Jump to content

Замин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Замин
Мушаххасоти мадорӣ
Перигелий 147 095 000 ± 1 000 км
Афелий 151 930 000 ± 10 000 км, 1,00000261 ± 0 воҳиди нуҷумӣ[3] ва 152 098 231 559,14 м
Нимқутри бузург (a) 149 597 870 700 м ва 149 598 023 ± 1 км
Хуруҷ аз маркази мадорӣ (e) 0,016710219 ± 0[1]
Давраи тановуби мадорӣ 365,256363004 Рӯз[4]
Аносири мадории Кеплерӣ (i) 0,12 рад[5] ва 0,028 рад
Долгота восходящего узла (Ω) 6,087 рад[6]
Аргумент перицентра (ω) 1,993 рад[7]
Радифи Офтоб
Радифҳо тақрибан Моҳ, Transiting Exoplanet Survey Satellite[d], Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ, Мир[2], телескопи Ҳаббл, Telstar 18V[d], Kordylewski cloud[d], TerraSAR-X[d], Libertad 1[d], Soil Moisture Active Passive[d], SPOT 1[d], GSAT-18[d], QUESS[d], Van Allen Probe A[d], Van Allen Probe B[d], Sentinel-2B[d], GRACE-1[d], GRACE-2[d], GRACE-FO 1[d], GRACE-FO 2[d], Seeker[d], Sentinel-6 Michael Freilich[d], Sentinel-6B[d], Enxaneta[d], SAMPAN I[d], 2024 PT5[d], 2020 CD3[d], 2022 NX1[d] ва 2006 RH120[d]
Мушаххасоти физикӣ
Фишурдагии қутбӣ 0,0033528 ± 0
Масса (m) 5 972,37 ± 0,01 иоттаграмм[8]
Иттилоот дар Викидода

Зами́н (форсӣ: زمین‎; аз зам — сардӣ, замин — сард, сардгун) — яке аз сайёраҳои манзумаи Офтоб; аз рӯи масофа то Офтоб сев­вумин ва аз рӯи ҳаҷм панҷумин сайёра дар миёни сай­ёраҳои манзумаи Офтоб. Фарқи асосии Замин аз дигар сайёраҳои манзумаи Офтоб мавҷудияти ҳаёт дар он аст. Аҳолии Замин — 7,3 млрд (январи 2016). Аломати астрономиаш ё худ 🜨.

Баъзе тасаввуроти бостонӣ ва таҳқиқоти ав­валия дар шинохти Замин

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба назари одами бостонӣ Замин ҳамчун як чизи паҳну ҳамворе менамуд, ки дар маркази Олам қарор дошта, болояш бо гунбази фалак пӯшида шудааст. Ин гумони сода дар имтидоди таърихи тӯлоние ҳукмрон буд, ҳатто ба ҳамин гуна тасаввур ба таркиби динҳо ҳам ворид шуда буд. Баъдан дар ҳамон дунёи қадим ақоиди мухталифи илмию фалсафӣ оид ба шаклу андоза ва мақоми Замин дар Коинот низ шакл гирифта, то ҳадде ба дараҷаи як ақидаи томе расида буд, ки ба пояи мустаҳками таҷрибаву мушоҳидаҳои дақиқ такя мекард. Ин табақаи баъдӣ медонистанд, ки Замин курашакл буда, дар фазо муаллақ аст. Тақр. дар асрҳои 6-5 то м. дар бораи мудаввар будани шакли Замин донишманди маъруфи юнонзамин Фисоғурис (Пифагор) изҳори ақида карда буд. Дар миёнаи садаи II то м. Кратеси Моллусӣ нахустин муҷассамаи маснӯи Замин — глобусро сохта буд. Баъдтар (асри 2 то м.) Батлимиюс (Птолемей) тарзу усули сохтани глобусро муфассал баён кард. Пас аз Батлимиюс аввалин касе, ки глобуси илмӣ сохтааст, Абурайҳони Берунӣ буд.

Андозаҳои Замин (дарозии давра ва радиус)-ро бори на­хуст донишмандони юнонӣ Эвдокс (асри 4 то м.), Эрастофен (асрҳои 2‒1 то м.) ва Посидоний (асрҳои 2‒1 то м.) бо усулҳои гуногун чен карда буданд. Олимони Ховарзамин ба муқаррар намудани ан­до­заҳои Замин аз садаи VIII машғул шуданд ва норасоиҳои ан­дозагириҳои пешиниёнро бартараф карданд. Чунонки Абу­райҳони Берунӣ дар «Китобу-т-тафҳим» овардааст, миқдори Замин «аз он чизҳост, ки марҷаи ӯ ба озмудан аст аз давр ва сипаси он ба чизҳои Замин. Ва ҳар гурӯҳе ӯро бад-он масофатҳо донистанд, ки ба ноҳияти эшон ба кор доштанд, чун астодинус (стадия) юнониёнро ва чужан гурӯҳи ҳиндувонро. В-аз ин ҷиҳат чун китобҳо ба тозӣ ҳамегардониданд ва андозҳо ба ҳақиқат дониста наёмад». Ин буд, ки зарурати аз нав санҷидани натиҷаҳои андозагириҳои пешина ба амал омад. Берунӣ хабар додааст, ки «Маъмуни халифа — писа­ри Ҳорунуррашид фармудааст, то андозаи Замин аз сар озмуда ояд. Ва гу­рӯҳеро аз доноёни замона чун Холиди Марварудӣ ва Абулбуҳтурии Массоҳ ва Алӣ ибни Исои Устурлобӣ ва гурӯҳе монанди эшон бифиристодааст сӯйи Дашти Сан­ҷар, то тариқи он ба кор доштанд ва ҳиссаи яке дараҷа биёфтанд аз доираи бузург дар Замин». Худи Берунӣ дар таърихи заминшиносӣ ҳамчун ихтироъгари усули комилан нави андозагирӣ маъруф шудааст, ки он аз муайян кардани кунҷи пастшавии уфуқ иборат аст. Маҳз бо ҳамин усул Абурайҳони Берунӣ радиуси Заминро чен кардааст. Аз рӯи ҳисоби ӯ радиуси Замин ба 12 803 337,036 газ ё мутобиқи ченакҳои ҳозира ба 6339,58 км баробар аст. Ин рақам аз натиҷаи андозагирии имрӯза (радиуси Заминро ба 6367,45 км баробар медонанд) ҳамагӣ ба андозаи 27,87 км тафовут дорад. Пас, Берунӣ андозаҳои Заминро бо дақиқкории фавқулода ҳисоб кардааст.

Пайдоиши Замин

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба омӯзиши пайдоишу инки­шо­фи Замин файласуфон ва астрономҳои қадим (Фисоғурис, Арасту, Аристарх ва дигарон) ибтидо гузошта буданд. Дар Ховарзамин Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абулҳасани Ахворӣ, Абунасри Ҷелонӣ, Абулхайри Розӣ, Маҳмуди Хоразмӣ ва дигар мутафаккирони барҷаста дар ҷараёни ҷунбишу тағйироти тадриҷӣ (эволютсия) будани қишри Заминро таъ­киду таъйид намуда, аз ин мавқеи назар сабабҳои пайдоиши кӯҳу чашмаҳо, водиву дараҳо ва зил­зиларо аз ҷиҳати илмӣ маънидод кардаанд. Нахустин фарзияи илмии аз абри ғубормонанд пайдо шудани ҳамаи сайёраҳои ман­зумаи Офтобро соли 1755 табиатшинос ва файласуфи олмонӣ И. Кант баён карда буд. Соли 1796 математики фаронсавӣ П. Лаплас фарзияи космогонии худро дар бо­раи пайдоиши сайёраҳои ман­зумаи Офтоб чоп кард. Бино бар ин фарзия ҷирмҳои ин манзума аз туманоти газӣ пайдо шудаанд. Мувофиқи фарзияи пешниҳодкардаи олими шӯ­равӣ О. Ю. Шмидт (1944) Офтоб дар сайри Галактика аз байни абри ғубор­монанди шиҳобӣ гузашта, онро дар шароити басо мусо­ид ба майдони ҷозибаи худ гирифтааст. Дар натиҷаи бар­хӯрд ва часпидани заррачаҳо моддаҳои лахта-лахтае таркиб ёфтан гирифтанд. Аз ҳамин лахтаҳо, ки аз ҳисоби часпиши зарраҳои нав ба нав меафзуданд, сайёраҳо, аз ҷумла Замин, ба вуҷуд омадаанд.

Мувофиқи хулосаҳои илмии имрӯза Замин дар манзумаи Офтоб қариб 4,5 млрд сол пеш дар натиҷаи фишори ҷо­зи­бавии туманоти газуғуборӣ пайдо шудааст (нигар Кос­могония). Дар ин ҳол ҳаҷми туманот хурд шуда, суръати чархзанӣ афзудааст, ки ин боиси зичшавии туманот ва та­шаккули қурс гардидааст. Ҳангоми фишурдашавии туманоти газу ғуборӣ баландшавии ҳарорат сар шуда, дар марказ ситораи Офтоб ва аз моддаҳои атрофи он дигар сайёраҳо ба вуҷуд омадаанд. Замин дар ибтидо сард буда, аз коҳиши унсурҳои радиоактивии қаъри худ (уран, торий ва ғайра) ҳарорат пайдо кардааст. Дар натиҷаи дифференсиатсия Замин ба қабатҳои ҳаста (моеъ ва сахт), мантия ва қишр тақсим шудааст. Маҷмӯи ин қабатҳоро, ки бо сатҳи сахти Замин маҳдуд мешаванд (баъзан шартӣ) Замини сахт меноманд. Ба таҳқиқи Замин теъдоде аз илмҳо машғуланд. Шаклу ан­до­заи Заминро геодезия, ҳаракати Заминро ҳамчун ҷирми ос­мо­нӣ астрономия, майдони қувваҳо ва ҳолати физикии моддаҳои Замин ва амсоли онҳоро геофизика (қисман астрофизика), инчунин геокимиё, биология, экология ва маҷмӯи илмҳои геологӣ меомӯзанд.

Тавсифи Замин ҳамчун сайёра

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мақолаи асосӣ: Шакли Замин
Вулқони Чимборасо дар Эквадор, дуртар аз маркази Замин нуқта ба сатҳ[9]
Муқоисаи Замин бо дигар сайёраҳои Манзумаи Офтоб

Шакли Заминро ба геоид қиёс мекунанд, ки аз шакли куравӣ кам фарқ мекунад. Геоид сатҳи барҷастаи маҳдудест, ки ба сатҳи миёнаи оби баҳру уқёнусҳо дар ҳолати оромӣ мувофиқ меояд. Радиуси Замин андаряк 6371,032 км, радиуси қутбии Замин — 6356,777 км. Масоҳаташ — 510∙106 км2 (аз ин 29,2%-аш хушкӣ), ҳаҷмаш — 1,083∙1012 км3, массааш 5,9733∙1024 кг, ки ин ба 1332946-и массаи Офтоб баробар аст. Зичии миёна — 5518 кг/м3. Тезшавии қувваи вазнинӣ дар хатти истиво ба 9,7803278 м/с2, дар қутбҳо ба 983,209 см/с2 баробар аст. Суръати гардиши Замин дар мадор ба ҳисоби миёна 29,7859 км/с. Замин якҷо бо Офтоб дар атрофи маркази Галактика (як даври гардиши галактикӣ тақр. ба 200 млн сол баробар аст), дар атрофи Офтоб (як давраш як сол) ва дар атрофи меҳвари худ (дар як шабонарӯз як бор) давр мезанад; дар натиҷаи претсессия (тақр. дар 26000 сол) ва нутатсия (тақр. дар ҳар 18,6 сол) оҳиста-оҳиста самти меҳвари гардишашро тағйир медиҳад. Кунҷи тамоюли меҳвари гардиши Замин нисбат ба ҳамвории мадори он 66°33' аст. Бадал шудани фаслҳои сол натиҷаи ба тарафи сатҳи мадор — эклиптика майл кардани меҳвари гардиши Замин мебошад. Радифи табии Замин — Моҳ дар гирди Замин аз рӯйи мадори эллипсӣ дар масофаи ба ҳисоби миёна 384400 км (~ 60,3 радиуси миёнаи Замин) давр мезанад. Массаи Моҳ (73,484∙1021 кг) тақр. ба 1:81,5 массаи Замин баробар аст. Маркази массаҳои манзумаи Замин — Моҳ аз маркази Замин ба андозаи ¾ радиуси он (тақр. 4700 км) ақиб мемонад. Ҳар ду ҷирм — Замин ва Моҳ дар атрофи маркази массаҳои манзума давр мезананд. Нисбати массаи Моҳ ба массаи Замин дар байни тамоми сайёраҳои манзумаи Офтоб ва радифони онҳо аз ҳама бештар аст, бинобар он манзумаи Замин — Моҳро аксар ду сайёра (сайёраҳои дугона) мешуморанд.

Аз сабаби мадори эллипсӣ доштани Замин масофаи байни Замин ва Офтоб дар давоми сол аз 147,100 млн км (дар перигелий) то 152,100 млн км (дар афелий) тағйир меёбад. Масофаи миёнаи аз Замин то Офтобро воҳиди астрономӣ меноманд ва он ба ҷойи воҳиди ченкунии масофа дар ҳудудҳои манзумаи Офтоб истифода мешавад. Давраи гардиши Замин, ки бо фосилаи вақти байни ду гузариши Офтоб аз нуқтаи эътидоли баҳорӣ мувофиқат мекунад, соли тропикӣ номида мешавад ва асоси тақвимҳои имрӯза мебошад. Давоми соли тропикӣ ба 365, 2422 шабонарӯзи офтобии миёна баробар аст.

Меҳвари гардиши Замин ба ҳамвории эклиптика таҳти кунҷи 23°26’21,448" майл мекунад (дар 12 соат 1.1.2000); Ин кунҷ дар сад сол ба 46,84024" кам мешавад. Ҳангоми ҳаракати Замин дар мадор, дар атрофи Офтоб дар давоми сол меҳвари гардиши он самти доимиро дар фазо қариб нигоҳ медорад. Ин боиси бадалшавии вақтҳои сол дар сайёра мегардад. Таъсири ҷозибавии Моҳ, Офтоб, сайёраҳо боиси тағйироти даврии дурударози экссентриситети мадор ва тамоюли меҳвари Замин мегардад, ки шояд яке аз сабабҳои тағйироти бисёрасраи иқлим бошад.

