Алоқа дар Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Алоқа дар Тоҷикистон — яке аз бахшҳои иқтисоди кишвар мебошад.

Таърих[вироиш]

Замони шӯравӣ[вироиш]

То барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои низоми нисбатан хуби алоқаи электронӣ, радио ва оинаи нилгун ба ҳисоб мерафт. Алоқаи почта тамоми ҳудуди мамлакатро фаро гирифта буд. Дар шаҳрҳо ва ноҳияву маҳалҳо зиёда аз 400 истгоҳи автоматии телефонӣ фаъолият мекард. Қариб ҳамаи колхозу савхозҳо бо телефонҳои дохилӣ таъмин буданд. Инчунин бисёре аз онҳо васоити радиошунавонӣ ҳам доштанд. Охири соли 1991 миқдори умумии мавҷпаҳнкунандаҳои телевизионӣ ба 400 адад расида буд. Иқтидори радиомавҷҳо, ки дар мавҷҳои миёна ва дур паҳн мегардиданд, қариб 600 квт-ро ташкил медоданд.

Умуман, дар ҷумҳурӣ дар ҳудуде, ки мавҷи барномаи якуми телевизионии Иттиҳоди Шӯравӣ паҳн мегардид, 80 % аҳолӣ ва ҳудуде, ки барномаи якуми телевизионии ҷумҳурӣ фаро мегирифт 76 % аҳолӣ зиндагӣ мекарданд. Баъзе аз деҳаҳои ноҳияҳои Айнӣ, Ғончӣ, Ҷиргатол, Зафаробод, Ашт, Масчо, Ҳисор, Ленин (ҳозира Рудакӣ) ва ноҳияҳои Кӯҳистони Бадахшон аз имконияти тамошои оинаи нилгуни ҷумҳуриявӣ маҳрум буданд. Ё худ 93—95%-и аҳолии ҷумҳурӣ имконияти шунидани радиоро доштанд[1].

Замони истиқлол[вироиш]

Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ соҳаи алоқа зарари зиёд дид. Зеро на танҳо аз ҷумҳурӣ бештар мутахассисони ин соҳа рафтанд, балки дар ноҳияҳое, ки ҷанги бародаркуш фаро гирифта буд, молу мулки соҳаи алоқа ғорат карда шуд. Хатти телефонҳои маҳаллии зиёда аз 60 ҳазор муштариён аз кор баромаданд. Аммо, ба ҳамаи душвориҳои замони ҷанг нигоҳ накарда, дар ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳое, ки амалиёти ҷангӣ мерафт, шӯъбаҳои гуфтугӯии телефонии байнишаҳрӣ ва байналхалқӣ мунтазам фаъолият намуданд. Маҳз дар ҳамин давраи душвор, дар шаҳри Душанбе, дар шафати Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ, дар асоси таҷҳизоти электронӣ аввалин нуқтаи байналхалқии телефонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Соли 1996 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба талаботи иқтисодиёти бозорӣ мутобиқ намудани соҳаи алоқа қарори дахлдор қабул намуд. Дар асоси он дар ҷумҳурӣ ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушод — «Тоҷиктелеком», ки ҳамаи ташкилотҳои алоқаи телефониро ва «Телерадиоком», ки тамоми соҳаҳои оинаи нилгун ва радиошунавоиро муттаҳид менамояд, бунёд гардиданд. Инчунин Департаменти давлатии «Почтаи Тоҷикистон», ки тамоми ташкилотҳои алоқаи почтавии ҷумҳуриро муттаҳид менамояд, ташкил ёфт. Ин ҳама тайғиротҳо имконият муҳайё намуданд, ки дар соҳаи алоқа ҳар чӣ бештар муносибатҳои бозорӣ ҷорӣ гардад.

Почта[вироиш]

Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баровардани маркаҳои почта кӯшид. Дар натиҷа моҳи майи соли 1992 аввалин маркаи почтавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуд. Бо мақсади минбаъд ба танзим даровардани ин соҳа моҳи октябри соли 2001 ташкилоти ягонаи давлатии «Маркази марка»-ро ташкил намуданд. Дар натиҷа дар ҷумҳурӣ то аввали соли 2006 қариб 400 намуди маркаҳои почтавӣ бароварда шуданд, ки онҳо соҳаҳои гуногуни мамлакат: фарҳанг, илм, саноат ва ғайраро инъикос менамуданд.

