Jump to content

Адабиёти тоҷик

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Адабиёти Тоҷикистон)

Адабиёти тоҷикадабиёт ба забони тоҷикӣ.

Дар қарнҳои III-VII дар Осиёи Миёна қавмҳои эронии шарқӣ сокин буданд, ки онҳо дар гӯиш ва шеваҳои мухталиф, вале ба ҳам наздики суғдӣ, хоразмӣ ва портиву сакӣ ҳарф мезаданд ва ба ҳамин забон адабиёти фанниву бадеӣ низ эҷод карда буданд. Ёдгориҳои хаттии ниҳоят кам, вале пурарзиши адабии «Дарахти Асурик» ва «Аяткори Зарирон» ба забони портӣ дар таркиби луғавии худ бисёр калимаву вожаҳое доранд, ки дертар дар забони Дарии асри Сомонӣ ба назар мерасанд.

Ҳамзамон дар ҳамин қарнҳо давлати муқтадири Сосониён (221-651 мелодӣ) вуҷуд дошт, ки адабиёти, фарҳанг ва осори меъмориву тасвирии онҳо дар мамолики Шарқу Ғарб шуҳрати мафтункунандае дошт. Дар давлати Сосониён ба забони паҳлавӣ осори бой ва бузурги адабиву ахлоқи таълиф гардид. Адабиёти ҳам Эрони ғарбиву ҳам шарқи, яъне Мовароуннаҳр аз ҷиҳати мазмунҳои асотирӣ ва ҳамосавии бостонӣ ва аз ҳайси таркиби луғавӣ бисёр умумият ва ҳамонандиҳо доштанд. Қавмҳои гуногуни эрониро суннатҳои қадими мардумӣ ва ойини мазҳабию динӣ (яъне ойини Зардуштӣ) ба ҳам наздик мекарданд.

Дар қарни VII милодӣ лашкари аъроб зери парчами ислом ба тасхир ва истилои сарзамини Эрон ва баътар Осиёи Миёна бархост. Дар натиҷаи ҷангҳои шадиду пурталотум на танҳо бинои давлати Сосонӣ ва мулкҳои мардуми эронии шарқӣ пош хӯрданд, балки осори маданиву фарҳангӣ ва маънавии чандинасрии Эронзамин хароб гашт. Баробари ҳамин дини мубини ислом бо суръат ва вусъати ҳайратангези ба ҷойи дину мазҳабҳои қадими эронӣ дар Эрону Мовароуннаҳр истеҳком ёфт. Лашкари аъроб дар баробари ислом ба ин сарзаминҳо забони арабиро низ овард. Забони арабӣ ҳамчун забони муқаддас ва забони китоби осмонии ислом - Қуръон дар коргузории давлат, дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангӣ ҷойгузини забонҳои бумии эронӣ гашт. Олимону шоирон ва адибони маҳаллӣ осори манзум ва мансури худро ба забони арабӣ таълиф менамуданд.

Дар Эрону Мовароуннаҳр шеъри араб шаклҳои классики назм ва насри бадеии аъробро ворид намуд. Вазни арӯз ва тарзи қофиясозии шеъри араб, воситаҳои тасвири шеъри бодиянишинони араб, анвои шеъри ғаноиву мадеҳӣ, мисли ғазалу қасида дар ашъори шоирони арабизабони маҳаллӣ устувор гардид. Баробари ҳамин шеъри араб дар зери таъсири муҳит ва иқлими мулкҳои нави обшору сабзу хуррам, бо таъсири суннатҳои бостонии адабиёти хаттии қадими эронӣ аз ҷиҳати санъати сухан ва воситаҳои тасвир ғанитар гардид ва аз шеъри бумии худи арабҳо хеле дур ҳам рафт. Намоҳои достонҳои асотириву ҳамосавӣ, мазмунҳои қиссаҳои қадими эронӣ, гуфтан мумкин аст адабиёти араби маҳаллиро ба вуҷуд овард, ки мо онро метавонем адабиёти эронии арабзабон гӯем. Аз ин ҷост, ки дусад соли «сукути адабиёти форсиро» мо имрӯз давраи арабизабони адабиёти форс-тоҷик меномем.

Бо вуҷуди он ки дар Эрону Хуросону Мовароуннаҳр адабиёти хаттӣ ба забонҳои маҳаллӣ аз мавҷудият боз монд, аммо дар байни мардум ва аҳли илму дониши эронитабор адабиёти шифоҳӣ ва муоширату муомилот ҳамчунон дар забонҳои хеш идома дошт. Намунаи чунин назму шеърҳои форсиро таърихнависони араб дар китобҳояшон ба ҳуруфоти арабӣ сабт кардаанд. Шеъри ҳаҷвомези хатлониён дар шикасти ҷанговарони араб, мисраъҳои ҳузномези Абулянбағӣ дар харобиву вайронии Самарқанд, ки дар таърихномаҳои муаллифони араб сабт гардидааст, шоҳиди он аст, ки мардум ба забони маҳаллии худ шеър мегуфт, арзи ҳол мекард. Ҳамаи ин далолат ба он мекунад, ки забону суннатҳои қадими бостонӣ ва нақши ойини зардуштӣ ва дигар анъанаҳои ба ислом бегонаро мардум нигаҳбонӣ мекард, дар ёду хотир пос медошт.[1]

Хонадонҳои ҳукумрони маҳаллӣ, ки дар мулкҳои эронии шарқи хилофати араб аз ҷониби халифа ҳокимони нисбатан мустақил таъйин мешуданд, ба ҳифз ва ҷорӣ гардидани урфу одат ва ойину русуми мардуми эронинажот сидқан мусоидат мекарданд. Ду сулолаи эронинажот – Тоҳириёну Саффориён, ки аз оғози қарни IX ба тарзи мустақил дар Хуросону Мовароуннаҳр ҳокимият доштанд, дар устувории давлати худ асосан ба мардуми маҳаллӣ ва расму ойини қадими халқ такя мекарданд. Ин волиён дар дарбори худ шоиронеро, ки ба забони маҳаллӣ ва форсӣ шеър менавиштанд, ҷамъ намуда, онҳоро дар пос доштани забони адабиёти маҳаллӣ таблиғ ва ташвиқ менамуданд. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки Ҳанзали Бодғиси маддоҳи дабори Тоҳириён буд. Чанд абёти, ки аз ин шоир дар дастраси мост, шоҳиди он аст, ки дар замони вай шеъри форсӣ дар шаклу чорчӯбҳои шеъри араб иншо мешудааст:

