Алмосӣ
Зоҳир
(Тағйири масир аз Алмоси)
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ҳисор |
Ҷамоат | Деҳоти Алмосӣ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1115 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3139 |
Нишонаи почта | 735020 |
Алмосӣ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Алмосӣи ноҳияи Ҳисор. Аз Алмосӣ то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 32 км. Аҳолиаш 1115 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар гузашта мардуми ин мавзеъ теғҳои алмосгун месохтаанд. Дар солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ ин ҷо маркази ноҳияи Алмосӣ ба ҳисоб мерафт. Сокинони Алмосӣ асосан ба кишоварзӣ, боғдорӣ токпарварӣ ва чорводорӣ машғуланд. Дар Алмосӣ маркази саломатӣ, мактаби миёна, осиёб ва нуқтаи мавҷпахшкунии телевизионӣ ҷой гирифтаанд. Заминҳо аз дарёи Хонақоҳ обиёрӣ мешаванд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 116
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2