Сангчашма
Деҳа | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ҳисор |
Ҷамоат | Деҳоти Алмосӣ |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 1906 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Коди телефон | +992 3139 |
Нишонаи почта | 735020 |
Коди мошин | TJ07 |
Сангчашма — деҳа дар ҷамоати деҳоти Алмосӣи ноҳияи Ҳисор. Аз Сангчашма то маркази ҷамоат 6 км, то маркази ноҳия 35 км. Аҳолиаш 1906 нафар (2017), тоҷикон.
Дар асл Фӯтабоф ном дошт, бо мурури замон Тошбулоқ шуд ва оқибат номи тоҷикияшро ёфт.
Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]
Дар замони пеш ҳунармандони деҳа дар бофтани дастор, рӯймол, миёнбанд мумтоз будаанд, инчунин дар ин ҷо корхонаҳои кулолгарӣ, корбофӣ ва дуредгарӣ мавҷуд будаанд. Яке аз устодони ҳамонвақта Эшони Қосим ҳамчун корбоф машҳур мебошад.
Дар Сангчашма мактаби миёна, маркази саломатӣ, мағоза майдони варзишӣ, ва 2 масҷиди панҷвақта мавҷуд аст. Сокинони Сангчашма ба боғдорию чорводорӣ машғуланд[1].
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 503—504
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2