Гардиши Замин дар атрофи меҳвари худ боиси бадалшавии рӯзу шаб дар рӯйи Замин гардида, даврияти бисёр равандҳои табииро муайян мекунад. Таъсири ҷозибавии Моҳ ва ба дараҷаи кам Офтоб боиси мадд дар уқё­нусҳо ва обшӯйшавии хушкӣ мегардад. Дар уқёнуси кушод дар наздикии хатти истиво маддҳои моҳтобӣ ба 1 м мерасанд. Дар ха­лиҷҳои танг баландии маддҳо чанд маротиба афзуда, ба 18 м мерасанд. Даври гардиши Замин яке аз воҳидҳои асосии ҳисоб кардани вақт мебошад.

Табақаҳо ва сохти дохилии Замин Замин аз табақаҳои ҳамшафат (геосфераҳо)-и маг­нитосфера, атмосфера, ҳидросфера, ин­чу­нин биосфера иборат аст. Муҳити фазои наздизаминиро магнитосфера меноманд. Ин табақаи аз ҳама тӯлонии Замин аст. Хусусияти физикии он бо майдони магнитии Замин ва ама­лиёти мутақобили ин майдон бо ҷараёни мутақобили заряднок муайян карда мешавад. Замин ҳамеша дар зери ҷараёни корпускулавии Офтоб (ба истилоҳ боди офтобӣ) қарор до­рад. Дар назди мадори Замин суръати самтии ҳаракати зарраҳо аз 300 то 800 км/с мерасад. Плазмаи Офтоб майдони магнитиро ҳам­ро­ҳи худ меорад, ки шиддатнокиаш ба ҳисоби миёна ба 4,8∙103 А/м (6∙10-5 Э) баробар аст. Сарҳадди магнитосфераи маг­нитопауза аз ҷойе мегузарад, ки дар он фишори ди­намикии боди офтобӣ бо фишори майдони магнитии Замин баробар аст.

Замин бо атмосфера ё табақаи ҳаво иҳота шудааст. Доираи берунии атмосфера минтақаи радиатсионии Заминро дар бар мегирад. Массаи атмосфераи Замин тақр. баробари (5,15-5,3)∙1018 кг, фишори он ба сатҳи Замин ба ҳисоби миёна 101,325 кПа (1 ат.) аст. Зичии фишори атмосфера бо афзудани баландӣ зуд кам мешавад. Атмосфера аз қабатҳои тропосфера, стра­тосфера, термосфера, экзосфера, ионосфера иборат буда, ҳар қабат бо хусусияти физикию кимиёияш фарқ мекунад. Атмосфераи Замин барои нури Офтоб, ки сатҳи Заминро то ҳарорати миёнаи +22°С гарм мекунад, шаффоф аст. Ба сатҳи Замин нобаробар омада расидани энергияи гармӣ боиси буғшавии оби уқёнусҳо дар миқёси васеъ ҷойивазкунии массаҳои атмосферӣ ва бориш мегардад. Абрҳо гармии Офтобро инъикос мекунанд, газҳои гуногун (буғи об, гази карбон, метан, оксиди нитроген ва ғайра) дар атмосфе­ра ба сардшавии сайёра монеъ мешаванд. Тавозуни гар­мии мавҷудбудаи сайёра ноустувор аст ва дар таърихи Замин он боиси баландшавии ҳарорати глобалӣ (дар давраи ангиштсанг) ва ҳам пастшавии он (дар давраҳои яхбандӣ) гардидааст.

Ҳидросфера табақаи обии Замин буда, байни атмосфера ва қишри сахти Замин (литосфера) ҷойгир аст. Ҳидросфера тамо­ми оби баҳру уқёнусҳо, обҳои рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ (дар хушкиҳо), яху барфи Арктикаю Антарктика, инчунин обҳои атмосферӣ ва биологӣ (оби организмҳои зинда)-ро дар бар мегирад.

Биосфера табақаи махсуси кураи Замин буда, ҷойи зисти организмҳои зинда аст. Он қисми поинии атмосфера (тро­пос­фера), тамоми ҳидросфера ва қисми болоии қишри Замин (литосфера)-ро то умқи 2-3 км дар бар мегирад (нигар Биосфера).

Сохти дохилии Замин (Замини сахт)

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мақолаҳои асосӣ: Қишри Замин, Мантия ва Ҳастаи Замин

Дар ҳоли ҳозир аз нигоҳи илмӣ Замин аз қишр, мантия ва ҳаста (ядро) иборат аст, ки онҳо бо хусусиятҳои физикӣ, таркиби кимиёӣ ва минералогии худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар геофизика ин қабатҳоро бо ҳарфҳо ифода мекунанд: А — қишри Замин, B, C ва D — қабатҳои мантияи Замин, Е — ҳастаи берунии Замин, G — ҳастаи дохили (субядро)-и Замин.

Сохтори умумии сайёраи Замин

Чуқурӣ, км Қабат Зичӣ, г/см3[10]
0—60 Литосфера (дар баъе ҷойҳо аз 5 то 200 км тағйир мекунад)
0—35 Қишр (дар баъе ҷойҳо аз 5 то 70 км тағйир мекунад) 2,2—2,9
35—60 Қисми аз ҳама болои мантия 3,4—4,4
35—2890 Мантия 3,4—5,6
100—700 Астеносфера
2890—5100 Ҳастаи берунӣ 9,9—12,2
5100—6378 Ҳастаи дарунӣ 12,8—13,1

Қишри Замин

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қишри Замин қабати ғайриякҷинса ва мураккабтарин буда, қариб 1 дарсади ҳаҷми Заминро ташкил медиҳад. Аз чандин навъ (тип)-и қишри Замин континентӣ (хушкӣ) ва уқёнусии он бештар паҳн шудааст. Ғафсии қишри Замин дар уқёнусҳо 5-10 км, дар континентҳо то 40-70 км аст. Сохти навъи котинентӣ се қабат дорад: болоӣ — таҳшинӣ (аз 0 то 20 км), мобайнӣ, номи шартиаш «гранитӣ» (аз 10 то 40 км) ва поинӣ — ба истилоҳ «базалтӣ» (аз 10 т о 70 км), ки онро сатҳи Конрад аз қабати «гранитӣ» ҷудо мекунад. Қишри Замин аз ҷинсҳои таҳшину магмавӣ таркиб ёфта, аз мантия бо сатҳи Мохоровичич ё мухтасаран ҳудуди Мохо ҷудо шудааст (нигар Қишри Замин). Мантияи Замин поинтар аз ҳудуди Мохо сар шуда, то умқи 2980 км мерасад. Он байни қишри Замин ва ҳастаи Замин ҷойгир буда, 83 дарсади ҳаҷм (ғайр аз атмосфера) ва 67 дарсади массаи Заминро ташкил медиҳад. Мантияро ба қабатҳои болоӣ (В), мобайнӣ (С) ва поинӣ (D) ва қабати поини (охири)-ро ба қабатҳои D› ва D" ҷудо мекунанд. Мантияи болоӣ (қабати В) поинтар аз ҳудуди Мохо хобида, умқи то 400 км, мантияи мобайнӣ (қабати С) умқи аз 400 то 670 км ва мантияи поинӣ (қабати D) умқи аз 670 то 2980 км-ро дар бар мегирад. Қисми болоии онро, ки бевосита дар таги қишр хобидааст, субстрат меноманд, қишру субстрат якҷо литосфераро ташкил медиҳанд. Моддаи мантия асосан сахт буда, дар умқи байни 100—400 км тадриҷан нарм шудан мегирад ва ба ҳолати моеъ мерасад. Дар ин ҷо манбаъҳои тафта (магма) ба вуҷуд меоянд, ки онҳо амалиёти вулканҳоро таъмин мекунанд. Равандҳои тектоникӣ, зилзила, вулканизм, пайдо шудани кони сарватҳои зеризаминӣ бо модда ва энергияи мантия вобастаанд (нигар Мантияи Замин). Радиуси миёнаи ҳастаи Замин тақр. 3,5 км буда, ба ҳастаи берунӣ (қабати Е) ва ҳастаи дохилӣ (қабати G) тақсим мешавад, ки аз ҷиҳати хосиятҳои физикӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Он қариб 15 дарсади ҳаҷми Заминро ташкил медиҳад. Ҳастаи берунӣ умқи 2980-5150 км-ро ишғол мекунад. Ҳастаи берунӣ моеъ буда, дар он ҷо суръати мавҷҳои арзии зилзила то сифр коҳиш меёбад. Ҳамчунин суръати мавҷҳои тӯлии зилзила аз 13,6 км/соат дар ҳудуди болоӣ то 8,3 км/соат дар ҳудуди поинӣ кам мешавад. Ҳангоми гузариш аз мантия ба ҳаста зичии муҳит зуд меафзояд (аз 5600 кг/м3 то 10000 кг/м3). Дар натиҷаи ҳаракати ҳастаи моеъ дар атрофи меҳвари гардиши Замин дар ҳас­таи берунӣ ҷараёни электр пай­до мешавад, ки он майдони асо­­сии магнитии Заминро ба вуҷуд меоварад. Ҳастаи дохилӣ (қаба­ти G) поинтар аз қабати Е то мар­каз ҷойгир аст. Ҳастаи беру­нӣ сахт буда, дар он мавҷҳои тӯлии зилзила қариб 11,2 км/соатро ташкил медиҳанд ва қа­риб тағйир намеёбанд, чунки дар ин фосилаи умқ фишор қа­риб доимист. Дар охири садаи XX му­қаррар карда шуд, ки сур­ъати кунҷии даврзании ҳастаи дохилӣ нисбат ба суръати қа­батҳои сахти берунии Замин 1-2 % баландтар аст. Ин нисбат ба ҳастаи моеъ ва сахт ғеҷидани мантия, инчунин анизотропияи меридиании хосси суръати ҳас­таи дохилиро мефаҳмонад. Му­ҳаққиқон тахмин мекунанд, ки ҳастаи дохилӣ аз ҳисоби ҳастаи берунӣ афзоиш меёбад.

Тавсифи физикии Замин

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳангоми ҳаракат ба маркази Замин қимати зичӣ, фишор, қувваи вазнини, хосиятҳои чандирии моддаҳо ва ҳарорати Замин тағйир меёбад. Зичии миёнаи қишри Замин — 2800 кг/м3. Зичии миёнаи қабати таҳшинии қишри Замин 2400-2500 кг/м3, қабати «гранитӣ» 2700 кг/м3, қабати «базалтӣ» 2900 кг/м3. Дар сарҳадди қишри Замин ва мантия зичӣ якбора то 3100-3500 кг/м3 меафзояд. Баъд он ҳамвор афзуда, дар қисми поини атмосфера ба 3600 кг/м3 ва дар сарҳадди ҳаста ба 5600 кг/м3 мерасад. Ҳангоми гузариш ба ҳаста зичӣ якбора то 10000 кг/м3 баланд шуда, баъд дар маркази Замин ҳамвор то 12500 кг/м3 меафзояд.

Шитоби қувваи вазнинӣ дар Замин то умқи 2500 км кам тағйир ёфта, аз қимати 10 м/соат2 камтар аз 2 % фарқ мекунад. Дар сарҳадди ҳаста он ба 10,7 м/соат2 баробар буда, баъд дар маркази Замин ҳамвор то сифр коҳиш меёбад. Аз рӯи маълумоти зичӣ ва шитоби қувваи вазнинӣ фи­шореро, ки баробари афзоиши умқ пайваста баланд ме­шавад, ба ҳисоб мегиранд. Он дар таги қишри материкӣ ба 1 гПа наздик буда, дар таги қабати В қариб 1,4 гПа, қабати С қариб 35 гПа, сарҳадди ҳаста қариб 136 гПа ва дар маркази Замин қариб 361 гПа (3,6 млн атмосфера)-ро ташкил медиҳад.

Ҳарорати Замин баробари афзоиши умқ баланд мешавад. Ченкунии бевоситаи ҳарорат танҳо то умқи барои пар­макунӣ дастрас (12,26 км дар ибтидои садаи XXI) имконпазир аст. Ҳолати гармии умқи Замин ва қабатҳои геологии онро дар асоси баҳодиҳиҳо ва ҳисобкуниҳои гуногун муайян мекунанд (нигар Геотермия). Ҳарорати Замин дар умқи 100 км 1400—1700 K, дар сарҳадди мантия ва ҳаста (3-4)∙10³ K, дар маркази Замин (5-6)∙10³ аст. Парешонии баҳодиҳӣ дар умқи мантия ва ҳаста беш аз 1000 K, яъне ±30% мебошад, ҳол он ки ҳарорати литосфераро бо дақиқии ±10% баҳо додан мумкин аст.

Аз рӯи зичӣ ва суръати мавҷҳои зилзила бузургиҳоеро, ки хосиятҳои чандирии моддаҳои Заминро нишон медиҳанд, ҳисоб мекунанд. Часпакии моддаи мантия баланд ва поин­тар аз сарҳадди астиносфера (сохти дохилии Замин), шояд, на камтар аз 1023 Па∙соат аст; часпакии астиносфера хеле паст (1019—1021 Па∙соат) мебошад. Чунин меҳисобанд, ки дар натиҷаи ин дар астиносфера зери таъсири нобаробари сарборӣ аз тарафи қишри Замин оҳиста ҷоришавии массаҳо дар самти уфуқӣ ба амал меояд. Часпакии ҳастаи берунӣ нисбат ба часпакии мантия хеле кам аст.

Инкишофи Замин ва қишри он ба равандҳои геологӣ во­бастаанд, ки бо таъсири қувваҳои дохилӣ (эндогенӣ) ва хориҷӣ (экзогенӣ) ба амал меоянд. Аз таъсири мутақобили ин қувваҳо иқлим, тарҳи материкҳо, паҳноии баҳру уқё­нусҳо, самти ҷараёни дарёҳо ва ғ. тағйир меёбанд. Тағ­йироти сохти қишри Заминро равандҳои тектоникӣ ва ҷойи зуҳуроти онҳоро тектоносфера меноманд.

Замин майдонҳои магнитии ҷозибавӣ ва электрикӣ дорад. Ба амали майдони ҷозибавии Замин шакли куравии Замин, бисёр нишонаҳои релефи сатҳи замин, маҷрои дарёҳо, ҳаракати пиряхҳо ва дигар равандҳо сабаб шудаанд. Манбаи асосии майдони магнитии Замин дар ҳастаи сайёра ҷойгир аст (нигар Магнетизми Замин). Соҳаи фазои наздизаминӣ, хосияти физикии он, ки аз рӯйи майдони магнитии Замин ва таъсири мутақобилаи он бо боди офтобӣ муайян карда мешавад, магнитосфера ном дорад. Бо майдони магнитии Замин май­дони электрикии он сахт алоқаманд аст. Замини сахт заряди электрикии манфӣ (қариб — 3∙10² Кл) дорад, ки он бо заряди мусбии ҳаҷмии атмосфера пур карда мешавад.

