Аҳолии Тоҷикистон

Шумораи аҳолии Тоҷикистон то 1 январи соли 2022 9 млн. 886 ҳаз. нафарро ташкил медиҳад. Аз рӯи афзоиш дар 30 соли охир Тоҷикистон дар байни кишварҳои пасошӯравӣ ҷои аввалро ишғол кард.
Афзоиши миёнаи солонаи аҳолӣ дар Тоҷикистон аз соли 1991 то аввали соли 2022 2,7% ташкил дод, дар ҳоле ки шумораи аҳолии сайёраи мо дар маҷмӯъ ба ҳисоби миёна 1,5 % афзуд.
Дар маҷмӯаи раёсати омори Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст, ки дар ин давра шумораи аҳолии шаҳри Душанбе ду баробар (аз 584 ҳазор ба 1 миллиону 202 ҳазор), вилояти Хатлон – 94,3 % (аз 1 миллиону 817 ҳазор ба 3 миллиону 530 ҳазор), вилояти Суғд — 73 % (аз 1 миллиону 634 ҳазор то 2 миллиону 824 ҳазор), НТҶ — 81 % (аз 1 миллиону 158 ҳазор то 2 миллиону 101 ҳазор), ВМКБ — 36 % (аз 169 ҳазор то 230 ҳазор) афзоиш ёфтааст.
Зимнан, шумораи аҳолии ВМКБ дар солҳои 2004—2008 аз 209,5 ҳазор то 203,1 ҳазор нафар коҳиш ёфт.[1]
Аз рӯи воҳидҳои маъмурӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Воҳидҳои маъмурӣ | 1989 | 1995 | 2000 | 2005 | 2010 | 2015 | 2020 (фарқият) |
---|---|---|---|---|---|---|---|
ВМКБ | 160,9 | ↗188,0 | ↗206,2 | ↗206,8 | ↘204,8 | ↗214,3 | ↗228,9 (+14,6) |
Вилояти Суғд | 1554,2 | ↗1740,8 | ↗1871,9 | ↗2015,8 | ↗2197,9 | ↗2455,5 | ↗2707,3 (+251,8) |
Вилояти Хатлон | 1697,4 | ↗1956,0 | ↗2145,2 | ↗2368,4 | ↗2618,3 | ↗2971,5 | ↗3348,3 (+376,8) |
ш. Душанбе | 592,2 | ↘511,9 | ↗564,0 | ↗630,0 | ↗711,2 | ↗788,7 | ↗863,4 (+74,7) |
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 1087,9 | ↗1237,1 | ↗1341,2 | ↗1497,9 | ↗1685,2 | ↗1922,0 | ↗2165,9 (+243.9) |
*дар умум | 5092,6 | ↗5633,8 | ↗6128,5 | ↗6718,9 | ↗7417,4 | ↗8352,0 | ↗9313,8 (+961,8) |
Вазъи умумӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
2010[вироиш | вироиши манбаъ]
Дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 100 аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,[2] воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолишини Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот ва деҳа мебошанд. Ноҳияҳо деҳавӣ ва шаҳрӣ буда, дар итоати ҷумҳурӣ, вилоят ё шаҳр шуда метавонанд.