Ёрам сипанд агарчи бар оташ ҳамефиганд
Аз баҳри чашм, то нарасад мар варо газанд.
Ӯро сипанду оташ н-ояд ҳаме ба кор
Бо рӯйи ҳамчу оташ бо холи чун сипанд.
Меҳтарӣ гар ба коми шер – дар аст,
Шав, хатар кун, зи коми шер биҷӯй!
Ё бузургию иззу неъмату ҷоҳ,
Ё чу мардон-т марги рӯёрӯй.

Дар дарбори воли қавидасти Саффорӣ Яъқуб ибни Лайс (867-879м.), Муҳаммад ибн Васиф, Бассоми Курд ва Муҳаммад ибни Муҳаллад шоирони маддоҳу дарборӣ буданд. Фирӯзи Машриқӣ, Варроқи Ҳиротӣ, Абӯсулайки Гургонӣ низ аз шоирони давраи салтанати Саффориён ба шумор меравад. Намунаи шеъри мадеҳавии Ибни Васиф дар ситоиши Яъқуб ибни Лайс чуни наст:

Ай амире, ки амирони ҷаҳон хосаву ом
Бандаву чокару мавлою сагбанду ғулом,
Азалӣ хате дар лавҳ, ки «мулке бидиҳед,
Ба Абӣ Юсуфи Яъқуб бину –л-Лайси ҳумом!»
Амр Аммор туро хост в-аз ӯ гашт барӣ,
Теғи ту кард миёнҷӣ ба миёни даду дом.
Амри ӯ назди ту омад, ки «ту чун Нӯҳ бизӣ!»
Дари Окор тани ӯ, сари ӯ боби Туом.

Аз он чи иқтибос шуд ва аз он абиёти бозмондаи Вассофи Курду Ибни Муҳаллад бармеояд, ки дар шеъри ибтидои қарни XIII мо нақши сурудаҳои мардумӣ ва луғоту вожаҳои халқиро намебином. Ашъори ин шоирон бештар бо ибораву калимоти арабӣ ва дар доираи ташбеҳоту истиороти шеъри араб сохта шудааст. Ба ибораи дигар гӯем, шоирони ин қарн аз тақлид ва пайравии шеъри араб дур наратааст ва ба суруду таронаҳои халқӣ камтар рӯй оврадаанд.[1]

Дар охири асри IX ба арсаи мубориза намояндагони хонадони Сомонӣ баромаданд, ки онҳо аз оғози асри IX ба идораи вилоятҳои гуногуни Мовароуннаҳр аз ҷониби хилофати Араб маъмур буданд. Аз ин ҷо давлати бузурги Сомониён дар сарзамини паҳновари Мовароуннаҳр ва Хуросон аз ҷиҳати иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ яке аз бузургтарин ва пешқадамтарин давлати онвақтаи дунё гардид. Исмоил сиёсатмадори замони худ буд. «Ҳеч касс аз оли Сомон бисёрдонтар аз вай набуд» - гуфтааст Наршахӣ.

Исмоили Сомонӣ баробари хотима додан ба муборизаи дохилӣ ва ғалаба аз болои душманони хориҷӣ барои боз ҳам мустаҳкамтар гардидани иқтидори иқтисодии давлат, амнияти марзҳои он аз ҳуҷуми хориҷиён, устувории дарбори амирӣ, ташкили артиши бонизом ва ғайра ислоҳотҳои борвар гузаронидааст. Дар замони ӯ ба илму фарҳанг роҳи васеъ кушода шуд. Ҳамаи чораҷӯйиҳое, ки Исмоили Сомонӣ дар роҳи истиқлол ва истеҳкоми давлат анҷом дод, ба инкишофи иқтисодиёт, соҳаҳои кишоварзӣ, ҳунармандӣ, тиҷорат, кашфи маъдан, шаҳрсозӣ корҳои меъмориву бинокорӣ, пешрафти фарҳанг ва ғайра роҳ кушод. Робитаи тиҷоратии шаҳрҳои Осиёи Миёна бо кишварҳои ҳамсоя пурқувват гардид.

Пешрафти иқтисодии кишвар барои равнақи ҳаёти фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам овард. Дар маркази давлати СомониёнБухоро намояндагони беҳтарини илму маданият гирд омада, дар роҳи тараққиёти илм, санъат, фалсафа, адабиёт ва таърих корҳои бузурге анҷом медоданд. Таърихшиноси маъруф Абӯбакри Наршахӣ (вафоташ соли 959 м.), муаррих ва адиб Абдуллоҳи Диноварӣ, ки бештар бо номи Ибни Қутайба машҳур аст (829-889 м.), мунаҷҷим ва риёзиётшинос Абӯмаъшари Балхӣ, табиб ва файласуф Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (замони зиндагияш байни солҳои 850-923 м.), мутарҷими «Таърихи Табарӣ», вазири ибни Нӯҳи Сомонӣ Абӯалӣ Муҳаммад ибни Абулфазл Муҳаммади Балъамӣ (вафоташ соли 937 м.), риёзидон Муҳаммад ибни Мӯсо ал-Хоразмӣ (780-863м.), мутафаккири ҷаҳонӣ Абӯалӣ ибни Сино (980-1038 м.), ва ғайраҳо дар ин давра зиндагӣ ва эҷод намудаанд.

