Тӯда (деҳа, н. Ҳисор)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Деҳа
Тӯда
Кишвар

Тоҷикистон

Вилоят

НТҶ

Ноҳия

Ҳисор

Ҷамоат

Деҳоти Мирзо Ризо

Забони расмӣ

тоҷикӣ

Аҳолӣ

6826 нафар (2017)

Ҳайати миллӣ

тоҷикон

Ҳайати динӣ

мусулмонони ҳанафимазҳаб

Коди телефон

+992 3139

Нишонаи почта

735020

Коди мошин

TJ07

Тӯдадеҳа дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор. Аз Тӯда то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 15 км. Аҳолиаш 6826 нафар (2017)[1], тоҷикон.

Ном[вироиш]

Номи деҳа аз калимаи «тут» (туд) ва пасванди «а» гирифта шуда, маънои тутзор (макони тут)-ро дорад. Ҳар ду шакли навишти ин калима дар асарҳои илмӣ, таърихӣ ва адабии олимону адибони форсу тоҷик истифода шудааст. Деҳаи Тӯда дар водӣ ягона ҷойест, ки дар он бештар дарахти тут парвариш меёбад ва дар деҳа ҳавлие нест, ки дар он дарахти тут набошад. Шоир ва муҳаққиқ, зодаи ҳамин деҳа Салоҳиддин Садриддинов тути Тӯдаро васф карда гуфтааст:

Тӯтисухан бар Тӯда о, бо тут меҳмонат кунам,
Эй ҷони ман, ҳар рӯз о, к-аз тут мастонат кунам.

Таърихи деҳа[вироиш]

Ба гуфти зодагони деҳа арбоби давлатӣ ва адиб Ҳабибулло Назаров (1907—1978) ва хатмкардаи мадрасаи Бухоро Сайидалӣ Сатторов (1892—1963) мардуми деҳа тахминан с. 1702—1703 аз навоҳии Балҷувону Сарихосори минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон кӯчида ба Ҳисори Шодмон омадаанд. Чӣ тавре ки Бобоҷон Fафуров дар асараш «Тоҷикон» қайд менамояд:

«Гувоҳи бешубҳа ва бегумони аҳволи табоҳи деҳқонон, чунон ки дар манбаъҳои мухталиф зикр ёфтааст, замин ва ҷойҳои муқимии худро гузошта, фирор кардани онҳост»

. менигорад:

«Қиёми калонтарин ва зафармандонаи халқ с. 1703 дар Ҳисор ба вуқӯъ омад

.[2] Ин қиёми халқӣ ба гӯши деҳқонони хатлонӣ, ки мири Кӯлобро асир карда буданд, низ расидааст ва як гурӯҳ исёнгарони балҷувонӣ ва сарихосорӣ бо сардории Ҳабиб ном шахс ба ёрии шӯришгарони ҳисорӣ омадаанд. Баъди шармандавор торумор шудани лашкари бухороиён исёнгарони балҷувону сарихосорӣ аҳлу аёли худро кӯчонда оварда дар Ҳисор муқимӣ шудаанд. Ин воқеаи таърихиро шоир Суҳайли Ҷавҳаризода дар достонаш „Қисмати Карим“, (Душанбе,-1961) тасвир кардааст. Ҳабибулло Назаров дар китоб қайд мекунад, ки Ҳабиб аслан аз Файзобод буда, сарварии шӯришгарони хатлониро ба уҳда гирифта будааст:

»Ҳабиби файзободӣ ҳамчун сарвари шӯришгарони халқ ба муқобили амирони бухороӣ дар таърих ҷой дорад. Халқи Бухорои Шарқӣ тавонистанд, ки одамони асрҳо дар зери зулми амирони манғит бударо озод намоянд. Шӯришгарон ҳатто ш. Деҳнавро қароргоҳи худ интихоб менамоянд. Аммо Ҳабиб хоинона кушта мешавад

.

То с. 1924 дар деҳаи Тӯда, асосан ду мактаби ба истилоҳ «куҳна» — яке «мактаби Мулло Карим», дигаре «Мулло Ибод» фаъолият доштааст, ки мударрисони ин мактабҳо баъди хату савод баровардани шогирдон расман ба чоркитобхонӣ, ҳафтякхонӣ, қуръонхонӣ, ҳофизхониву бедилхонӣ мегузаштаанд. Дар Тӯда чанд мактаби духтарона вуҷуд доштааст, ки бибиотунҳову бибимуллоҳо ба муҳассилин танҳо хондани (навиштанро не) китобҳои зарурияти динӣ ва аҳкоми шариати исломиро ёд медодаанд. Яке аз ин бибиотунҳо мактабдор Фотимаи Расул буд, ки то с. 70-уми асри ХХ бо номи Кампири Фотима (табиб, доя, дар тӯйу сурҳо дастархондори занҳо) зиндагӣ мекарду бибии тамоми ҷавонони Тӯда буд.

Охири солҳои 20-уми асри ХХ аввалин мактаби нав дар Тӯда кушода мешавад, ки таълим бо ду алифбо — арабиасоси тоҷикӣ ва лотинӣ сурат мегирифт. С. 30-юм дар Тӯда муаллим Ҳасанов (падари ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон — Носир Ҳасанов) аз Душанбе омада, чандин сол омӯзгорӣ кардааст. Синфхонаҳои мактаб дар ҳавлии Темуршоҳ, ки унвони «Биҳ» дошт, ҷойгир будааст ва чанд муддат ҳамчун мактаб-интернат хизмат кардааст.[3]

Адабиёт[вироиш]

  • Салоҳиддини Садриддин. Номи диёр-таърихи диёр. — Душанбе, 2000;
  • Ҳоҷӣ Абдуманони Ҳоҷӣ Абдураҳмон. Мардуми деҳаи Тӯда. — Душанбе, 2007. Фатҳулло Азизов. Таърихи мухтасари Ҳисор. — Душанбе, 1989.
  • Шаҳло Неъматова, Муҳибулло Асроров. Маҳфузгарони таърих. — Душанбе, 2010.
  • Фатҳуллоҳи Азиз, Султонмуроди Одина. Ҳисори Шодмон: аз бостон то ин замон. — Душанбе, «Маориф ва фарҳанг», 2013.

Эзоҳ[вироиш]

  1. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  2. Б. Ғафуров. „Тоҷикон“. Китоби дуюм. — Душанбе, 1989, с.74.
  3. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 550—551