ِ «размовар» ба маънии “фармондеҳи рада” гирифта шудааст. Мақулаи дастурии ин вожа сифат ва сохтвожаи он ба сурати [исм (разм) + пасванд (-вар)] аст. Дар сохти ин сифат аз фароянди вожасозии иштиқоқӣ истифода шудааст. Пасванди «-вар» дар ин вожа ба маънои «доранда» аст ва ба исм афзуда мешаваду сифат месозад. Ин пасванд гоҳе ба гунаи «-овар» низ ба кор меравад, ки дар «ҷанговар», «таковар» дида мешавад[7]. Бо чунин рӯйкард, размовар ба маънои «фармондеҳи рада» аст, ки мақоми созмонии ӯро дар силсиламаротиби низомӣ бозтоб медиҳад.
«Размовар» барои ҷойгузинии дараҷаи низомии «сержанти хурд» ба Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст[8].
Пешина
[вироиш | вироиши манбаъ]Сипоҳи Ҳахоманишиён | ||
---|---|---|
Ягонҳо | Шумори нерӯҳо | Фармондеҳ |
*daθa- | 10 сарбоз | *daθapati- |
*θata- | 100 сарбоз | *θatapati- |
*hazāra- | 1 000 сарбоз | *hazārapati- |
*baivara- | 10 000 сарбоз | *baivarapati- |
*spāda- | 60 000 сарбоз | *spādapati- |
Размовар ҳамчун мақоми размӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадааст. Дар сипоҳи Ҳахоманишиён (порсии бостон: *spāda- [сипоҳ]), ки бар пояи радабандии даҳ-даҳӣ созмон ёфта буд, аз 10 сарбоз як *daθa- [даҳа] ташкил мешуд, ки сардораш *daθapati- [даҳабад] буд[9]. Аз 10 даҳа як *θata- [сада] ташкил мешуд, ки фармондеҳаш *θatapati- [садабад] буд[10]. Аз 10 сада як *hazāra- [ҳазора] ташкил мешуд, ки онро *hazārapati- [ҳазорабад] фармондеҳӣ мекард[11]. Аз 10 ҳазора як *baivara- [бевара] ташкил мешуд, ки фармондеҳаш *baivarapati- [беварабад] буд[12]. Сарфармондеҳи сипоҳи Ҳахоманишиён *spādapati- [сипаҳбад] буд[13].
Агар шумори нерӯҳои ин ягонҳоро бо воҳидҳои низомии артишҳои имрӯзӣ ҳамсанҷӣ кунем, даҳа бо отделение, сада бо рота, ҳазора бо полк, бевара бо дивизия ва сипоҳ бо армия баробар мешаванд. Бо ҳамин қиёс, даҳбад бо сержант ё старшина, садбад бо лейтенант ё капитан, ҳазорбад бо майор ё полковник, беварбад бо генерал-майор ё генерал-лейтенант ва сипаҳбад бо генерал-полковник ё генерали артиш баробар мешаванд.
Сержант (фр. sergent, аз лот. serviens) худ ба маънои «чокар, хидматгор, хидматгузор» аст ва ҳамчун рутба нахустин бор дар асри XV дар артиши Фаронса ва сипас артишҳои Олмон ва Бритониё ба кор рафтааст. Дар садаҳои миёна дар нерӯҳои муздур ва артиши кишварҳои урупоӣ шаш намуд сержант хидмат мекард:
- дар радаҳо — капрал ё сержанти хурд.
- дар таҳмҳо — сержант.
- дар ваштҳо — мастер-сержант ё сержанти калон.
- дар гурдонҳо — штаб-сержант.
- дар ҳангҳо — сержант-майор, ки дертар майор номида шуд.
- дар ситоди сарфармондеҳи артиш (капитан-генерал) — генерал-сержант-майор, ки дертар генерал-майор номида шуд.
Дар Артиши Сурх дараҷаи «сержант» ҳамчун рутбаи шахсӣ 2 ноябри соли 1940 ҷорӣ шуда буд.
Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дараҷа 23 феврали соли 1993 ҷорӣ шуда ва чаҳор рутба дорад:
- сержанти хурд,
- сержант,
- сержанти калон,
- старшина.
Дар нерӯҳои мусаллаҳ барои фармондеҳии ҳар ягони размӣ мақоми созмоние дар назар гирифта шудааст. Бино бар ойинномаҳои низомӣ, мақоми созмонии ин дараҷадорон фармондеҳии рада, тонк, зиреҳпӯш ва дигарҳо аст.
Размовар ҳамчун дараҷаи сержантӣ соли 1991 дар нерӯҳои заминиву ҳавоии Сипоҳи посдорон ҷорӣ шуда ва се рутба дорад[14]:
- размовари севум = сержанти хурд;
- размовари дувум = сержант;
- размовари якум = сержанти калон.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»
- ↑ Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 161. 4 сентябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
- ↑ Коллектив авторов. Том 6, статья «Отделение» // Военная энциклопедия / Под ред. П. В. Грачёв. — М.: Воениздат, 2002. — С. 181. — 639 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01873-1.
- ↑ Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: «Восточная литература», 2020. — Т. 6 (p—r̥). — С. 436. — 463 с. — 500 экз. — ISBN 5-02-018124-2; ISBN 978-5-02-039863-4 (в пер.).
- ↑ Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 2, с. 144.
- ↑ Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 2. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 234
- ↑ Таботабоӣ, Алоъуддин. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. – 116. ISBN 978-600-105-121-0.
- ↑ Умед Ҷайҳонӣ: Агар раисҷумҳур тасмим гираду дастур диҳад, рутбаҳои низомӣ бечунучаро миллӣ мешаванд(тоҷ.) (23 February 2022).
- ↑ W. Hinz, Altiranisches Sprachgut der Nebenüberlieferungen, Wiesbaden, 1975, p. 87
- ↑ Hinz, op. cit., p. 240
- ↑ J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896, p. 57
- ↑ Marquart, op. cit., p. 19 n. 84
- ↑ Шаҳбозӣ, Алиризо Шопур. Ҷанг дар Эрони бостон // Ҷусторҳои эроншиносӣ. Теҳрон: Китоби марҷаъ, 1391. – саҳ. 55 – 95
- ↑ Қонуни муқаррароти истихдомии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ. 14 Декабри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 августи 2013.