Таркиби кимиёии Замин

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мақолаи асосӣ: Геокимиё
Ҷадвали оксидҳои қишри Замини Ф. У. Кларк[11]
Пайвастҳо Формула Фоиз
Оксиди силитсий(IV) SiO2 59,71 %
Оксиди алюминий Al2O3 15,41 %
Оксиди калсий CaO 04,90 %
Оксиди магний MgO 04,36 %
Оксиди натрий Na2O 03,55 %
Оксиди оҳан(II) FeO 03,52 %
Оксиди калий K2O 02,80 %
Оксиди оҳан(III) Fe2O3 02,63 %
Об H2O 01,52 %
Оксиди титан(IV) TiO2 00,60 %
Оксиди фосфор(V) P2O5 00,22 %
Ҳамагӣ 99,22 %

Бино ба фарзияҳои космо­гонии замони ҳозира таркиби кимиёии сайёраҳо, ради­фони онҳо ва шиҳобҳо бояд ба таркиби Офтоб наздик бошад. Таҳлили кимиёии ҷинсҳои за­минию қамарӣ, шиҳобҳо ва таҳлили спектрии Офтобро бо ҳам муқоиса карда, маълумотро доир ба зичӣ ва дигар хусусиятҳои физикии моддаҳои зеризаминӣ ба назар гирифта, таркиби Замин ва геосфераҳои гуногуни онро ба таври умумӣ тавсиф намудан мумкин аст.

Дар таркиби Замин (ҳам аз ҷиҳати масса ва ҳам аз ҷиҳати миқдори атомҳо) оҳан, оксиген, силитсий ва магний бартарӣ доранд. Ҷамъулҷамъи онҳо беш аз 90 дарсади массаи Заминро ташкил медиҳад. Қариб нисфи қишри Замин аз оксиген ва зиёда аз чоряки он аз силитсий иборат аст. Ҳиссаи алюминий, магний, калсий, натрий ва калий низ кам нест. Оксиген, силитсий ва алюминий пайвастҳои дар қишр хеле паҳншудаи дуоксиди силитсий (SiO2) ва гилзамин (Al2O3)-ро ташкил медиҳанд.

Дар зер маълумоти муфассал дар бораи таркиби кимиёии Замин оварда шудааст (барои газҳои инертӣ додаҳо бо 10−8см3/г; барои унсурҳои боқимонда — бо фоиз овада шудааст)[11].

Унсури кимиёӣ Паҳншавӣ (бо % ё бо 10−8см3) Унсури кимиёӣ Паҳншавӣ (бо % ё бо 10−8см3)
Ҳидроген (H) 0,0033 Рутений (Ru) 0,000118
Ҳелий (4He) 111 Родий (Rh) 0,0000252
Литий (Li) 0,000185 Палладий (Pd) 0,000089
Бериллий (Be) 0,0000045 Нуқра (Ag) 0,0000044
Бор (B) 0,00000096 Кадмий (Cd) 0,00000164
Карбон (C) 0,0446 Индий (In) 0,000000214
Нитроген (N) 0,00041 Қалъагӣ (Sn) 0,000039
Оксиген (O) 30,12 Сурма (Sb) 0,0000035
Фтор (F) 0,00135 Теллур (Te) 0,000149
Неон (20Ne) 0,50 Йод (I) 0,00000136
Натрий (Na) 0,125 Ксенон (132Xe) 0,0168
Магний (Mg) 13,90 Сезий (Cs) 0,00000153
Алюминий (Al) 1,41 Барий (Ba) 0,0004
Силитсий (Si) 15,12 Лантан (La) 0,0000379
Фосфор (P) 0,192 Серий (Ce) 0,000101
Сулфур (S) 2,92 Празеодим (Pr) 0,0000129
Хлор (Cl) 0,00199 Неодим (Nd) 0,000069
Аргон (36Ar) 2,20 Самарий (Sm) 0,0000208
Калий (K) 0,0135 Европий (Eu) 0,0000079
Калсий (Ca) 1,54 Гадолиний (Gd) 0,0000286
Скандий (Sc) 0,00096 Тербий (Tb) 0,0000054
Титан (Ti) 0,082 Диспрозий (Dy) 0,0000364
Ванадий (V) 0,0082 Голмий (Ho) 0,000008
Хром (Cr) 0,412 Эрбий (Er) 0,0000231
Манган (Mn) 0,075 Тулий (Tm) 0,0000035
Оҳан (Fe) 32,07 Иттербий (Yb) 0,0000229
Кобалт (Co) 0,084 Лютесий (Lu) 0,0000386
Никел (Ni) 1,82 Гафний (Hf) 0,000023
Мис (Cu) 0,0031 Тантал (Ta) 0,00000233
Рӯй (Zn) 0,0074 Волфрам (W) 0,000018
Галлий (Ga) 0,00031 Рений (Re) 0,000006
Германий (Ge) 0,00076 Осмий (Os) 0,000088
Арсен (As) 0,00032 Иридий (Ir) 0,000084
Селен (Se) 0,00096 Платина (Pt) 0,000167
Бром (Br) 0,0000106 Тило (Au) 0,0000257
Криптон (84Kr) 0,0236 Симоб (Hg) 0,00000079
Рубидий (Rb) 0,0000458 Таллий (Tl) 0,000000386
Стронсий (Sr) 0,00145 Сурб (204Pb) 0,000000158
Иттрий (Y) 0,000262 Висмут (Bi) 0,000000294
Сирконий (Zr) 0,00072 Торий (Th) 0,00000512
Ниобий (Nb) 0,00008 Уран (U) 0,00000143
Молибден (Mo) 0,000235 Плутоний (Pu)

Табақаи ҷуғрофиёӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қисми зиёди рӯи Заминро уқёнуси Олам ишғол кардааст (361,1 млн км2 ё 70,8 %). Уқёнуси Олам аз уқёнусҳои Ором, Атлантика, Ҳинд ва Яхбастаи Шимолӣ иборат аст; баъзе муҳаққиқон қисмҳои наздиарктикии уқёнусҳои Атлантика, Ором ва Ҳиндро ба уқёнуси алоҳида — Ҷанубӣ ҷудо мекунанд. Ҷойи амиқтарини уқёнус — новаи Мариана дар уқёнуси Ором, 10920 м, умқи миёнаи уқёнус — 3900 м. Хушкӣ 149,1 млн км2 (29,2 %)-ро ташкил медиҳад, ки шаш материки калон: Авруосиё, Африқо, Амрикои Шимолӣ, Амрикои Ҷанубӣ, Антарктида, Австралия ва ҳамчунин ҷазираҳои сершуморро ба вуҷуд овардааст. Ба материкҳо тақсим кардани хушкӣ бо тақсимот ба тарафҳои олам мувофиқат намекунад: Авруосиё ду тарафи олам — Ав­рупо ва Осиё ва материкҳои амрикоӣ як тарафи олам — Амрикоро дар бар мегиранд; баъзан ҷазираҳои уқёнуси Оромро ҳамчун қисмати махсус — Уқёнусия ҷудо меку­нанд, ки масоҳати он якҷо бо Австралия ҳисоб карда мешавад. 100,5∙106 км2-и материкҳо дар Нимкураи шимолӣ ва 48,5∙106 км2-аш дар Нимкураи ҷанубӣ ҷой гирифтаанд. Баландии миёнаи хушкӣ — 875 м. Нуқтаи баландтаринаш 8848 м (қ. Ҷомолунгма дар қ-кӯҳҳои Ҳимолой). Бештари материкҳо (48,2∙106 км²) аз пастиҳо (аз с. б. 0-200 м) иборат аст. Баландию пуштакӯҳҳо (аз с. б. 200—500 м) 33∙106 км2-и масоҳати хушкӣ, кӯҳҳои аз 500 м баландтар қисми боқимондаи хушкӣ, аз ҷумла кӯҳҳои баландиашон аз 200 м зиёд танҳо 16.106 км2-ро ташкил медиҳанд. Қариб 800000 км2-и хушкӣ аз с. б. пасттар ҷой гирифтааст, ки депрессия ном дорад.

Табақаи ҷуғрофиёӣ, яъне табақаи ландшафтӣ дорои хусусиятҳои табиии Замин аст, ки ғафсии он аз 40 км зиёд нест. Фаъолияти хоҷагии инсон дар ҳамин ҷо мегузарад. Энергияи манбаъҳои гуногун (асосан Офтоб) дар ҳудуди табақаи ҷуғрофиёӣ (ландшафтӣ) ба гармӣ, молекулавӣ, кимиёӣ, кинетикӣ, потенсиалӣ, электрӣ барин шаклҳои энергия табдил меёбад. Ба сабаби курашакл будани Замин табақаи ҷуғрофиёӣ ба минтақаҳои арзӣ тақсим шудааст, ки онҳо чун минтақаҳои гармии аз ҷиҳати иқлим фарқкунанда зоҳир мегарданд. Намуди рӯи Замин аз таъсири қувваҳои табиӣ ва фаъолияти хоҷагии инсон тамоман тағйир ёфтааст.

Манбаи асосии ҳамаи равандҳои дар табақаи ҷуғро­фиёӣ баамалоянда энергияи Офтоб мебошад. Байни тро­пикаи шимолӣ ва ҷанубӣ Офтоб дар як сол ду бор дар самтурраъс қарор мегирад; давомоти рӯз дар хатти истиво дар давоми сол ба 12 соат баробар буда, байни тропикаҳо аз 11 то 13 соат фарқ мекунад. Дар арзҳои муътадил байни тропикаҳо ва доираҳои қутбӣ дар самтурраъс қарор намегирад, баландии нисфирӯзии вай тобистон нисбат ба зимистон хеле зиёд аст. Ин тафовутҳои мавсимӣ баробари наздикшавӣ ба қутб меафзоянд. Тобистон Офтоб дар па­си доираҳои қутбӣ ғуруб ва зимистон вақти зиёд тулӯъ намекунад. Дар қутбҳо сол ба 6 моҳи рӯзона ва 6 моҳи шабона тақсим мешавад.

Дар ҳудудҳои атмосфера радиатсияи Офтоб таъсири минтақавӣ надорад, ки ба ин миқдори гуногуни буғи об ва ғубор, абрнокии гуногун ва дигар хусусиятҳои ҳолати газӣ ва коллоидии атмосфера сабаб мешаванд. Тақсимшавии хушкӣ ва баҳрҳо, хусусиятҳои орография, маҷрои баҳрҳо ҳам хусусияти ғайриминтақавӣ дорад.

Мақолаи асосӣ: Ҳидросфера

Ҳама таркибҳои ҳидросфера ё табақаи обии Замин об дорад. Ин об ҳамаи геосфераи Заминро фаро мегирад. Беш аз 94 дарсади ҳаҷми умумии ҳидросфера дар уқёнусу баҳрҳо, қариб 4 % дар обҳои зеризаминӣ, қариб 2 % дар таркиби криосфера ва ҳамагӣ 0,013 % дар обҳои рӯизаминии хуш­кӣ (дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо, ботлоқҳо) ҷойгир аст. Дар таркиби обҳои табиӣ қариб ҳамаи унсурҳои кимиёӣ мавҷуданд. Дар оби уқёнусҳо оксиген, ҳидроген, хлор ва натрий, дар оби хушкӣ карбонатҳо бартарӣ доранд. Миқдори моддаҳои минералӣ дар обҳои хушкӣ (шӯр) вобаста аз шароити маҳал ва пеш аз ҳама иқлим фарқ мекунад. Минералнокии дарёҳо ва кӯлҳои обашон ширин кам буда, шӯрии онҳо аз 50 то 1000мг/л тағйир меёбад. Шӯрии оби баҳрҳо аз 1 то беш аз 40 ‰ (баҳри Сурх) буда, ба ҳисоби миёна қариб 35‰-ро ташкил медиҳад. Намак аз ҳама бештар дар кӯлҳои обашон шӯр (баҳри Майит то 310 ‰) ва обҳои шӯри зеризаминӣ (то 600 ‰) ба назар мерасад. Барои уқёнуси Олам гардиши фаъоли об хос аст.

Қисми бештари ҳидросфера дар қишри Замин (ҳидрогео­сфера) ва мантияи Замин ҷойгир аст, вале обҳои зеризаминие, ки дар мубодилаи об бо муҳити атроф фаъолона иштирок мекунанд, фақат 0,7 дарсади захираҳои умумиро ташкил медиҳанд. Дар ҳудуди хушкӣ обҳои рӯизаминӣ дар кӯлҳо, обанборҳо, ботлоқҳо ва дарёҳо ҷамъ шудаанд. Миқдори зиёди об дар кӯлҳо (аз рӯйи баҳодиҳиҳои гуногун аз 176 то 275 ҳазор км3) мавҷуданд. Кӯлҳои сарбаста индикатори хосси тағйирёбии иқлим мебошанд.

Дар садаи XX обанборҳои калон сохта шуданд. Масоҳати обанборҳо аз 400 ҳазор км2 зиёд буда, якҷо бо масоҳати кӯлҳои танбаӣ (Байкал, Онега, Зайсан, Виктория, Онта­рио ва ғайра) ба 800 ҳазор км2 мерасад. Ҳавзҳои сунъӣ ҷо­ришавии устувори дарёҳои хушкиро тақр. 25 % зиёд мекунанд. Ҳаҷми асосии обҳои рӯизаминӣ дар бот­лоқҳо ҷамъ шудаанд. Масоҳати уму­мии ботлоқҳо қариб ба 3 млн км2 (қариб 2 дарсади хушкӣ) мерасад. Ҳаҷми умумии оби ботлоқҳо — қариб 11,5 ҳазор км3. Қисми аз ҳама серҳаракати ҳидросфера дарёҳо ме­бошанд. Ҳаҷми умумии оби дарёҳои ҷаҳон кариб 2120 км3-ро ташкил медиҳад, вале ин ҳаҷм дар давоми сол ба ҳисоби миёна қариб 24 бор нав мешавад; захираҳои обии дарёҳо дар як сол — қариб 43 ҳазор км3.

