Jump to content

Тақсимоти маъмурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Тақсимоти маъмурӣ-ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон — тибқи Қо­нуни Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон аз 19 марти соли 2013 № 958 «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон» муайян карда мешавад[1].

Тақсимоти маъмурии Тоҷикистон

Воҳидҳои маъмурӣ-ҳудудӣ ва маҳал­ҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонуни мазкур:

Ноҳияҳо ба деҳотӣ ва шаҳрӣ тақсим шуда, метавонанд тобеи ҷум­ҳурӣ, вилоят ва ё шаҳр бошанд.

Маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрӣ ва деҳотӣ ҷудо мешаванд.

Ба маҳалҳои шаҳрӣ, шаҳрҳо ва шаҳракҳо, ба маҳалҳои деҳотӣ деҳаҳо, новобаста ба тобеияти маъмурияшон, дохил мешаванд.

Шаҳрҳо метавонанд аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ё вилоятӣ дошта бошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадах­шон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, 62 ноҳия[2], аз он ҷумла 4 ноҳия дар шаҳри Душанбе, 18 шаҳр, 62 шаҳрак, 370 ҷамоати деҳот ва 4223 деҳаро дар бар мегирад[3].

Ном Шумораи

ноҳияҳо

Шумораи

шаҳрҳо

Маркази маъмурӣ Аҳолӣ,
01.01.2016[4]
наф.
Ҳудуд,
км²
Зичӣ,
наф./км²
1 Душанбе 4 802 700 100 7887,00
2 Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 7 1 Хоруғ 217 400 64 200 3,30
3 Вилояти Суғд 14 8 Хуҷанд 2 511 000 25 400 94,70
4 Вилояти Хатлон 24 4 Қурғонтеппа 3 047 800 24 800 120,80
5 Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13 4 Душанбе 1 972 300 28 600 67,20
Ҳамагӣ 62 18 8 551 200 143 100 58,60

Ноҳияҳои Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мақолаи асосӣ: Ноҳияҳои Тоҷикистон
Тақсимоти маъмурии Тоҷикистон

Шаҳрҳои Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мақолаи асосӣ: Шаҳрҳои Тоҷикистон
Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо
Хилофати Исломӣ
Аморати Бухоро сарҳадди ҷумҳуриҳои кунунии Осиёи Миёна
Ҳукмронии Русия дар Осиёи Миёна дар оғози асри XX
██ Вилояти Урал ██ Вилояти Тургай
██ Вилояти Акмолин ██ Вилояти Семипалатин
██ Вилояти Семиречен ██ Вилояти Сирдарё
██ Вилояти Самарқанд ██ Вилояти Фарғона
██ Хонигарии Хива ██ Аморати Бухоро
██ Вилояти Закаспий

Давраи бостон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нахустин ишораҳо дар бораи воҳидҳои ҳудудии замин, ки ниёкони тоҷик зиндагӣ мекарданд дар «Авасто» сабт шудааст. Ҳамин тавр, кишвар «даҳйу» (авестоӣ: «dahyu-», тоҷикӣ: деҳа) ном дошт ва аз чанд вилоят — «гава» (авестоӣ: «gava-») иборат буд, ки якчанд ҷамоат — «вис» (авестоӣ: «wīs-»)-ро муттаҳид мекард.

Ҳамзамон, «даҳйу» ба маънии ҳамон гуна «давлатчаҳое» буд, ки тибқи манбаъҳои ошурӣ, дар Мидия вуҷуд доштанд, яъне иттиҳодияҳои минтақавие будаанд, ки на ҳамчун давлат, балки ҳамчун ташкилотҳои бузурги қабилавӣ амал мекарданд. В. А. Лившитс ҳаққонӣ хотиррасон мекунад, ки даҳйу «пеш аз ҳама, мафҳуми ҳудудӣ ва ҷуғрафист, ки дар он умумияти этникӣ хеле зиёд аст, вале он ҳоло дар таркиби давлати ташаккулёфта воҳиди маъмурӣ нест».

