Jump to content

Сипаҳсолор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Генерал-полковник)
Сипаҳсолор
Сардӯшии Нерӯи заминӣ Сардӯшии Нерӯи ҳавоӣ
Кӯтаҳнивишт форсӣ: سپه‌سالار
Кишвар  Тоҷикистон
Дараҷаи болотар Артишсолор
Дараҷаи пойинтар Лашкарсолор
Ҳамто

Сипаҳсолор (форсӣ: سپه‌سالار‎) — дараҷае солорӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз лашкарсолор ва пойинтар аз артишсолор дорад ва баробар бо дарёсолор дар нерӯи дарёӣ аст; генерал-полковник[1].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Лашкарсолор

Сипаҳсолор
Дараҷаи болотар:
Артишсолор

Сипаҳсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми созмонии вазорати дифоъ, умури дохилӣ, амният, сардори ситод дорад ва ё фармондеҳи сипоҳ (корпус[2][3]) аст, ки он ягоне амалиётӣ ва тактикӣ аст, ки аз ду – се лашкар ташкил мешавад ва ё ороише аз ягонҳо барои иҷрои амалиёти размӣ аст.

Сипаҳсолор яке аз куҳантарин истилоҳоти низомист ва аз ду вожа сохта шуда ва мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (сипоҳ) + исм (солор)] аст:

сипоҳ (форсӣ: سپاه‎ < порсии миёна: spāh < порсии бостон: spāda- < эронии бостон: *spāda- < эҳтимолан аз √spa-d-андохтан, пеш андохтан; равона кардан; фиристодан[4]) + солор (форсӣ: سالار‎ < порсии миёна: sālār < паҳлавӣ: sarδār < эронии бостон: *sara-dāra-[4]).

Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст. «Солор» гунае дигар аз «сардор» аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои «раҳбар, пешво, фармондеҳ; генерал» дар номгузории симату дараҷаҳои низомӣ ба кор меравад[5][6].

Аз «spāda-» дар порсии бостон: *spāda-pati- сохта шуда, ки дар паҳлавӣ: spāδpat : spāδbad, дар порсии миёна: spāhpat : spāhbed, дар суғ. spāδpaδ, дар балхӣ: σπαλοβιδο : ασπαλοβιδο ва дар форсӣ: سپهبد‎ гаштааст[7]. Ҳамчунин аз «сипоҳ» дар форсии дарӣ истилоҳи «сипаҳсолор» (форсӣ: سپه‌سالار‎) сохта шуда, ки бо сипаҳбад мутародиф аст[5].

Сипаҳсолор ҳамчун мақоми низомӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву сипаҳбад (порсии бостон: *spāda-pati-) номида мешуда ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳ буд, ки сипоҳ (порсии бостон: *spāda-) номида мешуданд[8].

Ашкониён (250 то милод224) созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буданд[9], аз ин рӯ нерӯҳои мусаллаҳашонро куллан сипоҳ (паҳлавӣ: spāδ) меномиданд ва фармондеҳи кулли сипоҳ унвони сипоҳбад (паҳлавӣ: spāδpat) дошт[10].

Сосониён (224 — 651) низ ҳамин радабандӣ ва номгузориро ба кор мебурданд[11] ва фармондеҳи сипоҳ низ сипоҳбед (порсии миёна: spāhbed) номида мешуд[12].

Фармондеҳи сипоҳ дар замони Сомониён сипаҳсолор (форсӣ: سپه‌سالار‎) унвон дошт[13]. Сипаҳсолор, ки ба суратҳои «сипоҳсолор» (форсӣ: سپاه‌سالار‎) дар «Таърихи Байҳақӣ», «сипаҳсолор, исфаҳсалор, исфаҳсолор» дар «Қобуснома» омадааст[14], аз мақомоти муҳими лашкарӣ дар давраи Ғазнавиён ҳам будааст[15].