Дар таърихи 1 январи соли 2010 Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ); Вилояти Суғд; Вилояти Хатлон; 17 шаҳр, 62 ноҳия (ҳамчунин, 13 ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки дар маркази мамлакат ҷойгир шудаанд), 55 шаҳрак ва 368 ҷамоат иборат аст.[3]



2014[вироиш | вироиши манбаъ]
Дар таърихи 1 январи соли 2014 Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ); Вилояти Суғд; Вилояти Хатлон; 17 шаҳр, 58 ноҳия (ҳамчунин, 13 ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки дар маркази мамлакат ҷойгир шудаанд), 57 шаҳрак ва 370 ҷамоат иборат аст.[4] Ҳамакнун сарзамини Тоҷикистон (соли 2014)[5] ба чунин воҳидҳо бахш карда шудааст:
Ном | Аҳолӣ (2014) ҳазор тан |
Паҳноварӣ, ҳазор км² |
Зичии аҳолӣ, кас/дар 1 км² |
Шумораи ноҳияҳо |
Марказ |
|
---|---|---|---|---|---|---|
Душанбе | 775,8 | 0,1 | 7 758,0 | 4 | ||
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон | 212,1 | 64,1 | 3,3 | 7 | Хоруғ | |
Вилояти Суғд | 2 400,6 | 25,2 | 95,3 | 14 | Хуҷанд | |
Вилояти Хатлон | 2 898,6 | 24,6 | 117,8 | 24 | Бохтар | |
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 1 874,0 | 28,6 | 56,2 | 13 | Душанбе |
2020[вироиш | вироиши манбаъ]
Дар таърихи 1 январи 2020 Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ); Вилояти Суғд; Вилояти Хатлон; 18 шаҳр, 47 ноҳия (ҳамчунин, 4 ноҳияи дохили шаҳри Душанбе, 13 шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки дар маркази мамлакат ҷойгир шудаанд), 65 шаҳрак ва 368 ҷамоат иборат аст.
Барӯйхатгирии аҳолӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Дар Тоҷикистон баъди ба даст даровардани истиқлол се дафъа барӯйхатгирии аҳолӣ баргузор шудааст. Бори якум мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи 1998 «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» 20–27 январи 2000 доир шуда буд. Дар он давра мувофиқи маълумоти оморӣ шумораи аҳолии доимии шаҳрҳо нисбат ба соли 1989 (тибқи Барӯйхатгирии аҳоли пешина) аз 1 млн 668 ҳазор то 1623 ҳазор нафар кам шуда, шумораи аҳолии доимии деҳот баръакс аз 3441 ҳазор то 4504 ҳазор нафар зиёд шудааст. Ҳамин тарз, дар давоми 11 сол (1989—2000) ҳиссаи аҳолии доимии шаҳрҳои Тоҷикистон аз 32,5 дарсад то 26,5 дарсад кам шуда, аҳолии доимии деҳот, баръакс, аз 67,5 дарсад то 73,5 дарсад афзудааст.
Бори дуюм мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи 2009, № 685 «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ» аз 21 то 30 сентябри 2010 дар қаламрави ҷумҳурӣ Барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзил баргузор шуд. Аз рӯйи маълумоти пешакии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзил, шумораи аҳолии доимии мамлакат ба ҳолати 21 сентиябри 2010-ум 7 565 ҳазор нафарро ташкил кард. Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ (дар январи 2010) нисбат ба соли 2000-ум 1 438 ҳазор нафар ё 23 дарсад, дар муқоиса бо ҳисобу китоби маълумоти аввали соли 2010, 35,4 ҳазор нафар ё 0,5 дарсад зиёд шудааст. Ин зиёдшавии шумораи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби афзоиши табиӣ ва пеш аз ҳама, аз ҳисоби нишондиҳандаҳои баланди таваллуд ва болоравии шумораи таваллуд нисбат ба фавт ба вуҷуд меояд.
Сарфи назар аз муҳоҷирати аҳолӣ ба хориҷи ҷумҳурӣ, дар соли 2010 нисбат ба соли 2000 шумораи аҳолии шаҳрҳо 379 ҳазор нафар ё 23,3 дарсад, аҳолии деҳот 1 059 ҳазор нафар ё 23,5 дарсад афзудааст.
Ҷараёни шаҳришавӣ (урбанизатсия), ки то соли 2000 дар сатҳи ҷумҳурӣ дар авҷ буд, мувофиқи ҷамъбасти пешакии Барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзили соли 2010 муътадил гашта, таносуби аҳолии шаҳру деҳот 27 дарсади аҳолии шаҳр ва 73 дарсади аҳолии деҳотро ташкил кард.
Дар соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори севум барӯйхатгирии аҳолӣ сурат гирифт.
26 майи соли 2018 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 9 миллион нафар расид.[6].
