Чуқурак (деҳа, н. Ҳисор)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Чуқурак | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |
| Ноҳия | ноҳияи Ҳисор |
| Ҷамоат | Деҳоти Мирзо Ризо |
| Таърих ва ҷуғрофия | |
| Аҳолӣ | |
| Шумора | 2214 тан (2017) |
| Миллатҳо | тоҷикон |
| Дин | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| коди телефон | +992 3139 |
| Нишонаи почта | 735020 |
Чуқурак — деҳа дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор. Аз Чуқурак то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 17 км. Аҳолиаш 1170 нафар (2020[1]; 2214 нафар — 2017)[2], тоҷикон.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Чуқурак солҳои 1912-1913 аз ҳисоби муҳоҷироне, ки аз қишлоқҷойҳои Ӯртабуз ва Сангтеппаи вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон омадаанд, бунёд ёфтааст. Аввалин бунёдгузорони Чуқурак Носир Мингбошӣ ва Тош Хӯҷаин будаанд. Баъди ташкил шудани хоҷагии коллективӣ (колхоз) аввалин раисҳои хоҷагӣ дар Чуқурак Кенҷаев Ҷумъа ва бародари ӯ Кенҷаев Ашӯр будаанд[3].
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳоло мардум ба боғдорӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ машғул аст ва дар хоҷагии «Баракати чорводор» кор мекунанд. Дар Чуқурак мактаби асосӣ, масҷиди панҷвақта, бунгоҳи тиббӣ ва 4 мағозаю дӯкон мавҷуд аст[3].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Всё о Таджикистане - Джамоат им. Мирзо Ризо (Навобод, им. Мирзо Ризо). tojkiston.ucoz.ru. 16 феврали 2023 санҷида шуд.
- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- 1 2 Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 648