Яке аз воқеаҳои таърихии мардуми форсизабон дар ин давр ба таври мустаҳкам пойдор гаштани забон ва адабиёти форс-тоҷик (дарӣ) буд. Пайдоиш, ташаккул ва тараққиёти баъдии адабиёти классики форс-тоҷик дар ин аср заминаҳои маънавии таърихӣ дошт. Намунаҳои олии адабиёти бостонии форс-тоҷик дар ҳазораи дувуми қабл аз милод арзи вуҷуд намуда, «Готҳо»-и «Авасто» ҳанӯз дар асрҳои XII-X-и пеш аз милод дар рӯйи чандин ҳазор пӯсти гов забту сабт шуда буданд. Он эҷоди пайғамбари эронитаборон Зардушт буд. Баъдтар порчаҳои «Худойномак», «Дарахти Асурик», «Пандномаи Анӯшервон», «Аржанг»-и Монӣ ва ғайра зуҳур карданд. Адабиёти қадими форс-тоҷик (то қарни IX милодӣ) ба забонҳои қадими эронӣ; авастоӣ, паҳлавӣ, суғдӣ, хоразмӣ, баъдтар ҳатто ба забони арабӣ ва амсоли инҳо таълиф шудаанд.

Истилои араб дар муддати муайян ҷараён ва шукуфоии адабиёти пешазисломии форс-тоҷикро қатъ намуд. Аммо анъанаҳои пешини ин адабиёт дар байни халқ, дар адабиёти шифоҳӣ ҳамчунон пойдор будааст ва халқ ба лаҳҷаҳои маҳаллии худ пайваста эҷод мекардааст ва таронаву бадеҳаҳо месурудааст. Порчаҳои манзум, ки аз Абулянбағӣ, Ҳанзалаи Бодғисӣ, Фирӯзи Машриқӣ, Абӯсулайки Гургонӣ ва ғайра боқӣ мондаанд, гувоҳи онанд, ки дар асри VIII ва оғози асри IX, яъне ҳанӯз то замони ҳукумронии Сомониён адабиёти хаттӣ ба забони дарӣ вуҷуд доштааст ва дар ин адабиёт равияи пешқадами халқи дорои мавқеъи назаррасе буда. Намояндагони равияи пешқадам қаҳрамонии халқи худ, муборизаи онҳоро ба муқобили истилогарон мадҳу ситоиш мекарданд. Шоири асри IX Масъудии Марвазӣ аз гузаштаи қаҳрамонии халқҳои ин сарзамин дар давраи Сомониён афсонаву қиссаву ривоятҳои халқиро ҷамъ намуда, ба назм даровард, ки ин низ тазоҳури ҳамин равияи пешқадам дар назм буд.

То истилои араб Эрону Хуросон ва Мовароуннаҳр минтақаҳои равнақи динҳои мухталиф буд. Дар ин кишварҳо ойини зардуштӣ, кеши монавӣ, мазҳаби исавӣ, маслаки яҳудӣ ва дар баъзе ҷойҳо ҳатто таълимоти будоӣ ва эътиқодии ҳиндӣ вуҷуд дошт. Барои нашри афкор ва тарғиби ақоиди худ мубаллиғини ин адёну мазоҳиб забонҳои арабӣ, паҳлавӣ, сурёнӣ, санскрит ва ғайраро ба кор мебурданд. Дабистону дабиристонҳо, мадрасаҳо, масҷидҳо, оташкадаҳо, дайрҳо, китобхонаҳо ва амсоли инҳо чун қонунҳои баҳсу ташвиқи андешаҳои гуногун буданд. Аксари китобҳои паҳлавӣ баъд аз асрҳои VIII-IX ба забони арабӣ нақл шудаанд».

Баъди истилои араб дар сарзамини эронитаборон, ки онро баътар қавмҳову халқиятҳои атрофу акнофи Мовароуннаҳру Хуросон низ қабул намудаанд, фотеҳони араб алифбои арабӣ ва забони тозиро расман ҷорӣ карданд. Ин кӯшише буд барои аз байн бурдани забону фарҳанги мо. Вале ин тавр нашуд. Мардуми маҳаллӣ мероси фарҳангии то истилои арабро сина ба сина бо истифода аз хотираҳои дарроку қавӣ ба наслҳои баъдӣ мерасониданд, урфу одат, расму русуми миллиро кам андар кам ба дасти фаромӯшӣ медоданд, бо он ки ба адабиёти шифоҳиву китобии форс-тоҷик, бо қабул намудани дини ислом, мавзӯъҳои тозае аз ривоятҳои Қуръон дар хилқати Оламу Одам, киштии Нӯҳ, қиссаҳои Юсуфу Сулаймон, асҳоби Каҳф, масалҳои мардумии арабӣ, биҳишту дузах, меъроҷ ва ғайра ворид шуд. Ҳатто кор ба ҷойе расид, ки баъзе нақлу ривоятҳои арабӣ вориди кутуби таърих гардидаанд. Дар баробари ин, фарҳангу тафаккури эрониён ба адабиёти арабӣ ҷилои тозае бахшид, назму насри арабиро ҳамаҷониба ғанӣ гардонид, дар кишварҳои зердасти арабҳо ҳатто суханварони дузабона ба майдони адабиёти эронинажодон ворид гардидаанд. Дар Хуросону Мовароуннаҳр осори илмӣ асосан ба забони арабӣ навишта мешудаанд. Аз ҷумлаи 415 шоире, ки дар тазкираи Абӯмансур Абӯмалик ибни Муҳаммад ибни Исмоил ас-Саолибӣ (961-1038м.) «Ятимату-д-даҳр» оварда шудааст, беш аз 120 нафарашон дар замони ҳукумати Сомониён (875-999м.) ва ибтидои асри XI м. дар Хуросону Мовароуннаҳр умр ба Сар бурда, ба арабӣ ва ё ба ду забон; арабӣ ва форсии тоҷикӣ асар эҷод мекарданд.