Дар сари «даҳйу» «даҳйупати» (авестоӣ: «dahyu-pati-») меистод, «гава»-ро «гавапати» (авестоӣ: «gava-pati-»), «вис» — «виспати» (авестоӣ: «wīs-pati-») идора мекард[5].

Дар замонҳои баъдат сарзамини кунунии Тоҷикистон ба ҳайати Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо медоряд. Тамоми давлати Ҳахоманишӣ ба вилоятҳои молиётдиҳандаи ҳарбӣ, яъне сатрапиҳо (порсии бостон: xšaθra — шаҳр; форсӣ: شهر‎) тақсим гардида буд, ки онҳоро сатрапҳо (порсии бостон: xšaθrapāvan — шаҳрбон; порсии миёна: šatrap, форсӣ: شهربان‎) идора мекарданд.

Чи навъе ки Ҳеродот хабар медиҳад, дар аҳди Дорои I (522—486 то милод) шумораи ин қабил шаҳрҳо ба 20 мерасид[6]. Қаламрави ҳозираи Тоҷикистон ба таркиби сатрапии ХI дохил мешуд

Давраи исломӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аморати Бухоро

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон то солҳои 20 асри 20 дар ҳайати Аморати Бухоро қарор дошт. Дар қаламрави им­рӯ­заи ҷанубу ғарбӣ ва марказии Тоҷи­кис­тон чунин бекиҳо вуҷуд доштанд: бекии Ҳисор – сарҳадди он аз дарёи Қаро­тоғ то Кофар­ни­ҳон (ғайри қисми поиноби дарё); бекии Қубодиён – поиноби дарёи Кофар­ниҳон; бекии Дарвоз – сар­­ҳа­дди он аз дарёҳои Язгулом, Ванҷ то Обихингоб; бекии Қаротегин – сарҳадди он аз дарё­­ҳои Муғсу ва Сурхоб то де­ҳаи Обигарм; бекии Балҷувон – сарҳадди он қисми болооби дар­ёи Сурхоб; бекии Қӯрғон­теппа – сарҳадди он аз қисми поиноби дарёи Сурхоб то со­ҳили рости Панҷи Миёна; бе­кии Кӯлоб – сарҳадди он аз дар­ёи Ёхсу ва Оби-Ниёв. По­мири Ғарбӣ ба бекиҳои Рӯ­шон, Шуғнон ва қисман Вахон низ тақсим мешуд[7].

Марзҳои боқимондаи Тоҷикистон (вилояти Суғд ва но­ҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) дар байни вилоятҳои Самарқанду Фарғонаи Генерал-губер­натории Туркистони Русияи подшоҳӣ тақсим шуда буд.

Ба ҳайати вилояти Самарқанд ноҳияҳои имрӯзаи Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Маст­чоҳ, Истаравшан, Деваштич, инчунин ноҳияҳои Пан­ҷа­кент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ дохил мешуданд. Но­ҳияи Ашт ба ду вилоят – Ашту Бободархон дохил мешуд, ки онҳо ба ҳайати уезди Намангон ва Конибодому Исфара ҳамчун вилоятҳои алоҳида ба уезди Хӯқанд итоат менамуданд ва якҷо бо Помири Шарқӣ ба вилояти Фарғона дохил буданд[7].