Сипаҳбад ҳамакнун яке аз дараҷаҳои солорӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи Эрон аст, ки бо генерал-полковник дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва lieutenant-general дар нерӯҳои заминии кишварҳои узви НАТО баробар аст. Аз ин рӯ, истилоҳоти сипоҳ ва сипаҳсолор барои ҷойгузин кардани вомвожаи русии «корпус» (аз лот. corpus «андом») ва дараҷаи низомии «генерал-полковник» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[16].

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник ҳамакнун дувумин дараҷаи аршади низомӣ (пас аз генерали артиш) ва генерал-полковники милитсия — болотарин дараҷаи махсуси мақомоти корҳои дохилӣ аст. Ин дараҷаро то кунун 11 кас дарёфт кардаанд.

Генерал-полковник

  1. Абдураҳимов, Хайриддин Саидович, Вазир амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999—2006), раиси Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006—2010)
  2. Сайдамир Зуҳуров (2002), раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005—2006), раиси Кумитаи давлатии ҳифзи сарҳадди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006)
  3. Шералӣ Мирзо (2018), Вазири дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2013)[17]
  4. Набиев Рахмон Набиевич (1992), Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991—1992)
  5. Раҷабалӣ Раҳмоналӣ (2018), ҷонишини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ — фармондеҳи Нерӯи марзбонии КДАМ ҶТ[17]
  6. Хайруллоев Шералӣ Хайруллоевич (1999), Вазири дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995—2013)
  7. Шарифов Ҳомиддин Ҳасанович, Вазири корҳои дохилии ҶТ (1996—2006)
  8. Ятимов Саймумин Сатторович (2017), раиси КДАМ ҶТ (аз 2010)[18]

Генерал-полковники милитсия

  1. Қаҳҳоров Абдураҳим Абдулаҳадович (2010), Вазири корҳои дохилии ҶТ (2009—2012)
  2. Раҳимов Рамазон Ҳамроевич, (2017)[18], Вазири корҳои дохилии ҶТ (аз 2012)

Генерал-полковники адлия

  1. Раҳмонов Юсуф Аҳмадович, (2017)[18], Додситони кулли ҶТ (аз 2015)


  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»
  2. Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 164; 441. — 655 с. — 3 500 экз.
  3. Коллектив авторов. Том 4, статья «Корпус» // Военная энциклопедия / Под ред. Сергеев И. Д.. — М.: Воениздат, 1999. — С. 204-209. — 583 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01655-0.
  4. 4.0 4.1 Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-57-6.
  5. 5.0 5.1 Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969.
  6. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008.
  7. Саймиддинов, Додихудо. Вожашиносии забони форсии миёна. – Душанбе: Пайванд, 2001.
  8. Шаҳбозӣ, Алиризо Шопур. Ҷанг дар Эрони бостон // Ҷусторҳои эроншиносӣ. Теҳрон: Китоби марҷаъ, 1391.
  9. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005.
  10. Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7. 25 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 сентябри 2021.
  11. Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
  12. Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4. — p. 47
  13. Ноҷӣ, Муҳаммадризо. Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. — Теҳрон: Амири Кабир, 1386. — с. 252. — 904 саҳ. — ISBN 964-00-1086-3.
  14. Bosworth, C. E.; Digby, S. (1978). "Ispahsālār, Sipahsālār". In van Donzel, E.; Lewis, B.; Pellat, Ch.; Bosworth, C. E. The Encyclopaedia of Islam, New Edition, Volume IV: Iran–Kha. Leiden: E. J. Brill. pp. 208–210. ISBN 90-04-05745-5.
  15. Анварӣ, Ҳасан. Истилоҳоти девонии давраи Ғазнавӣ ва Салҷуқӣ. – Теҳрон: Сухан, 1373.
  16. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
  17. 17.0 17.1 Вручение военнослужащим государственных наград и присвоение очередных воинских званий. 21.02.2018.
  18. 18.0 18.1 18.2 Президент присвоил главам МВД, ГКНБ и Генпрокурору Таджикистана звания генерал-полковника. 25.08.2017(пайванди дастнорас — таърих). 23 май 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 май 2018.