Бунёди бегазанди адабиёти нави форс-тоҷик, ки имрӯз ҳам дарёи бузурги он шодоб аст, дар асрҳои IX-X милодӣ гузошта шудааст. Баъди он ки Бухоро пойтахти дувуми Оли Сомон (892 м.) эълон шуд (пойтахти аввалӣ шаҳри Самарқанд), ба он ҷо беҳтарин суханварон, мунаҷҷимон, олимон, табибон, аҳли ҳунар ва ғайра гирд омадаанд. Дар зери таъсири ишон амирону вазирон, мирзоёну ҳокимони маҳалҳо ва фарзандони онҳо беш аз пеш ба илму адабиёт рӯй меоварданд. Дар Бухоро барои илмомӯзӣ шароити мусоид муҳайё гардида буд. Китобхонаи бузурги Сомониён «Сивону-л-ҳикмат» («Ганҷинаи ҳикмат») хазинаи илму фалсафа, донишу фарҳанги Шарқу Ғарб буд. Абӯалӣ ибн Сино сохти китобхонаро чунин ёдовар шудааст: «Ман ба иморате дохил шудам, ки хонаҳои зиёде дошт. Дар ҳар як хона сандуқҳои пур аз китобро бар болои якдигар ниҳода буданд. Дар як хона китобҳои арабӣ ва девонҳои шуъаро ва хонаи дигар китобҳои дин ва фиқҳ ва ҳамчунон ҳар хона шомили китобҳое дар соҳае буд. Ман феҳристи китобҳои муаллифони қадимро хостор шудам ва он китобҳо, ки ниёзманди онҳо Будам, хостам ва онҷо китобҳое дидам, ки ниёзманди онҳо будам, хостам ва он ҷо китобҳое дидам, ки ҳатто номи онҳо бар бисёр касон маҷҳул (номаълум) буд ва аз он пас чунин ҷамъомади китобҳоро дар ҳеч ҷой надидам».[1]

Дар ҳақиқат Сомониён дар баробари таъмин намудани ҳаёти осудаи кишвар, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоъиву сиёсӣ ба илму фарҳанг диққати ниҳоят бузурге равона карда буданд, ки як рукни намоёни онро адабиёт ташкил менамуд, адабиёте, ки дар асрҳои VIII-IX ташаккул ёфта, дар асри X ба зинаи баланди инкишоф расида буд.

Адабиёти тоҷик яке аз бойтарин адабиётҳои ҷаҳон мебошаду таърихи ҳазорсола дорад. Рӯдакӣ аз саромадон асосгузорони ин ҷараёни навшуҳрати адабӣ ба шумор мерафт. Дар атрофии устод Рӯдакӣ ва маҳфилҳои адабии ӯ суханварони маъруфе, моанди Шаҳиди Балхӣ, Муродӣ, Фароловӣ, Абӯшакри Балхӣ, Абулмасали Бухороӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Абӯзароъаи Гургонӣ Абуттаййиби Мусъабӣ, Абулҳасани Оғоҷӣ ва ғайра ҷамъ меомаданд, базмҳои адабӣ меростанд, аз дастовардҳои адабии худ ҳамдигарро воқиф менамуданд. Вай дар ривоҷу равнақи фарҳанги ҷаҳонӣ нақши муҳиммеро бозӣ кардааст. Намояндагони адабиёти классикии тоҷик аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофиз, Носири Хисрав, Умари Хайём ва бисёр дигарон, ки имрӯз мояи ифтихори халқанд, на фақат дар инкишофи адабиёт ва маданияти мардуми тоҷик, балки дар пайдо шудан ва пеш рафтани адабиёт ва маданияти дигар халқҳои Шарқ ҳисса гузоштаанд.[1]

Давраи нави адабиёти тоҷик

[вироиш | вироиши манбаъ]

Давраи нави адабиёти тоҷик аз ибтидои асри ХХ оғоз гардида то замони мо давом меёбад. Дар муддати зиёда аз як қарн адабиёти тоҷик боз ба тағйироти марҳалавӣ дучор гардидааст ва ин дигаргуниҳо баҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва адабии мардуми тоҷик зиёда иртибот дорад. Аз ин рӯ, адабиёти давраи нави тоҷикро марҳалабандӣ кардан зарур аст. Марҳалабандии адабиёти давраи нав имконият медиҳад, ки хонанда ба ҳаёти фарҳангӣ ва ҷараёни адабии давраи муайян амиқтар таваҷҷеҳ зоҳир намуда, дар айни ҳол муносибати адабиёти бадеиро ба гардишҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии ҷомеа равшан дарк намояд. Ҳамчунин, марҳалабандии адабиёти давраи нав барои амиқтар аз худ кардани мавзеъҳои обзорӣ ва монографӣ, сабабҳо ва роҳҳои таҳаввули адабиёт, тағйироти мундариҷавию услубиии осори адибон ва масъалаҳои робитаи адабӣ имконият фароҳам меоварад.

Адабиёти ҷадидия

[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёти ҷадидия ба ҳаракати зиёиёни Бухоро, ки ҷадид номида мешуд, иртибот дорад. Равшанфикрони ибтидои асри ХХ аморати Бухоро аксаран шоир ва аҳли адаб буданд ва дар таърихи адабиёти тоҷик нақши амиқ гузоштанд. Дар ин давра забони назму наср сода шуда, аксари шоирон аз душворписандиҳои бедилона даст кашиданд, унсурҳои сабки бедилӣ, таъбироти ишқиву ирфонӣ барои ифодаи мазмуни иҷтимоӣ хидмат мекардагӣ шуданд. Дар ин давра мафҳумҳои ватан ва миллат бештар маънои иҷтимоӣ мегиранд. Хусусиятҳои миллии адабиёт афзуд ва адибон бештар сарнавишт ва имрезу фардои миллатро ба доираи тасвир мегирифтанд. Ин кешишҳо ба ташаккули худшиносии миллӣ мусоидат намуд. Хулоса, номи ҷадидро гирифтани марҳалаи аввали адабиёти давраи нав воқеӣ ва табиӣ мебошад.