Аҳолии Тоҷикистон дар соли 2020[вироиш | вироиши манбаъ]
Дар соли 2020 шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон то 9 678 613 нафар афзудааст.
аз он ҷумла:
- 9 678 613 — аҳолии умумӣ (2020), ки аз онҳо:
- 4 757 443 — мардон (49,2%)
- 4 921 170 — занон (50,8%)
Дар охири соли 2021 9.857.502 нафар шуд. Афзоиши табиии аҳолӣ мусбат буда, 244 312 нафарро ташкил дод. Дар тӯли тамоми сол тақрибан 299,267 кӯдак таваллуд шуд ва 54 956 нафар фавтиданд. Муҳоҷирати хориҷӣ дар сатҳи соли гузашта боқӣ монда, аҳолӣ бо сабабҳои муҳоҷират 28153 нафар кам шуд. Яъне, шумораи умумии одамоне, ки аз кишвар хориҷ мешаванд (эмигрантҳо) нисбат ба шумораи одамоне, ки бо мақсади будубоши дарозмуддат ба кишвар ворид мешаванд (иммигрантҳо) бартарӣ дошт.


Динамикаи тағирёбии аҳолӣ дар соли 2021[вироиш | вироиши манбаъ]
Дар зер коэффитсиенти тағирёбии аҳолии Тоҷикистон оварда шудааст, ки он барои соли 2021 ҳисоб карда шудааст:
Афзоиш: ба ҳисоби миёна дар як рӯз 820 кӯдак (34,16 дар як соат) таваллуд шудааст
Марг: ба ҳисоби миёна дар як рӯз 151 нафар (6,27 дар як соат) фавтиданд
Афзоиши аҳолии муҳоҷират: ба ҳисоби миёна -77 нафар дар як рӯз (-3,21 дар як соат)
Суръати афзоиши аҳолии Тоҷикистон дар соли 2021 дар як рӯз 592 нафар буд.[7]
Ҳайати миллӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Тибқи барӯйхатгирии соли 2010 дар кишвар тоҷикон — 82,3 фоиз ё 6173,8 ҳазор нафар[8], узбакҳо — 12,2 % ё 926,3 ҳазор нафар[8] (бо халқҳои туркҳои маҳаллии ба онҳо наздик — 13,9 % ё 1054,7 ҳазор нафар) қирғизҳо — 08 % ё 60, 7 ҳазор нафар[8], русҳо — 0,5 % ё 34,8 ҳазор нафар, туркманҳо — 0,2 % ё 15,1 ҳазор нафар буданд[9].
Саҳми тоҷикон дар соли 1959 52,1 %, соли 1989 61,3 %, соли 2002 ба 77,9 %, соли 2010 ба 82,3 % расид.[8]
Дар давоми солҳои 1990—2000 ҳиссаи русҳо дар шумораи аҳолӣ назар ба пешбинишуда хеле камтар буд. Соли 1989 дар ҷумҳурӣ 388,5 ҳазор нафар русҳо зиндагӣ мекарданд; тибқи сабтҳои давлатӣ дар соли 1996, бо назардошти муҳоҷират ва коҳиши табиӣ, шумори русҳо 189,5 ҳазор нафар тахмин зада шуда буданд, аммо дар барӯйхатгирии соли 2000 танҳо 68,2 ҳазор нафар русҳоро пайдо кардаанд.[10] Ҳамин тавр, қисме аз муҳоҷират ва фавтидагон шояд дар омори расмӣ ба инобат гирифта нашуда бошад. Ҳарчанд дар тӯли 4 сол аз соли 1996 то 2000, ҷараёни муҳоҷират дар муқоиса бо 5 соли солҳои 1991 то 1996 начандон шиддатнок буд.
