Ноҷии Поён
Jump to navigation
Jump to search
Деҳа | |
---|---|
Ноҷии Поён Ноҷӣ | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ҳисор |
Ҷамоат | Деҳоти Мирзо Ризо |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 943 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Коди телефон | +992 3139 |
Нишонаи почта | 735020 |
Коди мошин | TJ07 |
Ноҷӣ, Ноҷии Поён — деҳа дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор. Аз деҳа то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 11 км. Аҳолиаш 943 нафар (2017)[1], тоҷикон.
Мардум[вироиш]
Аҳолии Ноҷии Поён аввали солҳои 50-уми а.20 аз деҳаи Ноҷии Боло кӯч баста ба заминҳои навкорам омада ба пахтакорӣ машғул шудаанд. Баъдан ба ин макони навобод якчанд хонавода аз минтақаи Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ихтиёран ба Ноҷии Поён мусофират намуда муқимӣ шудаанд. Мардуми Ноҷии Поён ба боғдорӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ машғул буда, алҳол дар хоҷагии «Баракати чорводор» кор мекунанд. Дар Ноҷии Поён мактаби асосӣ, масҷиди 5 вақта мавҷуд аст[2].
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 427