Аҳолии Тоҷикистон
Шумораи аҳолии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 9 млн. 504 ҳаз. нафарро ташкил дод. Аз рӯи афзоиш дар 30 соли охир Тоҷикистон дар байни кишварҳои пасошӯравӣ ҷои аввалро ишғол кард. Дар аввали соли 1991 аҳолии ҷумҳурӣ 5,3 млн нафар буд ва то соли 2021 афзоиши он 80%-ро ташкил дод. Дар соли 2022 аҳолии Тоҷикистон ба 10 млн нафар расид.
Аз рӯи воҳидҳои маъмурӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Воҳидҳои маъмурӣ | 1996 | 1999 | 2000 | 2005 | 2010 | 2015 | 2020 (фарқият) |
---|---|---|---|---|---|---|---|
ВМКБ | 191,4 | ↗203,9 | ↗206,2 | ↗206,8 | ↘204,8 | ↗214,3 | ↗228,9 (+14,6) |
Вилояти Суғд | 1763,6 | ↗1842,1 | ↗1871,9 | ↗2015,8 | ↗2197,9 | ↗2455,5 | ↗2707,3 (+251,8) |
Вилояти Хатлон | 1988,5 | ↗2100,7 | ↗2145,2 | ↗2368,4 | ↗2618,3 | ↗2971,5 | ↗3348,3 (+376,8) |
ш. Душанбе | 505,6 | ↗538,6 | ↗564,0 | ↗630,0 | ↗711,2 | ↗788,7 | ↗863,4 (+74,7) |
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 1252,3 | ↗1316,0 | ↗1341,2 | ↗1497,9 | ↗1685,2 | ↗1922,0 | ↗2165,9 (+243.9) |
*дар умум | 5701,4 | ↗6001,3 | ↗6128,5 | ↗6718,9 | ↗7417,4 | ↗8352,0 | ↗9313,8 (+961,8) |
Гурӯҳҳои этникӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
- тоҷикон (аз ҷумла яғнобиҳо ва халқҳои Помир) — 84.3%
- ӯзбакҳо — 13.8%
- дигарон — 2% (аз ҷумла қирғизҳо, русҳо, туркманҳо, тоторҳо, арабҳо)
Ҳайати миллӣ (1926-2010) (дар ҳазорҳо)[1][2][3]
Гурӯҳи
этникӣ |
барӯйхатгири 19261 | барӯйхатгири 19392 | барӯйхатгири 19593 | барӯйхатгири 19704 | барӯйхатгири 19795 | барӯйхатгири 19896 | барӯйхатгири 2000 | барӯйхатгири 20108 | ||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
шумора | % | шумора | % | шумора | % | шумора | % | шумора | % | шумора | % | шумора | % | шумора | % | |
тоҷикон | 617,125 | 74.6 | 883,966 | 59.5 | 1,051,164 | 53.1 | 1,629,920 | 56.2 | 2,237,048 | 58.8 | 3,172,420 | 62.3 | 4,898,400 | 79.9 | 6,373,834 | 84.3 |
яғнобиҳо | 1,829 | 0.2 | ||||||||||||||
ӯзбакҳо | 175,627 | 21.2 | 353,478 | 23.8 | 454,433 | 23.0 | 665,662 | 23.0 | 873,199 | 22.9 | 1,197,841 | 23.5 | 1,012,500 | 16.5 | 1,046,647 | 13.8 |
қирғизҳо | 11,410 | 1.4 | 27,968 | 1.9 | 25,635 | 1.3 | 35,485 | 1.2 | 48,376 | 1.3 | 63,832 | 1.3 | 65,500 | 1.1 | 60,715 | 0.8 |
русҳо | 5,638 | 0.7 | 134,916 | 9.1 | 262,610 | 13.3 | 344,109 | 11.9 | 395,089 | 10.4 | 388,481 | 7.6 | 68,200 | 1.1 | 34,838 | 0.5 |
туркманҳо | 4,148 | 0.5 | 4,040 | 0.3 | 7,115 | 0.4 | 11,043 | 0.4 | 13,991 | 0.4 | 20,487 | 0.4 | 20,300 | 0.3 | 15,171 | 0.2 |
тоторҳо | 950 | 0.1 | 18,296 | 1.2 | 56,893 | 2.9 | 70,803 | 2.4 | 79,529 | 2.1 | 79,442 | 1.6 | 19,000 | 0.3 | 6,495 | 0.1 |
арабҳо | 3,260 | 0.4 | 2,290 | 0.2 | 1,297 | 0.1 | 248 | 0.0 | 176 | 0.0 | 276 | 0.0 | 14,500 | 0.2 | 4,184 | 0.1 |
дигарон | 7,180 | 0.9 | 60,137 | 4.0 | 120,750 | 6.1 | 142,332 | 4.9 | 158,812 | 4.2 | 169,824 | 3.3 | 29,100 | 0.5 | 22,618 | 0.3 |
Total | 827,167 | 1,485,091 | 1,979,897 | 2,899,602 | 3,806,220 | 5,092,603 | 6,127,500 | 7,564,502 | ||||||||
1 Source: [1]. 2 Source: [2]. 3 Source: [3]. 4 Source: [4]. 5 Source: [5]. 6 Source: [6] 7 including 51,000 Lakai, 15,100 Kongrat, 4,900 Katagan, 3,700 Barlos and 1,100 Yuz. 8 Source: [7], p. 7. 9 including 65,555 Lakai, 38,078 Kongrat, 7,601 Katagan, 5,271 Barlos and 3,798 Yuz . |
