Шоҳамбарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Шоҳамбарӣ
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Ҷамоат Деҳоти Алмосӣ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Аҳолӣ 966 нафар (2017)
Ҳайати миллӣ тоҷикон
Ҳайати динӣ мусулмонони ҳанафимазҳаб
Коди телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020
Коди мошин TJ07

Шоҳамбарӣдеҳа дар ҷамоати деҳоти Алмосии ноҳияи Ҳисор. Аз деҳаи Шоҳамбарӣ то маркази ҷамоат 10 км, то маркази ноҳия 18 км. Аҳолиаш 966 нафар (2017), тоҷикон.

Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар назди деҳа Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ ҷой гирифтааст. Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» бо таркиби обҳои маъдании физикӣ-кимиёвӣ, бо хосиятҳои шифобахшии худ дар радифи обҳои маъдани Есентукӣ, Боржомӣ ва ғайраҳо меистад.(Нигаред: Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ бештар...)

Инчунин, дар назди деҳа мазори Чилтан, ки яке аз мавзеҳои Зиёратгоҳҳои Ҳисор мебошад, ҷойгир шудааст. (Нигаред: Мазори Чилтан бештар...)

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]