Бурёбоф
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ҳисор |
Ҷамоат | Деҳоти Ҳисор |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 667 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3139 |
Нишонаи почта | 735020 |
Бурёбоф — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҳисори ноҳияи Ҳисор. Аҳолиаш — 808 нафар (2020[1]; 606 нафар — 2017)[2], тоҷикон.
Ҷуғрофиё
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар қисми ҷанубии шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода дар масофаи 3 км аз маркази ҷамоат ва 13 км аз маркази ноҳия воқеъ гардидааст.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳолӣ ба зироаткорию обчакорӣ ва чорводорӣ машғул буда, дар хоҷагии «Баракати чорводор» кор мекунанд. Бӯрёбоф соли 1952 аз ҳисоби аҳолии минтақаи Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба Тоҷикистон, ба ноҳияи Ҳисор муҳоҷир шуда омадаанд, бунёд шудааст. Гузаштагони ин деҳа ба касби бӯрёбофӣ шуғл меварзидаанд ва наберагони онҳо касби бобоии худро давом дода ҳунармандони мардумӣ маҳсуб мешаванд. Сокинони деҳоти атроф бӯрёбоф будани онҳоро аз рӯйи анъана ба инобат гирифта, деҳаро «Бӯрёбофон» меномидагӣ шуданд. Соли 1953 ҳукумати маҳаллӣ номи Бӯрёбофро маъқул дониста, дар дафтари хоҷагӣ ин топонимро сабти ном карданд. Солҳои 90-уми аасри гузашта касби бобоии ин мардум ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт[3].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Всё о Таджикистане - Джамоат им. Мирзо Ризо (Навобод, им. Мирзо Ризо). tojkiston.ucoz.ru. 16 феврали 2023 санҷида шуд.
- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 186