Дар шароити имрӯза ба воситаи почта фиристодан ва қабул кардани асъор ҳам мақоми зиёд пайдо намуд. Оиди ин масъала соли 1997 дар байни давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шартномаи дутарафа имзо гардида буд. Соли 2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин шартномаро бо давлати Туркия ҳам имзо кард.

Почта, мисли пештара барои ба мардум дастрас намудани мактубу барқияҳо, рӯзномаю маҷаллаҳо мақоми муҳим мебозад. Он харобӣ ва зараре, ки барои нуқтаҳои гуногуни алоқа дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ расонида буданд, пурра бартараф карда шуданд. Барои аз марказ фиристодани маводҳои зарурӣ барои ноҳияҳои Суғд ва Кӯҳистони Бадахшон аз ҳавопаймоҳо истифода мебаранд. Маводҳои почта ба навоҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба воситаи нақлиёти автомобилӣ дастрас мешаванд.

Телевизион[вироиш]

Ҳанӯз дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зарурияти дуруст ба роҳ мондани фаъолияти радио ва телевизион ба миён омад. Барои ин қарори соли 1996 баровардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ «Оиди чораҳои ташкил намудани низоми алоқаи телекоммуникатсионӣ» аҳамияти махсус дошт. Дар асоси ин қарор стансияҳои радифи мавҷи телевизионӣ сохта шуд, ки дар асоси шакли рақамӣ, ба воситаи аппарати кайҳонии Федератсияи Русия «Горизонт» фаъолият мекард. Ин ҳама имконият дод, ки аллакай охири соли 1996 мардуми шаҳри Хоруғ аввалин бор аз тамошои барномаи Телевизиони Тоҷикистон (ТВТ) баҳравар гарданд. Аз ҳамон лаҳза дар ҷумҳурӣ хатти радифи оинаи нилгуни миллӣ инкишоф ёфт. Нуқтаҳои қабули радифӣ дар ноҳияҳои Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузошта шуданд. Ба ғайр аз ин, истгоҳҳои мавҷӣ имконият доданд, ки барномаҳои миллии оинаи нилгуни Тоҷикистон дар тамоми минтақаи шимолии курраи Замин, аз Ҷопон то Олмон намоиш дода шаванд.

Соли 2002 дар ҷумҳурӣ барномаи мақсадноки инкишофи ойинаи нилгуни миллӣ — «Мавҷи Сомон — 2005» қабул шуд, ки он пурра иҷро гардид. Дар нуқтаҳои гуногуни ҷумҳурӣ даҳҳо мавҷпаҳкунакҳои иловагӣ гузошта шуданд. Умуман шумораи мавҷпаҳкунакҳои амалкунандаи оинаи нилгун дар ҷумҳурӣ ба 500 адад расид[2]. Ин ҳама имконият дод, ки тамоми мардуми мамлакат аз барномаҳои оинаи нилгуни ҷумҳурӣ баҳравар шаванд.

Дар ҳаёти фарҳангии ҷумҳурӣ яке аз воқеаҳои муҳимтарин ин сентябри соли 2005 ташкил шудани «ТВ Сафина» («ТВС») ба ҳисоб меравад. Моҳи сентябри соли 2006 «ТВ Баҳористон» ва октябри соли 2008 «ТВ Ҷаҳоннамо» ба фаъолият шурӯъ карданд. Соли 2015 студияҳои «ТВ Варзиш» ва «ТВ Синамо» ва соли 2017 «ТВ Шаҳнавоз» таъсис дода шуданд. Дар замони истиқлолият дар ҳамаи марказҳои вилоятӣ ва дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ студияҳои маҳаллии оинаи нилгун бунёд гардиданд.

Телефон[вироиш]

Дар шароити ҳозира мақоми муҳим доштани алоқаи телефониро ба назар гирифта, дар солҳои душвори 1995—1996, дар ҷумҳурӣ се стансияҳои телефонҳои рақамии иқтидорашон 18 ҳазор рақам ва тракти рақамииспутникӣ барои 30 канал ба кор даромаданд. Ин ҳама имконияти гуфтугӯи телефонии байналхалқиро боз ҳам хубтар гардонид.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996 аввалин литсензия барои фаъолияти мустақилонаи алоқаи телефонии алтернативӣ дода шуда буд. Аввали соли 2006 шумораи он ба 127 адад расид. Агар соли 1996 дар ҷумҳурӣ танҳо ягона ширкати алоқаи телефонии дастӣ — «Таджиктел», бо шумораи 79 адад муштариён мавҷуд бошад, пас аввали соли 2006 шумораи ширкатҳои телефонҳои дастӣ ба 10 адад расид, ки ҷамъ дорои 420 ҳазор муштарӣ буданд. Дар ҷумҳурӣ дар ин давра чунин ширкатҳои телефонии дастӣ — мобилӣ ба монанди «Вавилон-М», «МЛТ», «ТК Мобайл», «Билайн» ва «МТЕКО» мақоми хосаро пайдо намуда буданд. Дар байни онҳо ширкати «Вавилон-М» мақоми бештарро ишғол мекард. Аввали соли 2007 шумораи муштариёни ин ширкат аз 400 ҳазор адад зиёд шуда буд.