Дар табиати Замин криосфера, ки дар он захираҳои бузурги об (дар намуди яху барф) ва сардӣ ҷамъ шудаанд, нақши бузург дорад. Ях­ои табиӣ (аз ҷумла зеризаминӣ) масоҳати 72,4 млн км2 (14,2 дарсади рӯйи Замин ва 50 дарсади сатҳи хушкӣ), пиряхҳо ва пӯшишҳои пиряхӣ 16 млн км2 (11 дарсади хушкӣ), яхи зеризаминӣ 32 млн км2 (21,5 дарсади хушкӣ), яхи баҳрӣ 26 млн км2 (7 дарсади уқёнус)-ро ташкил медиҳанд; барфу ях рӯи Заминро дар давоми сол аз 53,6 то 91,2 млн км2 (дар охири садаи XX — ибтидои садаи XXI ба 99,2 млн км2 расид) мепӯшонанд. Массаи аз ҳама зиёди яхҳои рӯизаминиро пиряхҳо ва пӯшишҳои пиряхӣ ташкил медиҳанд (30∙1015, қариб 5 баробар зиёд аз массаи моеъҳои рӯйизаминӣ дар хушкӣ), дар онҳо 98,2 дарсади ҳамаи массаи ях ҷамъ шудааст. Яхбандии ҳозира дар Антарктида (ҳаҷмаш 23296630 км3, масоҳати паҳншавиаш 13979 ҳазор км2), Амрикои Шимолӣ бо Гренландия (2431773 км3, 2076,6 ҳазор км²), Аврупо (21082 км3, 92,1 ҳазор км2), Осиё (16260 км3, 136,8 ҳазор км2), Амрикои Ҷанубӣ (12690 км3, 32,3 ҳазор км2), Уқёнусия (550 км3, 0,82 ҳазор км2), Африқо (<1 км3, 0,02 ҳазор км2) паҳн шудааст. Масоҳати қабати мавсимии барф дар Нимкураи шимолӣ бештар буда, дар он ҷо он материки бузургро мепӯшонад; дар Нимкураи ҷанубӣ барф камтар буда, бештар дар хушкии уқёнуси Олам ба назар мерасад. Яхҳои баҳрӣ зимистон дар Нимкураи ҷанубӣ дар масоҳатҳои калони уқёнуси Олам дар атрофи Антарктида, дар минтақаи бараш 500—2000 км ба вуҷуд омада, тобистон об мешаванд ва аз онҳо танҳо изи борик боқӣ мемонад. Дар натиҷаи гармшавии глобалии иқлим ҳаҷми криосфера кӯтоҳ ва масоҳати яхҳои бисёрсола дар уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ кам мешавад: дар 10 соли охири садаи XX — ибтидои садаи XXI қариб 9 % дар моҳи декабр ва 2,5 % дар моҳи март. Давомоти яхбандӣ дар дарёҳо ва кӯлҳо кам шуда, дар аксарияти ноҳияҳои кӯҳистон пиряхҳо об шуда завол меёбанд.

Минтақа ва ноҳияҳои ҷуғрофиёӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Минтақаҳои ҷуғ­рофиёӣ ва ноҳияҳои ҷӯрофиёӣ дар рӯи Замин мувофиқи қо­нуни сайёравии минтақавии ҷуғрофиёӣ тақсим карда мешаванд. Ҳамзамон ба сохтори минтақавии тақсимкунии хушкӣ ва уқёнусҳо тарҳи материкҳо ва масоҳати хушкӣ дар арзҳои гуногун, хусусияти шаклҳои калони релеф ва ғ. таъсири зиёд мерасонанд. Минтақаҳои ҷуғрофиёӣ вобаста ба он, ки ташаккули онҳо дар навбати аввал ба ҳаҷми радиатсияи Офтоб вобаста аст, масоҳати дақиқи арзии дохилӣ доранд. Дар ҳудуди минтақаҳо, ки дар хушкии Замин ҳудудҳои нисбатан васеъро ишғол мекунанд, дар натиҷаи тавозунҳои гуногуни энергия ва шароитҳои намнокӣ тафовутҳои тӯлию бахшӣ зоҳир мешаванд. Хушкии Заминро ба минтақаҳои арктикӣ, антарктикӣ, суб­арктикӣ, субантарктикӣ, муътадил, субторопикӣ, тро­пикӣ, субэкваторӣ ва экваторӣ тақсим мекунанд.

Минтақаи арктикӣ масоҳати 6 млн км2 ё 4 дарсади хушкиро ишғол мекунад. Дар ноҳияҳои биёбонҳои арктикӣ ва тундраҳои арктикӣ, ки васеъ паҳн шудаанд, ҷазираҳои Канадаи галаҷазираҳои Арктика, ҷазираи Шписберген, қисми шимолии нимҷазираҳои Ямал, Гидан, Таймир ва ғ. ҷойгиранд.

Минтақаи антарктикиро қариб пурра биёбонҳои яхпӯши Антарктика фаро гирифтаанд, ки масоҳати 14 млн км² ё 9,4 дарсади хушкиро ишғол мекунанд.

Минтақаи субарктикӣ масоҳати 13,5 млн км2 ё 9 дарсади хушкиро ишғол мекунад. Ноҳияҳои ҷуғрофиёӣ дар ҳудуди минтақа густариш ёфта, тундраҳои шимол дар ҷануб ба бешаҳои сираки тундра иваз мешаванд.

Минтақаи субантарктикиро марғзорҳои назди­уқё­нусӣ асосан дар ҷазираҳои қисми ҷанубии уқёнуси Ат­лантика фаро гирифтаанд.

Минтақаҳои муътадил дар Замин аз ҳама паҳновартарин буда, масоҳати 38,8 млн км² ё 26 дарсади хушкиро ишғол мекунанд. Дар минтақаи муътадили Нимкураи шимолӣ ҳаҷми хушкӣ дар арз аз ҳама зиёдтар буда, дар Нимкураи ҷанубӣ хеле танг ва тадриҷан ба ҷануб дохил мешавад. Бинобар ин ландшафтҳои хушкӣ дар арз тӯл кашидаанд ва сарҳадди ноҳияҳо дар арз хеле васеъ шудааст. Тафовути шиддати гардиши биологӣ дар минтақаи муътадили Ним­кураи шимолӣ, ки боиси афзоиши таъминоти гармӣ дар самти ҷануб гардидааст, имкон медиҳад, ки дар ҳудуди он ду зерминтақа — бореалӣ дар шимол ва суббореалӣ дар ҷануб ҷудо карда шавад. Минтақаи бореалӣ бештар ноҳияи тайгаро, ки хеле васеъ аст, дар бар мегирад ва ба се зерноҳия — шимолӣ, миёна, ҷанубӣ ҷудо карда ме­шавад. Дар ҳудудҳои минтақаи суббореалӣ, ки таъминоти гармӣ хеле баланд аст, таносуби гармӣ ва намӣ на танҳо дар арз, балки дар тӯл низ хеле тағйир меёбад, ки ин боиси гуногунии зиёди сохтори он мегардад. Дар ҳудудҳои бахши уқёнусӣ бешаҳои дарахтони паҳнбарг бартарӣ доранд. Дар бахшҳои уқёнусии ғарбии Авруосиё ва Амрикои Шимолӣ зери таъсири аз ғарб воридшавии шамол ва ҷараёнҳои уқёнусии гарм (Голфстрим, Куросио) ноҳияҳои ҷуғрофиёӣ васеъ шудаанд ва ба самти шимол ҷой иваз намудаанд, вале дар бахшҳои наздиуқёнусии шарқӣ ҷараёнҳои сарди уқёнусӣ ҳудуди ноҳияҳоро дар ҷануб танг кардаанд. Дар бахшҳои хушкии ноҳияҳои Авруосиё бешадаштҳо, даштҳо, нимбиёбонҳо ва биёбонҳо васеъ паҳн шудаанд, вале дар Амрикои Шимолӣ дар робита ба нақши монеавии Кордилера густариши субмеридианӣ доранд.

Минтақаҳои субтропикӣ масоҳати 21,6 млн км2 ё 14,5 дарсади хушкиро ишғол мекунанд. Барои онҳо иваз­шавии хеле мураккаби ноҳияҳо хос аст, ки бо дараҷаи гуногун ва хусусияти намнокӣ алоқаманд мебошад. Дар Нимкураи шимолӣ минтақаи субтропикӣ аз маҷмӯи томи ноҳияҳо ва спектрҳои баланди ландшафтҳо иборат буда, сохтори ноҳиявии минтақаи субтропикӣ дар Нимкураи ҷанубӣ хеле сода аст. Дар бахши наздиуқёнусии ғарбии ҳамаи материкҳо ноҳияҳои бешаҳои ҳамешасабзи да­рах­тони дуруштбарг инкишоф ёфтаанд, дар бахши хуш­кӣ нимбиёбону биёбонҳо доман густурдаанд, ки дар Нимкураи шимолӣ масоҳати васеъро ишғол мекунанд. Ҳангоми ҳаракат ба соҳилҳои шарқии материкҳо ним­биё­бонҳо ва биёбонҳоро даштҳо ва прерияҳо (даштҳои васеъ дар Амрикои Шимолӣ) иваз карда, тадриҷан ба бешаҳои омехтаи намнок табдил меёбанд.

Минтақаҳои тропикӣ масоҳати 29,1 млн км2 ё 19,5 дарсади хушкиро ишғол мекунанд. Дар ин минтақаҳо ландшафтҳои гарму хушки биёбонӣ ва нимбиёбонӣ инкишоф ёфта, дар Африқо, Австралия, Осиё, инчунин Амрикои Ҷанубӣ масоҳати васеъро фаро гирифтаанд. Ба туфайли гардиши устувори боди хушк (пассатӣ) дар соҳилҳои ғарбии материкҳо биёбонҳои соҳилии нисбатан сернам (Атакама, Намиб) ташаккул ёфтаанд. Дар Нимкураи ҷанубӣ дар соҳилҳои ғарбии материкҳо зери таъсири ҷараёни сарди уқёнусӣ сарҳадди минтақаи тропикӣ ба шимол наздик мешавад. Дар канораҳои шарқии материкҳо дар ҳудудҳои минтақаҳои тропикӣ бешаҳои мавсимӣ ва намноки доимӣ ташаккул меёбанд.

Минтақаҳои субэкваторӣ масоҳати 19,6 млн км² ё 13,1 дарсади хушкиро ишғол мекунанд. Мувофиқи афзоиши намнокии умумӣ аз зонаҳои тропикӣ то экватор саваннаҳои биёбоншуда, бешаҳои сирак, буттазорҳо, бе­шаҳои намноки ҳамешасабз ва намноки мавсимӣ ҳам­дигарро дар масоҳати васеъ иваз мекунанд. Дар Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ ивазшавии васеи арзии ноҳияҳо равшан маълум аст. Дар Осиё дар робита ба гардиши атмосфера ва нақши монеавии релеф ҳудуди ноҳияҳо бештар тамоюли субмеридианӣ дорад.

Минтақаи экваторӣ дар масоҳати 6,4 млн км2 ё 4,4 дарсади хушкӣ, дар Амрикои Ҷанубӣ, Африқо ва Осиё доман густурдааст. Сохтори ноҳиявии минтақа хеле сода аст: дар ҳудуди он ноҳияҳои бешаҳои ҳамешасабзи серборон мавҷуданд, ки аз шимол, шарқ ва ҷануб бо ноҳияҳои бешаҳои ҳамешасабзи омехта бо дарахтони баргрез фаро гирифта шудаанд.

Таърихи геологии Замин

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар тӯли беш аз 4,54 млрд соли мавҷудият сайёраи Замин таҳаввулоти мураккабро аз сар гузаронидааст[12]. Фаҳмиши ягонаи таърихи геологии Замин, бахусус давраҳои ибтидоии инкишофи сайёра вуҷуд надорад. Таърихи геологии Замин дақиқан аз 1 млрд сол пеш оғоз меёбад. Дар таърихи инкишофи геологии Замин давраҳои венд (600—535 млн сол пеш), кембрий (535—490 млн сол пеш), ордовик (490—443 млн сол пеш), силур (443—418 млн сол пеш), девон (418—360 млн сол пеш), ангиштсанг (360—295 млн сол пеш), перм (295—251 млн сол пеш), триас (251—200 млн сол пеш), юра (200—145 млн сол пеш), табошир (145-65 млн сол пеш), палеоген (65-23 млн сол пеш), неоген (23-1,8 млн сол пеш), давраи чорумин (1,8 млн сол пеш — то имрӯз)-ро ҷудо мекунанд. Давраҳо дар эраҳои палеозой (535—251 млн сол пеш), мезозой (251-65 млн сол пеш) ва кайнозой (65 млн сол пеш — то имрӯз) муттаҳид шудаанд. Пораҳои калонтарини таърихи геологии Замин — эонҳо (мас. фанерозой — 535 млн сол пеш) ва арконҳо [архейҳо (то 2,5 млн сол пеш) ва протерозой (2,5-0,535 млн сол пеш), ки дар токембрий ҷудо карда мешаванд] дар баробари эраҳои палеозой, мезозой ва кайнозой ба давраҳои бузурги инкишофи олами органикии Замин мувофиқат мекунанд.

Дар давраи тоархей (то 4 млрд сол пеш), ки даво­моти онро баъди аккретсия олимон аз 10 то 150 млн сол муайян кардаанд, Замин хеле гарм ва гудохта буд. Он ба ҳастаи филиззии моеъ (асосан оҳан) ва мантияи силикатӣ, ки қисми болоии он «уқёнуси тафта»-и ғафсиаш якчанд сад км буд, ҷудо мешуд. Массаи асо­сии об як қисми атмосфераи қадимии аз буғи об ва газҳо (асосан гази карбон ва нитроген) таркибёфта буд. Баъзе олимон нисбатан дер­тар дар натиҷаи бегазшавии қаъри Замин дар рафти тадриҷан сардшавии сайёра ба вуҷуд омадани атмосфераро тахмин мекунанд.

Замин дар давоми 1 млрд сол бо суръати 100°С ба сардшавӣ сар кард. Ҳангоми сардшавии «уқёнуси тафта» дар сатҳи он қишри сахт — қишри ибтидоии заминӣ, шояд, таркибаш базалтӣ ба вуҷуд омад. Замин аз ҷониби шиҳоб­пораҳо бомбаборон шуд, ки дар натиҷаи он дар рӯйи Замин танӯраҳои сершумори андоза­ашон гуногун ташаккул ёфтанд. Дар ҷойҳои афтиши шиҳобпораҳо гудозаҳо ҷорӣ шуданд. Вақте ки ҳарорати Замин аз ҳарорати ҷӯшиши об паст шуд, аз атмосфераи қадимӣ миқдори зиёди об борид, ки он уқёнуси Оламро ба вуҷуд овард: об дар натиҷаи сардшавӣ ва шӯшабандии мантия қисман ҷудо шуд.

