Бӯстон (деҳа, н. Ҳисор)
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ҳисор |
Ҷамоат | Деҳоти Ҳисор |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 463 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3139 |
Нишонаи почта | 735020 |
Бӯстон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҳисори ноҳияи Ҳисор. Аз Бӯстон то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 9 км. Аҳолиаш 463 нафар (2017)[1], тоҷикон.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 30 асри ХХ дар ин мавзеъ фермаи гову хачирпарварӣ вуҷуд дошт. Ҳамон вақт ин ҷоро Ҷангал мегуфтанд. Соли 1950 ба ин макон аз деҳаҳои Мингичар ва Тахии ноҳияи Рӯдакӣ чанд кас муҳоҷир шуда омаданд. Солҳои 1980 деҳа номи Гулистонро гирифт. Соли 1996 бо Қарори Шӯрои Олии ҶТ деҳаро Бӯстон ном карданд. Ин мавзеъ дар қадим шаҳрча будааст, тангаҳои замони кушонӣ ва сафолпораҳои тасодуфан ёфтшуда аз таърихи қадима доштани Бӯстон далолат мекунанд, инчунин аз тарафи аҳолӣ 2 ғор ёфт шудааст, ки ҷойи ибодати зардуштиҳо будааст, истадон ва устухонҳои ғор ба давраи кушониён тааллуқ доштаанд. Охунди Зиёдулло яке аз мардони донишманд ва зиндадил буда, китобхонаи шахсӣ дошт, боғчаи назди ҳавлияш бо гулу гиёҳҳои шифобахш манзараи дилфиреби биҳиштосоро мемонд. Ҳофизи мардумӣ Муҳаммадсаид Аҳмадзода аксарияти маснавию ғазалҳои интихобнамудаи ӯро месароид[2].
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорои масҷид, бунгоҳи тиббӣ ва 1 хоҷагии ёрирасони деҳқонӣ мебошад. Фарзандони сокинони русто ба мактаби № 87-уми деҳаи Ҳуснобод рафта, дарс мегиранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Д.: «Ирфон», 2015, — С. 188