Гундсолор
| |||||
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: گندسالار | ||||
Кишвар | Тоҷикистон | ||||
Дараҷаи болотар | Лашкарсолор | ||||
Дараҷаи пойинтар | Сарҳанг | ||||
Ҳамто |
Гундсолор (форсӣ: گندسالار) — дараҷае солорӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз сарҳанг ва пойинтар аз лашкарсолор дорад ва баробар бо дарёдор дар нерӯи дарёӣ аст; генерал-майор[1].
Дараҷаи пойинтар: Сарҳанг |
Гундсолор |
Дараҷаи болотар: Лашкарсолор |
Гундсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми созмонии фармондеҳи гундро дорад, ки ягоне тактикӣ дар шохаву зершохаҳои нерӯҳои мусаллаҳ аст, ки маъмулан хурдтар аз лашкар будаву аз ду ҳанг ё чанд гурдон ташкил ёфта ва ягонҳои хурдтаре барои бароварда сохтани ниёз ба он ҳамроҳ мешаванд; тип[2]; бригада[3][4].
Вожашиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]«Гундсолор» яке аз истилоҳоти сипоҳи Ашкониён ва Сосониён аст ва аз ду вожа сохта шудаву мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (гунд) + исм (солор)] аст:
гунд (порсии миёна: gund < паҳлавӣ: gund ‘лашкар; гурӯҳ, даста’[5] < эҳтимолан аз эронии бостон: *vr̥nda- ‘сипоҳ; гунд’[6]) + солор (порсии миёна: sālār < паҳлавӣ: sarδār < порсии бостон: *sar(a)-dāra- < эронии бостон: *sara-dāra-)[6].
Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст. «Солор» гунае дигар аз «сардор» аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои «раҳбар, пешво, фармондеҳ; генерал» дар номгузории симату дараҷаҳои низомӣ ба кор меравад[7][8].
Истилоҳи «гунд» дар «Шоҳнома» дар таркиби вожаи «гундовар» омада, ки Фирдавсӣ онро ба маънои «сипаҳсолор» ба кор бурдааст[6]:
Пазира шудандаш ҳама меҳтарон,
Бузургони Эрону гундоварон[9].
Ин истилоҳ аз забонҳои эронии миёна (паҳлавӣ ва порсии миёна) дар забонҳои арманӣ («gund»), гурҷӣ («gund-i») низ вом гирифта шудааст[10]. Ин истилоҳ ҳамчунин аз забони форсии дарӣ ба забони туркӣ вом гирифта шуда ва истилоҳи форсӣ-туркии «جنباشی» [ҷунбошӣ]-ро ташкил дода, ки дар сипоҳи Ғазнавиён ва Салҷуқиён фармондеҳи лашкаре аз чанд ҳазор сарбозро меномиданд[11]. Дар садаҳои миёна фармондеҳи 5 ҳазор сарбозро «панҷҳазорӣ» (форсӣ: پنجهزاری) низ мегуфтанд[8].
Истилоҳи «гунд» дар нахустин садаҳои исломӣ бо истилоҳи «лашкар» (порсии миёна: laškar) ҷойгузин шуда, ки пеш аз ислом ҳам ба кор мерафтааст. Ин истилоҳ дар забони пашту: «غونډ» [ғунд] гашта ва ҳанг дар Нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон чунин номида мешавад[12].
Пешина
[вироиш | вироиши манбаъ]Гундсолор ҳамчун мақоми низомӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву беварабад (порсии бостон: *baivarapati-) номида мешудаву фармондеҳи бевара (порсии бостон: *baivara-) будааст[13]. Бевара аз 10 ҳазора (порсии бостон: *hazāra-) ташкил мешуд ва 10 000 сарбозро дар бар мегирифт.
Бевара дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод — 224), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд[14], гунд (паҳлавӣ: gund) ном гирифта ва фармондеҳи он гунд-солор (паҳлавӣ: gund-sālār) хонда мешуд[15].
Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651) низ ҳамин радабандӣ ва номгузорӣ ба кор мерафта, вале ҳар гунд аз 5 дирафш (порсии миёна: drafš) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбозро дар бар мегирифт[16]. Фармондеҳи гунд дар сипоҳи Сосониён низ гундсолор (порсии миёна: gund-sālār) номида мешуд[17].
Дар паи шикасти шоҳаншоҳии Сосониён аз мусулмонон ва густариши ислом дар Эронзамин, арабҳо бархе аз истилоҳоти низомии эрониро вом гирифтанд. Чунончи, ар. عسکر [аскар] аз порсии миёна: laškar, ар. جند [ҷунд] аз порсии миёна: gund ва ар. فیج [файҷ] аз порсии миёна: payg (пиёда) вом гирифта шудаанд[18].
Бо таваҷҷуҳ ба ин пешинаву корбурд, истилоҳоти «гунд» ва «гундсолор» барои ҷойгузин кардани вомвожаи русии «бригада» (аз фаронсавӣ: brigade < итолиёвӣ: brigata — даста) ва дараҷаи низомии «генерал-майор» (аз олмонӣ: Generalmajor) ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[19].
Нишонаҳои дараҷаи гундсолорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Нишона | Артиши Сурх |
Артиши Шуравӣ |
Артиши Тоҷикистон | ||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
гиребонӣ сардӯшӣ |
|||||||||||
... (1940—1943) |
... (1940—1943) |
... (1940—1943) |
... (1941) |
нишонаи остин (мундир, кител ва пираҳан, шинел) (1940—1943) |
сардӯшии Нерӯи заминӣ (1943—1955) |
… размӣ (1943—1955) |
… ҷашнӣ Нерӯи заминӣ (1955—1991) |
… Нерӯи ҳавоӣ (1955—1991) |
… Нерӯи заминӣ (1993—) |
… Нерӯи ҳавоӣ (1993—) |
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»
- ↑ Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 90. 10 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
- ↑ Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 97; 347. — 655 с. — 3 500 экз.
- ↑ Коллектив авторов. Том 1, статья «Бригада» // Военная энциклопедия / Под ред. П. С. Грачёв. — М.: Воениздат, 1997. — С. 576—581. — 639 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01655-0.
- ↑ MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 38. 25 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 Декабри 2012.
- ↑ 6.0 6.1 6.2 Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-58-3.
- ↑ Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969.
- ↑ 8.0 8.1 Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ.
- ↑ Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. - с. 408
- ↑ Encyclopædia Iranica, Vol. X, Fasc. 5, pp. 486-490. GEORGIA v. LINGUISTIC CONTACTS WITH IRANIAN LANGUAGES
- ↑ Ноҷӣ, Муҳаммадризо. Фарҳангу тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. — Теҳрон: Амири Кабир, 1386. — С. 252. — 904 с. — ISBN 964-00-1086-3.
- ↑ Лебедев К.А., Яцевич Л.С., Конаровский М.А. Русско-пушту-дари словарь. — Москва: Русский язык, 1989. — С. 508. — 768 с. — ISBN 5-200-00700-3.
- ↑ J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896, p. 19 n. 84
- ↑ Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
- ↑ Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7. 5 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 сентябри 2021.
- ↑ Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
- ↑ Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4. — p. 47
- ↑ Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000.
- ↑ Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной