Баракат (деҳа, н. Ҳисор)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Баракат
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 3368 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Баракат (собиқ Авзикенг[1]) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Ҳисор. Аз Баракат то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 5 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 3368 нафар (2017)[2], тоҷикон, инчунин ӯзбекҳо зиндагонӣ мекунанд[3].

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Баракат идораи хоҷагии «Офтобрӯя», мактаби ибтидоӣ, миёна, масҷиди ҷомеъ, 2 масҷиди панҷвақта ва дӯкону мағоза фаъолият доранд. Мардум ба боғдорӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ машғуланд[4].

Заминҳо аз дарёи Қаротоғ ва Канали калони Ҳисор обёрӣ мешаванд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Қарори Маҷлиси миллии МО ҶТ Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Ҳисор, ш. Душанбе, 29 марти соли 2012, № 305(тоҷ.). majmilli.tj. 14 июни 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 сентябри 2018.
  2. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  3. Баракат // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
  4. Донишномаи Ҳисор. — Д.: «Ирфон», 2015, — С. 159