Jump to content

Нилу

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Деҳаи Нилу)
Деҳа
Нилу
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Ҷамоат Деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 3833 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Нилу — деҳа дар ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии ноҳияи Ҳисор. Аз Нилу то маркази ҷамоат 10 км, то маркази ноҳия 27 км. Аҳолиаш 3833 нафар (2017)[1], тоҷикон.

Намое аз деҳа

Нилу аз се тараф бо кӯҳу теппаҳо иҳота шудааст: аз самти шимол Кампирпар, Зоғхона, Даҳана, Кавраи Кӯшкак, аз тарафи шарқ Бинии Кафтархона, Сиёҳкӯҳ, Гач, Себак, Кӯҳи Бобо, Зардолуҳако, Чақмоқ, Кӯҳи Зард, Юрти Гулбибӣ, Қалъаи Куҳна ва аз ғарб Хайрам, Нонхӯр, Юрти Чангобиҳо, Дараи Чормағзакон, Хусангибод, Равотак, дар ҷануб Шутурпар, Қалъанак ва Тахт[2].

Шароитҳои табиию иқлимӣ ва захираҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар дашту теппаҳояш дӯлона, бодом, чормағз, арча, зирк ва садҳо ниҳолу буттаҳо мерӯянд. Дар кӯҳҳояш маводи маъданӣ зиёд буда, хирс, гург, рӯбоҳ барин ҳайвонот зиндагӣ мекунанд. Бисёр намуди гиёҳҳои шифобахшро дар ин мавзеъ ёфтан мумкин аст. Нилуро садҳо чашма шодоб мекунанд, ки машҳуртаринашон Себак, Сангчин, чашмаи Ғафур, Чинорак, чашмаи Мир, чашмаи Исматулло, Яхак, Гармчашма ва силсилачашмаҳои Дараи Бедак мебошанд, ки обашон аз масофаи даҳҳо км тавассути лӯлаҳои пластикӣ ба ҳавлиҳо оварда шудаанд[2].

Нилу таърихи беш аз 1500-сола дорад, ки аз гузарҳои Эшонҳо, Ёнаи Худоӣ, Сангчин, Сангтӯда, Теғаи Намози Дигар, Кулӯлатеппа, Марказӣ ва ғайра иборат аст. Бештари сокинон бобоҳои худро аз фирориёни Даҳбеди Самарқанд медонанд, ки дар а. 13 ё 14 омадаанд, чанд авлод бобоҳои худро аз косибону домуллоҳои Сарихосор мегӯянд, инчунин як авлоди бузурги эшонҳо аз Истаравшан омадаанд. Мардуми Нилу дорои эҳсосоти баланд буда, ба муқобили ҳар гуна ноадолатиҳо зуд қиём мебардоранд, с. 1911 ба муқобили беки Ҳисор шӯриш бардошта буданд, дар замони Шӯравӣ 3 маротиба дар назди бинои КМ ПК Тоҷикистон намоиш ташкил карданд. Дар маркази Нилу нишонаи пояи чанори қутраш 5-метра бо ҳавзи калон мавҷуд аст, ду тарафи ҳавзро садбарги сафеди кӯҳии хушбӯй ва наргис иҳота кардаанд. Чашмаи Мир аз он далолат мекунад, ки ин макон ҳокимнишин будааст.

Болотар аз гузари Эшонҳо қалъае вуҷуд дорад, ки дар гузашта Абдукарим (Мири Зард ҳам меноманд)- мири Ҳисор бо пайвандонаш омада, истироҳат мекардааст. Ходимони дарбори мири Ҳисор Зоҳид-мингбошӣ, Раҳматбой-элчии Ҳисор, Саидалӣ-мирохур, Қилич-босмачӣ, Ғанӣ-босмачӣ дар Нилу зистаанд.

Дар Нилу мактаби миёнаи № 50, маркази саломатӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди ҷомеъ ва 3 масҷиди панҷвақта мавҷуданд[2].

  1. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  2. 2.0 2.1 2.2 Донишномаи Ҳисор. — Д.: «Ирфон», 2015, — С. 421—422