Jump to content

Саргурд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Майор)
Саргурд
Сардӯшии Нерӯи заминӣ Сардӯшии Нерӯи ҳавоӣ
Кӯтаҳнивишт форсӣ: سرگرد
Кишвар  Тоҷикистон
Дараҷаи болотар Сарҳангёр
Дараҷаи пойинтар Сарвон
Ҳамто

Саргурд (форсӣ: سرگرد‎) — дараҷае сардорӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз сарвон ва пойинтар аз сарҳангёр дорад ва баробар бо новхудо севум дар нерӯи дарёӣ аст[2].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Сарвон

Саргурд
Дараҷаи болотар:
Сарҳангёр

Мақоми созмонии саргурд дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан фармондеҳи гурдон (баталион[3][4]) аст, ки он ягони тактикиест, ки аз як ситоди фармондеҳӣ ва ду ё чанд вашт ва ягонҳои хурдтар ташкил мешавад ва бахше аз ҳанг ё гунд ва ё ягоне мустақил аст[5].

«Саргурд» (форсӣ: «سرگرد»‎) аз дер боз ба маънои «фармондеҳи дастае аз лашкар» ба кор меравад[6][7][8] ва аз ду вожа сохта шудааст:

сар + гурд (аз форсӣ: «گرد»‎ «паҳлавон, далер; ҷанговар»[7][8] < порсии миёна: gurd[9] < эронии бостон: vr̥ta- аз √*vr̥t- : *vart-муҳофизат кардан; поидан; муқовимат кардан[10]).

Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (сар) + сифат (гурд)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.

«Гурдон» ба маънии «сипоҳиён, лашкариён, ҷанговарон» дар «Шоҳнома» бисёр ба кор рафтааст. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:

Бирав бо сипоҳе ба кирдори кӯҳ,
Гузин кун зи гурдони лашкар гурӯҳ[11].

Истилоҳоти «саргурд» ва «гурдон»-ро соли 1935 Фарҳангистони забони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии артиш ҷойгузини дараҷаи низомии «майор» (аз фр. major < лот. maior «меҳтар, сардор») ва вомвожаи «баталион» (аз фр. bataillon < итол. Battaglione «даста» < итол. Battaglia «гурӯҳ») кард[12].

Истилоҳоти «саргурд» ва «гурдон» барои ҷойгузин кардани дараҷаи низомии «майор» (русӣ аз олмонӣ: Major < фр. major < лот. maior «меҳтар, сардор») ва вомвожаи «баталион» (аз фр. bataillon < итол. Battaglione «даста» < итол. Battaglia «гурӯҳ») ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пешниҳод шудаанд[13].

Сипоҳи Сосониён
Ягонҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
radag 10 сарбоз *radagbān
tahm 100 сарбоз tahmdār
wašt 500 сарбоз wašt-sālār
drafš 1 000 сарбоз drafš-sālār
gund 5 000 сарбоз gund-sālār
spāh 10 000 сарбоз spāhbed
artēštārān artēštārān-sālār

Ягони размии баробар бо гурдон нахустин бор дар сипоҳи Сосониён (224 — 651 милодӣ) ташкил шудааст. Дар замони Сосониён сипоҳ (порсии миёна: spāh) аз чанд гунд (порсии миёна: gund)[14] ташкил мешуда, ки 5 000 сарбозро дар бар мегирифта ва фармондеҳашро гундсолор (порсии миёна: gund-sālār) мехонданд[15]. Ҳар гунде аз чанд дирафш (порсии миёна: drafš) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбоз дошт. Ҳар дирафше аз ду вашт (порсии миёна: wašt) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 500 сарбоз дошт ва камобеш баробар бо гурдон дар артишҳои кунунӣ буд. Ҳар ваште аз чанд таҳм (порсии миёна: tahm)[16] созмон меёфт, ки ҳар кадоме 100 сарбоз доштанд. Ҳар таҳме аз чанд рада (порсии миёна: radag)[17] ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 10 сарбозро дар бар мегирифт. Фармондеҳи дирафш дирафшсолор (порсии миёна: drafš-sālār)[15], фармондеҳи вашт ваштсолор (порсии миёна: wašt-sālār)[15], сардори таҳм таҳмдор (порсии миёна: tahmdār)[18] ва сардори рада эҳтимолан радабон (порсии миёна: *radagbān) номида мешуд.