Вазъи умумӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 100 аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»[4], воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолишини Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот ва деҳа мебошанд. Ноҳияҳо деҳавӣ ва шаҳрӣ буда, дар итоати ҷумҳурӣ, вилоят ё шаҳр шуда метавонанд.
Дар таърихи 1 январи соли 2010 Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ); Вилояти Суғд; Вилояти Хатлон; 17 шаҳр, 62 ноҳия (ҳамчунин, 13 ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки дар маркази мамлакат ҷойгир шудаанд), 55 шаҳрак ва 368 ҷамоат иборат аст.[5]
Дар таърихи 1 январи соли 2014 Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ); Вилояти Суғд; Вилояти Хатлон; 17 шаҳр, 58 ноҳия (ҳамчунин, 13 ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки дар маркази мамлакат ҷойгир шудаанд), 57 шаҳрак ва 370 ҷамоат иборат аст.[6]
Ҳамакнун сарзамини Тоҷикистон (соли 2014)[7] ба чунин воҳидҳо бахш карда шудааст:
Ном | Аҳолӣ (2014) ҳазор тан |
Паҳноварӣ, ҳазор км² |
Зичии аҳолӣ, кас/дар 1 км² |
Шумораи ноҳияҳо |
Марказ |
|
---|---|---|---|---|---|---|
Душанбе | 775,8 | 0,1 | 7 758,0 | 4 | ||
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон | 212,1 | 64,1 | 3,3 | 7 | Хоруғ | |
Вилояти Суғд | 2 400,6 | 25,2 | 95,3 | 14 | Хуҷанд | |
Вилояти Хатлон | 2 898,6 | 24,6 | 117,8 | 24 | Бохтар | |
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 1 874,0 | 28,6 | 56,2 | 13 | Душанбе |
Дар Тоҷикистон баъди ба даст даровардани истиқлол ду дафъа барӯйхатгирии аҳолӣ баргузор шудааст. Бори якум мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи 1998 «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» 20–27 январи 2000 доир шуда буд. Дар он давра мувофиқи маълумоти оморӣ шумораи аҳолии доимии шаҳрҳо нисбат ба соли 1989 (тибқи Барӯйхатгирии аҳоли пешина) аз 1 млн 668 ҳазор то 1623 ҳазор нафар кам шуда, шумораи аҳолии доимии деҳот баръакс аз 3441 ҳазор то 4504 ҳазор нафар зиёд шудааст. Ҳамин тарз, дар давоми 11 сол (1989—2000) ҳиссаи аҳолии доимии шаҳрҳои Тоҷикистон аз 32,5 дарсад то 26,5 дарсад кам шуда, аҳолии доимии деҳот, баръакс, аз 67,5 дарсад то 73,5 дарсад афзудааст.
Бори дуюм мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи 2009, № 685 «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ» аз 21 то 30 сентябри 2010 дар қаламрави ҷумҳурӣ Барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзил баргузор шуд. Аз рӯйи маълумоти пешакии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзил, шумораи аҳолии доимии мамлакат ба ҳолати 21 сентиябри 2010-ум 7 565 ҳазор нафарро ташкил кард. Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ (дар январи 2010) нисбат ба соли 2000-ум 1 438 ҳазор нафар ё 23 дарсад, дар муқоиса бо ҳисобу китоби маълумоти аввали соли 2010, 35,4 ҳазор нафар ё 0,5 дарсад зиёд шудааст. Ин зиёдшавии шумораи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби афзоиши табиӣ ва пеш аз ҳама, аз ҳисоби нишондиҳандаҳои баланди таваллуд ва болоравии шумораи таваллуд нисбат ба фавт ба вуҷуд меояд.
