Jump to content

Сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Президенти Тоҷикистон бо президенти Русия

Сиёсати хориҷии Тоҷикистон — самти инкишоф ва роҳи муайяншудаи давлатро дар фаъолияти байналхалқӣ зоҳир мекунад, ки ин муносибатҳо бо давлатҳои дигар вобаста ба принсип ва манфиатҳои он ба воситаи шаклҳо ва методҳои гуногун ба амал бароварда мешавад. Сиёсати хориҷӣ мақсадҳо, вазифаҳо, самтҳо, инчунин шаклҳо, воситаҳо ва методҳои фаъолияти давлатро дар соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ муайян месозад. Сиёсати хориҷӣ ҷузъи таркибии сиёсати дохилии давлат ба ҳисоб меравад. Шаклҳои асосии сиёсат (дохилӣ ва хориҷӣ) ба якдигар махлут мебошанд ва ҳатто дар мавридҳои муайян онҷоро ҷудо намудан номумкин аст.

Сиёсати хориҷӣ маҷмӯи мақсад ва воситаҳои фаъолияти давлат дар соҳаҳои муносибатҳои якҷояи он бо дигар давлатҳо, халқу миллатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ мебошад.

Мақсади асосии сиёсати хориҷии ҳар як давлат дар он зоҳир мегардад, ки бехатарии онро таъмин созад, шароити мусоиди сиёсати хориљиро барои инкишофи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадании мамлакат фароҳам оварад, ба ҳуқуқ ва озодињои инсон ва шањрванд кафолат дода, онҳоро ҳифз намояд. Самти сиёсати хориҷии ҷумҳурии мо дар марҳилаи кунунӣ дар паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ муайян мегардад. Чунончи, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Асоси сиёсати хориҷии имрӯзаи кишварро сиёсати дарҳои боз, омодагӣ барои хамкорӣ бо ҳама субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ дар заминаи эҳтироми усулу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналхалқӣ ташкил медиҳад».

  • Шкваря Л. В., Русакович В. И., Лебедева Д. В. Внешнеэкономические связи Республики Таджикистан с государствами Азии: современные тенденции // Управление экономическими системами: электронный научный журнал. — 2015. — № 6 (78). — С. 9 — 12.