Махсусан дар солҳои охир барои ба технологияи нави замонавӣ таҷҳизонидани низоми алоқаи телефонӣ диққати махсус дода шуд. Бо қарзи дарозмуддати Бонки Таҷдид ва Рушди Аврупо дар муддати солҳои 2003—2005 зиёда 80% стансияҳои кӯҳнаи телефонӣ ба низоми нави рақамии АТС гузаштанд.

Имрӯз, ширкатҳои гуногун — «Вавилон-М», «Tcell», «Мегафон», «Билайн», «Таджиктелеком», «Телеком-технолоджи», «ТК Мобайл» хизматрасониро дар бозори алоқаи мобилии телефонии Тоҷикистон ба сомон расонида истодаанд.

Тибқи маълумоти соли 2017 дар Тоҷикистон шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ 7 млн. 353 ҳазору 192 нафарро ташкил дод (соли 2017), ки аз онҳо 4 млн. 371 ҳазору 817 нафарашон муштариёни фаъол мебошанд. Ба ҳар 100 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ 5,5 адад дастгоҳи телефонии собит рост меояд.

Интернет[вироиш]

Махсусан дар солҳои охир дар ҷумҳурӣ низоми интернет ва почтаи электронӣ мақоми муҳимро ишғол намуд. Соли 2004 дар ҷумҳурӣ шумораи истифодабарандагони интернет ба 2344 ва истифодабарандагони почтаи электронӣ ба 1 763 адад расида буд. Соли 2013 дар ҷумҳурӣ шумораи ширкатҳои хизматрасонии нави алоқа ба 17 адад, шумораи умумии муштариёни алоқаи мобилӣ ба 10 912 080 адад ва шумораи муштариёни интернет ба 3 800 453 адад расид. Шумораи муштариёни алоқаи мобилии ҶДММ «Вавилон-Мобайл» аз ҳама зиёд 3 425 509 адад, шумораи муштариёни интернет аз ҳама зиёд — ҶДММ «Таком» — 1 138 626 адад мебошанд[3].

Шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ дар Тоҷикистон 2,3 млн нафарро ташкил медиҳад[4].

Телеграф[вироиш]

Низоми телеграфии ҷумҳурӣ ҳам хеле такмил ёфт. Ҳанӯз соли 1998 дар шаҳри Душанбе стансияи телеграфии «СТИН», бо иқтидори 320 нуқта ба кор шурӯъ кард, ки он системаҳои кӯҳнашудаи ин соҳаро иваз кард. Соли 2000, дар асоси шартнома бо ширкати «Билат»-и Исроил, аввалин бор комплектҳои аппаратураи алоқаи рақамии спутники низоми «ДАМА» дар чунин нуқтаҳо: Душанбе (стансияи марказӣ), Қӯрғонтеппа, Шӯрообод, Данғара, Хорӯғ, Дарвоз, Ғарм, Дарбанд, Ҷиргатол, Тавилдара, Ҳуҷанд, Кӯҳистони Масчо, Сағирдашт ва Миёнаду гузошта шуданд. Гузаштан ба низоми «ДАМА» имконияти сифати баланди алоқаи телефонии байнишаҳрӣ ва ноҳияҳои ҷумҳуриро муҳайё намуд.

Эзоҳ[вироиш]

  1. Саъдиев Ш. С. Роль средств массовой информации и пропоганды в воспитании молодежи (1976—1986 гг.). Дисс… кан. ист. наук. — Душанбе ,1990. — С. 166.
  2. Бойгонии ҷории Вазорати алоқаи ҶТ. Связь за период независимости. 2006. — В. 3.
  3. Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 2014. — С. 314.
  4. Илҳомҷон Атоев: «Теъдоди истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон ба 2,3 млн. нафар расид» | АМИТ "Ховар"(тоҷ.). khovar.tj. 12 феврали 2018 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш]

  • Очеркҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол. — Д.: «Дониш», 2016. — С. 205—210. — 463 с.

Пайвандҳо[вироиш]