Парчами Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
MerlIwBot (баҳс | ҳисса)
х робот дигаргуни карда истодааст: simple:Flag of Tajikistan (deleted)
ArthurBot (баҳс | ҳисса)
х r2.6.3) (робот илова карда истодааст: simple:Flag of Tajikistan
Сатри 178: Сатри 178:
[[sco:Banner o Tajikistan]]
[[sco:Banner o Tajikistan]]
[[sh:Zastava Tadžikistana]]
[[sh:Zastava Tadžikistana]]
[[simple:Flag of Tajikistan]]
[[sk:Vlajka Tadžikistanu]]
[[sk:Vlajka Tadžikistanu]]
[[sr:Застава Таџикистана]]
[[sr:Застава Таџикистана]]

Нусха 22:50, 12 октябри 2011

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазирӯфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 маи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.[1]


Шаклу андоза

Бар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст:

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлуи амудиаш 0,8 ва паҳлӯи уфуқиаш 1,0 аз паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.

Тоҷи баландиаш 0,55 аз паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2 аз бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2 аз рахи сафед васл мегарданд.

Андозаи Парчами Тоҷикистон 1:2 аст.


Маънии рангҳо

Рангҳои миллии тоҷикон чун дигар мардуми ариёнажод ва эронитабор сурху сафеду сабз ҳастанд, ки аз гаҳи бостон то кунун замон расидаанд.

Дар ҷомеаҳои ариёӣ (ҳиндуэронӣ) табақаҳои сегонаи аслӣ бо ранги вижаи худ таъбир ва шинохта мешудаанд. Дар забони ҳиндии бостон varna- (аз решаи var- «пӯшидан») ҳам ба маънои ранг ва ҳам ба маънои табақаи иҷтимоъӣ будааст. Дар забони эронии бостон низ pištra- ҳам мафҳуми ранг дошта ва ҳам маънии табақаи иҷтимоъӣ. Вожаи пеша ба маънои шуғл дар забони форсӣ-тоҷикӣ аз ҳамин вожа аст.

Дар он рӯзгор ранги сафед вижаи рӯҳониён, сурх вижаи размиён ва кабуд вижаи мардум (кишоварзон ва чорводорон) будааст. Ду ранг аз он се ранг ҳануз ҳам дар дирафши Эрон ҳастанд: сурху сафед. Аммо ранги севум ба ҷои кабуд сабз гаштааст ва иттифоқан ба кори кишоварзон наздиктар аст.[2]

Дар Эрон пеш аз густариши Ислом табақаҳои суннатии ҷомеа бино бар суннат ҷомаҳое мепӯшиданд ки аз назари ранг бо якдигар мутафовит ва муаррифи шахсияти табақотии соҳиби ҷома буданд. Рӯҳониён ки онҳоро осрунон (Авесто: āθravan-, aθaurvan- [āsrōnān]) мехонданд, ҷомае сафед мепӯшиданд ва мазҳари осмонии онҳо Ҳурмузд буд. Рӯҳониёни зардуштӣ ҳануз ҳам ҷомаи сафед бар тан доранд.

Ҷанговарон ё артишторон (авестоӣ: raθaē-štar-) ҷомае мепӯшиданд ки сурх ва арғувонӣ дар таркиби он саҳми бисёр дошт ва мазҳарии осмонии онҳо Вой буд.

Востриюшон (Авесто: vāstrya.fšuyant-) ки дар давраи Сосониён бештар деҳқонони соддаи рустоҳоро бад-он ном мехонданд, ҷомае нилӣ ё кабуд мепӯшиданд ва мазҳари осмонии онҳо Сипеҳр буд. Ҷомаи нилиранги деҳқонон то чанд даҳа пеш дар Эрон ҳануз ривоҷ дошт.[3]

Дар адабиёти паҳлавӣ Ҳурмузд (Авесто: ahura.mazdā-; паҳлавӣ: ohrmazd) ҷомаи сафеди рӯҳониён, Вой (Авесто: vayu-/vayaw-; паҳлавӣ: way – ба маънии фазо, – эзиди ҷанг) ҷомаи арғувонии артишторон ва Сипеҳр (Авесто: θwāša; паҳлавӣ: spihr) ҷомаи нилии кишоварзонро бар тан доранд ва ҳар як муаррифи минуи яке аз табақаҳои сегонаи ҷомаеа ҳастанд.[4]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рўзи парчам аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» донист ва гуфт:

Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.[5]

Таърих

Дирафши Ковиёнӣ

«Парчам» вожае суғдӣ («*parčam») аст ба маънии «зулфу кокул» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи ғажговро мегуфтанд ки бар сари дирафш ё найза мебастанд».[6] Ин вожа аз забони суғдӣ ба забони туркӣ ва аз он ба забони форсӣ роҳ ёфта ва бо гузашти замон, бар ҳукми итлоқи ҷузъ бар кулл, бар худи дирафш низ гуфта шуд.[7]

«Дирафш» дар порсии миёна «drafš» гуфта мешуд ва бозмонда аз эронии бостони «*drafša-» аст ва баробари он дар ҳиндии бостон вожаи «drapsá-»[8] буд. Аз ин вожаи эронии бостони «*drafša-» дар забонҳои авестоӣ «drafšā-», суғдӣ «’rδ’šp» [arδašf / ərδəšf] [9] ва бохтарии «λraφo»[10] падид омадаанд.

Куҳантарин ишора дар бораи корбурди дирафш дар ҷомеаи ариёҳо дар «Авесто» омаддаст. Чунончӣ, дар нахустин фаргарди «Видевдод» аз шаҳри Балх, ки пойтахти Кави Виштосп - пуштибони Зартушт буд, чунин ёд шудааст: «Baxδim sriram ərəδβō.drafša-»[11], яъне «Балхи зебо бо дирафшҳои барафрошта». Ҳамчунин дар «Авесто» чанд бор ҳам аз «дирафши говпайкар» - «gaoš drafša-»[12] ва «дирафшҳои душманони ариёҳо»[13] ёд шудааст.

Бархе аз пажӯҳишгарон бар ин боваранд, ки дирафшҳои ёдшуда дар «Авесто» монанд ба «Дирафши Ковиёнӣ» будаанд, ки басе дертар падид омадааст.[14]

Дирафши Ковиёнӣ

Куҳантарин намоди кишвардории тоҷикон парчаме бо номи "Дирафши Ковиёнӣ" будааст ки онро "Ахтари Ковиёнӣ" низ хондаанд.

Парчамҳои Бухоро

Хонигарии Бухоро, дертар Аморати Бухоро, баъдан Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро.

Парчамҳои Тоҷикистон дар солҳои 1929-1992

Парчам дар солҳои 1924 – 1929

Парчам дар солҳои 1929 – 1931


Тоҷикистон 14 октабри 1924 чун Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сосиалистӣ дар таркиби Ҷ ШС Узбакистон бунёд шуд ва 16 октабри 1929 ба Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистӣ табдил ва ба таркиби ИҶШС дохил шуд. Ин парчам 23 феврали 1929 пазирӯфта шудааст.


Парчам дар солҳои 1931 – 1935

Парчам дар солҳои 1931 – 1935

Бо ҷумҳурии иттиҳодӣ шудани Тоҷикистон ва пазириши Қонуни Асосии нав, парчами он низ дигар шуд ва ин дарафшро 25 феврали 1931 сохтаанд.

Парчам дар солҳои 1935 – 1940

Парчам дар солҳои 1935 – 1940

4 июли 1935 парчам дигаргун шуд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам ба забони русӣ навишта шуд.

Парчам дар солҳои 1940 – 1946

Соли 1928 алифбои тоҷикиро аз порсӣ ба лотинӣ табдил доданд. Ин дигаргунӣ дар парчам низ кора кард. Дар он рӯзгор номи ҷумҳуриро дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии лотинӣ (RSS Tojikiston) ва русӣ (Таджикская ССР) менавиштанд ва дар болои он нишонаи заррини “досу путк”-ро менигоштанд.


Парчам дар солҳои 1946 – 1953

Парчам дар солҳои 1940 – 1946

Соли 1940 алифбо аз лотинӣ ба кирилии русӣ табдил дода шуд ва парчам низ дигаргун шуд. Ранги он сурх монд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии кириллии тоҷикӣ (РСС Тоҷикистон) ва кирилии русӣ (Таджикская ССР) навишта шуд. Дар болои номи ҷумҳурӣ нишонаи заррини “досу путк” нигошта шуд.