Ба плитаҳо (порчаҳо)-и андозаашон хурд тақсимшавии литосфераи ибтидоӣ қариб 4,3-4 млрд сол пеш ба амал омад, ки ба он селҳои конвексионӣ дар мантия ва баландшавии ҷараёни моддаҳои гармшудаи қаърии мантия мусоидат намуданд. Ғайр аз ин дар натиҷаи ҷоришавии гудозаи таркиби фавқуласосӣ қитъаҳо бо литосфераи ибтидоӣ зич ташаккул ёфтанд, ки онҳо ба мантияи пои­нии қисман гудохташуда фурӯ рафтанд. Тектоникаи «ҷа­нинӣ»-и плитаҳо сар шуд. Дар ноҳияҳои аз ҳам дуршавии плитаҳо қишри уқёнусии нав ва дар ноҳияҳои наздикшавии плитаҳо мавзеъҳои зичшавии литосфераи ибтидоӣ пайдо шуданд. Дар ноҳияҳои зичшавии лито­сфераи ибтидоӣ, ҷойҳои зичшавии тектоникӣ ва ғафс­шавии қишри базалтии ибтидоӣ манбаъҳои тафтаи ан­дезитӣ пайдо шуданд, ки барои ташаккули моддаҳои қиш­ри континентӣ (хушкӣ) ҳамчун асос хидмат карданд.

Дар давраи архей (қариб 4-2,5 млрд сол пеш) қисми зиёди рӯйи Заминро уқёнус бо қишри базалтӣ ишғол кард, ки дар ҳудудҳои он камонакҳои андезитии сершумори вулканӣ, инчунин пуштакӯҳҳои вулкании дохилиплитавӣ ва байниплитавии гунаи Исландияи ҳозира мавҷуд буданд. Мантияи болоӣ нисбат ба мантияи ҳозира гармтар буд ва плитаҳои литосферии дар мантия фурӯрафта ба мантияи поинӣ фурӯ нарафта, тез гарм мешуданд. Аз мантия миқ­дори зиёди гудозаи таркиби фавқуласосӣ гудохта мешуд. Дар раванди фурӯравӣ фазои байни камонакҳо тадриҷан кам шуда, бархӯрди камонакҳои вулканӣ ба амал омад, ки натиҷаи он пайдошавии қитъаҳои қишри континентии ибтидоӣ («ҳаста»-и қитъаҳои оянда) мебошад. Дар охи­ри архей дар ҳудудҳои қитъаҳои муттаҳидшудаи қиш­ри континентӣ кӯлу дарёҳо мавҷуд буданд, ҷилдҳои плат­формавии ибтидоӣ (оҳаксанг дар ҷануби Африқо ва ғар­би Австралия) ғун шуданд. Дар интиҳои архей дар натиҷаи бархӯрди «ҳастаҳо»-и сершумор бо қишри кон­тинентии ибтидоӣ ва магматизми калий-натрийи гранитоидии ка­лон­миқёс қитъаҳои васеъ (ё аввалин дар таърихи Замин фав­қулконтиненти Моногей, ки онро Пангей 0 низ меноманд) ташаккул ёфтанд. Дар давоми инкишофи архейии Замин 50- 70 % (шояд бештар)-и ҳаҷми моддаҳои ҳозираи қишри континентҳо ташаккул ёфтааст. Дар давоми архей оби уқёнус тадриҷан сард шуд. Ҳудуди 2,5 млрд сол пеш бо нахустин яхбандии умумӣ — яхбандии Гурон машҳур аст. Таввасути фаъолияти ҳаётии бактерияҳои сианӣ дар атмосфераи Замин бори нахуст оксигени озод пайдо шуд.

Дар давраи протерозою фанерозой (2,5-0 млрд сол) дар натиҷаи сардшавии умумии Замин плитаҳои литосферии дар мантия фурӯрафта ба қисмҳои поинии он расиданд; ин боиси танзими тамоми низоми ҷойи­вазкунии гармӣ дар мантия ва пайдоиши давраҳои хуш­кии бузурги тектоникии дарозмуддат гардид. Дар давоми ин давраи инкишофи геологии Замин қитъаҳои хушкӣ завол ва аз нав ташаккул ёфтанд, уқёнусҳо пайдо ва нест шу­данд. Бо такроршавӣ дар 750 млн сол қитъаҳои бузурги хушкии устувор ташаккул ёфтанд. Қитъаҳои хушкии бузурги камтар устувор, эҳтимол, дар миёнаи давраҳои фавқулконтинентӣ (2125, 1375 ва 625 млн сол пеш) пайдо шудаанд. Ҳаҷми миёнаи плитаҳои литосферӣ ва ғафсии онҳо тадриҷан зиёд ва шумораи плитаҳо кам шуд. Таркиби қишри уқёнусӣ аз коматииту базалтӣ ба базалтӣ мубаддал гардид. Дар минтақаҳои бархӯрди хушкиҳо ва дар канораҳои фаъоли хушкиҳо дар натиҷаи равандҳои чиндоршавӣ, метаморфизм ва гранитшавии ғафсиҳои таҳшинӣ ва вулкании дар уқёнусҳо ғуншуда пораҳои нави қишри континентӣ ташаккул ёфтанд; минтақаҳои кӯҳии чиндор ба вуҷуд омаданд. Дар 2,5 млн соли охир давраҳои гармшавиҳои умумӣ бо давраҳои сардшавиҳои кӯтоҳмуддат (чанд вақт дар токембрийи ибтидоӣ, баъд 700—600, 455—445, 325—290, ва 10-0 млн сол пеш) иваз шуданд, ки боиси яхбандиҳои рӯйи Замин гардиданд. То 2,5 ва на дертар аз 1,0 млрд сол пеш (ба эҳтимоли зиёд 1,7 млрд сол пеш) ҳастаи Замин ҷудо шуд.

Дар аввали протерозойи ибтидоӣ хушкии бузурги охири архей дар натиҷаи пайдо шудани рифҳои континентӣ ва минбаъд ба рифҳои байниконтинентӣ табдил ёфтани онҳо ва оғози пайдошавии қишрҳои уқёнусии нав аз байн рафт. Ҳавзаҳои уқёнусии пайдошуда, ки хушкиҳоро ҷудо карда, минтақаҳои серҳаракати протерозойи ибтидоиро ба вуҷуд овардаанд, аз рӯйи давраи Вилсон инкишоф ёфтаанд. Басташавии ҳавзаҳои уқёнусӣ дар натиҷаи бархӯрди блокҳои хушкии онҳоро маҳдудкунанда дар охири про­терозой (1,8-1,6 млн сол пеш) боиси пайдоиши хушкии бузурги на­ви Мегагей (онро Пангейи I низ меноманд) гардид. Дар охири дав­раи чиндоршавӣ (аз рӯйи ҷадвали стратиграфии байналмилалӣ — ибти­дои мезозой ва протерозой) хушкии бузург пора-пора ва дар охири давраи чиндоршавӣ (охири мезозой ва протерозой, қариб 1 млрд сол пеш) Родиния ё Пангейи II пайдо шуд. Дар ибтидои давраи чиндоршавии охирин (ибтидои палеопротерозой) Родиния ба Лаврентия (платформаи Амрикои Шимолӣ), Балтика (платформаи Аврупои Шарқӣ), Сибир (платформаи Сибир), Сино-Корея (платформаи Хи­той, Корея), Янсзи (платформаи Хитойи Ҷанубӣ), Тарим (массиви Та­рим), Баренс-Гиперборей (платформаи фарзиявии Гиперборей) ва ба дараҷаи зиёд ба Гондванаи муттаҳид (платформаҳои ҷанубӣ — Амрикои Ҷанубӣ, Африқо, Ҳин­дустон, Австралия, Антарктидаро муттаҳид кард) тақсим шуд. Хушкиҳои қадимӣ ба ҳавзаҳои уқёнусии нав тақсим шуданд, ки онҳо баъд минтақаҳои серҳаракати фанерозой: Протояпетус (минтақаи Анлантикаи Шимо­лӣ), Прототетис (минтақаи баҳри Миёназамин), уқёнуси Палеоосиёӣ (минтақаи Урал-Охота)-ро ба вуҷуд оварданд. Ҳамаи пораҳои хушкиро, эҳтимол, уқёнуси Прапатсифик иҳота мекард, ки дар сарҳадди он бо материкҳо мин­тақаи серҳаракати уқёнуси Ором инкишоф ёфт. Дар охи­ри протерозой ва палеозой минтақаҳои серҳаракат таҳаввулоти мураккаб ва бисёрдавраро аз сар гузаронданд. Хотимаёбии инкишофи онҳо (ғайр аз минтақаи уқёнуси Ором) дар натиҷаи басташавии уқёнусҳо ва бархӯрди хушкиҳои қадимӣ дар аввали мезозой боиси ташаккули хушкии бузурги Пангей гардид.

Дар натиҷаи тақсимшавии Пангей дар ҳудуди юраи ибтидоӣ ва миёна (қариб 175 млн сол пеш) уқёнусҳои ҳозираи Атлантик, Ҳинд, Яхбастаи Шимолӣ, инчунин уқёнуси Неотетис ба вуҷуд омаданд. Кушодашавии уқё­нусҳо дар бисёр минтақаҳои Замин дар давраи табошир ба вулканизми траппӣ (музофоти траппии Парана дар Ам­рикои Ҷанубӣ, Этендек дар Африқо, Декан дар нимҷазираи Ҳиндустон ва ғайра) сабаб шуд. Ҳангоми басташавии Нео­тетис, ки дар ҳудудҳои он хушкиҳои хурди сершумор — «хушкиҳои кандашуда»-и Гондвана (ки ин уқёнусро ба ҳавзаҳои алоҳида ҷудо карданд) мавҷуд буданд, минтақаи серҳаракати Алпу Ҳимолой ташаккул ёфт. Ҳавзаҳои аз қадим боқимондаи Неотетис пастхамиҳои Ион ва Левантин дар қисми шарқии баҳри Миёназамин мебошанд. Дар эраи мезозой дар натиҷаи рифпайдошавӣ дар паси камонакҳои вулкании ҷазираҳо пастиҳои Черноморияи Шарқӣ, Черноморияи Ғарбӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва дар эраи кайнозой пастиҳои ғарбии баҳри Миёназамин (пастиҳои Алҷазоир, Тиррен ва ғайра) ташаккул ёфтанд. Масоҳати уқёнуси Ором дар давоми мезозой ва кайнозой аз ҳисоби ба самти он ҳаракат кардани хушкиҳои ҳамҳудуд кам шуд. Дар минтақаи серҳаракати уқёнуси Ором дар мезозой ва кайнозой ҳодисаҳои муҳимми тектоникӣ ба амал омаданд. Бархӯрди камонакҳои ҷазиравӣ бо канори Амрикои Ши­молӣ ва Амрикои Ҷанубӣ дар охири мезозой боиси та­шаккули кӯҳҳои чиндори Кордилера ва чиндоршавии Анд­ҳои Марказӣ гардид. Тақр. дар ҳамин вақт дар натиҷаи бархӯрдҳо дар канори шимолии Осиё минтақаи чиндори Чукоткаи Боло пайдо шудааст. Ҳодисаҳои тектоникӣ дар давраи мезозой тамоми музофоти шарқии Осиёро фаро гирифта буданд.

Дар охири кайнозой, дар давраи тектоникии нави ин­кишофи Замин сохтори ҳозира ва релефи Замин комилан шакл ги­рифт. Бархӯрди бардавоми хушкиҳои бузурги Ҳин­дустон бо Авруосиё боиси пайдоиши баландтарин кӯҳҳои Ҳи­молой ва ташаккули кӯҳҳои минтақаи Осиёи Марказӣ (Ҳиндукуш, Қарақорум, Помир, Тиёншон, Кунлун, Нан­шан, Синлин, Олтой, Саяна, кӯҳҳои Назди Байкал ва Паси Байкал) гардид. Дар қисми шимолу шарқии ин минтақа силсилахарсанги зериобии Байкал пайдо шуд. Ба самти шимол ҷойивазкунии плитаи Арабистон боиси пайдоиши халиҷи Адан ва баҳри Сурх гардида, онро аз плитаи Африқо ҷудо кард. Ба самти шимолу ғарб ҷоивазкунии як қисми нимҷазираи Арабистон боиси қадафрозии силсилакӯҳҳо дар ҷанубу ғарби Осиё (аз ҷумла Қафқози Калон ва Хурд) гардид. Дар сарҳадди миотсен ва плиотсен дар уқёнуси Олам силсилаи ҳозираи қ-кӯҳҳои миёниуқёнусӣ ташаккул ёфт, ки Антарктидаро аз Амрикои Ҷанубӣ ҷудо кард. Дар давраи чорумин ноҳияҳои шимолии Аврупо ва Амрикои Шимолиро қабатҳои сершумори барф пӯшонданд.

Таърихи инкишофи олами органикӣ дар Замин

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тасав­вуроти ҳозира дар бораи давраҳои аввали инкишофи ҳаёт дар Замин асосан фарзиявӣ мебошанд, чунки давраи син­тези абиогенӣ ва таҳаввулоти пайвастҳои органикӣ аз ҳудудҳои аз ҷиҳати геологӣ ҳуҷҷатикунонидаи таърихи Замин (қариб 4 млрд сол пеш) берун мебароянд. Эҳтимол, ин равандҳо ба давраи сайёраи нахустин тааллуқ доранд ва шояд шакли аввалини тоҳуҷайравии ҳаёт дар рӯйи Замин макони муваққатии ассамблеяҳои худҳосилкунандаи молекулаҳои кислотаҳои рибонуклеат (КРН) буданд, ки дар сатҳҳои намнок дар натиҷаи хушк шудани ҳавзҳои хурд пайдо шудаанд. Дар ин асос шаклҳои бештар устувор ва сервазифаи КРН (ба ном риботситҳо) пайдо шуданд, ки дар худ моддаҳои ҳидрофибиро синтез ва адсорбсия карда тавонистанд. Пайдоиши дастгоҳи синтези сафеда ва кислотаҳои дезоксирибонуклеат (КДН) барои таҳаввулоти биологӣ шароит муҳайё карданд.

Таърихи инкишофи ҳаёт дар Замин аз рӯи боз­ёфтҳои боқимондаи организмҳо ва изи фаъо­ли­яти ҳаётии онҳо, ки дар таҳнишастҳои ҷинс­ҳои кӯҳӣ боқӣ мондаанд, аз нав барқарор карда ме­шавад.