Сарфи назар аз муҳоҷирати аҳолӣ ба хориҷи ҷумҳурӣ, дар соли 2010 нисбат ба соли 2000 шумораи аҳолии шаҳрҳо 379 ҳазор нафар ё 23,3 дарсад, аҳолии деҳот 1 059 ҳазор нафар ё 23,5 дарсад афзудааст.
Ҷараёни шаҳришавӣ (урбанизатсия), ки то соли 2000 дар сатҳи ҷумҳурӣ дар авҷ буд, мувофиқи ҷамъбасти пешакии Барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзили соли 2010 муътадил гашта, таносуби аҳолии шаҳру деҳот 27 дарсади аҳолии шаҳр ва 73 дарсади аҳолии деҳотро ташкил кард.
26 майи соли 2018 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 9 миллион нафар расид.[8].
Аҳолии Тоҷикистон дар соли 2020[вироиш | вироиши манбаъ]
Дар соли 2020 шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон то 9 678 613 нафар афзудааст.
аз он ҷумла:
- 9 678 613 — аҳолии умумӣ (2020), ки аз онҳо:
- 4 757 443 — мардон (49,2%)
- 4 921 170 — занон (50,8%)
Дар охири соли 2021 9.857.502 нафар хоҳад шуд. Афзоиши табиии аҳолӣ мусбат хоҳад буд ва 244 312 нафарро ташкил хоҳад дод. Дар тӯли тамоми сол тақрибан 299,267 кӯдак таваллуд мешавад ва 54 956 нафар мемиранд. Агар муҳоҷирати хориҷӣ дар сатҳи соли гузашта боқӣ монад, аҳолӣ бо сабабҳои муҳоҷират 28153 нафар кам мешавад. Яъне, шумораи умумии одамоне, ки аз кишвар хориҷ мешаванд (эмигрантҳо) нисбат ба шумораи одамоне, ки бо мақсади будубоши дарозмуддат ба кишвар ворид мешаванд (иммигрантҳо) бартарӣ хоҳанд дошт.
Динамикаи тағирёбии аҳолии Тоҷикистон дар соли 2021[вироиш | вироиши манбаъ]
Дар зер коэффитсиенти тағирёбии аҳолии Тоҷикистон оварда шудааст, ки онро мо барои соли 2021 ҳисоб кардаем:
Афзоиш: ба ҳисоби миёна дар як рӯз 820 кӯдак (34,16 дар як соат) таваллуд шудааст
Марг: ба ҳисоби миёна дар як рӯз 151 нафар (6,27 дар як соат) фавтиданд
Афзоиши аҳолии муҳоҷират: ба ҳисоби миёна -77 нафар дар як рӯз (-3,21 дар як соат)
Суръати афзоиши аҳолии Тоҷикистон дар соли 2021 дар як рӯз 592 нафар хоҳад буд.[9]
Динамикаи аҳолӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
{{{Сарлавҳа}}} | |||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|
1950 | 1951 | 1952 | 1953 | 1954 | 1955 | 1956 | 1957 |
1 532 000 | ↗1 577 000 | ↗1 626 000 | ↗1 678 000 | ↗1 730 000 | ↗1 783 000 | ↗1 836 000 | ↗1 891 000 |
1958 | 1959 | 1960 | 1961 | 1962 | 1963 | 1964 | 1965 |
↗1 949 000 | ↗1 981 000 | ↗2 045 000 | ↗2 120 000 | ↗2 211 000 | ↗2 300 000 | ↗2 383 000 | ↗2 469 000 |
1966 | 1967 | 1968 | 1969 | 1970 | 1971 | 1972 | 1973 |
↗2 556 000 | ↗2 633 000 | ↗2 715 000 | ↗2 807 000 | ↗2 900 000 | ↗2 983 000 | ↗3 096 000 | ↗3 191 000 |
1974 | 1975 | 1976 | 1977 | 1978 | 1979 | 1980 | 1981 |
↗3 288 000 | ↗3 392 000 | ↗3 492 000 | ↗3 598 000 | ↗3 699 000 | ↗3 801 000 | ↗3 901 000 | ↗4 007 000 |
1982 | 1983 | 1984 | 1985 | 1986 | 1987 | 1988 | 1989 |
↗4 119 000 | ↗4 239 000 | ↗4 365 000 | ↗4 499 000 | ↗4 648 000 | ↗4 807 000 | ↗4 952 000 | ↗5 109 000 |
1990 | 1991 | 1992 | 1993 | 1994 | 1995 | 1996 | 1997 |
↗5 248 000 | ↗5 358 000 | ↗5 570 000 | ↗5 571 000 | ↗5 704 000 | ↗5 786 000 | ↗5 884 000 | ↗5 970 000 |