Мардум | 1926 | % | 1959 | % | 1989 | % | 2000 | % | 2010 | % |
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
дар умум | 827083 | 100,00 % | 1979897 | 100,00 % | 5092603 | 100,00 % | 6127493 | 100,00 % | 7564502 | 100,00 % |
тоҷикон[20] | 618954 | 74,84 % | 1051164 | 53,09 % | 3273420 | 64,27 % | 5033382 | 82,14 % | 6373834 | 84,26 % |
узбекҳо[21] | 175627 | 21,23 % | 454433 | 22,95 % | 1197841 | 23,52 % | 1016249 | 16,59 % | 1054726 | 13,94 % |
*узбекҳо | 936703 | 15,29 % | 926344 | 12,25 % | ||||||
*лақайҳо | 51001 | 0,83 % | 65555 | 0,87 % | ||||||
*қунғратҳо | 15102 | 0,25 % | 38078 | 0,50 % | ||||||
*дурманҳо | 3502 | 0,06 % | 7608 | 0,10 % | ||||||
*қатаганҳо | 4888 | 0,08 % | 7601 | 0,10 % | ||||||
*барлосҳо | 3743 | 0,06 % | 5271 | 0,07 % | ||||||
*юзҳо | 1053 | 0,02 % | 3798 | 0,05 % | ||||||
*мингҳо | 243 | 0,00 % | 268 | 0,00 % | ||||||
*кесамирҳо[22] | 13 | 0,00 % | 156 | 0,00 % | ||||||
*семизҳо[22] | 1 | 0,00 % | 47 | 0,00 % | ||||||
қирғизҳо | 11410 | 1,38 % | 25635 | 1,29 % | 63832 | 1,25 % | 65515 | 1,07 % | 60715 | 0,80 % |
русҳо | 5638 | 0,68 % | 262610 | 13,26 % | 388481 | 7,63 % | 68171 | 1,11 % | 34838 | 0,46 % |
туркманҳо | 4148 | 0,50 % | 7115 | 0,36 % | 20487 | 0,40 % | 20270 | 0,33 % | 15171 | 0,20 % |
тоторҳо[23] | 950 | 0,11 % | 55046 | 2,78 % | 72228 | 1,42 % | 18949 | 0,31 % | 6512 | 0,09 % |
арабҳо | 3260 | 0,39 % | 1297 | 0,07 % | 276 | 0,01 % | 14450 | 0,24 % | 4184 | 0,06 % |
пуштунҳо (афғонҳо) | 666 | 0,08 % | 532 | 0,03 % | 2088 | 0,04 % | 4702 | 0,08 % | 3675 | 0,05 % |
лӯлиҳо | 186 | 0,02 % | 1556 | 0,08 % | 1791 | 0,04 % | 4249 | 0,07 % | 2334 | 0,03 % |
туркҳо[24] | 4 | 0,00 % | 53 | 0,00 % | 768 | 0,02 % | 672 | 0,01 % | 1360 | 0,02 % |
украинҳо | 1090 | 0,13 % | 26921 | 1,36 % | 41375 | 0,81 % | 3787 | 0,06 % | 1090 | 0,01 % |
чиниҳо | 3 | 0,00 % | 38 | 0,00 % | 58 | 0,00 % | 24 | 0,00 % | 801 | 0,01 % |
кореягиҳо | 2365 | 0,12 % | 13431 | 0,26 % | 1696 | 0,03 % | 634 | 0,01 % | ||
қазоқҳо | 1636 | 0,20 % | 12551 | 0,63 % | 11376 | 0,22 % | 936 | 0,02 % | 595 | 0,01 % |
ирониҳо | 98 | 0,01 % | 331 | 0,02 % | 388 | 0,01 % | 306 | 0,00 % | 473 | 0,01 % |
олмониҳо | 60 | 0,01 % | 32588 | 1,65 % | 32671 | 0,64 % | 1136 | 0,02 % | 446 | 0,01 % |
арманҳо | 171 | 0,02 % | 2878 | 0,15 % | 5651 | 0,11 % | 995 | 0,02 % | 434 | 0,01 % |
осетинҳо | 150 | 0,02 % | 4514 | 0,23 % | 7861 | 0,15 % | 960 | 0,02 % | 396 | 0,01 % |
озарбойҷониҳо[25] | 801 | 0,10 % | 1182 | 0,06 % | 3556 | 0,07 % | 798 | 0,01 % | 371 | 0,00 % |
уйғурҳо | 2 | 0,00 % | 402 | 0,02 % | 566 | 0,01 % | 379 | 0,01 % | 276 | 0,00 % |
