Лангар (деҳа, н. Ҳисор)
Деҳа | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ҳисор |
Ҷамоат | Деҳоти Деҳқонобод |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 1715 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Коди телефон | +992 3139 |
Нишонаи почта | 735020 |
Коди мошин | TJ07 |
Лангар — деҳа дар ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Ҳисор. Аз Лангар то маркази ҷамоат аз 1 км камтар, то маркази ноҳия 2 км. Аҳолиаш 1715 нафар (2017)[1], тоҷикон.
Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]
Лангар ҳамшафати деҳаи Содиқӣ буда, аз охири асри XIX арзи ҳастӣ доштааст. Маънои Лангар ҷойи ист аст.
Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]
Шуғли асосӣ боғдорӣ, зироаткорӣ ва чорводорист. Лангар мағозаи фурӯши молҳои талаботи ҳаррӯза дорад. Роҳҳои байни деҳа мумфарш буда, ду масҷиди панҷвақта ва мактаби миёна мавҷуд аст, ки бачагони деҳаи Содиқӣ низ таҳсил мекунанд. Аз дохили деҳа рӯди пуроб мегузарад, ки аз дарёи Хонақоҳ ҷараён мегирад. Оби нӯшокиро аҳолӣ аз оби насоси зеризаминӣ истифода мебаранд[2]
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ Донишномаи Ҳисор - Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 335
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Р.Аминов. Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст. — Душанбе,1999