Забонҳои Тоҷикистон
Забонҳои Тоҷикистон — забонҳои миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд аз он истифода мекунанд.
Забони давлатӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд[1].
Забонҳои модарӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Тоҷикистон баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини кишвар шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд[2]. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд[3]. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва яғнобӣ шароит фароҳам меорад[3].
Забонҳое ки дар Тоҷикистон роиҷ мебошанд[4]:
- Забони тоҷикӣ
- Забони русӣ
- Забони қирғизӣ
- Забони ӯзбакӣ
- Забони туркманӣ
- Забонҳои бадахшонӣ (помирӣ)
- Забони яғнобӣ
Забонҳои дар ҳоли азбайнравӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ҳоли ҳозир дар шарқи Тоҷикистон ҳафт забони ирони шарқии қадим ва инчунин забони яғнобӣ дар шимоли кишвар ба гурӯҳи забонҳое дохил мешаванд, ки барои зинда мондан ба пуштибонӣ ниёз доранд. Дар Қонуни забони давлатии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки давлат барои ҳимоят ва ин гурӯҳи забонҳо мусоидат мекунад. Ин забонҳо, ки дар Тоҷикистон ҳудудан 200 ҳазор нафар бо онҳо такаллум мекунад, дорои хат нестанд. Дар замони сиёсати бозсозии Горбачев ва бо қабули аввалин Қонуни забони Тоҷикистон дар соли 1989, таваҷҷуҳе ба вазъияти ин забонҳо сурат гирифт ва барномаи мухтасари таълими ин забонҳо барои кӯдакони бадахшӣ ва яғнобӣ ҳам роҳандозӣ шуд[5].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Моддаи 2(тоҷ.). Президенти Тоҷикистон. www.president.tj. 15 феврали 2018 санҷида шуд.
- ↑ Тиллои НЕКҚАДАМ. Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад(тоҷ.). Садои мардум — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. sadoimardum.tj. 15 феврали 2018 санҷида шуд.
- ↑ 3.0 3.1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Моддаи 4.
- ↑ Забонҳои Тоҷикистон(тоҷ.). Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. kumitaizabon.tj. 15 феврали 2018 санҷида шуд.
- ↑ Забонҳои помирӣ ва яғнобӣ ниёз ба "навозиш" доранд(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 15 феврали 2018 санҷида шуд.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |