Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Парчами давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нишони давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод,
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем.

Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!

Барои ному нанги мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,
Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ,
Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
Ки мазраи Вафо бувад канори ту, канори ту.

Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!

Ту модари ягонаӣ,
Бақои ту бувад бақои хонадони мо,
Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост.

Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!

Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонПарчам, Нишон ва Суруди Миллӣ.

Эҳтироми рамзҳои давлатӣ[вироиш]

Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад[1]. Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад.

Тасдиқи рамзҳои давлатӣ[вироиш]

Парчам, Нишон ва матну оҳанги Суруди Миллиро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд[2].

Ҷавобгарӣ барои таҳқири рамзҳои давлатӣ[вироиш]

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва таҳқири рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд[3].


Эзоҳ[вироиш]

  1. Қонуни ҶТ «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».(тоҷ.). Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. majmilli.tj. 21 феврали 2018 санҷида шуд.
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон». Моддаи 2.
  3. Қонуни ҶТ «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон». Моддаи 11.