Хочилдиёр
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ҳисор |
Ҷамоат | Деҳоти Мирзо Ризо |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 2878 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3139 |
Нишонаи почта | 735020 |
Хочилдиёр — деҳа дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор. Аз Хочилдиёр то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 14 км. Аҳолиаш 3461 нафар (2020[1]; 2878 нафар — 2017)[2], тоҷикон.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Сокинони деҳа соли 1932 садаи XX аз деҳаи Хӯчилдиёри Боло таҳти роҳбарии раиси колхоз, марди ҷасуру номдор Мирзо Ризо муҳоҷир шуда, ба ҷойи ҳозираи деҳа кӯчида омада, ба пахтакорӣ машғул шудаанд.
Аввалин раисони хоҷагӣ дар деҳа баъд аз Мирзо Ризо Шарифов Абдукарим ва Бобоев Маҳмараҷаб будаанд[3].
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳолӣ ба боғдорӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ машғул аст. Мардуми деҳа дар хоҷагии «Баракати чорводор» ва хоҷагиҳои деҳқонӣ кор мекунанд. Дар деҳа мактаби миёнаи замонавӣ, масҷиди панҷвақта, бунгоҳи тиббӣ, 2 нонвойхона, 1 сартарошхона, 6 мағозаю дуконҳо, 2 осиёби барқӣ мавҷуд аст.[3]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Всё о Таджикистане - Джамоат им. Мирзо Ризо (Навобод, им. Мирзо Ризо). tojkiston.ucoz.ru. 16 феврали 2023 санҷида шуд.
- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ 3.0 3.1 Донишномаи Ҳисор. — Д.: «Ирфон», 2015, — С. 603—604