Ғуриён: Тафовут байни таҳрирҳо
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) х Илова |
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) х Иловаи пайванд |
||
Сатри 1: | Сатри 1: | ||
'''Ғуриён''' – сулолаи суннимазҳаби тоҷикон, аз хонадани Шонасбониён, (Сури ибни Муҳаммад сарвари қабилаи вилояти Мандеши кишвари Ғур) мебошад. |
'''Ғуриён''' – сулолаи суннимазҳаби [[тоҷикон]], аз хонадани Шонасбониён, (Сури ибни Муҳаммад сарвари қабилаи вилояти Мандеши кишвари [[Ғур]]) мебошад. Давлати Ғуриён - давлати дуюми таърихии [[тоҷикон]] дар [[Хуросон]] буд. Давлати Ғуриён солҳои [[1150]] – [[1215]] арзи ҳастӣ намудааст. |
||
=== Сари қудрат омадани Ғуриён === |
=== Сари қудрат омадани Ғуриён === |
||
Охири асри ХI дар Ғур айёми |
Охири [[асри ХI]] дар Ғур айёми барқароршавии муносибати феодалӣ буд. Дар нимаи дувуми [[асри ХI]] ва нимаи аввали [[асри ХII]] доираи ҳокимияти маликҳои вилояти Мандеш хеле вусъат пайдо намуда, ба тамоми Ғур паҳн гардид. Дар миёнаҳои [[асри ХII]] давлати феодалии Ғуриён таъсис ёфт. |
||
Ҳокимони Ғур баъзе |
Ҳокимони [[Ғур]] баъзе вақтҳо исман ба шинохтани ҳокимияти олии [[Ғазнавиён]] маҷбур шуда бошанд ҳам, вале дар зарфи чандин даҳсолаҳо бар зидди ин сулола мубориза бурдаанд. Ниҳоят, онҳо заиф шудани давлати ғазнавиро фурсати мусоид дарёфта, истиқлолияти худро аз нав ба даст оварданд ва дар аҳди ҳукмронии Қутбиддин Маҳмуди Ғурӣ ба rувваи бузурге соҳиб гардиданд. |
||
Ин буд, ки Баҳромшоҳ (яке аз охирин султонони uазнавb) аз афзудани |
Ин буд, ки Баҳромшоҳ (яке аз охирин султонони uазнавb) аз афзудани иқтидори Ғуриён ва шӯҳрат ёфтани Қутбиддин Маҳмуди Ғурӣ тарсида, вайро бо роҳи фиреб ба [[Ғазна]] биёвард ва ба ҳабс гирифта, пас аз чанде заҳр дода ҳалок намуд. |
||
Бо |
Бо вуҷуди ин, дигарбора тасарруф кардани давлати Ғур ба Баҳромшоҳ муяссар нагардид. Баҳромшоҳи Ғазнавӣ дар чанд муҳорибаи шадиде, ки байни ӯ ва бародарони Қутбиддин ба амал омаданд, якзайл шикаст хӯрд. Асосгузори давлати Ғуриён [[Алоуддин Ҳусейн]] (Ҷаҳонсӯз) соли [[1150]] ба Баҳромшоҳи Ғазнавӣ шикасти ҳалкунанда расонида шаҳри [[Ғазна]]ро забт намуд ва оташ зад (аз инҷо лақаби [[Алоуддин Ҳусейн]]- Ҷаҳонсӯз пайдо щудааст). |
||
Вале муборизаи Ғазнавиён ва |
