Jump to content

Суди конститутсионии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Суди конститутсионии Тоҷикистон
Таърихи таъсис 15 май 1995
Кишвар
Қонунӣ барои Тоҷикистон
Маҳалли дафтари марказӣ
Вебгоҳи расмӣ constcourt.tj

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ниҳоде мустақил аз низоми додгоҳии Тоҷикистон барои назорати қонуни асосӣ ва ба манзури итминон аз бартарию иҷрои мустақими волоияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шудааст[1].

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1995 № 238 «Дар бораи фаъолияти ташкилии Суди консти­тутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» таъсис шуда ва бо қабули Қонуни конс­ти­тутси­онии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 № 84 «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба фаъ­олиятоғоз кард[2].

Дар солҳои гуногун Шарипов Х. Ҳ. (1995—1996), Абдуллоев Ф. А. (1996—2000), Солеҳов М. С. (2000—2003), Ализода З. (2003—2006), Хоҷаев И. (2006—2009), Маҳкам Маҳмудзода (2009—2019), Лутфулло Абдуллозода (2019—2021) раисии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда доштанд.

Аз соли 2021 инҷониб раисии Суди конс­ти­тут­сио­нии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Абдумаҷид Гулзода ба уҳда дорад.