Ислом дар Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бахше аз силсилаи
Кишварҳои мусулмоннишин

Allah1.png

Ислом дар Тоҷикистон — дини ғолибе мебошад, ки беш аз 97 % аҳолии кишвар пайравӣ аз он мекунанд.

Соли 2009 дар Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар таҳрири нав қабуд карда шуд. Дар дебочаи ин қонун нақш ва мақоми хоссаи мазҳаби ҳанафӣ дар Тоҷикистон зикр шудааст:

« Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, қонуни мазкур қабул карда мешавад. »

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Ислом, ки дини асосӣ дар тамоми Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, дар қарни ҳафтум тавассути арабҳо оварда шуд ва ҳоло ба бахши ҷудоинопазири фарҳанги тоҷикон табдил ёфтааст[1]. Ислом дар тоҷикзамин аз лашкаркашиҳои сарлашкари араб — Қутайба ибни Муслим (аз соли 705) ривоҷ ёфта, зуд ҷои зардуштия, оташпарастиро гирифтааст.

Замони шӯравӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои Шӯравӣ ба онҳое ки андешаҳои динии худро пайравӣ мекарданд, фишор оварда мешуд. ҳолатҳое ҳам шудааст, ки писар ба ҷанозаи падараш даст ба рӯй молида «омин» гуфтанро метарсид, масҷид бошад ҷойи ҷамъшавии пиронсолон гардида буд[2].

Талошҳои мақомоти Шӯравӣ, ки намозгузориву ибодатро мамнӯъ карда ва мехостанд ҷомеаи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаро дунявӣ созад, асосан бенатиҷа анҷом ёфтанд. Баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои минтақа аз ҷумла Тоҷикистон шоҳиди эҳёи босуръат ва густурдаи Ислом шуд. Акнун дар масоҷиди Тоҷикистон, ки замони Шӯравӣ танҳо ҷойи пиронсолон буд, ҳоло шоҳиди ҳузури ҷавонони зиёд мешавед ва ҳангоми намози ҷумъа масҷиди марказии пойтахти Тоҷикистон барои ҳазорон нафар аз намозгузорон тангӣ мекунад[1].

Замони истиқлол[вироиш | вироиши манбаъ]

Адои намози ҷумъа

Пас аз ба даст гирифтани истиқлол дар Тоҷикистон бисёр мадрасаҳо ва масҷидҳо сохта шуданд. Инчунин дар Тоҷикистон то охирҳои соли 2015 ҳизби исломӣ фаъолият мекард.

Дар замони истиқлол ниҳодҳои динӣ дар ҳаёти ҷомеа мавқеи хоси фарҳангӣ ишғол намуданд, адади масҷиду муассисаҳои маорифи динӣ ба миқдори зиёд афзун ёфта, бо супориши Эмомалӣ Раҳмон тар­ҷумаи тоҷикии Қуръони Карим ва аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардум ҳадя гарди­­д[3], нашри адабиёти динӣ ва сарчашмаҳои дигар ба миллионҳо адад расид ва миқдори зоирони хонаи Каъба сол ба сол меафзояд. Ҷашн гирифтани зодрӯзи арбобони динӣ, рӯзҳои истироҳат таъйин гардидани идҳои Фитру Қурбон ва ғайраҳо низ ба эҳёи арзишҳои динӣ такони зиёд бахшид[4]. Барои пос доштани фарҳанги миллӣ, бузургдошти шахсиятҳои динию фарҳангии миллати тоҷик, аз ҷумла Имоми Аъзам Абуҳанифа, Имом Бухорӣ, Имом Ғаззолӣ, Мавлонои Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайра бургузор гардид[3].

Соли 2008 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи исломии Тоҷикстон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа[5], ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ба омӯзишу таҳқиқи илмии масоили исломи муосир, сиёсати давлати дунявӣ нисбат ба дин, анъанаву маросимҳои исломӣ, тарҷумаю таҳқиқ ва нашри сарчашмаҳои исломӣ, омӯзиши вазъи дину диндорӣ, ҷойгоҳи дин дар ҷомеаи муосири тоҷик ва дигар масоили марбут ба диншиносӣ машғул аст[4].

Тасаннун ва ташшаюъ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз 97 дарсади аҳолии мусулмони ин кишвар ҳамагӣ 7 дарсад пайрави мазҳаби шиъа ва боқимонда аҳли суннат мебошанд. Вале як қисмати хурде ҳам пайрави шохаи Исмоилия, яке аз риштаҳои мазҳаби шиъа ҳастанд, ки бештар дар вилояти Бадахшон ва қисман дар вилояти Хатлону шаҳри Душанбе ба сар мебаранд. Намояндагони риштаи дигари шиъа — исноъашариҳо ё тавре дар кишварҳои форсизабонон дувоздаҳимома мегӯянд, хеле каманд[1].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 Аҳли шиъа ва аҳли суннат дар Тоҷикистон(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 22 феврали 2018 санҷида шуд.
  2. Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода. Конститутсия ва дин(тоҷ.). Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон. shuroiulamo.tj (2 ноябри 2017). 22 феврали 2018 санҷида шуд.
  3. 3.0 3.1 Маъруф Шонасурдинов. Истиқлоли давлатӣ ва рушди арзишҳои миллию динӣ(тоҷ.). Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ. din.tj. 22 феврали 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 феврали 2018.
  4. 4.0 4.1 Қамар Нурулҳақов. Муносибати давлат ба дин дар даврони созандаи Истиқлолият. Телевизиони Тоҷикистон. tvt.tj (9 феврали 2016). 22 феврали 2018 санҷида шуд.
  5. Муассисаҳои таълимотии давлатӣ. IslamNews.Tj. www.islamnews.tj. 22 феврали 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 феврали 2018.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]