ҳинду-покистониҳо | 13 | 0,00 % | 245 | 0,00 % | 262 | 0,00 % | ||||
карелиҳо | 23 | 0,00 % | 29 | 0,00 % | 7 | 0,00 % | 166 | 0,00 % | ||
молдовиҳо | 3 | 0,00 % | 345 | 0,02 % | 879 | 0,02 % | 341 | 0,01 % | 157 | 0,00 % |
бошқирдиҳо | 170 | 0,02 % | 3872 | 0,20 % | 6821 | 0,13 % | 872 | 0,01 % | 143 | 0,00 % |
белорусҳо | 56 | 0,01 % | 2793 | 0,14 % | 7247 | 0,14 % | 464 | 0,01 % | 104 | 0,00 % |
англисҳо | 1 | 0,00 % | 43 | 0,00 % | 104 | 0,00 % | ||||
гурҷиҳо | 28 | 0,00 % | 620 | 0,03 % | 976 | 0,02 % | 161 | 0,00 % | 92 | 0,00 % |
амрикоиҳо | 3 | 0,00 % | 24 | 0,00 % | 62 | 0,00 % | ||||
чувашҳо | 21 | 0,00 % | 1661 | 0,08 % | 2512 | 0,05 % | 195 | 0,00 % | 47 | 0,00 % |
мордваҳо | 178 | 0,02 % | 6746 | 0,34 % | 5519 | 0,11 % | 300 | 0,00 % | 42 | 0,00 % |
яҳудиён[26] | 275 | 0,03 % | 12415 | 0,63 % | 14580 | 0,29 % | 197 | 0,00 % | 36 | 0,00 % |
*яҳудиён | 9701 | 0,19 % | 182 | 0,00 % | 34 | 0,00 % | ||||
*яҳудиёни Осиёи Миёна | 77 | 0,01 % | 807 | 0,04 % | 4879 | 0,10 % | 15 | 0,00 % | 2 | 0,00 % |
лаҳистониҳо | 65 | 0,01 % | 681 | 0,03 % | 716 | 0,01 % | 74 | 0,00 % | 23 | 0,00 % |
булғорҳо | 1274 | 0,06 % | 1072 | 0,02 % | 64 | 0,00 % | 19 | 0,00 % | ||
қрим-тоторҳо | 1847 | 0,09 % | 7214 | 0,14 % | 138 | 0,00 % | 18 | 0,00 % | ||
дигарон | 1433 | 0,19 % | 4409 | 0,26 % | 7876 | 0,15 % | 1742 | 0,03 % | 362 | 0,00 % |
халқият | Вилояти
мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
Вилояти
Суғд |
Вилояти
Хатлон |
ш. Душанбе | ноҳияҳои
тобеи ҷумҳурӣ | |||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
шумора | % | шумора | % | шумора | % | шумора | % | шумора | % | |
тоҷикон | 194423 | 94,40 | 1876218 | 84,00 | 2189196 | 81,77 | 648760 | 89,50 | 1465237 | 85,04 |
узбекҳо[27] | 410 | 0,20 | 329614 | 14,76 | 346303 | 12,94 | 48661 | 6,71 | 201356 | 11,69 |
қирғизҳо | 10949 | 5,32 | 12896 | 0,58 | 691 | 0,03 | 552 | 0,08 | 35627 | 2,07 |
русҳо | 81 | 0,04 | 8890 | 0,40 | 3960 | 0,15 | 19061 | 2,63 | 2846 | 0,17 |
туркманҳо | 3 | 0,00 | 157 | 0,01 | 14003 | 0,52 | 690 | 0,10 | 318 | 0,02 |
тоторҳо | 8 | 0,00 | 2600 | 0,12 | 1123 | 0,04 | 1866 | 0,26 | 898 | 0,05 |
қазоқҳо | 3 | 0,00 | 155 | 0,01 | 174 | 0,01 | 189 | 0,03 | 74 | 0,00 |
дигарон | 72 | 0,03 | 3020 | 0,14 | 121801 | 4,55 | 5065 | 0,70 | 16552 | 0,96 |
ДАР УМУМ | 205949 | 100,00 | 2233550 | 100,00 | 2677251 | 100,00 | 724844 | 100,00 | 1722908 | 100,00 |
Ақаллиятҳои миллӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Агар то соли 1990 Тоҷикистон ҷумҳурии семиллат (тоҷикон-узбакҳо-русҳо) буд, пас аз соли 1990 воқеан думиллат (тоҷикон-узбакҳо) шуд.