Фармондеҳи сипоҳ сипаҳбад (порсии миёна: spāhbed) хонда мешуд[19]. Баландпоятарин мақоми низомӣ пас аз шоҳаншоҳ дар замони Сосониён артишдорон-солор (порсии миёна: artēštārān-sālār) номида мешуд[20][21].

Саргурд ҳамакнун яке аз дараҷаҳои афсарӣ дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон[22] ва баробар бо майор дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст[23].

Ному нишони саргурд дар нерӯҳои мусаллаҳи бархе аз кишварҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 171; 428. — 655 с. — 3 500 экз.
  2. Сипаҳбад Муҳаммад Козимӣ. Фарҳанги вожаҳои низомӣ. – Теҳрон: Чопхонаи Артиши шоҳаншоҳӣ, 1355 (чопи дувум) – 440 саҳ. — с. 197
  3. Баталион // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
  4. Коллектив авторов. Том 1, статья «Батальон» // Военная энциклопедия / Под ред. П. В. Грачёв. — М.: Воениздат, 1997. — С. 383—384. — 639 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01655-0.
  5. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. — с. 160. 11 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  6. Билгиромӣ, Ғуломалихон Озод. Хизонаи омира. — Ҳинд (Конпур), 1871; 1900. 24 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 сентябри 2020.
  7. 7.0 7.1 Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969.
  8. 8.0 8.1 Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. — Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. — 950 саҳ. — ISBN 978-99947-715-5-4.
  9. MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 38. 24 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 Декабри 2012.
  10. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-57-6. ҷ. 4, с. 2361.
  11. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5.
  12. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314—1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод. — саҳ. 38. 24 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 апрели 2018.
  13. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
  14. Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000.
  15. 15.0 15.1 15.2 Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
  16. Asha R. The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos). 10 сентябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 августи 2016.
  17. Дмитриев В.А. Военная разведка в сасанидском Иране: организация деятельности и источники информации // Вестник Нижегородского университета им. Н.И. Лобачевского. 2016. № 1. С. 9–22. Прим. 12 на стр. 18

    ... Впрочем, из среднеперсидских эпиграфических источников середины III в. н.э. (граффити в Дура-Европосе, датируемые 253 г.) известно о существовании армейских писцов (видимо, более низкого ранга, нежели dabīr-i sipāh), называвших себя dibīr-ī tahm и dibīr-ī radag [24, c. 244; 25].

  18. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 145. сн. 18

    В документе Nov 280 из архива Старой Нисы фигурируют два лица, носящие звание tgmdr («начальник тагмы»), состоящее из двух частей – греч. «τάγμα» («легион») и парф. dār («начальствующий»). Предполагается, что это звание – калька с римского военного термина в греческой передаче «τάγματάρχος» ‘начальник легиона’, появившееся в парфянском военном лексиконе как раз в связи с депортацией воинов Красса в восточные районы Парфии, где они были организованы в отряды под началом парфянских тагмадаров и, в том числе, трудились на сельскохозяйственных работах [Дьяконов, Ливщиц 1966: 148 – 152]. Кстати, слово «тагма» в пехлевийской форме tḥmy как обозначение воинского подразделения зафиксировано в надписи, оставленной сасанидскими солдатами в синагоге Дура-Европос [Луконин 1987: 266, примеч. 62].

  19. Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4
  20. W. Sundermann. ARTĒŠTĀRĀN SĀLĀR, Encyclopædia Iranica. Vol. II, Fasc. 6, p. 662
  21. Дьяконов М. М. Очерк истории древнего Ирана. М., 1961. С. 291
  22. Фарҳангномаи форсӣ: вожагон ва аълом. Ғуломҳусайн Садрии Афшор, Насрин Ҳакамӣ, Настаран Ҳакамӣ. Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1388. — 3 ҷилд. ISBN: ҷ. 1: 978-964-8637-92-2; ҷ. 2: 978-964-8637-89-2; ҷ. 3: 978-964-8637-91-5
  23. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»