Нақлиёт дар Тоҷикистон
Нақлиёти Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 143,1 ҳазор километри мураббаъ масоҳат, дар қисмати кӯҳсори Осиёи Марказӣ дар маркази чорроҳаи пайвасткунандаи шабакоти рушдёфтаи нақлиётии Шимол (шабакоти нақлиётии Русия ва Қазоқистон) ва бандарҳои калони тиҷоратии байналмилалии Ҷануб (бандар-шаҳрҳои соҳили уқёнуси Ҳинд) ва дар масири шоҳроҳи кӯтоҳтарини тиҷоратии байни кишварҳои Шарқ (аз ҷумла, Ҷумҳурии халқии Хитой бо иқтисодиёти дорои суръати баланди рушд) ва Ғарб (Аврупо ва дигар давлатҳои тараққиёфтаи ҳавзаи баҳри Миёназамин) воқеъ аст[1].
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Инфрасохтори нақлиётии кишвар, асосан солҳои 60-80 асри гузашта ҳамчун як қисми таркибии шабакоти нақлиётии Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд ёфта, дорои хусусияти якҷонибагии бунбастии марзӣ дошт ва дар баробари ин солҳои 90 асри гузашта бо сабабҳои объективӣ таназзул кард[1].
Аз лиҳози он, ки дар марҳилаи нави таърихии рушди иқтисодиёти кишвар инфрасохтори вуҷуддоштаи нақлиётӣ ба таъмини вазифаҳои стратегии рушди иқтисодиёт дар мавриди интиқоли дохилию берунӣ мутобиқат надошт, зарурати муайансозии тамоюли рушди инфрасохтор дар ҳамбастагӣ бо дигар вазифаҳои стратегии тараққиёти мамлакат пеш омад.
Маҷмааи нақлиёти Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҷмааи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақлиёти худрав, роҳи оҳан, ҳавоиро муттаҳид сохта, хоҷагии роҳҳои автомобилгардро дар бар мегирад. Вобаста ба шароити хоси табиӣ-иқлимии ҷумҳурӣ, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ишғол мекунанд, нақлиёти худрав нисбат ба дигар воситаҳои нақлиёт дорои бартарияти муҳими стратегӣ, хусусан дар самти таъмини интиқоли мунтазами дохилӣ ва фарогирии ҳамаи минтақаҳои мамлакат мебошад[1].
Стратегия
[вироиш | вироиши манбаъ]Инкишофи соҳаи нақлиёт дар навбати худ воситаи мусоидат ба савдои дохилӣ ва хориҷӣ буда, омили асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии байналмиллалии кишвар мансуб меёбад. Бино бар ин, аз марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарият ва Ҳукумати ҷумҳурӣ масъалаи ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистонро яке аз авлавиятҳои рушд муайян намуда, дар доираи Стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистонро муайян намуд, ки он дар Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 дарҷ гардид.
Стратегияи мазкур ду самти асоси фаъолияти соҳаро дар бар мегирад:
- якум, ташаккули шабакаи ягонаи роҳҳои автомобилгарди дохили кишвар ва пайваст намудани он ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ;
- дуюм, ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия ва Созишномаҳои байналмилалӣ оид ба равобити нақлиётӣ.
Дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёд ва азнавсозии як қатор иншоотҳои роҳдорӣ, аз ҷумла, роҳҳои мошингарди Кӯлоб — Хоруғ — Кулма — Қароқурум (Шоҳон-Зиғар ва Шкев-Зиғар), Душанбе — Қурғонтеппа — Кӯлоб ва кушода шудани нақбҳои Истиқлол, Озодӣ, Шаҳристон ва Чормағзак анҷом ёфта, роҳҳои автомобилгарди Душанбе — Чаноқ, Ваҳдат — Ҷиргатол — Саритош (сарҳади Қирғизистон) Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Турсунзода дар арафаи амалшуда қарор доранд[2].
Лозим ба ёдоварист, ки сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа — Кӯлоб ва як қатор шоҳроҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо ва пулҳои байнимарзӣ низ анҷом дода шуд, ки дар натиҷаи он Тоҷикистон ба як қаламрави воҳид табдил ёфта, рафтуомади доимӣ ба тамоми минтақаҳои мамлакат ва дар чор самт ба давлатҳои ҳамсоя таъмин гардид.
Дар даҳ соли охир ҷиҳати раҳо ёфтани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва баромадан ба бандарҳои обии ҷаҳонӣ 23 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии қариб 3,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст. Дар натиҷа 1650 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд гардида, 109 пул ва 27 километр нақб сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Ҳоло дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 5,5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Таҷдиду барқарорсозии роҳҳо идома дошта, то соли 2015 сохтмону барқарорсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Турсунзода, Кӯлоб-Қалъаихумб, сохтмони терминали замонавӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, хатти роҳҳои оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат-Ёвон) ва Қӯрғонтеппа — Панҷи Поён дар назар дошта шудааст.
Дар баробари ин, масъалаи бунёди роҳҳои алтернативӣ тақозо менамояд, ки Ҳукумати кишвар доираи ҳамгироии иқтисодиро тавсеа бахшида, дар доираи созмонҳои минтақавӣ ҷиҳати пайваст шудан ба шабакаҳои байналмилалии коммуникатсионӣ ва ташкили шабакаҳои нави мутобиқ ба меъёрҳои муосир чораҳои зарурӣ андешад. Бо ин мақсад ҷиҳати амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, ки омили муҳими рушди иқтисодии Тоҷикистон ва давлатҳои минтақа хоҳад гардид, андешидани чораҳои зарурӣ идома дорад. Дар ҷараёни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ш. Ашқободи Туркманистон бахшида ба баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз, ҷонибҳо Меморандум оид ба ҳамдигарфаҳми дар масъалаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон Афғонистон Туркманистон имзо намуданд.
Дар баробари ин, баҳри ташаккули пурраи шабакаи дохилӣ ва таъмини дастрасии ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ дар асоси тадқиқотҳои гузаронидашудаи коршиносони маҳалӣ ва беруна, Барномаи таҷдиду бунёди ин роҳҳо ба муҳлати то соли 2025 таҳия гардидааст, ки амалисозии он, истифодаи имкониятҳои интиқолро зиёд ва муҳлати интиқолро кам гардонда, боиси кам шудани хароҷотҳои нақлиётӣ мегардад. Тибқи барномаи мазкур бунёду таҷдиди беш аз чор ҳазор километр роҳ ва 576 пул ба маблағи 4,4 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст. Барномаи зикргардида бо ба ҳисобгирии фоидаоварии иҷтимоию иқтисодии ҳамаи қитъаҳо ва ба ҳисобгирии ҳолати имрӯзаи онҳо дар барномаи компютерӣ таҳия гардида, татбиқнамоии он дар се марҳила пешбинӣ гардидааст.
Бо дарназардошти ин, ва хусусиятҳои ҷуғрофии Тоҷикистон кор дар самти инкишофи инфрасохтори нақлиётӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои истифодаи шоҳроҳҳои нақлиётӣ, ки дар ояндаи наздик масирҳои трансконтиненталӣ байни Осиё ва Аврупо гардида, қисмати зиёди онҳо бо роҳҳои кӯтоҳтарин бояд қитъаҳои тоҷикистонии шабакаҳои роҳҳоро дар бар гирад, вусъат дода хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки тӯли солҳои истиқлол дар соҳаи нақлиёт роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 созишномаи дуҷониба бо 9 давлатҳои аъзои ИДМ ва 7 давлати Осиёи Марказию Аврупо имзо намуда, ба 27 созишнома ва 7 Конвенсияи байналмилалӣ дар доираи 11 ташкилот шомил шудааст. Татбиқи созишномаҳои дуҷониба дар соҳаи интиқоли байналмилали бору мусофирон бидуни монеа амалӣ гардида, талаботҳои Созишномаҳо ба таври комил иҷро мегарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ин ҳадафҳо алъон ба 9 конвенсия ва созишномаҳои байналмилалӣ ба таври расмӣ ҳамроҳ шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2011 № 165. Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025. mmk.tj.(пайванди дастнорас)
- ↑ Соҳаи нақлиёти Тоҷикистон(тоҷ.). Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. mfa.tj. 14 феврали 2018 санҷида шуд.