Ҳиссаи узбакҳо дар байни аҳолӣ аз 23% то 13,94 % кам шуд; ҳиссаи қирғизҳо бетағйир монд — каме бештар аз 1 %. Дар баробари ин дар давраи байнисаршуморӣ шумора ва ҳиссаи тоҷикон хеле афзуд: соли 1989 — 3172,4 ҳазор нафар (62,3 %), соли 2010-ум — 4898,4 ҳазор нафар (84,26 %).
Моҳи апрели соли 2020 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» тағйироту иловаҳоро қабул кард, ки истифодаи пасвандҳои славяниро дар насаб ва номи падар манъ мекунад; танхо барои акаллиятҳои миллие, ки дар худуди ҷумҳурият зиндагӣ мекунанд, истисно карда мешавад, ки онҳо ҳангоми ба қайд гирифтани фарзандони навзоди худ кадом суффикси насаб ва номи падарро интихоб карда метавонанд.[28]
Динамикаи аҳолӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Шумораи аҳолӣ[29] | |||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|
1950 | 1951 | 1952 | 1953 | 1954 | 1955 | 1956 | 1957 |
1 532 000 | ↗1 577 000 | ↗1 626 000 | ↗1 678 000 | ↗1 730 000 | ↗1 783 000 | ↗1 836 000 | ↗1 891 000 |
1958 | 1959 | 1960 | 1961 | 1962 | 1963 | 1964 | 1965 |
↗1 949 000 | ↗1 981 000 | ↗2 045 000 | ↗2 120 000 | ↗2 211 000 | ↗2 300 000 | ↗2 383 000 | ↗2 469 000 |
1966 | 1967 | 1968 | 1969 | 1970 | 1971 | 1972 | 1973 |
↗2 556 000 | ↗2 633 000 | ↗2 715 000 | ↗2 807 000 | ↗2 900 000 | ↗2 983 000 | ↗3 096 000 | ↗3 191 000 |
1974 | 1975 | 1976 | 1977 | 1978 | 1979 | 1980 | 1981 |
↗3 288 000 | ↗3 392 000 | ↗3 492 000 | ↗3 598 000 | ↗3 699 000 | ↗3 801 000 | ↗3 901 000 | ↗4 007 000 |
1982 | 1983 | 1984 | 1985 | 1986 | 1987 | 1988 | 1989 |
↗4 119 000 | ↗4 239 000 | ↗4 365 000 | ↗4 499 000 | ↗4 648 000 | ↗4 807 000 | ↗4 952 000 | ↗5 109 000 |
1990 | 1991 | 1992 | 1993 | 1994 | 1995 | 1996 | 1997 |
↗5 248 000 | ↗5 358 000 | ↗5 570 000 | ↗5 571 000 | ↗5 704 000 | ↗5 786 000 | ↗5 884 000 | ↗5 970 000 |
1998 | 1999 | 2000 | 2001 | 2002 | 2003 | 2004 | 2005 |
↗6 067 000 | ↗6 188 000 | ↘6 100 000 | ↗6 200 000 | ↗6 375 500 | ↗6 506 500 | ↗6 640 000 | ↗6 780 400 |
2006 | 2007 | 2008 | 2009 | 2010 | 2011 | 2012 | 2013 |
↗6 920 300 | ↗7 063 800 | ↗7 215 700 | ↗7 373 800 | ↗7 529 600 | ↗7 616 000 | ↗7 697 500 | ↗7 839 000 |
2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | 2020 | 2021 |
↗8 161 100 | ↗8 576 926 | ↗8 769 221 | ↘8 742 800 | ↗8 931 200 | ↗9 126 600 | ↗9 313 800 | ↗9 716 800 |
2022 | |||||||
↗9 886 800 |
Аҳолии Тоҷикистон хеле вақт аст, ки бо суръати гуногун меафзояд: соли 1959 дар инҷо 1981 ҳаз. одам буд, дар солҳои 1989 — 5109 ҳаз. ва, бо фарқ аз кишварҳои аврупоии ИДМ, рушдро дар солҳои 1989-1999 давом дод, новобаста ба муҳоҷирати зиёди аҳолӣ аз ҷумҳурӣ (437 ҳазор нафар дар 11 сол). Сабаби асосии зиёдшавии аҳолӣ — афзоишии табии босуръат.