Дар ибтидои архей дар шароити атмосфераи гази карбон ва нитрогенаш нисбатан зич ва ҳарораташ хеле баланд аввалин прокариотҳо пайдо шуданд. Қадимтарин боқимондаҳои онҳо дар ҷинсҳои метаморфии Гренландия (синна­шон қариб 3,85 млрд сол) дарёфт гардиданд. Организмҳои аввали архей (синнашон қариб 3,5 млрд сол) гурӯҳҳои гуногуни архебактерияҳо ва бактерияҳо мебошанд. Дар охири архей қис­ман аз атмосфера ҷудошавии CO2, пасшавии фишор ва ҳарорати атмосфера ба амал омад. Ҷамоаи прокариотҳои гармидӯст ҷойи худро ба шаклҳои сардидӯст доданд, микроорганизмҳои фотосинтезкунанда (асосан бактерия­ҳои сианӣ) паҳн шуданд. Дар охири архей (қариб 2,7-2,5 млрд сол пеш), эҳтимол, эукариотҳо, аз ҷумла обсабзҳо пайдо шудаанд.

Дар давраи протерозой намудҳои гуногуни эукари­отҳо ба қайд гирифта шудаанд: қариб 2,3-2 млрд сол пеш аллакай занбӯруғҳои микроскопӣ вуҷуд доштанд, қариб 1,8 млрд сол пеш рустаниҳо ва ҳайвоноти ҳуҷайрадор (исфанҷиҳо) пайдо шуданд. Мисли архей дар протерозой ғуншавии маҳсулоти фаъолияти ҳаётии бактерияҳои си­анӣ ва дигар бактерияҳо ба амал омад. Қадимтарин бозёфтҳои боқимонда ва изи ҳаракати ҳайвоноти сер­ҳуҷайраи ҳуфрадор ба нимаи якуми протерозой (қа­риб 1,5-1 млрд сол) тааллуқ доранд. Қадимтарин рӯда­ковокҳои фарзиявӣ аз таҳнишастҳои синнашон қариб 1,5 млрд сол пеш маълуманд. Тақр. 1,3-1 млрд сол пеш дар натиҷаи муътадилшавии таркиби намак ва ҳаҷми оби баҳрҳо аф­зоиши тези намудҳои гуногуни эукариотҳо сар шуд.

Дар давраи венд (қариб 600—535 млн сол пеш) ҷонварони гуногуни серҳуҷайраи нармбадан инкишоф ёфтанд, ки баъзе аз онҳо ба ҳайвоноти бемуҳраи ҳозира монанд буданд: медузаҳо, марҷонҳои ҳаштпои нарм, паҳн­кирмҳо, ҳалқакирмҳо, бандпойҳо, нармбаданҳо, хор­пӯс­тон. Дар ин давра аввалин ҳайвонҳои бузургҷусса (дарозиашон беш аз 1 м) пайдо шуданд. Дар баъзе гурӯҳи ҷонварон устухонбандии органикӣ вуҷуд дошт.

Дар давоми протерозой тадриҷан миқдори О2 зиёд ва миқдори гази карбон дар атмосфера кам шуд, низоми намаки ҳидросфера тағйир ёфт. Эҳтимол, дар робита ба ин равандҳо дар давоми давраҳои венд ва кембрий (қариб 542—535 млн сол пеш) бисёр организмҳо барои ташаккули устухонбандии минералӣ (оҳакӣ, силитсийӣ, фосфорӣ) қобилият пайдо карданд. Шояд, қобилияти ташаккулдиҳии устухонбандӣ сабаби асосии «таркиши таҳавулоти»-и кембрийӣ гардид, ки дар рафти он навъҳои асосии ҳайвоноти серҳуҷайра пайдо шуданд ва ҷамоаи бентосии баҳрӣ (нигар Бентос) ташаккул ёфт.

Дар давраи кембрий (қариб 535—490 млн сол пеш, дар ибтидои палеозой) бори аввал гурӯҳи зиёди ҳайвоноти гуногун ба қайд гирифта шуданд, ки баъдтар васеъ паҳн гардидаанд: фораминифераҳо, радиолярияҳо, конулятҳо, нармбаданҳои гуногун, трилобитҳо, китфпойҳо, хорпӯс­тон, граптолитҳо, конодонтҳо ва ғ. Археотсиатҳо сирф барои ҳамин давра хоссанд. Дар миёнаи кембрийи аввал (қариб 526 млн сол пеш) пардадорон, хордадорони бе косахонаи сар ва муҳрадорони моҳишакли қадимӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар охири кембрий ҷонварони беҷоғи биниашон дусӯроха пайдо шуданд. Дар соҳилҳо дар ин вақт ҷамоаҳои бактерияву обсабзҳо, занбӯруғҳо, гулсангҳо ва ҷонварони бемуҳраи рӯйизаминии қадимӣ (кирмҳо ва ҳазорпоён) вуҷуд доштанд; бо иштироки он­ҳо хоки сода ташаккул ёфт. Баъд (дар давоми тамоми фанерозой) асосан дар натиҷаи таҳаввулоти гурӯҳҳои дар давраи кембрий пайдошуда биотаҳо нав шуданд. Омил­ҳои асосии ин равандҳо сайри қитъаҳо, тағйироти иқлим, тасаллут ва таназзули баҳрҳо буданд.

Дар давраи ордовик (қариб 490—443 млн сол пеш) ҳамаи синфҳои асосии ҳозираи ҷонварони бемуҳраи баҳрӣ пайдо шуданд. Навъҳои гуногуни табулятҳо, триболитҳо, эвриптеридҳо, китфпойҳо, граптолитҳо, нармбаданҳои ду­палла, шикампойҳо ва сарпойҳо вуҷуд доштанд. Мар­ҷонҳои чорпо ва строматопоратҳо, нармбаданҳои белпо, мшанкаҳо, савсанҳои обӣ, хорпуштҳои баҳрӣ, ситораи баҳрӣ, офиураҳо, пуфакҳои баҳрӣ, ҳайвоноти қаноту ғал­самадор, телодонтҳо ва ҷоғдаҳонҳои қадимӣ пайдо шу­данд. Бо иштироки марҷонҳо ва строматопоратҳо авва­лин харсангҳои зериобӣ ба вуҷуд омаданд. Дар охири ордовик рустаниҳои рӯйизаминӣ пайдо шуданд. Дар интиҳои давра яхбандии бузург ба амал омад ва бисёр гурӯҳҳои ҷонварони баҳрӣ (қариб 60 дарсади ҷинсҳо) нобуд гардиданд.

Дар давраи силур (қариб 443—418 млн сол пеш) тамоми гурӯҳҳои ҷонварони бемуҳра ташаккул ёфтанд ва нахустин муҳрадорони содатарин ва рустаниҳои раг­дор пайдо шуданд. Пайдоиши пӯшиш аз рустаниҳои раг­дор эрозияи хокро хеле кам карда, ба ташаккули хоки мустаҳкам ва пайдоиши ҳавзҳои обашон ширин мусоидат кард.

Дар нимаи дуввуми палеозой (қариб 418—251 млн сол пеш) дар уқёнусҳо ва обанборҳои хушкӣ навъҳои гуногуни моҳӣ пайдо шуданд ва дар хушки рустаниҳову ҳайвонот васеъ паҳн гардиданд. Дар ин вақт дар натиҷаи ҷойвазкунии порчаҳо (блокҳо)-и хушкӣ дар Нимкураи шимолӣ тафриқаи биогеографии биотаҳои баҳр ва хушкӣ шиддат ёфт. Дар давраи девон (қариб 418—369 млн сол пеш) аз ҳайвонҳои баҳрӣ граптолитҳо, қисман трилобитҳо мурда наҳангҳо, гониотитҳо, брахиоподаҳо, марҷонҳо нашъунамо ёфтанд. Нармбаданҳои дупал­ла ва шикампойҳо, наутилоидеяҳо, мшанкаҳо, форамини­фе­раҳо мисли пештара зиндагӣ мекарданд. Хусусан хар­чангшаклони азим бениҳоят инкишоф ёфтанд. Дар ин давра қариб тамоми гурӯҳҳои асосии моҳиҳо (дубаҳ­раҳо, зиреҳпӯстҳо, панҷаболҳо) ва сонитар дар хушкӣ ҳашароти аввалин, обхокиҳо (стеготсефалитҳо) пайдо шуданд. Рустаниҳои буғумпоя ва сарахсшакл васеъ паҳн гардиданд. Дар охирҳои давра рустаниҳои лучтухми содатарин низ ба вуҷуд омада, псилофитҳо мурда нест шуданд. Ҳамзамон тақр. дар ҳамин вақт то 50 дарсади ҷинс ва қариб 15 дарсади оилаҳои ҳайвоноти баҳрӣ (аз ҷумла телодонтҳо) аз байн рафтанд, дар охири девон 60 дарсади ҷинсҳо ва беш аз 20 дарсади оилаҳои мавҷудбуда нест шуданд, ҳамаи плакодермаҳо, ҳайвонҳои биниашон дусӯроха ва аксарияти ҳайвоноти беҷоғи биниашон як­сӯроха нобуд гардиданд.

Дар давраи ангишт (карбон, қариб 360—295 млн сол пеш) махсусан хазандаҳо, обхокиҳо, ҳашарот ва ҷон­варони баҳрӣ — фораминифераҳо (фузулиниҳо), мшан­каҳо, бра­хио­подаҳо, криноидеяҳо, бластоидеяҳо, хор­пуштҳои баҳ­рӣ, марҷонҳо, нармбаданони гуногун инкишоф ёфтанд. Дар интиҳои давраи аввали ангишт қисми зиёди ҷинсҳои аммонитҳо, то 80 дарсади ҷинсҳои марҷон ва як қатор ҷонварони бемуҳра мурданд, таркиби ҷинсии конодонтҳо комилан иваз шуд. Олами набототи давраи ангишт аз ка­ла­митҳои азим ва мунмунаҳо (лепидодендронҳо ва сигиллярияҳо), кордаитҳо ва папоротникҳо (сарахсҳо)-и дарахтмонанд иборат буд. Дар охири ин давра аввалин дарахтони сӯзанбарг пайдо шуданд. Қариб тамоми хуш­киро ин гуна дарахтон фаро гирифтанд. Фаровонии на­ботот, иқлими гарми сернам ва ботлоқзору мурдобаҳои бисёр боиси пайдоиши қабатҳои ғафси ангиштсангҳои материкҳо шуданд.

Олами органикии давраи перм (қариб 295—251 млн сол пеш) ба олами органикии давраи ангишт шабоҳат дошт. Дар баҳрҳо фузулинидҳо, марҷонҳо, мшанкаҳо, бра­хиоподаҳо, фораминифераҳо ва ғ., аз муҳрадорон моҳиҳои панҷаболу наҳангмонанд ва дигар моҳиҳо бисёр буданд. Ба сабаби вусъат ёфтани масоҳати хушкӣ намуди ҳайвонот ва рустаниҳои хушкӣ низ афзуд. Ҳайвонҳои хушкӣ асосан обхокиҳо (стеготсефалҳо), хазандаҳо (парео­заврҳо, динатсефалҳо) ва ҳашаротҳо буданд. Рустаниҳои олиташаккул бори аввал дар оббахшҳо пайдо шуданд. Аз рустаниҳои рӯизаминӣ кордаитҳо ва птеридоспермаиҳо инчунин рустаниҳои лучтухм васеъ паҳн гардиданд. Дар охири давраи перм баъзе гурӯҳҳои ҳайвонҳои бемуҳра (марҷонҳои чорпо, триболитҳо, фузулиниҳо, табулятҳо, хорпуштҳои баҳрии қадимӣ) ва бисёр намудҳои набототи давраи ангишт тамоман барҳам хӯрданд.

Эраи мезозой (қариб 251-65 млн сол пеш) давраи инки­шофи олами ҳайвоноту набототи комилан таҷдидшуда буд. Дар давраи триас (қариб 251—200 млн сол пеш) дар баҳрҳо гурӯҳҳои нави фораминифераҳо ва радиоларияҳо, марҷонҳои шашпо пайдо шуданд, намудҳои гуногуни нармбаданҳои шикампой, дупалла ва сарпой зиёд шуд. Дар ҳавзҳо моҳиҳои устухондор ва хазандаҳои обӣ: сангпушт, тимсоҳ, плакодоитҳо, ихтиозаврҳо ва плезиозаврҳо, дар хушкӣ гурӯҳҳои ҳозираи обхокиҳо, хазандаҳои гуно­гун, аз ҷумла птерозаврҳо ва динозаврҳо пайдо шуданд. Дар охири триас аз синодонтҳо ширхӯрҳо ва аз хазандаҳои майдаи архизавроморфӣ парандаҳо ба вуҷуд омаданд. Олами набототи давраи триас асосан аз сарахсҳо, си­кадофитҳо, гинкгоҳо ва сӯзанбаргҳо иборат буд. Дар охири триас (қариб 203—200 млн сол пеш) қариб 50 дарсади ҷинсҳо ва 20 дарсади оилаҳои ҷонварони баҳрӣ мурданд, конулятҳо, конодитҳо ва бисёр гурӯҳҳои моҳиҳо ва хазандагони обӣ, дар хушкӣ як қатор гурӯҳҳои обхокиҳо ва хазандаҳо нест шуданд.

Олами органикии давраи юра (қариб 200—145 млн сол пеш) ба олами органикии давраи триас монандӣ дошт. Олами ҳайвоноти баҳрҳо асосан аз нармбаданҳо — сар­пойҳо (амонитҳо, белемнитҳо), нармбаданҳои дупалла ва шикампойҳо, инчунин марҷонҳо, сӯзанпӯстҳо, банд­пойҳо, фораминифераҳо, моҳиҳои устухондор ва ғ. иборат буданд. Баъзе хазандаҳо — ихтиозаврҳо, плезиозаврҳо дар баҳрҳо мезистанд. Дар хушкиҳои давраи юра ҳамон рустаниҳои лучтухми давраи триас, яъне гинкгоҳо, беннеттитҳо, са­говникҳо, мунмунаҳо (плаунаҳо), сӯзанбаргҳо, сарахсҳо, чилбандиҳо ва ғ. мерӯиданд. Дар давоми давра ягон гурӯҳи калони наботот на барҳам хӯрдаасту на пайдо шудааст. Фақат ҷинсу намуди лучтухмҳо хеле тағйир ёфтаанд. Дар хушкиҳои давраи юра хазандаҳои азимҷуссаи алафхӯр (диплодок, стегозавр, бронтозавр) ва хазандаҳои даранда (сератозавр, аллозавр), инчунин калтакалосҳои парон — претозаврҳо, ширхӯрҳои майда зиндагӣ мекарданд. Аввалин паранда — археоптерихс ва шапалакҳо дар ҳамин давра пайдо шудаанд.

