Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон
Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон | |
|---|---|
| Сана | 9 сентябр |

Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон — яке аз ҷашнҳои расмии давлатии Тоҷикистон, ки ҳамасола 9 сентябр таҷлил мешавад. Ин таърих рамзи эълони истиқлоли комили давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ ба шумор меравад.
Заминаи таърихӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1991, дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, таносуби қудратҳои сиёсӣ дар ҷаҳон тағйир ёфт. Қатъ гардидани робитаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ворид шудани манфиатҳои неруҳои минтақавию ҷаҳонӣ боиси буҳрони шадиди сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, гардид.
24 августи соли 1990, дар Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), «Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон» қабул гардид. Ин санад, ҳарчанд Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр муайян намуд, вале онро дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди нави Шӯравӣ тасаввур мекард ва истиқлоли комилро таъмин накард[1].
Дар тӯли як соли аз қабули эъломия сипаригашта Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ бо дарназардошти воқеияте, ки босуръат ҷараён мегирифт ва таҳаввулоти азими ғайримунтазирро ба вуҷуд меовард, ба мазмуну муҳтавои истиқлоли худ аз нав рӯй оварданд ва барои дарёфти истиқлоли комил бо қатъият талош варзиданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, бо дарки зарурати тағйиру иловаҳо ба Эъломияи 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум 9 сентябри соли 1991 ин андеша чунин ифода гардид:[1]
«Тағйироти инқилобиро дар Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ба назар гирифта, кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёри ба он дохилшавандаро оид ба аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ эҳтиром намуда, мувофиқи Эъломия дар бораи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, Шӯрои Олӣ истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад».

Баргузории ҷашн
[вироиш | вироиши манбаъ]Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 9 сентябр — ҳамчун «Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайан гардид. 9 сентябр иди расмии давлатӣ аст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.[2] Дар рӯзи ид мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар иншооту биноҳои маъмурӣ ва иҷтимоиву маишии давлативу хусусӣ, биноҳои истиқоматӣ, ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад[3].
Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коллективҳои меҳнатӣ чораҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд.
Парадҳои ҳарбӣ, салюти артиллерӣ ва оташбозӣ дар рӯзҳои ид мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби муайянкардаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд.
- Тоҷикистон марзубуми Оли Сомони ман аст,
- Хоку покаш дар шабистони ман аст.
- Тоҷикам ман Тоҷикистон кишварам,
- Дар фазояш чун кабутар мепарам.
Рамзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]8 сентябри соли 2022 дар маркази шаҳри Душанбе маҷмааи «Истиқлол» кушода шуд. Маҷмааи «Истиқлол» мазмуни дар соли 1991 асри XX ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.[4]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Эъломи истиқлолияти давлатӣ. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 10 сентябри 2025 санҷида шуд.
- ↑ Қонунҳо ва Қарорҳо.Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 1 августи 2021 сол.
- ↑ Иқтисбос аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи "Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон". Моддаи 5. Тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 10 сентябри 2025 санҷида шуд.
- ↑ Осорхона, саҳни тамошо ва кинотеатри 5D. Маҷмааи "Истиқлол" чиро дар бар мегирад?(тоҷ.). www.asiaplustj.info/tj/ (10 сентябри 2022). 21 сентябри 2022 санҷида шуд.