Вале муборизаи [[Ғазнавиён]] ва Ғуриён бо ин ҳама ба итмом нарасид. Дар соли 1186–87 бародарзодаи [[Алоуддин Ҳусейн]] - Ғиёсиддин Муҳаммади Ғурӣ дар яке аз ҷангҳо охирин хонадони [[Ғазнавиён|ғазнавӣ]], Ҳокими Лоҳур - Хисравмаликро асир карда, ба пойтахти давлати Ғур - Фирӯзкӯҳ фиристод. Бо ҳамин салтанати [[Ғазнавиён]] тамоман аз миён бардошта шуд. Ғуриён ҳокимияти [[Ғазнавиён|Ғазнавиёнро]] барҳам дода, ҳукмрони давлати бузурге гардиданд, ки дере нагузашта ҳудуди он дар натиxаи футуҳоти минбаъдаи онҳо хеле вусъат пайдо намуд. Маркази ин давлат ҳамоно [[Ғур]] буд.<ref>Б.Ғ. Ғафуров Тоҷикон. Китоби дуюм. - Душанбе, 2008. - с. 414</ref> |
||
=== Нашъу намои давлат === |
=== Нашъу намои давлат === |
||
Султонони Ғур қувваи зиёдеро ташкил мекарданд. Дар ихтиёри онҳо қӯшуни пуршуморе буд, ки дастаҳои низомии қабилаҳоро низ дар бар мегирифт. Uайр аз ин, онҳоро ашрофи феодалии тоҷик дар кӯҳистони Бадахшон ва ҳавзаи дарёи Аму пуштибонӣ менамуданд. Дар охири асри ХII маҳалҳои ҷанубии Тоҷикистон) ва |
Султонони Ғур қувваи зиёдеро ташкил мекарданд. Дар ихтиёри онҳо қӯшуни пуршуморе буд, ки дастаҳои низомии қабилаҳоро низ дар бар мегирифт. Uайр аз ин, онҳоро ашрофи феодалии тоҷик дар кӯҳистони [[Бадахшон]] ва ҳавзаи дарёи Аму пуштибонӣ менамуданд. Дар охири [[асри ХII]] маҳалҳои ҷанубии [[Тоҷикистон]]) ва [[Ӯзбекистон]]и кунунй, аз ҷумла, ноҳияи [[Вахш]], [[Чағониён]], [[Шуғнон]] ва [[Вахон]] ба ҳайъати давлати Ғуриҳо дохил карда шуданд. |
||
Солҳои |
Солҳои [[1152]]–[[1206]] дурахшонтарин давраи таърихи мамлакати Ғуриҳо ҳисоб мешавад. Пешрафти бузурги иrтисодӣ ва мадании давлати Ғуриҳо низ ба ҳамин давра алоқаманд аст. Лекин азбаски мамлакати Ғуриҳо нисбат ба дигар маҳалҳои [[Осиёи Миёна]] хеле ақибмонда буд, ин пешравй дер давом накард.<ref>Б.Ғ. Ғафуров Тоҷикон. Китоби дуюм. - Душанбе, 2008. - с. 414</ref> |
||
[[Ғуриён|Давлати Ғуриён]] солҳои [[1150]] – [[1215]] арзи ҳастӣ намудааст. |
|||
==Манобеъ== |
|||
⚫ | |||
== Пайвандҳои беруна == |
== Пайвандҳои беруна == |
||
*[http://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%93%D1%83%D1%80%D0%B8%D0%B4%D1%8B] |
|||
*[http://www.tarih.tj/ Таърихи Тоҷикистон] |
*[http://www.tarih.tj/ Таърихи Тоҷикистон] |
||
{{Тоҷикистон}} |
|||
==Адабиёт== |
|||
⚫ | |||
{{ҷавона}} |
|||
[[ Гурӯҳ:Таърихи Тоҷикистон]] |
[[ Гурӯҳ:Таърихи Тоҷикистон]] |
||
Нусха 13:13, 12 Январ 2013
Ғуриён – сулолаи суннимазҳаби тоҷикон, аз хонадани Шонасбониён, (Сури ибни Муҳаммад сарвари қабилаи вилояти Мандеши кишвари Ғур) мебошад. Давлати Ғуриён - давлати дуюми таърихии тоҷикон дар Хуросон буд. Давлати Ғуриён солҳои 1150 – 1215 арзи ҳастӣ намудааст.