Дар давраи табошир (қариб 145-65 млн сол пеш) дар баҳрҳо дар байни ҳайвоноти муҳрадор наҳангҳо, мо­ҳиҳои устухондор, ихтиозаврҳо, плезиозаврҳо, плио­заврҳо ва мозазаврҳо бартарӣ доштанд; дар байни бе­муҳраҳо — намудҳои гуногуни аммонитҳо, белемнитҳо, нармбаданҳои дупалла, китфпойҳо ва хорпуштҳои баҳрӣ. Дар хушкиҳои ин давра асосан хазандаҳо (калтакалосҳо)-и даранда (динозавр, птерозавр, ронтозавр, тираннозавр, тарбозавр), алафхӯр (игуанодон, траходон) ва парон (птеранодон) зиндагӣ мекарданд. Бисёрии онҳо, махсусан динозаврҳои даранда хеле калонҷусса буданд (қадашон то ба 4-6 м ва дарозиашон то ба 25 м мерасид). Дар охири давра калтакалосҳои баҳрӣ — мозозаврҳо (дарозиашон то 12 м) пайдо ва бисёр гурӯҳҳои хосси ҳайвонҳои эраи мезозой (аммонитҳо, белемнитҳо, инотсерамҳо, динозаврҳо, плезиозаврҳо ва ғайра) нест шуданд. Набототи ибтидои давраи табоширро асосан рустаниҳои лучтухм (саговникҳо, гинкгоҳо, сӯзанбаргҳо, беннеттитҳо ва ғайра) ташкил медоданд. Дар миёнаи давра нахустин рустаниҳои пӯшидатухм ва дертар рустаниҳои гулдор пайдо шуданд, ки дар охири давра дар олами наботот мавқеи асосӣ пайдо карданд. Ҷинсҳои сершумори рустаниҳои пӯшидатухм (магнолия, ғор, чинор, булут ва ғайра) то давраи мо омада расиданд.

Эраи кайнозой (65 млн сол пеш — то замони ҳозира) — эраи ширхӯрон, парандаҳо, моҳиҳои устухондор ва нармбаданҳо мебошад. Дар нимаи аввали палеоген об­хокиҳои давраи ҳозира ба вуҷуд омаданд. Махсусан моҳиҳои устухондор бисёр буданд. Намудҳои содата­рини ширхӯрон афзуданд. Аз замони эотсен сар кар­да ҳашаротхӯрон, хояндаҳо, приматҳо, дарандаҳо, сум­дор­ҳо, хартумдорҳо, китшаклҳо ва ғ. пайдо шуданд. Олами набототи давраи палеоген асосан аз рустаниҳои пӯшидатухм ва лучтухм иборат буд. Дар замони эотсен дар Нимкураи шимолӣ дастболҳо, заргӯшшаклҳо, ҳайвон­ҳои ҷуфтсум ва тоқсум, инчунин отрядҳои ҳозираи паран­даҳо пайдо шуданд. Дар баҳрҳо китшаклҳои қадимӣ ва хукҳои обӣ зиндагӣ мекарданд. Дар охири зотсен гу­рӯҳ­ҳои дарандаҳои дар ибтидои палеоген ҳукмрон мавҷуд буданд, бисёр ҳайвонҳои кӯҳондор нест шуданд, шумораи намудҳои хояндагон хеле афзуд. Намояндаи асосии ҳайвонҳои тоқсум тапиршаклҳо, каркаданшаклҳо, бронтотерияҳо, халипкотерияҳо, аспшаклҳои қадимӣ бу­данд. Ҳайвоноти ҷуфтсуми гуногун инкишоф ёфтанд ва ҳайвонҳои жованда пайдо шуданд. Дар сарҳадди эотсен ва олиготсен гурӯҳҳои қадимии ширхӯрон, инчунин микрорганизмҳои планктонӣ ва хорпуштҳои баҳрӣ нобуд шуданд. Дар замони олиготсен (қариб 34-23 млн сол пеш) дар натиҷаи сардшавии умумӣ ва шиддатёбии иқ­лими минтақаҳо ҷойи бешаҳои гармсери дарахтони ду­палла ва нахлзорҳоро бешаҳои дарахтони сӯзанбарг ва паҳнбарг иваз намуданд, алафзорҳои ҳамвориҳо вусъат пайдо карданд. Аксари оилаҳои ҳозираи парандаҳо ва ширхӯрон, кашалотҳои дандондор ва муйлабдор пайдо шуданд. Бузург тарин дарандаҳои олиготсен креодонтҳо буданд.

Дар давраи неоген минтақаҳои биоҷуғрофиёии ҳо­зира ташаккул ёфтанд, олами ҳайвоноти рӯи Замин ба замони ҳозира наздик шуд. Дар натиҷаи муттаҳидшавии материкҳои ҷудогона ва ё қисмҳои онҳо, инчунин робитаҳои баъдии олами ҳайвонот бисёр ҳайвонҳои муҳрадори хушкӣ нобуд ва баъзе гурӯҳҳо хеле паҳн шуданд. Дар замони миотсен ба Африқо аз Авруосиё гурбашаклҳо, гургҳо, каркаданҳо, халикотерияҳо, гурозҳо, ковокшохон, заррофаҳо ва ба Авруосиё аз Африқо хартумдорон (мастондитҳо, дино­терия) ва маймунҳо, инчунин аспшаклҳо аз Амрикои Ши­молӣ ворид шуданд. Дар натиҷаи мутобиқшавии да­рандаҳои ҳозира креодонтҳо тамоман нобуд гардиданд. Дар охири миотсен (қариб 10-5,5 млн сол пеш) бисёр ҷинсҳои ҳозираи ширхӯрон пайдо шуданд. Ҷамоаҳои сершумори ҳайвоноти алафхӯр ва даранда дар шароити ландшафтҳои кушоди сералаф зиндагӣ мекарданд. Ҳодисаи му­ҳим дар миотсен пайдоиши гоминоидҳо — ниё­гони одам ва маймунҳои одамшакл буд. Дар плиотсен (қариб 5,3-1,8 млн сол пеш) асосан ҳайвоноти ширхӯри ҳозира та­шаккул ёфтанд. Ба Амрикои Ҷанубӣ бисёр намояндагони ҳайвоноти Амрикои Шимолӣ ворид шуда, бисёр гурӯҳҳои хосси ин ҷоро танг карда бароварданд; дар Австралия хоян­даҳо маскун шуданд. Дар Авруосиё ва Африқо гиппарионҳо, мастодонтҳо, карка­данҳо, гурозҳо, гавазнҳо, ковокшохон, гург­ҳо, кафторҳо, гурбашаклҳо васеъ паҳн гар­ди­данд. Ҳайвони хосси ҳамонвақтаи даштҳои васеи Авруосиё аспҳои сепанҷа — гиппарионҳо буданд. Қариб 2,4 млн сол пеш намояндагони ҷинси одам пайдо шуданд (нигар Антропогенез).

Дар давраи чорумин — антропоген (қариб 1,8 млн сол пеш сар шудааст) ташаккули сохтори биоҷуғрофиёии ҳозираи олами набототу ҳайвонот ба охир расид. Дар замони плейстотсен (қариб 1,8-0,01 млн сол пеш) дар натиҷаи яхбандии бузург олами наботот ва ҳайвонти Нимкураи шимолӣ сахт тағйир ёфт. Дар арзҳои аз хат­ти истиво дур набототи тундра ташаккул ёфта, дар минтақаҳои ба хатти истиво наздик дар давраҳои сарду хушк рустаниҳои тундраю даштӣ пайдо шу­данд. Дар Амрикои Шимолӣ мастодонтҳо, мамонтҳо, палангҳои шамшердандон, мега­терияҳо ва глиптодонтҳо васеъ паҳн шуданд. Дар Авруосиёи Шимолӣ мамонтҳо, карка­данҳои пашмдор, эласмотерияҳо, гавазнҳои шохкалон, бизони иб­тидоӣ, говмеш, ше­ри мағораӣ, кафтори мағораӣ зиндагӣ мекар­данд. Дар ин давра одами ҳозира — Homo sapiens аз ҷиҳати биологӣ ва иҷтимоӣ ташаккул ёфт. Дар ҳудуди замонҳои плейсто­т­сен (таҳ­нишастҳои пиряхофарида) ва голотсен (беш аз 10 ҳазор сол пеш) бисёр ширхӯрҳои ка­лони давраи яхбандӣ мурданд. Дар давраи голотсен ба олами органикии Замин омилҳои антропогенӣ таъсири бузург расониданд. Ни­гар низ Давраи чорумин.

Одам ва Замин

[вироиш | вироиши манбаъ]

Наздиктарин ниёгони одам дар Замин тақр. 6 млн сол пеш дар Амрикои Шарқӣ пайдо шуда­анд. Мувофиқи бозёфтҳои навин одами қадимтарин, ба истилоҳ гоминид тақр. 2 млн сол пеш зиста будааст. Сол­ҳои 1973-74 бозёфтҳои Хадара (Эфиопия) ва Танзания (1975) исбот карданд, ки ниёгони гоминидҳо 3-3,5 млн сол пеш аз ин пайдо шудаанд. Одами сурати ҳозира (Homo sapiens — одами соҳибфикр) тақр. 40 ҳазор сол пеш дар охири палеолит ташаккул ёфтааст. Масъалаи ҷойи пайдоиши одам ҳанӯз аниқ ҳал нашудааст. Як гурӯҳ олимон Африқоро маъвои одами нахустин медонанд, гу­рӯҳи дигар — Авруосиё ва севвумиҳо — атрофи баҳри Мёназаминро. Мувофиқи бозёфтҳо қадимтарин одам дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ 1,8-1,7 млн сол пеш, Қафқоз 1,7 млн сол пеш, Аврупо 800 ҳазор сол пеш, Австралия 62 ҳазор сол пеш, Амрико 30 ҳазор сол пеш пайдо шудааст. Мустамликакунии ҷазираҳои уқёнусҳо дар замони таъ­рихӣ сар шудааст: ҷазираҳои Кариб — 6 ҳазор сол пеш, Гвинеяи Нав, Фиҷи, Самоа — 3,4-4 ҳазор сол пеш, Гавай, Зеландияи Нав, Мадагаскар −1,5 ҳазор сол пеш.

Дар раванди истеҳсолоти ҷамъиятӣ одам ба муҳити табиии атрофаш таъсир расонидааст ва дар он нақши меҳнати чандин насли одамоне, ки дар шароити фор­матсияҳои ҷамъиятию иқтисодии мухталиф умр ба сар бурдаанд, боқӣ мондааст. Шаклҳои таъсири одам ба та­биат гуногунанд. Нахустин дигаргунии калонмиқёси антро­погенӣ бо истифодаи оташ барои ҳимоя аз дарандагон ва шикори дастаҷамъӣ алоқаманд аст. Аз ҷониби одам зиёд исифода бурда шудани оташ боиси ташаккули бисёр гунаҳои ба ном пирогении рустаниҳо дар қитъаҳои гуногун гардид. Дар давоми плейстотсен ва ибтидои голотсен одам на камтар аз садҳо намуди ширхӯрҳои калонҷуссаи алафхӯр (аз ҷумла, мамонтҳо, мастодонтҳо — ҳайвоноти филмонанд, стегодонтҳо, эласмотерияҳо, сиватерияҳо)-ро нест кард. Дар натиҷаи ин ба ном «инқилоби мезолитӣ» қисми зиёди системаҳои экологии рӯизаминӣ хеле тағйир ёфтанд; омили асосии ин тағйирот на худи оташ, балки истифодаи зиёди он («гардиши оташ») буд, ки онро одами қадимӣ муайян мекард.

Давраи дигари таъсири миқёсан бузурги одам ба та­би­ат гузариш аз ҷамъоварии ғизои табиӣ ва шикор ба тарзи ҳаёти ниммуқимӣ ва муқимӣ аз ҳисоби парвариши рустаниҳо ва хонагӣ кардани ҳайвонот мебошад. Чорво­дорон ва кишоварзони қадим нисбат ба он ки худашон истеъмол менамуданд, ба ҳар сари аҳолӣ бештар маҳсулот истеҳсол мекарданд; гузариш ба иқтисодиёти истеҳсолӣ ба амал омад, ки боиси муқимишавӣ ва тез афзудани шумораи аҳолӣ гардид. Шумораи аҳолии Замин соли 1804 — 1 млрд, 1960 — 3 млрд, 2006 — 6,5 млрд, июни соли 2017 — 7,55 млрд нафарро ташкил дод. Афзоиши аз ҳама зиёди аҳолии Замин ба миёна ва нимаи 2-юми садаи XX рост меояд. Тахмин мекунанд, ки дар давоми 20-30 соли оянда шумораи аҳолии Замин тадриҷан кам шуда, баъд ба 9-11 млрд мерасад. Дар солҳои наздик афзоиши аҳолӣ бештар дар Ҳиндустон (1,9 %), Хитой (1,1 %), Покистон, Нигерия ва камшавии аҳолӣ дар Русия, Ук­раина, Ҷопон, Италия ва дигар мамлакатҳо ба амал меояд.

Истифодаи сарватҳои табиӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шу­мо­раи аҳолӣ маҷмӯи талаботи ҷомеаро дар сарватҳои барқароршаванда (сарватҳои био­логӣ, обӣ, атмосфера, хок, энергияи Офтоб) ва барқарорнашаванда (сарватҳои минералӣ)-и табиат муайян мекунад. Вусъати намудҳои нави истеҳсолот, инкишофи нақлиёт, бозсо­зии ландшафтҳо (манзараҳо) ва ғ. сарф гар­дидани миқдори зиёди сарватҳои табиӣ, шид­датёбии фишори антропогенӣ ба бисёр системаҳои табииро талаб мекунад, ки бисёр вақтҳо боиси азбайн рафтани онҳо мегардад.

Истеъмоли сарватҳои биологӣ ҳанӯз аз давраҳои аввалини ташаккули инсоният шак­ли аз ҳама муҳимми робитаи мутақо­билаи одам ва табиат шуд. Одам дар давраҳои аввали таҳаввулоти худ ҳамчун намояндаи олами зинда якҷо бо хӯроки омехта маҳсу­лоти аввалия (наботӣ) ва дуввумдараҷа (ҳай­вонотӣ)-и системаҳои экологиро истифода мебурд. Одамони муқимии Австралия, Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ, Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ қариб то замони мо ҳамин тавр зиндагӣ мекарданд. 10 ҳазор сол пеш ниёгони мо дар Африқо, ҷануби Авруосиё ва Амрико ба парвариши рустаниҳо ва хонагӣ кардани ҳайвонот сар карданд.

