Ҷалолобод (деҳа, н. Ҳисор)
Зоҳир
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ҳисор |
Ҷамоат | Деҳоти Мирзо Ризо |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1578 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3139 |
Нишонаи почта | 735020 |
Ҷалолобод — деҳа дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор. Аз Ҷалолобод то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 15 км. Аҳолиаш 1367 нафар (2020[1];1578 нафар — 2017)[2], тоҷикон.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷалолобод аз ҳисоби муҳоҷирони вил. Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (собиқ ҶШС Ӯзбекистон соли 1928) бунёд ёфтааст. Дар аввал Ҷалолобод Шӯро ном дошт. Баъди солҳои 1950 ба деҳа Ҷалолобод ном гузоштанд (ба шарафи қаҳрамони меҳнат, сокини ҳамин деҳа Ҷалолиддин Ибодов). Соҳаи асосии хоҷагиаш то солҳои наздик пахтакорӣ буд[3].
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳолии Ҷалолобод имрӯзҳо ба боғдорӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ низ машғуланд. Мардуми деҳа пиллапарварони моҳиранд. Мактаби миёна, масҷиди ҷомеъ, бунгоҳи тиббӣ, 2 мағоза дорад[3].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Всё о Таджикистане - Джамоат им. Мирзо Ризо (Навобод, им. Мирзо Ризо). tojkiston.ucoz.ru. 16 феврали 2023 санҷида шуд.
- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ 3.0 3.1 Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 653