Давраи шӯравӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ тарзи нави тақсимоти сиёсӣ-маъмурӣ ва ноҳиябандӣ қабул гардид. Дар давраи Ҷумҳурии халқии шӯравии Бухоро (солҳои 1920–1924) шакли тақсимоти маъмурии сезинаӣ – вилоят, ту­ман ва кент ҷорӣ гардид. Дар давраи Ҷум­ҳу­рии Мухтори Шӯ­равии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶМ­Ш­СТ) (солҳои 1924–1929) ҳудуди маъ­­мурии он ба шак­ли тақсимоти маъмурии дигар ҷум­ҳуриҳои Шӯравӣ буд. Дар ин давра вилоят ва туманҳо ба ок­руг­­ҳо иваз карда шуданд. Замони ба шак­­ли ҷумҳурии ит­тифоқӣ гузаштан (со­ли 1929), То­ҷи­кистон тақсимоти ок­ругиро қабул кард ва аз округҳои Ҳисор, Кӯ­лоб, Қӯр­ғон­теп­па, Ғарм, Пан­ҷакент, Ӯро­теппа, Хуҷанд ва ВМБК (ба ҳафт но­ҳияи маъ­му­рӣ тақсим мешуд) иборат буд. Соли 1936 мувофиқи Конститутсияи ИҶШС, дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ шакли тақ­си­моти областҳо (вилоятҳо) қабул шуда, октябри соли 1939 чунин тақ­си­мот дар ҶШС Тоҷикистон низ ҷо­рӣ гардид. Му­вофиқи ин тарзи тақси­моти сиё­сӣ-маъ­мурӣ, дар ҷумҳурӣ ви­лоятҳои Ленинобод (масоҳат 23,3 ҳа­зор км²), Сталинобод (24,1 ҳазор км²), Кӯлоб (10,6 ҳазор км²), Ғарм (19 ҳазор км²) ташкил ёфтанд. Ҳанӯз пеш аз ин тақсимот, моҳи январи соли 1925 Вилояти автономи (мухтор)-и Кӯ­ҳис­тони Бадахшон (ВМКБ, 66,9 ҳазор км²) таъсис ёфта буд[7].

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) ва мар­ҳи­лаи баъдиҷангӣ (то соли 1951) дар тақсимоти маъ­му­рӣ-сиё­сии ҷумҳурӣ тағйироте ба амал наомад. Аз со­ли 1951 сиёсати барҳамдиҳии вилоятҳо оғоз гардид. Со­ли 1951 вилояти Сталинобод, соли 1955 вилоятҳои Ғарму Кӯлоб ва соли 1962 вилояти Ленинобод барҳам хӯрда, шаҳр ва ноҳияҳои ба ин ви­лоятҳо тобеъбуда, минбаъд ба мақомоти давлатӣ мутамарказ шуданд, вале ин чора­би­ни­ҳо натиҷаи дилхоҳ надод. Бино бар ин, соли 1970 вилоя­ти Ленинобод, соли 1973 вилояти Кӯлоб, баъдтар вилояти Қӯрғонтеппа (1977) ва чанде аз ноҳияҳои маъмурӣ барқарор карда шуданд[7].

Давраи истиқлол

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар замони истиқлол вобаста ба сох­тори сиёсию иқтисодии пешгирифтаи мамлакат масъа­лаҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷ­тимоӣ ва идора дар мадди аввал меистоданд. Ҳалли ин масъалаҳо қисман так­мил додани тақсимоти сиёсию маъмуриро талаб мекард. Аз ҳамин ҷиҳат, соли 1993 ви­лоятҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа муттаҳид карда шуда, номи вилояти Хатлонро гирифтанд[7].

Ҳоло ҷумҳурӣ вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 18 шаҳр (аз ҷумла 5 шаҳри тобеи ҷумҳурӣ, 13 шаҳри тобеи вилоят), 51 ноҳия (аз ҷумла 4 ноҳияи шаҳри Душанбе вуҷуд доранд.

  1. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 3, мод. 177
  2. Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан. Число административно-территориальных единиц на 1 января 2009 г.(рус.). www.stat.tj. 25 Январ 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 августи 2010.
  3. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — С. 6. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  4. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016. www.stat.tj. 25 Январ 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 феврали 2018.
  5. Гафуров Б. Г. Таджики: Древнейшая, древняя и средневековая история. ИВАН СССР, Наука, М. 1972. — стр. 67 — 70]
  6. [Гафуров Б. Г. Таджики: Древнейшая, древняя и средневековая история. ИВАН СССР, Наука, М. 1972. — стр. 92 — 93]
  7. 7.0 7.1 7.2 7.3 7.4 Тақсимоти сиёсӣ-маъмурӣ / Х. Муҳаббатов // Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома. — Д.: СИЭМТ, 2021. — С. 11. — 696 с. — ISBN 978-99985-0-005-1.