Одам ҳангоми гузариш аз иқтисодиёти со­даи азхудкунанда ба иқтисодиёти истеҳ­солкунанда ба соҳаи истеъмолоти худ амалан тамоми захираҳои барқароршавандаро дохил кард. Дар бораи миқёси навсозиҳои баъдии системаҳои экологии табиӣ аз рӯи ҳолати ҳозираи манзараҳои баҳри Миёназамин, Осиёи Пеш ва Марказӣ, Африқои Шимолӣ, ки дар ин ҷоҳо аз ибтидои ҳазорсолаи 1-уми то м. рустаниҳо ва бисёр намудҳои ҳайвонот нест ва дар ҳама ҷо заминҳо бодлес шудаанд, ҳукм кардан мумкин аст. Дар ин ҷо буттазорҳои санглох, нимбиёбонҳо ва ҳатто биёбонҳо (аз ҷумл, дар байни д-ҳои Даҷлаву Фурот, водиҳои д-ҳои Нил ва Атрек) ташаккул ёфтаанд.

Истифодаи сарватҳои барқароршаванда, вайрон кар­дани системаҳои экологии табиӣ дар натиҷаи вусъатёбии истеҳсолоти аграрии экстенсивӣ, аз ҷумла заминдорӣ дар заминҳои решаканшуда ва сӯзондашудаи бешаҳои табиӣ, боиси хосиятҳои глобалӣ гардид. Ҳанӯз дар ибтидои садаи XX майдони заминҳои киштшаванда 7 млн км² ё 5 дарсади хушкии барои кишоварзӣ мувофиқро ташкил медод. Дар давоми 100 сол майдони кишт то 15,1 млн км² зиёд шуд. Ҳолати чарогоҳҳо дар ибтидои садаи XXI бештар фалокатовар шуд. Системаҳои экологии табиии барои чарогоҳ мувофиқ дар майдони 34 млн км² пурра навсозӣ шуданд. Мас., дар ҳамвориҳои Амрикои Шимолӣ замоне то 50 млн бизон зиндагӣ мекард (баъди ғасби аврупоиҳо дар охири садаи XIX саршумори онҳо то 1 ҳазор сар кам шуд, яъне комилан нобуд шуд), ҳоло танҳо дар ИМА қариб 100 млн сар чорвои хонагӣ ба ҳисоб гирифта шудааст. Чарогоҳҳои табиие, ки аз ҳайвоноти ваҳшӣ гирифта шу­данд, бодлес шуда, рустаниҳои табиӣ ва маҳсулнокии худро гум кардаанд.

Қариб 20 дарсади заминҳои кишоварзиро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд. Масоҳати заминҳои обӣ зиёд мешавад ва мувофиқан сарфи оби ширин (ба захираи об дар садаи XXI талабот хеле зиёд шуд ва дар оянда он метавонад дар содироти баъзе мамлакатҳо мавқеи муҳимро ишғол на­мояд) меафзояд. Дар Замин барои истифодаи хоҷагӣ камтар аз 1 % оби ширин дастрас аст. Қисми зиёди дарёҳо ва кӯлҳо ифлос шудаанд. Истеъмоли воқеии об дар Замин дар як сол беш аз 9000 км3 (70 % дар кишоварзӣ, 22 % дар саноат, 8 % барои эҳтиёҷоти маишӣ)-ро ташкил медиҳад. Таъминоти оби баргарданда ба ҳисоби миёна — ҳамагӣ 10 %. Мам­лакатҳои гуногун аз 1 то 100 дарсади захираҳои обҳои рӯизаминии худро истифода мебаранд. Дар Арабистони Саудӣ, Исроил, Кувайт ин нишондиҳанда аз ҳисоби ис­тифодаи обҳои артезианӣ, ширинкунии оби баҳр ва ман­баъҳои берунӣ якчанд маротиба зиёдтар аст. Беш аз 6300 км3 об дар даҳҳо ҳазор обанбор ҷамъ мешавад. Бун­ёди дарғотҳо боиси танзим ва кам шудани оби бисёр дарёҳо, вайрон шудани системаҳои экологии дарёбодҳо, камбуди оби ширин ва ифлосшавии дуввумбораи объект­ҳои об гардид. Дар рӯи Замин қариб як млрд одамон ба оби ошомидании босифат дастрасӣ надоранд. Имрӯз масъалаи таъмини аҳолии Замин бо оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфтааст.

Дар охири садаи XX дар рӯи Замин бешаҳо беш аз 38 млн км2 ё 28,4 дарсади хушкиро ишғол мекарданд. Дар даҳсолаи охири садаи XX дар натиҷаи фаъолияти хоҷагии одам дар ҷаҳон 940 ҳазор км2 (ҳар сол қариб 0,3 %) бешаҳо нобуд карда шуданд. Қисми зиёди бешаҳо дар натиҷаи сӯхтор нобуд мешаванд; солҳои охир сӯхтани бешаҳо хусусияти хатарзоро гирифтааст.

Таъсири ҷаҳонишавии (глобалии) одам ба атмосфера пеш аз ҳама бо инкишофи энергетика алоқаманд аст. Ҳамзамон бо истифодаи О2-и атмосфера он бо оксидҳои нитроген, сулфур ва карбон (мас., ҳангоми истеъмоли 12,9 кг О2 қариб 10 м3 газҳои дар боло номбурда, инчунин сулфид хориҷ мешаванд) ифлос мешавад. Одам ба истифодаи сарватҳои табиӣ — сӯзишворӣ (нафт, газ, ангиштсанг, варақсангҳои сӯзанда), маъданҳои филиззоти сиёҳу ранга ва ғ. нисбат ба сарватҳои барқароршаванда хеле дертар сар кард. Одам истихроҷ ва истифодаи сар­ватҳои табииро ёд гирифта, ба марҳалаи инқилоби сано­атӣ дохил шуд. Агар ҳаҷми истеъмоли сарватҳо дар ҳар 30 сол ду маротиба афзояд, захираи баъзе маъданҳо тахми­нан танҳо барои чанд даҳсола кифоя мекунад.

Оқибатҳои таъсири антропогенӣ ба системаи экологии Замин

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таъсири фаъолияти хоҷагии одам ба таби­ати зиндаи Замин дар садаи XX миқёси васеъро фаро гирифт ва боиси нестшавии бисёр намудҳои организмҳо гардид. Ба ҳар чаҳор намуди ширхӯрҳо ва ҳар ҳашт намуди паран­даҳо хатари нестшавӣ таҳдид мекунад. Дар давоми се садсолаи охир ба дасти одам нест шудани беш аз 400 намуди рустаниҳо дақиқ маълум аст. Ин раванд, шояд, ба на камтар аз 10 ҳазор намуди ҳайвоноти муҳрадор дахл дошта бошад.

Дар охири садаи XX дар рӯи Замин 63 дарсади сатҳи хушкӣ (ба истинои пиряхҳо, биёбонҳои қутбӣ, баландкӯҳҳо ва нишебиҳои ростфуромада) вайрон шуда, қариб 40 дарсади он комилан тағйир ёф­тааст. Дар Аврупо ба ҳиссаи сис­темаҳои экологии антропогенӣ 85 дарсади хушкӣ, дар Африқо — 51 %, дар Осиё — 57 %, дар Австралия — 40 %, дар Амрикои Шимолӣ — 45 % рост меояд. Дар бисёр мамлакатҳо ҳиссаи системаҳои экологии табиии боқимонда аз 5-7 зиёд нест. Дар аксарияти мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ, Марказӣ ва Ҷопон онҳо тамоман вуҷуд надоранд. Ҳан­гоми бо системаҳои экологии антропогенӣ иваз шудани системаҳои экологии табиӣ, одатан, қобилияти инъикос­кунандагии сатҳи Замин кам мешавад, ки ин боиси тафсидан ва гармшавии умумии иқлим мегардад. Дар ин маврид гардиши намӣ вайрон ме­шавад, чунки набототи табиии хуш­кӣ аз ҳисоби бухор шудани оби рустаниҳо воридшавии қисми асосии намӣ ба атмосфераро таъмин мекунад. Ҳангоми хеле кам шудани воридоти намӣ ба атмосфера биёбонишавии иқлим ба амал меояд. Ғайр аз ин, ҳангоми шакливазкунии системаҳои экологии табиӣ, одатан, бод­лесӣ ва обшӯйшавӣ шиддат меёбад. Олами наботот ва ҳайвоноти системаҳои экологии антропогенӣ кам буда, дар онҳо ҳиссаи намудҳои қадимӣ бузург аст.

Дар ҷаҳон ҳар сол беш аз 300 млрд т моддаҳо истихроҷ ва аз ҷойе ба ҷойи дигар интиқол дода мешаванд (50 т ба ҳар одам), ки қисми зиёди онҳо партовҳо (10 % партовҳои газу ғуборшакл, боқимонда — партовҳои сахт)-ро ба вуҷуд меоваранд. Изи партовҳои саноатии Хитойро дар пиряхҳои Гренландия пайдо кардаанд. Ифлосшавии атмосфера (ман­баъҳои асосӣ — энергетика, саноати филизкорӣ, наф­ту ки­миё, нақлиёт) илова ба таъсири гулхонагӣ, гармшавии умумии иқлим ва афзоиши бемориҳои аҳолӣ боиси тунукшавии қабати озон мегардад.

Уқёнуси Олам ба андозаи бузург ифлос шудааст, чун­­ки вай 75 дарсади боркашонӣ дар рӯи Заминро таъмин меку­над. Ҳар сол ба он обҳои ҷорие, ки дар таркибашон нафт ва маҳсулоти нафтӣ, пеститсидҳо, радионуклеидҳо, пай­вастҳои хлорорганикӣ, филиззоти вазнин ва ғ. доранд, дохил мешаванд. Дар натиҷаи ифлосшавии уқёнуси Олам низоми равшанӣ ва кимиёии қабатҳои болоии об халалдор мегардад, ки ба маҳсулнокии биологии он таъсир мера­сонад.

Вусъат ёфтани робитаҳои иқтисодӣ боиси ифлосшавии биологии глобалӣ ва шиддатёбии мубодилаи намудҳо бай­ни минтақаҳои биоҷуғрофиёии Замин гардид. Даҳҳо ҳа­зор намуди наботот ва ҳайвонот ба интродуксияи та­биӣ ва стихиявӣ (номуташаккилона) кашида шуданд. Пайдоиши намудҳои бегона дар Австралия, Зеландияи Нав, минтақаҳои муъта­дили Авруосиё ва Амрикои Ши­молӣ аллакай боиси хеле кам шудани хоҷагиҳо ва ха­тарҳои экологӣ гардидааст. Ифлосшавии биологӣ махсу­сан дар ҳавзҳои обашон ши­рин ва баҳрҳои дохилӣ беш­тар зоҳир мешавад. Аҳолии ин ҷо барои нест кар­дани биосфераи аборигенӣ (қадимӣ) ва кам кардани маҳсулнокии махзанҳои об (обанборҳо) қодиранд. Оид ба кам кардани таъсири антропогенӣ ба биосфераи Замин чандин созишнома ва конвенсияҳо ба тасвиб расиданд: дар соҳаи муътадилгардонии иқлим ва ифлосшавии атмосфера — Конвенсия оид ба ҳифзи қабати озон (1985), Конвенсия оид ба баҳодиҳии таъсиррасонӣ ба сарҳадди болоии му­ҳити атроф (1991), Конвенсия оид ба тағйирёбии иқлим (1992) ва Протокол дар бораи маҳдудкунии партови газ­ҳои гулхонагӣ («протоколи Ки­от», 1997); дар соҳаи ҳифзи гуногуншаклиҳои биологӣ — Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои рустаниҳои худрӯй ва ҳайвоноти ваҳшие, ки ба онҳо хатари нестшавӣ таҳдид мекунад (1973), Конвенсия оид ба ҳифзи намудҳои кӯ­чии ҳайвоноти ваҳшӣ (1983), Кон­вен­сия оид ба гуногуншаклиҳои био­ло­гӣ (1992); дар соҳаи ҳифзи систе­ма­ҳои экологӣ — Конвенсия оид ба бот­лоқзорҳое, ки асосан ба сифати макони зисти парандаҳои обӣ аҳаммияти байналмилалӣ доранд (1971), Конвенсия оид ба ҳифзи мероси умумиҷаҳонии фарҳангӣ ва табиӣ (1972), Конвенсия оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (1994); дар соҳаи ҳифзи муҳити баҳрҳо — Конвенсия оид ба тан­зими китсайдкунӣ (аз соли 1948 амал мекунад), Конвенсия оид ба ҳифзи му­ҳити баҳрии баҳри Балтика (1974), Кон­венсияи СММ оид ба ҳуқуқи баҳрӣ (1982), Конвенсия оид ба ҳифзи баҳри Сиёҳ аз ифлосшавӣ (1992) ва ғ. ЮНЕСКО барои муҳофизати системаҳои экологии хеле боарзиш ва нодир шабакаи ҷаҳонии парваришгоҳҳо ва объектҳои Мероси умумиҷаҳониро ташкил мекунад.

Ташаббуси Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти Замин

[вироиш | вироиши манбаъ]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли ин мушкилоти глобалии ҷаҳон аз ибтидои садаи XXI ташаббус нишон дода, барои тоза нигоҳ доштани об ва бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии сайёраи Замин аз минбари Ассамблеяи генералии СММ се бор пешниҳоди бунёдиву ҷолиб кард, ки онҳоро аксари­яти кулли мамлакатҳои ҷаҳон ҷонибдорӣ намуданд: «Со­ли 2003 — Соли байналмилалии оби тоза», Даҳсолаи бай­налмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005—2015», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018—2028».

  1. NASA FACTS (ингл.)NASA.
  2. https://space.skyrocket.de/doc_sdat/intelsat-9.htm
  3. Standish E. M. Keplerian elements for approximate positions of the major planets (ингл.) — 2015. — P. 2. — 3 p.
  4. USEFUL CONSTANTS
  5. https://books.google.com/?id=w8PK2XFLLH8C&pg=PA294
  6. https://www.webcitation.org/6GVr9SIKY?url=http://nssdc.gsfc.nasa.gov/planetary/factsheet/earthfact.html
  7. https://web.archive.org/web/20101030234253/http://nssdc.gsfc.nasa.gov/planetary/factsheet/earthfact.html
  8. Celestial Mechanics and Dynamical Astronomy (ингл.)Springer Science+Business Media, 1969. — ISSN 0923-2958; 1572-9478; 0008-8714
  9. The 'Highest' Spot on Earth. Npr.org (7 апрели 2007). 31 июли 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 феврали 2013.
  10. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи robertson2001 ворид нашудааст
  11. 11.0 11.1 Brown, Geoff C.; Mussett, Alan E. (1981). The Inaccessible Earth (2nd ed.). Taylor & Francis. p. 166. ISBN 0-04-550028-2.  Note: After Ronov and Yaroshevsky (1969).
  12. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи age_earth ворид нашудааст