Гулханӣ (деҳа, н. Ҳисор)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Гулханӣ | |
|---|---|
| | |
| Кишвар |
|
| Вилоят | Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |
| Ноҳия | ноҳияи Ҳисор |
| Ҷамоат | Деҳоти Ҳисор |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 2184 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| Пешшумораи телефон | +992 3139 |
| Нишонаи почта | 735020 |
Гулханӣ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҳисори ноҳияи Ҳисор. Аз Гулханӣ то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 10 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2184 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназия, маркази саломатӣ, 2 масҷиди панҷвақта ва нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Хонақоҳ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулханӣ 5 хоҷагии хурди деҳқонӣ ва хоҷагии деҳқонии ҶММ «Абдурауф Юсупов» (собиқ кооперативи истеҳсолии ба номи Карл Маркс) мавҷуд аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулханӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2