Адабиёти шӯравӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Марҳалаи дуввуми адабиёти давраи нав ба номи давлати болшевикӣ – Иттиҳоди Шӯравӣ вобаста аст. Инқилоби Октябр (1917), барҳам хӯрдани аморати Бухоро (1920) ва ба вуҷуд омадани Иттиҳоди Шӯравӣ (1922) дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, дигаргуниҳои зиёд ворид намуд. Табиист, ки сиёсати Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ба вуҷуд овардани адабиёти шаклан миллӣ ва мазмунан сотсиалистӣ буд, ба адабиёти тоҷик низ таъсири ҷиддӣ расонд. Дар адабиёт ҷойи оҳангҳои маорифпарваронаи тарғибу ташвиқи адабиро таблиғи сӣёсӣ ва ташвиқи инқилобӣ гирифт. Мавзеъҳои адабиёт дигар шуданд. Услуби реалистии тасвир қувват гирифта, методи ба ном реализми сотсиалистӣ ба вуҷуд омад. Дар наср ҳикояи нави реалистӣ ва жанрҳои роману повест ба вуҷуд омаданд. Драманависӣ, ки нахустин қадамҳоро дар адабиёти ҷадидия гузошта буд, дар андак муддат баробари пайдо шудани театрҳои касбӣ хеле пеш рафт. Дар аҳди шӯравӣ дар шеър низ тағйироти муҳим рӯй дод. Адабиёти тоҷик ба адабиёти русу Ғарб робита барқарор намуд. Марҳалаи адабиёти шӯравӣ қариб 70 сол давом кард ва табиист, ки дар ин муддат адабиёти бадеӣ бетағйир намонд. Махсусан, анҷумани 20-уми ҳизби коммунист (1956) имконият дод, ки адабиёти шӯравӣ аз қолибҳои якранги тасвир, як андоза, канорагирӣ кунад. Дар солҳои шасту ҳафтод тарзи тасвир тағйир ёфт. Дар наср тасвирҳои андешапарварона ва таҳлилӣ мавқеъ пайдо кард. Ҳам дар назм ва ҳам дар наср мавзеъҳои таърихӣ мавриди таҳлили адабӣ қарор гирифтанд. Акнун адибон дар бораи таърих ва сарнавишти шахсиятҳои барҷастаи сиёсию фарҳангӣ мулоҳиза ронда, хонандагонро ба худшиносию ифтихори миллӣ ҳидоят мекарданд. Дар адабиёт арзишҳои умумиинсонӣ ва масъалаҳои одобу ахлоқ мавқеъ пайдо карданд. Ин аст, ки аз нимаи солҳои 50-ум давраи дуюми адабиёти шӯравӣ ба вуҷуд омад. Вале то барҳам хердани Иттиҳоди Шӯравӣ (1991) адибон аз мафкураи коммунистӣ ва чорчӯбаи расмии давлати Шӯравӣ берун баромада наметавонистанд. Адабиёти солҳои сиюми тоҷикро асарҳои навини устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ ғанӣ гардонида, дастае аз адибони ҷавони боистеъдод, монанди Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Раҳим Ҷалил, Алӣ Хуш, Ҳаким Карим, Ғанӣ Абдулло ва диг. дар ҳаёти адабии замон мавқеи намоён ишғол намудаанд. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баррасию таҳриру нашри асарҳоро ба сомон расонда, ҷашну базмҳои эҷодии адибонро баргузор менамудааст.Дар баробари ин, воқеаҳои мудҳиши солҳои 1937-1939 ба ҳаёти адабии ҷумҳурӣ ва ҳайъати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бетаъсир намондаанд. Адибон Аҳмадҷон Ҳамдӣ, Раҳим Ҳошим, Рашид Абдулло, Ғанӣ Абдулло, Алӣ Хуш, Ҷалол Икромӣ, Тӯрақул Зеҳнӣ, Холиқ Мирзозода, Саъдулло Рабиъӣ ва диг. Гирифтори таъбиду шиканҷаву маҳбасҳо гардидаанд. Бо вуҷуди ин, солҳои сӣ дар адабиёти тоҷик асарҳое ба миён омаданд, ки пояҳои аввалини жанрҳои навини гуногунро бунён гузошта, ба вусъати мавзӯъу мундариҷаи адабиёт мусоядат намудаанд. «Ғуломон»-у «Марги судхӯр»-и Садриддин Айнӣ, шеъру достонҳои Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ хусусиятҳои муҳимтарини насру назми давраро дар худ инъикос намудаанд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) адибони тоҷик дар атрофи созмони худ беш аз пеш муттаҳид гардида, тавассути осору пайкори ҳамарӯзаашон ғамшарики мардум будаанд. Дар асарҳои давраи ҷангии Устод Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, А. Деҳотӣ, Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода ва диг. образи муҳташами халқи тоҷик ба тасвир омадааст, ки ҳамдиливу ҳаммаслакӣ бо дигар халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва қаҳрамониву фидокорӣ муҳимтарин сифати ӯст. Адибони тоҷик Ҳаким Карим, Ҳабиб Юсуфӣ, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Лутфулло Бузургзода, Ҳамид Бақозода дар майдони ҷанг ҳалок шудаанд. Мавзӯи ҷангу фоҷиаву оқибатҳои он дар эҷодиёти М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ф. Ниёзӣ, А. Қаҳҳорӣ, М. Қаноат ва чанди дигар мақоми шоистае пайдо намудааст. Бахусус, достони «Сурӯши Сталинград»-и Муъмин Қаноат, ки дар мавзӯи ҷанг офарида шудааст, комёбии нотакрорест дар адабиёти тоҷику шӯравӣ. Солҳои баъди ҷанг дар ҳамаи навъу жанрҳои адабиёти тоҷик, дар баробари тасвири воқеаҳои айёми ҷанг (1941-1945), мавзӯи тарғибу ташвиқи сулҳ аҳамияти махсусе касб кардааст. Мубориза барои пойдории сулҳу таҳкими дӯстии халқҳо ва ҳамдилӣ бо халқҳои мамолики мустамликаву ниммустамликаи Осиёву Африқо аз соҳаҳои муҳимми фаъолияти адибони тоҷики давраи мазкур гардидааст. Силсилаҳои «Қиссаи Ҳиндустон»-у «Ман аз Шарқи Озод», манзумаи «Садои Осиё»-ву достонҳои «Ҳасани аробакаш» ва «Ҷони ширин»-и Мирзо Турсунзода мавқеи адабиёти тоҷикро дар арсаи умумишӯравӣ ва мақоми шахсии ӯро ба ҳайси муборизи сулҳу ваҳдати умумиҷаҳонӣ ва арбоби бузурги фарҳангу давлат ба маротиб баланд бардоштаанд. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар солҳои ҷангу даҳсолаи аввали баъди ҷанг пайваста кӯшидааст, ки сафи адибони тоҷик аз ҳисоби шоиру нависандагони ҷавон афзояд. Дар ин давра, ба шарофати дастгириву ҳидояти бевоситаи устодон Айнию Лоҳутию Турсунзода гурӯҳи калони адибони ҷавон ба майдони фаъолияти эҷодӣ қадам ниҳодаанд, ки Пӯлод Толис, Ғанӣ Мирзо, Аминҷон Шукӯҳӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Муҳиддин Фарҳат, Файзулло Ансорӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Убайд Раҷаб, А. Шарифӣ, Бобо Ҳоҷӣ ва диг. Аз он қабил буда, ҳар кадомашон, баъдан, дар жанрҳои мухталифи адабӣ ва тасвири мавзӯъҳои гуногуни адабиёт мавқеъу мақоми муносибе пайдо кардаанд. Аз нимаи дувуми солҳои 50-уми асри гузашта дар адабиёти тоҷик марҳалаи наве ба сӯйи мушаххасбаёнӣ ва даст кашидан аз умумигӯйии номатлуб оғоз гардида, фаъолиятмандии иҷтимоъии нависандагон ва даҳолати ҷасуронаи онҳо ба ҳаёти воқеъии ҷомеа ба маротиб афзуда, ҷойи публитсистикаи хушкро насри таъаммуқу андеша ва шеъри иҷтимоию фалсафӣ ишғол карда, дар ҳамин асос ин давраро муҳаққиқон даврони тилоии адабиёти тоҷик номидаанд. Ба туфайли романи Ҷ. Икромӣ «Ман гунаҳкорам» таҳлили амиқи масъалаҳои муҳимми ахлоқиву маънавии ҳамзамонон оғоз ёфта, чунин тарзи таҳқиқи бадеӣ солҳои 60-ум дар қиссаҳои П. Толис «Тобистон», Ҷ. Одинаев «Авроқи рангин» ва «Иншо дар мавзӯи озод» идома пайдо кардааст. Ф. Муҳаммадиев аввал дар қиссаҳои «Одамони куҳна» ва «Дар он дунё», баъдтар дар романи «Палатаи кунҷакӣ» тамоюли услубии мазкурро хеле вусъат бахшида, пояҳои фалсафӣ ва иҷтимоию реалистии насри бадеиро пойдортару устувор гардониданд. Масоили ахлоқи ҷомеа ва шахс, маънавиёти мардум, муносибати инсон ба муҳити зиндагӣ дар насри солҳои 70-80-уми тоҷик бо роҳу василаҳои гуногуни тадқиқи бадеӣ зуҳур карда, дар ин росто Ю. Акобиров, М. Хоҷазод, С. Турсун, У. Кӯҳзод, М. Бахтӣ, Сорбон, Б. Фирӯз, А. Самад, А. Истад, М. Бобоҷон, М. Солеҳ, А. Рабиев, Ҷ. Акобиров, С. Р. Афардӣ, Баҳманёр ва дигарон қиссаву ҳикояҳое офариданд, ки меъёрҳои эстетикии насри тоҷикро амиқтару фарохтар ва густардатару муассиртар гардониданд. Дар насри ин давра асарҳои таърихимавзӯъ мавқеи асосиро соҳиб гардида, нависандагон зинаҳои гуногуни гузаштазамони халқамонро ба туфайли офаридани чеҳраҳои афроди барҷаста ва тасвири воқеаҳои муҳимми таърихӣ равшан намуданд. Романҳои С.Улуғзода «Восеъ»-у «Фирдавсӣ», Ҷ. Икромӣ «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» (сегона), Ҳ. Ирфон «Дар кулбаи косибон», Р. Ҳодизода «Ситорае дар тирашаб», (дилогия), қиссаи С. Улуғзода «Ривояти суғдӣ» ва ғ. Чашмандози насри тоҷикро фарохтар гардонида, принсипҳои ғоявиву эстетикии насри таърихиро хеле такмилу густариш бахшиданд ва хонандаро ба дарку шинохти саҳифаҳои рангину шахсиятҳои бузурги таърихӣ ҳидоят намуданд. Баъзе аз нависандагонамон ба тафаҳҳуму бозгӯйи тозаи гузаштаи дуру наздик рӯй оварда, воқеаҳои арафаву айёми инқилоб ва даврони шукуфойии давлати шӯравиро бо диди нав қаламдод карданд ва дар тасвири воқеаҳо тақдири инсону халқро ба ҷойи аввал гузоштанд, ки романҳои Ф. Ниёзӣ «Сарбозони бесилоҳ», М. Хоҷаев «Нангу номус», Саттор Турсун «Се рӯзи як баҳор», Меҳмон Бахтӣ «Хубон», қиссаҳои Ӯ. Кӯҳзод «Як рӯзи дароз, рӯзи бисёр дароз», А. Самадов «Парончакҳо» ва ғ. аз ҳамин қабиланд. Аз нимаи дувуми солҳои 50-уми асри гузашта то имрӯз дар шеъри тоҷик тағйироти ҷиддии эстетикиву ғоявӣ рух намуда, сохтмони жанриву услубии шеър бо суръати тамом дигаргунӣ пазируфт. Аз ҷумла, асосҳои таҳлилӣ ва мушахассоти тасвир дар ашъори Ғаффор Мирзо дар омезиш бо фалсафаи мардум ва ҷузъиёти аҷибе падид омаданд. Ғаффор Мирзо ва Муъмин Қаноат тозагӯйиву навҷӯиҳоеро пеш гирифтанд, ки баъдтар дар эҷодиёти Файзулло Ансорӣ, Бобо Ҳоҷӣ, Ашӯр Сафар, Мастон Шералӣ, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар Келдӣ, Гулрухсор Сафиева, Ҳабибулло Файзулло, Сайидалӣ Маъмур, Камол Насрулло, Ҳақназар Ғойиб, Алӣ Бобоҷон, Аскар Ҳаким, Султон Шоҳзода, Раҳмат Назрӣ, Ҳоҷӣ Мурод, Муҳаммад Ғойиб, Низом Қосим, Ширин Бунёд, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Салимшо Ҳалимшо, Зулфия Атоӣ, Аҳмадҷони Раҳматзод, Фарзона, Сиёвуш, Ато Мирхоҷа, Озарахш, Раънои Мубориз, Салими Хатлонӣ, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Алимуҳаммад Муродӣ ва диг. самараҳои хуб оварданд. Дар эҷодиёти номбурдагон унсурҳои тасвиру таҳлили бадеии ҳам воқеъияти имрӯзу гузашта, ҳам ғалаёнҳои ботинии инсон қувват гирифта, ҷанбаи ҳунарии шеър ба ҷойи аввал баромад.[2]

