Сурхакчашма
Зоҳир
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ҳисор |
Ҷамоат | Деҳоти Мирзо Ризо |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 2415 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3139 |
Нишонаи почта | 735020 |
Сурхакчашма — деҳа дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор. Аз Сурхакчашма то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 12 км. Аҳолиаш 2810 нафар (2020[1];2415 нафар — 2017)[2], тоҷикон.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Сокинони Сурхакчашма соли 1930 аз деҳаи Сурхакчашмаи Боло бо супориши давлат барои обод намудани дашт муҳоҷир шуда, ба ҳамворӣ фуромадаанд. Аввал дар наздикии деҳаи Қарамқул (ҳоло Меҳробод) Ҷамоати Мирзо Турсунзода (собиқ Қарамқул) ду сол зиста, сипас ба ҷойи ҳозира омада деҳаро бунёд намудаанд[3].
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба пахтакорию шоликорӣ ва обчакорӣ машғул шудаанд. Ҳоло дар Сурхакчашма мактаби миёна, 2 масҷиди панҷвақта, толори варзишӣ, осиёби барқӣ, сехи пахтазанӣ ва 7 мағозаю дӯкон фаъолият доранд[3].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Всё о Таджикистане - Джамоат им. Мирзо Ризо (Навобод, им. Мирзо Ризо). tojkiston.ucoz.ru. 16 феврали 2023 санҷида шуд.
- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ Jump up to: 3.0 3.1 Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015. — С. 534