Шаҳраки Шарора

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Шарора (ҷамоати шаҳраки Шарора) дар ноҳияи Ҳисор ҷойгир аст.

Бо қарори ШО ҶТ 2 майи соли 1993 аз Ҷамоати Дурбати ноҳияи Ҳисор ҷудо карда шудааст. Аҳолиаш 13116 нафар. Дар масофаи 12 км аз маркази ноҳияи Ҳисор ҷойгир аст. Ҷамоати шаҳрак аз ғарб бо Ҷамоати Ҳисор, аз шимол бо Ҷамоати Дурбат, аз шарқ бо ноҳияи Рӯдакӣ ҳамсарҳад мебошад. Маҳаллае, ки ҳоло шаҳраки Шарора ҷойгир аст, дар гузашта «Кӯли Мирӣ» ном доштааст. Дар ҷойе, ки ҳоло биноҳои шаҳрак қомат афрохтаанд, Соли 1938 заводи хачирпарварӣ бунёд карда буданд. Аз ҳамон солҳо ин мавзеъро «Мулзавод» меномиданд. Солҳои 60-80 асри XX дар ин маҳал якчанд институтҳои илмӣ- тадқиқотӣ амал мекарданд. Соли 1926 ба мавзеи лаби «Кӯли Мир»-и шаҳрак аз Россия, Украина, Тотористон, Белоруссия, минтақаҳои пахтакори Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон бо имтиёзҳои зиёд муҳоҷиронро оварда буданд. Баъд аз заминларзаи Ҳоит (1949) ба шаҳрак қирғизҳоро муҳоҷир намудаанд. Ба шаҳрак аз Водии Рашт, Хатлон, Бадахшону Яғноб, Fозималику Обигарм ва гӯшаҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ муҳоҷир шуда омадаанд. Дар тобеи Ҷамоати шаҳрак 272 га заминҳои обӣ, 85 га заминҳои лалмӣ ва 349 га чарогоҳи чорво мавҷуд аст. Дар қаламрави он хоҷагии таълимию истеҳсолии «Зироаткорӣ», Институти илмию тадқиқотии «Зироаткорӣ»-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи Астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва 6 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд. Маркази зилзила (23 январи соли 1989) дар ҳудуди шаҳраки Шарора буд ва 226 нафар ғафлатшаҳид шуданд. Дар ҳудуди шаҳрак 2420 хоҷагӣ, 12521 нафар аҳолӣ, як деҳа – Сафобахш (Ҷарак), 18 маҳалла, 62 кӯча мавҷуд аст. Дар шаҳрак мактаби миёна, 3 мактаби асосӣ, муассисаи томактабӣ, 16 масҷид, беморхонаи минтақавӣ, маркази саломатӣ, 3 китобхона, осорхонаи тахрихию кишваршиносӣ, 3 бозор, бонк, терминали мусофиркаш, 14 ташкилоту муассиса, 2 нуқтаи гуфтугӯи телефонӣ, 4 нуқтаи хидматрасонии техникӣ, 21 нуқтаи савдо, 3 ошхона фаъолият доранд.[1]

Пайнавиштҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 660 - 661

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ф.Азиз, С.Одина.Ҳисори Шодмон:аз бостон то ин замон. - Душанбе,2013;
  • Ш.Неъматова,М.Асроров, Маҳфузгарони таърих. - Душанбе,2010;
  • С.Одина. Зилзилаи Ҳисор. - Душанбе, 2009.