Драматургияи касбӣ дар адабиёти тоҷик падидаи наве буда, песаҳои А. Усмонов «Мубориза», С. Саидмуродов «Раъно», Ғанӣ Абдулло «Вахш», Сотим Улуғзода «Шодмон» ва «Калтакдорони сурх», Ҷалол Икромӣ «Душман», ки воқеъияти солҳои 30-юмро бо рангомезиҳои романтикию реалистӣ тасвир кардаанд, барои пешрафти ин навъи адабӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. Ҳамзамон, адибони тоҷик маҳз дар осори драматургӣ ба таҳқиқи мавзӯъҳои гуногуни таърих, фолклор ва классикаи миллӣ фаъолона рӯй оварда, қаҳрамонони шӯриши Восеъро ба саҳнаи театр кашиданд (Абдурауф Фитрат, Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ). Дар заминаи сужетҳои «Шоҳнома» осори драмавии А. Пирмуҳаммадзода ва В. Волкенштейн «Рустаму Суҳроб», А. Лоҳутӣ «Коваи оҳангар», дар асоси достони «Хусраву Ширин»-и Низомӣ драмаи ҳамноми Мирзо Турсунзода ба миён омаданд. Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ драматургияи тоҷик воқеъияти майдони ҷангу ақибгоҳро фаро гирифта (Ҷалол Икромӣ ва А. Файко «Хонаи Нодир», Сотим Улуғзода «Дар оташ»), дар айни замон, корбасти мавзӯъҳои таърихиро идома дод. Солҳои баъди ҷанг сермаҳсултарин давраи инкишофи драматургияи тоҷик ба ҳисоб рафта, дар ин давра гуногунии жанриву услубии ин навъи адабӣ ба маротиб афзуд. Ҷустуҷӯҳои ҷиддии ахлоқиву маънавиро дар драматургияи тоҷик пйесаҳои Файзулло Ансорӣ «Ҳаёт ва ишқ», «Имтиҳон», «Ҳукми модар», «Як либос атлас», «Модар нигарон аст», Мирсаид Миршакар «Фоҷиаи Усмонов» (таҳрири дувумаш – «Шаҳри ман»), Ғанӣ Абдулло «Суруди кӯҳсор», Ҷалол Икромӣ «Хор дар гулистон», Аъзам Сидқӣ «Иродаи зан», Гулрухсор Сафиева «Ғори аҷинаҳо», Мавҷуда «Зистан мехоҳам» ва ғ. барҷастатар ифода карданд. Ҷанбаҳои ахлоқи иҷтимоӣ ва муаммои шахсу мавқеи ӯ дар ҷомеа дар пйесаҳои Меҳмон Бахтӣ «Захми забон», «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…», Султон Сафар «Уқоб», Нур Табар «Дар чорсӯ» омехта бо ҳиссиёти изтиробомез ба тасвир омада, бисёре аз нақсҳои ҷамъиятӣ ва низоми фармонфармойиро фош намуданд. Инкишофу бозёфтҳои драмаи таърихӣ аз бисёр ҷиҳатҳо ба ному фаъолияти устод Сотим Улуғзода вобаста мебошад, ки дар драмаҳои «Рӯдакӣ», «Темурмалик», «Алломаи Адҳам ва дигарон», «Шифокори бузург» образҳои пурғунҷоишу мушаххаси таърихӣ офарида, рӯҳи бунёдкори халқро таҷассум намудааст. Асари А. Атобоев «Робиаи Балхӣ» ҳам ба ҳамин силсила мансуб буда, анъанаи мазкур имрӯз дар навтарин пйесаҳои Меҳмон Бахтӣ «Фирдавсӣ», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ», Сафармуҳаммад Айюбӣ «Меъроҷи Шоҳин» ва «Сомонхудот», Бароти Абдураҳмон «Искандар ва Спитамен», асарҳои алоҳидаи Нур Табарову Ато Ҳамдам ва диг. падидору устувор гардид. Корбасти муваффақонаи драматургии сужетҳои адабиёти классикӣ дар солҳои 60-70-ум аз ҷониби Ғанӣ Абдулло дар пйесаҳои «Рустаму Суҳроб» ва «Фарёди ишқ» идомаву тарвиҷ ёфт.[2]

