Кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон
Кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон — яке аз бахшҳои аслии гардишгарӣ ба шумор меравад. Ҳам дар давра Шӯравӣ ва ҳам дар давра пас аз Шӯравӣ, кӯҳнавардӣ ба унвони яке аз варзишҳое, ки аҳамияти амалии зиёде дошт, шинохта мешуд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1952 дар Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва спорти ҷумҳурӣ федератсияи кӯҳнавардон таъсис дода шуд. Кӯҳнавардони тоҷик қуллаҳои баландтарини кӯҳҳои Помир — Дӯстӣ (6800 м), Известия (6840 м), Ғалаба (7439 м), Ленин (7134 м) ва ғайраро фатҳ намуданд. Қуллаҳои фатҳнашуда дар ҷумҳурӣ ҳанӯз бисёранд.
Кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон таърихи тӯлоние дорад, ки аз қарни гузашта ҳангоми омӯхтани қаторкӯҳҳои бузурги Помир сарчашма мегирад. Помир, минтақаи маъмултарин конвергенсияи кӯҳӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Дар ин мавзеъ бузургтарин қаторкӯҳҳои Осиёи Марказӣ назири Қарақорум, Куен-Лун ва Ҳиндукуш ба ҳам мепайванданд. Меҳвари системаи кӯҳии Помирро қаторкӯҳи Академияи илмҳо бо қуллаҳои баландтарини овозадор — Сомонӣ 7495 м (қуллаи Коммунизм) ва Озоди 7105 м (қуллаи Корженевская) ташкил медиҳад. 24 қуллаи қаторкӯҳҳо дар баландии зиёда аз 6000 м аз сатҳи баҳр ҷойгиранд. Дар ҳамвории Поляна Москвина дар қисмати шарқии Тоҷикистон сохтмони пойгоҳи муосири кӯҳнавардӣ бо номи «Қуллаҳои Тоҷик» ба охир мерасад, ки самти асосии фаъолияти он ба кӯҳнавардӣ нигаронида шудааст[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.