Jump to content

Нуралӣ Cолеҳов: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
таҳрир, илова
Сатри 63: Сатри 63:
==Нигаред==
==Нигаред==
* [[Олимони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон]]
* [[Олимони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон]]
* [http://ru.sputnik-tj.com/country/20170321/1021895548/Lyakin-frolov-posol-rossiya-tadzhikistan-navruz-studenty.html Посол России встретил Навруз с таджикскими студентами]
* [http://ru.sputnik-tj.com/society/20161027/1020964820.html Ректор Российско-Таджикского университета получил медаль имени Пушкина]

== Пайвандҳои беруна ==
== Пайвандҳои беруна ==
<references/>
<references/>

Нусха 15:54, 23 марти 2017

Нуралӣ Cолеҳов
Таърихи таваллуд 28 январ 1957(1957-01-28) (67 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология[d]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Pushkin Medal
Honoured Worker of Higher Professional Education of the Russian Federation
 Парвандаҳо дар Викианбор


Н.Н.Cолеҳов, вохӯрӣ бо устодон ва донишҷӯёни факултаи таърих ва муносибатҳои байналхалқии ДСРТ
Н.Н.Cолеҳов, маърӯза дар конфронси илмӣ

Нуралӣ Назарович Cолеҳоволим, журналист, адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (2011), профессор (2013), доктори фахрии Донишгоҳи Қазоқистон (2012), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2005), Корманди фахрии маорифи Федератсияи Русия (2014).[1]

Зиндагинома

Нуралӣ Назарович Cолеҳов 28 январи соли 1957 дар ш. Кӯлоб таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаҳои филологияи руси Университети давлатии Саратов ба номи Н.Г. Чернишевскийи Федератсияи Русия (1980), забон ва адабиёти тоҷики Ин-ти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1995). Таҳсил дар мактаби миёнаи №1 ба номи В.П.Чкалови ш. Кӯлоб (1964-1974), коргари дараҷаи сеюми идораи сохтмонии № 15 ш.Кӯлоб (1974-1975), донишҷӯ (1975-1980), ассистенти кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии Донишкадаи давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1980-1985), аспиранти кафедраи методикаи таълими адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории Москва ба номи В.И.Ленин (1985-1989), муаллими калон (1989-1993), дотсент (1993), мудири кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ (1993-1997), ходими калони илмии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1997-1998), дотсенти кафедраи адабиёти рус ва журналистика (1998-2005), мудири кафедраи журналистика (2005-2006), мудири кафедраи назария ва амалияи матбуот (2006-2009), декани факултаи филологияи (2009-2010) Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2010-2012). Аз соли 2012 ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.[2][3]

Фаъолияти илмӣ

Дар мавзӯи «Мундариҷа ва методикаи таълими семинари махсуси «Робитаҳои адабии халқҳои русу тоҷик дар шуъбаҳои миллии мактабҳои олии омӯзгорӣ» (1989, Москва) рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Масъалаҳои ташаккули афкори ҷамъиятӣ дар публитсистикаи тоҷик (давраи Истиқлолияти давлатии ҶТ)» (2011, Душанбе) рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Доир ба масъалаҳои методикаи таълими адабиёти рус ва хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, проблемаҳои мухталифи публитсистика ва робитаҳои адабии халқҳои русу тоҷик тадқиқотҳои арзишманд ба анҷом расонидааст. Муаллифи беш аз 70 асару мақолаи илмӣ ва илмӣ-методӣ оид ба адабиётшиносӣ, таърихи адабиёти рус ва публитсистикаи муосири тоҷик мебошад. Ба кишварҳои Венгрия, ИМА, Миср, Чин, Озарбойҷон сафари корӣ ва хизматӣ кардааст.

Осор

  • Публицистика и миростроительство в Таджикистане. - Душанбе, 2006;
  • Летописец созидательного труда. - Душанбе, 2007;
  • Журналистика в терминах и понятиях. Энциклопедический словарь системы СМИ: учебное пособие. - Душанбе, 2007;
  • Тернистая дорога суверенитета. - Душанбе, 2008;
  • Проблемы воспитания национального самосознания в таджикской публицистике. - Душанбе, 2008;
  • Концепция гуманизма и ее отображение в таджикской публицистике советского периода. - Душанбе, 2009;
  • Техника и технология средств массовой информации. Печать, телевидение, радиовещание, Интернет: учебное пособие. - Душанбе, 2009;
  • Публицистика нового времени. Ее специфика и проблематичность. - Душанбе, 2010; Политическое противостояние в зеркале таджикской публицистики.- Душанбе, 2010;
  • История журналистики стран Америки: учебное пособие. - Душанбе, 2013:
  • История таджикской журналистики: учебно-методическое пособие. - Душанбе, 2014:
  • Муаммои назарияи публитсистика (Маводи дарсӣ). Душанбе, 2015.[3][4]

Мукофот

Адабиёт доир ба Нуралӣ Cолеҳов

  • Донишномаи Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. - Душанбе, 2015. - с.331-332.
  • «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М.С. Имомов. - Душанбе, 2011
  • Российско-Таджикский (Славянский) университет:вчера, сегодня, завтра. 1996-2016. – Душанбе, 2016, - С. 8-10, 30-31, 117, 138.

Нигаред

Пайвандҳои беруна

  1. Донишномаи Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. - Душанбе, 2015. - с.331-332.
  2. Дар бораи ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон таъин намудани Солиҳов Н. Н.
  3. 3.0 3.1 Ректор Нуралӣ Назарович Cолеҳов
  4. Донишномаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. - Душанбе, 2015. - С.331-332.