Парчами ҶШС Тоҷикистон аз 20 марти 1953 то 9 сентябри 1991

Парчам дар солҳои 1953 – 1991

Парчами ҶШС Тоҷикистон порчаи сурхе буд ба андозаи 1:2 ки ду рахи сафед ва сабз дошт. Рахи сафед ду баробар паҳнтар аз рахи сабз буд. Ранги сафед рамзи пахтакорӣ, бунлоди санъатии кишвар ва ранги сабз намояндаи дигар маҳсулоти кишоварзӣ буд.

Парчами Тоҷикистон дар солҳои 1991 – 1992

Парчам дар соли 1991

То пазириши парчами кунунӣ, Тоҷикистон парчами пешинаи шӯравиашро, бо андак дигаргунӣ, бе ситораи панҷгӯша ва нишонаи камунистии “досу путк” ба кор мебурд.

Рангҳои парчам ба андозаи зерин буданд: 1:2 сурх, 1:5 сапед, 1:10 сабз, 1:5 сурх.

Пайнавиштҳо

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 маи соли 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
  2. Қурашӣ, Амонуллоҳ. Эронномак (Нигарише нав ба таърих ва номи Эрон). Теҳрон, чопхонаи "Маҳорат", баҳори 1373. 317 саҳ. - саҳ. 76, пайнавишти 2.
  3. Баҳор, Меҳрдод. Пажӯҳише дар асотири Эрон (пораи нахуст ва дуюм). Виростор: Катоюн Маздопур, чопи дувум пойизи 1376, Интишороти "Огоҳ", саҳ. 74, ёддошти 2. ISBN 964-416-045-2
  4. Баҳор, Меҳрдод. Пажӯҳише дар асотири Эрон (пораи нахуст ва дуюм). Виростор: Катоюн Маздопур, чопи дувум пойизи 1376, Интишороти "Огоҳ", саҳ. 158, ёддошти 10, пайнавишти 1. ISBN 964-416-045-2
  5. Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рўзи парчам http://www.president.tj/habarho_231110.html
  6. Фарҳанги форсии тоҷикӣ. Зери назари Муҳаммадҷон Шакурӣ ва дигарон. Баргардон аз хатти кирилӣ ва тасҳеҳот: Муҳсин Шуҷоъӣ. - Теҳрон: «Фарҳанги муосир», 1384 ҳ.ш. - саҳ. 377. ISBN 964-8637-24-5 (ҷ. 1)
  7. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Муҳаммад Ҳасандӯст. - Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон, 2004. саҳ. 258. ISBN 964-7531-28-1 (ҷ. 1)
  8. Horn, Etymologie, no. 553; AirWb., col. 771
  9. Бадруззамон Қариб. Фарҳанги суғдӣ (суғдӣ-форсӣ-англисӣ). — Теҳрон: «Фарҳангон», 1995. - саҳ. 56, #1425. ISBN 964-5558-06-9
  10. Рудигер Шмитт. Роҳнамои забонҳои эронӣ, 1989. Тарҷума ба форсӣ зери назари Ҳасан Ризоӣ Боғбедӣ. — Теҳрон: «Қақнус», 1382 г. / 2004 г. — саҳ. 363. ISBN 964-311-403-1
  11. Видевдод, 1.7
  12. Ясно, 10.14
  13. Ясно, 57.25; Яшт 1.11, 4.3, 8.56
  14. Литвинский Б. А. (ред.), Ранов В. А. История таджикского народа. Т. 1 — Древнейшая и древняя история. АН РТ, Душанбе, 1998. стр. 227

Манобеъ

  • Баҳор, Меҳрдод. Пажӯҳише дар асотири Эрон (пораи нахуст ва дуюм). Виростор: Катоюн Маздопур, чопи дувум пойизи 1376, Интишороти "Огоҳ", ISBN 964-416-045-2
  • Қурашӣ, Амонуллоҳ. Эронномак (Нигарише нав ба таърих ва номи Эрон). Теҳрон, чопхонаи "Маҳорат", баҳори 1373. 317 саҳ.


Пайвандҳои беруна