Маврихон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Маврихон («маврӣ», шакли тағйирёфтаи «марвӣ», мавригихонӣ) — намуди ҳунари сарояндагӣ, оҳанг, мусиқӣ.

Маврихонҳои хушовозро марғулахон ва каммаҳоратро ростхон мегуфтанд. Дар оғоз сариовозгир як мисраи мухаммасеро бо овози ларзон иҷро мекунад. Сипас иҷрои шаҳд, ки қисми кӯтоҳи даромад буда, матнаш аз рубоӣ иборат аст, шурӯъ мешавад. Сароянда нидоҳои «эй ҷон», «амон – амон»- ро бо овози ларзон мад кашида месарояд. Сипас бо тағйири усули доира яккахон пас аз 2-3 бор хондани шаҳд ба гардон мегузарад. Яккахон бо гурӯҳи ҳофизон бо навбат рубоӣ мехонанд. Суруди машҳури мавригӣ чорзарб мебошад, ки дар рафти иҷрояш 4 маротиба зарб тағйир меёбад. Сипас ба фаровард, ки матнаш аз якчанд байти Ҳофизи Шерозӣ иборат аст, мегузарад. Пас ба иҷрои фуроварди гардон ва сурудҳои рақсӣ мепардозад.[1]

Дар маврихонӣ одатан доирадасти якумро, ки усули асосиро менавозад нағорадаст ва дойрадастҳои дигарро, ки усули мазкурро тақвият медоданд, пастнавоз меномиданд. Дойрадастон дар айни замон суруд ҳам мехонданд, ки аз байни онҳо нафаре яккахон буда, дигарон дар нақаррот ҳамовозӣ мекарданд. Репертуари Маврихонҳо аз силсилаи овозию рақсӣ иборат буд, ки «мавригӣ» ном дошт. Вай аз пайтҳо иборат аст, ки паиҳам омада, баланду пастшавӣ ва тағйирёбии ҳар як қисматро муайян мекунанд.Мавригихонони машҳури асрҳои ХIХ-ХХ Бақоҷон Саъдуллоев, Ҳабиб Неъматов, Алиризо Қурбонов ва дигаронанд».[2]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Низомов, А. Таърихи мусиқии тоҷик. – Душанбе, 2014
  • Низомов, Х. Созшиносӣ. – Душанбе: Адиб, 2016.
  • Нурҷонов, Н., Қобилова, Б., Мавригӣ. – Душанбе, 2008.
  • Нурҷонов, Н. Олами беканори рақси тоҷик: очерки таърихӣ–назарӣ. – Душанбе, 2004.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 66-67. – 280 с.
  2. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 218-219 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)