Сари қудрат омадани Ғуриён
Охири асри ХI дар Ғур айёми барқароршавии муносибати феодалӣ буд. Дар нимаи дувуми асри ХI ва нимаи аввали асри ХII доираи ҳокимияти маликҳои вилояти Мандеш хеле вусъат пайдо намуда, ба тамоми Ғур паҳн гардид. Дар миёнаҳои асри ХII давлати феодалии Ғуриён таъсис ёфт. Ҳокимони Ғур баъзе вақтҳо исман ба шинохтани ҳокимияти олии Ғазнавиён маҷбур шуда бошанд ҳам, вале дар зарфи чандин даҳсолаҳо бар зидди ин сулола мубориза бурдаанд. Ниҳоят, онҳо заиф шудани давлати ғазнавиро фурсати мусоид дарёфта, истиқлолияти худро аз нав ба даст оварданд ва дар аҳди ҳукмронии Қутбиддин Маҳмуди Ғурӣ ба rувваи бузурге соҳиб гардиданд.
Ин буд, ки Баҳромшоҳ (яке аз охирин султонони uазнавb) аз афзудани иқтидори Ғуриён ва шӯҳрат ёфтани Қутбиддин Маҳмуди Ғурӣ тарсида, вайро бо роҳи фиреб ба Ғазна биёвард ва ба ҳабс гирифта, пас аз чанде заҳр дода ҳалок намуд. Бо вуҷуди ин, дигарбора тасарруф кардани давлати Ғур ба Баҳромшоҳ муяссар нагардид. Баҳромшоҳи Ғазнавӣ дар чанд муҳорибаи шадиде, ки байни ӯ ва бародарони Қутбиддин ба амал омаданд, якзайл шикаст хӯрд. Асосгузори давлати Ғуриён Алоуддин Ҳусейн (Ҷаҳонсӯз) соли 1150 ба Баҳромшоҳи Ғазнавӣ шикасти ҳалкунанда расонида шаҳри Ғазнаро забт намуд ва оташ зад (аз инҷо лақаби Алоуддин Ҳусейн- Ҷаҳонсӯз пайдо щудааст). Вале муборизаи Ғазнавиён ва Ғуриён бо ин ҳама ба итмом нарасид. Дар соли 1186–87 бародарзодаи Алоуддин Ҳусейн - Ғиёсиддин Муҳаммади Ғурӣ дар яке аз ҷангҳо охирин хонадони ғазнавӣ, Ҳокими Лоҳур - Хисравмаликро асир карда, ба пойтахти давлати Ғур - Фирӯзкӯҳ фиристод. Бо ҳамин салтанати Ғазнавиён тамоман аз миён бардошта шуд. Ғуриён ҳокимияти Ғазнавиёнро барҳам дода, ҳукмрони давлати бузурге гардиданд, ки дере нагузашта ҳудуди он дар натиxаи футуҳоти минбаъдаи онҳо хеле вусъат пайдо намуд. Маркази ин давлат ҳамоно Ғур буд.[1]
Нашъу намои давлат
Султонони Ғур қувваи зиёдеро ташкил мекарданд. Дар ихтиёри онҳо қӯшуни пуршуморе буд, ки дастаҳои низомии қабилаҳоро низ дар бар мегирифт. Uайр аз ин, онҳоро ашрофи феодалии тоҷик дар кӯҳистони Бадахшон ва ҳавзаи дарёи Аму пуштибонӣ менамуданд. Дар охири асри ХII маҳалҳои ҷанубии Тоҷикистон) ва Ӯзбекистони кунунй, аз ҷумла, ноҳияи Вахш, Чағониён, Шуғнон ва Вахон ба ҳайъати давлати Ғуриҳо дохил карда шуданд. Солҳои 1152–1206 дурахшонтарин давраи таърихи мамлакати Ғуриҳо ҳисоб мешавад. Пешрафти бузурги иrтисодӣ ва мадании давлати Ғуриҳо низ ба ҳамин давра алоқаманд аст. Лекин азбаски мамлакати Ғуриҳо нисбат ба дигар маҳалҳои Осиёи Миёна хеле ақибмонда буд, ин пешравй дер давом накард.[2]
Давлати Ғуриён солҳои 1150 – 1215 арзи ҳастӣ намудааст.
Манобеъ
- ↑ Б.Ғ. Ғафуров Тоҷикон. Китоби дуюм. - Душанбе, 2008. - с. 414
- ↑ Б.Ғ. Ғафуров Тоҷикон. Китоби дуюм. - Душанбе, 2008. - с. 414