Jump to content

Боғ (деҳа, н. Ҳисор)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Боғ (деҳа))
Деҳа
Боғ
38°25′ с. ш. 68°35′ в. д.HGЯO
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Ҷамоат Деҳоти Ҳисор
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 403 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Боғ дар харитаи
Боғ
Боғ

Боғ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҳисори ноҳияи Ҳисор. Аз Боғ то маркази ҷамоат 12 км, то маркази ноҳия 18 км. Аҳолиаш 403 нафар (2017)[1], тоҷикон.

Мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ ва  нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Кофарниҳон обёрӣ мешаванд[2].

Соли 1945 баъди ҶБВ дар ин мавзеъ аввал фермаи чорвопарварӣ ташкил шуд. Боғ дар аввал чаҳор хонаро ташкил медод. Фермаро ба ҷойи дигар кӯчонданд. Аз деҳаи Лаклакхона боз 8 оила ба ин макон омад. Деҳа ба боғу токзор табдил гардид ва номашро низ мувофиқи намудаш соҳиб шуд. Соли 1969 канали калон канда ба Боғ об ва соли 1972 хати барқ оварданд ва соли 1989 роҳро мумфарш карданд[3].

  1. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  2. Боғ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
  3. Донишномаи Ҳисор. — Д.: «Ирфон», 2015, — С. 175