Jump to content

Аминиён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Аминиён (деҳа, н. Ҳисор))
Деҳа
Аминиён
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Ҷамоат Деҳоти Деҳқонобод
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Бессимас
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1114 тан (2022)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Аминиён (собиқ Бессимас) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Ҳисор. Аҳолиаш — 1114 нафар (2022[1]; 956 нафар — 2017)[2], тоҷикон.

Дар миёни қаторкӯҳи ба ҳам наздик Боботоғ ва Қаршитоғ, ки аз байнашон дарёи Кофарниҳон ҷорист, боду ҳавои мусаффо дорад. Аминиён аз маркази ҷамоат 21 км ва аз маркази ноҳия 19 км дур, рӯ ба рӯйи деҳаи Латтабанд воқеъ гардидааст.

Вожаи «Бессимас» муғулист, аслан «биясиғмас»-«байтал нағунҷид» ё худ «ҷойи асппарварӣ»-ро ифода мекунад.

Дар Аминиён мардум ба деҳқонӣ, косибӣ, ҷувозкашӣ ва чорводорӣ машғуланд, масҷиди панҷвақта амал мекунад, 121 хоҷагиву 840 нафар аҳолӣ дорад. Заминҳояш асосан лалмиянд, ба баъзе қитъаҳои замин бо воситаи насос аз д. Кофарниҳон об мебароранд ва истеъмол ҳам мекунанд. Мардум дар солҳои пешин бо одамони донишманд ва фозилу доно ҳамсуҳбат мешуданд ва гоҳ-гоҳе дар хонадони бобои Ортиқ шабнишиниҳо ташкил мешуд ва бобои мулло Сафо ва Карим Девонаро, ки аслан шӯриёнӣ мебошад, таклиф намуда, хурсандиҳо ташкил мекарданд. Соли 1951 як гурӯҳ сокинони Аминиён барои обод кардани водии Вахш муҳоҷир шуданд[3].

  1. Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод – hisor.tj (tj). 15 октябри 2023 санҷида шуд.
  2. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  3. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 119