Дар байни солҳои 1989-2000, аҳолии танҳо шаҳрҳои калон, аз қабили пойтахт – Душанбе, дар натиҷаи ҳиҷрати аҳолии аввал русзабон ва баъдан тоҷику-ӯзбек кам шуданд. Аз вақти азбайнравии Иттиҳоди Шӯравӣ таркиби миллӣ ба тағйироти зиёд дучор шуд. Барои миллатҳои бумӣ афзоиши баланди табии хос аст, гарчанде ки нишондиҳандаҳои он дар давраи пасошӯравӣ поён рафт.
Пиртарин афрод аз Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]
- Зулҳиҷҷа Ёфтуллоева Дар шиносномаи Зулҳиҷҷа Ёфтуллоева таърихи таваллуди ӯ 5 январи соли 1897-ум қайд шудааст[30]
- Тоҷигул Қурбонова Дар шиносномаи Тоҷигул Қурбонова навишта шудааст, ки ӯ 8 марти соли 1900 таваллуд шудааст.[31]
Харитаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
-
Тоҷикон дар Тоҷикистон
-
Ӯзбекҳо дар Тоҷикистон
-
Қирғизҳо дар Тоҷикистон
-
Русҳо дар Тоҷикистон
-
Туркменҳо дар Тоҷикистон
-
Татарҳо дар Тоҷикистон
-
Қазоқҳо дар Тоҷикистон
-
Арабҳо дар Тоҷикистон
-
Тоҷикони бадахшизабон дар Тоҷикистон
-
Тоҷикони яғнобизабон ва мардуми водии Яғноб
-
Лӯлиҳо дар Тоҷикистон
-
Тоҷикони кӯҳистонӣ (галча) дар Тоҷикистон
-
Аҳолии Тоҷикистон аз рӯи вилоятҳо
-
Аҳолии Тоҷикистон аз рӯи ноҳияҳо
-
Зичии аҳолии Тоҷикистон аз рӯи ноҳияҳо
-
Зичии аҳолии Тоҷикистон аз рӯи вилоятҳо
-
Зичии аҳолии Тоҷикистон барои соли 2020 аз рӯи ноҳияҳо
-
Зичии аҳолии Тоҷикистон аз рӯи ноҳияҳо барои соли 2020
-
Аҳолии шаҳр ва деҳот барои соли 2020
-
Дида мешавад, ки бисёре аз маҳалҳои аҳолишини Ӯзбекистон дар наздики сарҳади Тоҷикистон ҷойгиранд
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Telegram: Instant View. Telegram. 30 Декабри 2022 санҷида шуд.
- ↑ Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №21, мод. 239; соли 2000, №11, мод. 513; соли 2003, №4, мод.153; соли 2008, №3, мод. 182; соли 2009, №7-8, мод.489; №12, мод.
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 12 августи 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 августи 2010.
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 12 августи 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 июли 2014.
- ↑ ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2014. 12 августи 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 июли 2014.