Дар давоми 80 соли фаъолияти иттиҳодияи нависандагони кишвар адабиёти кӯдакону наврасон ҳам чун як соҳаи махсуси эҷоди бадеӣ ташаккулу инкишоф ёфт. Устод Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Пайрав, А. Ҳамдӣ аввалин хиштҳои бинои соҳаро гузошта, Б. Азизӣ, Ҷ. Суҳайлӣ, Р. Ҷалил, П. Толис, М. Фарҳат, А. Баҳорӣ, М. Миршакар, Ҳ. Карим, А. Деҳотӣ, Б. Раҳимзода, А. Шукуҳӣ, Гулчеҳра, Ғ. Мирзо, Ф. Ансорӣ, У. Раҷаб, Н. Розиқ, А. Шарифӣ, Б. Ҳоҷӣ, Р. Амонов, Мавҷуда, Гулназар, О. Аминзода. Б. Ортиқов, Н. Бақозода, А. Бобоҷон, А. Истад, Ҷ. Ҳошимӣ, Н. Бақозода, Л. Кенҷаева, Ю. Аҳмадзода, М. Субҳон ва дигарон ривоҷ доданд ва барои кӯдакону наврасон асарҳои шоистаи даврон офариданд.

Бо ҳидояти бевоситаи Иттифоқи нависандавони Тоҷикистон тарҷумаи осори гуногуни классикони адабиёти ҷаҳон роҳандозӣ шуда, хонандаи тоҷик бо намунаҳои сарвати маънавии халқҳои дигари олам ошнойии бештаре пайдо кардааст. Адибон, дар навбати худ, дар ҷараёни тарҷумаи осори бузургони адабиёти ҷаҳон дарси маҳорат омӯхтаанд Яке аз соҳаҳои муҳимми рушду такомули адабиёти тоҷик дар давоми 80 соли ахир тарҷумаи бадеӣ мебошад, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои пешрафти он пайваста диққату ғамхорӣ зоҳир намудааст. Дар ин давра намунаҳои зиёде аз осори классикони адабиёти ҷаҳон ба тоҷикӣ тарҷумаву чоп шуда, дар болобурди савияи маърифати бадеии мардум хидмати сазовор кардаанд. Аз ҷумла, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҳошим, Ҳасан Ирфон, Ҳабиб Аҳрорӣ, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Эммонуил Муллоқандов, Анора, Шариф Шараф, Шамсӣ Собир, Аслам Адҳам, Абдулло Зокир, Ҷумъабой Азизқулов, Нусур Холмуҳаммадов, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Аскар Ҳаким, Ҳикмат Раҳмат, Нур Табаров, Низом Қосим, Юнус Юсуфӣ, Азимқул Насимов, Маҷид Салим, Абдуғаффор Абдуҷабборов ва диг. дар ташаккулу такомули тарҷумаи бадеии тоҷикӣ саҳми назаррасе гузоштаанд. Дар ин давра танқиду адабиётшиносии тоҷик ҳам хеле ташаккул ёфта, асосан, бо ду роҳ пеш рафтааст: омӯзиши мероси гузаштагон ва тадқиқи ҷараёни кунунии адабиёт.[3]

Дар баробари пеш рафтани адабиёти бадеӣ илми адабиётшиносӣ низ инкишоф ёфтааст. Мунаққидони тоҷик Шарифҷон Ҳусейнзода, Носирҷон Маъсумӣ, Воҳид Асрорӣ, Соҳиб Табаров, Худоӣ Шарифов, Абдунабӣ Сатторзода, Асадулло Саъдуллоев ва дигарон асарҳои адибонро ҳаматарафа таҳлил намуда, боиси чуқуртар ва комилтар шудани эҷодиёташон гардидаанд. Дар ҳар ду самти мазкур ҳам адабиётшиносӣ ва танқиди тоҷик аз усули сотсиологизми вулгар то шинохту таҳқиқи илмии адабиёт роҳи ноҳамвореро тай кардаанд. Муҳимтарин дастовардаҳои соҳа ба номи Устод Айнӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, А. Мирзоев, Л. Бузургзода, Ш. Ҳусейнзода, Н. Маъсумӣ, Х. Мирзозода, М. Шакурӣ, Р. Ҳодизода, Р. Амонов, С. Табаров, Аълохон Афсаҳзод, Абдуқодир Маниёзов, Атахон Сайфуллоев, Х. Шарифов, Хуршеда Отахонова, М. Муллоҷонов, Абдунабӣ Сатторзода, Худойназар Асозода, Ҳамроқул Шодиқулов, Ю. Акбаров, А. Кӯчаров, А. Набиев, А. Ҳаким, Р. Мусулмонқулов, Ҷ. Бақозода, А. Насриддинов, Н. Салимов, Абдувалӣ Давронов, В. Самад, А. Абдуманнонов, С. Абдулло, Н. Файзуллоев ва чанди дигар вобаста мебошад. Ҳамин тариқ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар тӯли 80 соли фаъолияти пуршарафу пурсамараш имкону тавони худро тамомӣ ба кори муттаҳид ва тарбият кардани нерӯҳои солиму шоистаи адабии ҷумҳурӣ равона доштааст, ки ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи бадеию ғоявии адабиётамон будааст.[4]

Адабиёти давраи истиқлол

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баробари барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1991 Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид. Истиқлолият дар муддати кӯтоҳ тамоми соҳаҳои ҳаёти халқи тоҷикро фаро гирифт. Аз ҷумла, дар ҳаёти адабӣ низ як қатор тағйирот ва таҳаввулот ба амал омаданд. Дар эҷодиёти адибон, бахусус адибони ҷавон, сабки тозаи адабӣ мушоҳида шуд. Бо фаро расидани истиқлоли Тоҷикистон робитаи фарҳангию адабӣ бо ҷумҳуриҳои исломии Эрон ва Афғонистон мустаҳкам гардид, ки ин боиси аз ҷиҳати тасвир наздик шудани шеъри тоҷик ба шеъри форсии Эрону Афғонистон гардид. Тафаккури бадеии адибон бештар хусусияти миллӣ ва худшиносӣ гирифт. Бинобар ин марҳалаи сеюм адабиёти давраи истиқлол ном гирифт. Дастовардҳои адабии понздаҳ соли истиқлол гувоҳ бар он аст, ки адабиёти давраи нав оянда тағйироти куллии сифатиро аз сар хоҳад гузаронид.[5]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Зиндагиномаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. 10 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 Январ 2017.
  2. 2.0 2.1 Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 7 - 8 ISBN 978-99947-2-379-9
  3. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 8 ISBN 978-99947-2-379-9
  4. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 4 - 9 ISBN 978-99947-2-379-9
  5. Худойназар Асозода, Аламхон Кӯчаров. Адабиёти тоҷик (Давраи нав). – Душанбе, 2006.