1998 | 1999 | 2000 | 2001 | 2002 | 2003 | 2004 | 2005 |
↗6 067 000 | ↗6 188 000 | ↘6 100 000 | ↗6 200 000 | ↗6 375 500 | ↗6 506 500 | ↗6 640 000 | ↗6 780 400 |
2006 | 2007 | 2008 | 2009 | 2010 | 2011 | 2012 | 2013 |
↗6 920 300 | ↗7 063 800 | ↗7 215 700 | ↗7 373 800 | ↗7 529 600 | ↗7 616 000 | ↗7 697 500 | ↗7 839 000 |
2014 | 2015 | 2016 | |||||
↗8 161 100 | ↗8 576 926 | ↗8 769 221 |
Аҳолии Тоҷикистон хеле вақт аст, ки бо суръати гуногун меафзояд: соли 1959 дар инҷо 1981 ҳаз. одам буд, дар солҳои 1989 — 5109 ҳаз. ва, бо фарқ аз кишварҳои аврупоии ИДМ, рушдро дар солҳои 1989-1999 давом дод, новобаста ба муҳоҷирати зиёди аҳолӣ аз ҷумҳурӣ (437 ҳазор нафар дар 11 сол). Фактори асосии зиёдшавии аҳолӣ – Основной фактор роста населения — афзоишии табии босуръат.
Дар байни солҳои 1989-2000, аҳолии танҳо шаҳрҳои калон, аз қабили пойтахт – Душанбе, дар натиҷаи ҳиҷрати аҳолии аввал русзабон ва баъдан тоҷику-ӯзбек кам шуданд. Аз вақти азбайнравии Иттиҳоди Шӯравӣ таркиби миллӣ ба тағйироти зиёд дучор шуд. Барои миллатҳои бумӣ афзоиши баланди табии хос аст, гарчанде ки нишондиҳандаҳои он дар давраи пасошӯравӣ поён рафт.
Пиртарин афрод аз Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]
- Зулҳиҷҷа Ёфтуллоева Дар шиносномаи Зулҳиҷҷа Ёфтуллоева таърихи таваллуди ӯ 5 январи соли 1897-ум қайд шудааст[10]
- Тоҷигул Қурбонова Дар шиносномаи Тоҷигул Қурбонова навишта шудааст, ки ӯ 8 марти соли 1900 таваллуд шудааст.[11]
Харитаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Results of the 2000 population census in Tajikistan. Бойгонӣ шудааст 7 августи 2011 сол.
- ↑ (2013) «Fertility changes in Central Asia since 1980». Asian Population Studies 9 (1): 50–77. doi:10.1080/17441730.2012.752238.
- ↑ (2015) «Explaining recent fertility increase in Central Asia». Asian Population Studies 11 (2): 115–133. doi:10.1080/17441730.2015.1027275.
- ↑ Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №21, мод. 239; соли 2000, №11, мод. 513; соли 2003, №4, мод.153; соли 2008, №3, мод. 182; соли 2009, №7-8, мод.489; №12, мод.
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 12 августи 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 августи 2010.
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 12 августи 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 июли 2014.
- ↑ ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2014. 12 августи 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 июли 2014.
- ↑ ИМРӮЗ СОКИНИ 9-МИЛЛИОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ДУНЁ ОМАД! Пешвои миллат падару модари кӯдаки навзод ва тамоми аҳолии мамлакатро бо ин рӯйдоди фараҳбахш табрик намуданд(тоҷ.). khovar.tj. khovar.tj. 30 май 2018 санҷида шуд.
- ↑ Население Таджикистана. countrymeters.info. 4 марти 2021 санҷида шуд.
- ↑ Сокини 115-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ даргузашт - Радиои Озодӣ http://www.ozodi.org/content/zulhijja-yoftulloeva-/24795283.html
- ↑ Зани кӯҳансолтарин дар Кӯлоб 112-сола шуд - Радиои Озодӣ http://www.ozodi.org/content/article/24508182.html