- ↑ ИМРӮЗ СОКИНИ 9-МИЛЛИОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ДУНЁ ОМАД! Пешвои миллат падару модари кӯдаки навзод ва тамоми аҳолии мамлакатро бо ин рӯйдоди фараҳбахш табрик намуданд(тоҷ.). khovar.tj. khovar.tj. 30 май 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 май 2021.
- ↑ Население Таджикистана. countrymeters.info. 4 марти 2021 санҷида шуд.
- ↑ 8.0 8.1 8.2 8.3 Численность и национальный состав населения
- ↑ Том 3. Национальный состав и владение языками, гражданство населения Республики Таджикистан (2010) Бойгонӣ шудааст 14 октябри 2013 сол. // Агентство по статистике при Президенте Республики Таджикистан
- ↑ Демоскоп
- ↑ Демоскоп. Национальный состав населения Таджикистана по Всесоюзной переписи 1926 года
- ↑ Демоскоп. Национальный состав населения Таджикистана по Всесоюзной переписи 1959 года
- ↑ Демоскоп. Национальный состав населения Таджикистана по Всесоюзной переписи 1989 года
- ↑ Памирские народы и ягнобцы, включаемые переписью в составе таджиков, в таблице за 1989 год выделены по родному языку по переписи 1989 года
- ↑ 15.0 15.1 Демоскоп. Национальный состав населения Таджикистана по переписи 2000 года
- ↑ 16.0 16.1 16.2 Том 3. Национальный состав и владение языками, гражданство населения Республики Таджикистан (2010) Бойгонӣ шудааст 14 октябри 2013 сол. // Агентство по статистике при Президенте Республики Таджикистан
- ↑ По переписи 2000 года (и ранее) в составе таджиков включались памирские народы и ягнобцы (дана оценочная их численность на 2000 год), а некоторые тюркские народы (лакайцы, конграты, дурмены, катаганы, барлосы, юзы, минги, кесамиры, семизы), напротив, выделены отдельно (переписью 1989 года и ранее они включались в состав узбеков).
- ↑ Национальный состав населения Таджикистана по оценкам Joshuaproject
- ↑ По переписи 2010 года (и ранее) в составе таджиков включались памирские народы и ягнобцы, а некоторые тюркские народы (лакайцы, конграты, дурмены, катаганы, барлосы, юзы, минги, кесамиры, семизы), напротив, выделены отдельно (переписью 1989 года и ранее они включались в состав узбеков).
- ↑ ҳамроҳ бо бадахшӣ- ва яғнобизабонҳо
- ↑ ҳамчунон ҳамроҳ бо лақайҳо, қунғротҳо, дурманҳо, катаганҳо, барлосҳо, юзҳо, мингҳо, кесамирҳо, семизҳо
- ↑ 22.0 22.1 Семизы и кесамиры. Восточная библиотека. 29 ноябри 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 ноябри 2013.
- ↑ ҳамчунон сибиртоторҳо (дар соли 2000 — 10 наф., соли 2010 — 17 наф.)
- ↑ дар соли 1926 чун «туркҳои усмонӣ» ба қайд гирифта шудаанд
- ↑ дар соли 1926 чун «туркҳо» ба қайд гирифта шудаанд
- ↑ ҳамч. Яҳудиёни Осиёи Миёнагӣ
- ↑ Миқдори узюекҳо бидуни лақайҳо, қунғратҳо, дурманҳ, қатаганҳо, барлосҳо, юзҳо, мингҳо, кесамирҳо,семизҳо
- ↑ Таджикистан запретил русифицировать имена, отчества и фамилии // 29 апреля 2020
- ↑ 15 новых независимых государств. Численность населения на начало года, 1950-2019, тысяч человек
- ↑ Сокини 115-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ даргузашт - Радиои Озодӣ http://www.ozodi.org/content/zulhijja-yoftulloeva-/24795283.html
- ↑ Зани кӯҳансолтарин дар Кӯлоб 112-сола шуд - Радиои Озодӣ http://www.ozodi.org/content/article/24508182.html