Jump to content

Чуқурак (деҳа, н. Ҳисор)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Чуқурак (деҳа))
Деҳа
Чуқурак
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Ҷамоат Деҳоти Мирзо Ризо
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2214 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Чуқурак деҳа дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор. Аз Чуқурак то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 17 км. Аҳолиаш 1170 нафар (2020[1]; 2214 нафар — 2017)[2], тоҷикон.

Чуқурак солҳои 1912-1913 аз ҳисоби муҳоҷироне, ки аз қишлоқҷойҳои Ӯртабуз ва Сангтеппаи вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон омадаанд, бунёд ёфтааст. Аввалин бунёдгузорони Чуқурак Носир Мингбошӣ ва Тош Хӯҷаин будаанд. Баъди ташкил шудани хоҷагии коллективӣ (колхоз) аввалин раисҳои хоҷагӣ дар Чуқурак Кенҷаев Ҷумъа ва бародари ӯ Кенҷаев Ашӯр будаанд[3].

Ҳоло мардум ба боғдорӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ машғул аст ва дар хоҷагии «Баракати чорводор» кор мекунанд. Дар Чуқурак мактаби асосӣ, масҷиди панҷвақта, бунгоҳи тиббӣ ва 4 мағозаю дӯкон мавҷуд аст[3].

  1. Всё о Таджикистане - Джамоат им. Мирзо Ризо (Навобод, им. Мирзо Ризо). tojkiston.ucoz.ru. 16 феврали 2023 санҷида шуд.
  2. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  3. 3.0 3.1 Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 648