Булбулчашма
Зоҳир
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ҳисор |
Ҷамоат | Деҳоти Ҳисор |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 6000 тан (2022) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3139 |
Нишонаи почта | 735020 |
Булбулчашма — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҳисори ноҳияи Ҳисор. Аз Булбулчашма то маркази ҷамоат 6 км, то маркази ноҳия 12 км. Аҳолиаш 6000 нафар (2022)[1].
Ҷуғрофиё ва аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Булбулчашма дар домани фарохи қаторкӯҳи Боботоғ, ки масоҳаташ 7000 м2 -ро ишғол менамояд. Аз маркази Ҷамоати Ҳисор 8 км ва то маркази ноҳия 15 км дурӣ дорад, аз 400 хоҷагиву 6000 нафар аҳолӣ иборат аст. Булбулчашмаро аз тарафи Ғарб кӯҳ, аз шимолу Шарқ ва ҷануб боғот ва заминҳои кишт иҳота намудаанд.
Соли 1964 ба дашти Боботон тавассути обкашҳо об бароварда шуд. Соли 1966 дар ин мавзеъ деҳа ташкил шуд, ки мардумаш аз деҳаҳои баландкӯҳи Арҷинаку Бедак муҳоҷир шуданд. Номи деҳа рамзист, аз чашмаи хурдакак гирифта шудааст[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Д.: «Ирфон», 2015, — С. 185