Кишоварзӣ дар Тоҷикистон
Кишоварзӣ дар Тоҷикистон — яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии Ҳукумат, яъне амнияти озуқавории мамлакат, асосан аз сатҳи рушди он вобаста мебошад[1].
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Кишоварзӣ, ки аз замонҳои қадим бо истилоҳҳои деҳқонӣ, деҳқанат, барзгарӣ, фалоҳӣ ҳам маъмул буд, яке аз соҳаҳои муҳимми истеҳсолоти ҷамъиятӣ буда, аҳолиро бо хӯрокворӣ ва саноати ҳунармандиро бо ашёи хом ва ҳайвоноти аҳолиро бо ғизо таъмин менамояд. Мардумони ориёитабор яке аз аввалин кишоварзон будаанд. Дар Авесто, хусусан қисматҳои Видеват ва Готҳо, оид ба деҳқонӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ, обёрии заминҳо, чорводорӣ маълумоти фаровон мавҷуд аст. Минбаъд тибқи иттилои ҷуғрофидонҳо ва муаррихони пешин кишоварзӣ дар сарзаминҳои Мовароуннаҳру Хуросон ривоҷу равнақи бесобиқа доштааст.
Замони шӯравӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди ба Русия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна хусусиятҳои кишоварзии мардуми Осиёи Миёна ва бахусус Тоҷикистон, тағйир ёфта, ба талаботи саноати Русияи подшоҳӣ мувофиқ кунонда шуд; бо афзудани талабот ва баланд рафтани нархи пахта заминҳои кишти пахта босуръат васеъ карда мешуданд. Ҳанӯз А. И. Вавилов — олим ва сайёҳи машҳур Осиёи Миёнаро яке аз марказҳои зироати дунё ҳисобида, борҳо таъкид карда буд, ки кӯҳсори Тоҷикистон ва Бадахшон яке аз марказҳои қадимтарини зироат мебошад. Раванди пахтакорӣ ва рушди дигар со ҳаҳои кишоварзӣ, аксаран ҳамчун манбаи ашёи хом, минбаъд ҳам ривоҷ гирифт. Дар ҷумҳурӣ муассисаи нахустини илмӣ оид ба зироат соли 1927 (Стансияи давлатии таҷрибавии селексионии Тоҷикистон) ташкил гардид. Соли 1930 Стансияи минтақавии таҷрибавии пахтакории Тоҷикистон (дар ноҳияи Ҷилликӯл) таъсис ёфт. Соли 1950 дар Академияи фанҳои ҶШС Тоҷикистон Шуъбаи пахта корӣ ифтитоҳ гардид. Соли 1956 Институти таҳқиқоти илмии зироат ба кор шурӯъ кард. Минбаъд дар солҳои гуногун Институти хокшиносӣ, Институти таҳқиқоти илмии боғу токдорӣ ва сабзавоткорӣ, Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон таъсис дода шуданд, ки дар ривоҷу равнақи соҳа саҳми бузург доранд.
Даврони истиқлол
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ ислоҳоти иқтисодӣ оғоз гардид. Дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ислоҳоти замин» соли 1992 марҳилаи қисман тақсим намудани заминҳои минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ оғоз гардид. Инчунин бо фармонҳои Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 1995 №342 ва аз 1 декабри соли 1997 №874, 75 ҳазор гектар замин барои истифода ба аҳолии деҳот тақсим карда шуд, ки ин амал барои таъмин намудани аҳолӣ бо озуқа мусоидат намуд.[2]
Бо мақсади истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои замин ва об, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 25 июни соли 1996, №522 фармони Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷдиди корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ» қабул гардид. Дар ин раванд супориши давлатӣ ва нархи маҳсулоти кишоварзӣ озод эълон карда шуд, ки ин ба соҳибихтиёрии деҳқон барои парвариши маҳсулот мусоидат намуд[3].
Ислоҳоти гузаронидашуда дар соҳаи кишоварзӣ, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) озодии интихоби истеҳсол ва фурӯши зироатҳои кишоварзиро дод. Дар бисёр ҷойҳо амалӣ намудани гузаронидани кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, инчунин ҳалли масъалаи қарзи хоҷагиҳои пахтакор иқтидори соҳаро хеле афзун намуд. Гузариш ба шакли нави муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкил намудани шаклҳои нави хоҷагидорӣ, хусусигардонии амвол ба тағйироти куллӣ дар соҳаи кишоварзӣ оварда расонид[3].
Гузариш ба шакли нави муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкил намудани шаклҳои нави хоҷагидорӣ, ғайридавлатӣ гардондани моликият дар соҳаи кишоварзӣ ба тағйироти куллӣ оварда расонд. Дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 54,3 ҳазор аз ҷумла: 890 адад асотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), 819 адад хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ ва 357 адад хоҷагиҳои кооперативӣ ташкил медиҳанд.
Саҳми бахши хусусӣ дар рушди соҳаи кишоварзӣ мустаҳкам гардида истодааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфта, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии дар соли 2010 нисбат ба соли 1991 3,2 маротиба зиёд гардидааст.
Рушди соҳаи кишоварзӣ барои таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии кишвар бо маводди хӯрока тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат менамояд. Ба хоҷагиҳои деҳқонӣ додани озодии парвариши зироати кишоварзӣ иқтидори соҳаро хеле афзун намуд. Мутобиқи маълумоти оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, — ғалладонагиҳо, пахта, картошка, сабзавот, полезиҳо, меваҷот, афзоиши саршумори чорво ва паранда дар солҳои охир мутаносибан хеле боло рафт.
Дар давраи истиқлол ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ислоҳоти замин, таҷдиди хоҷагиҳо ва қабули барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои рустанипарварӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ ва таъминот бо техникаи кишоварзӣ ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 қабул гардидааст, ки он яке аз самтҳои ояндадори соҳаи кишоварзӣ маҳсуб мешавад. Дар маҷмӯъ то соли 2021 дар соҳаи кишоварзӣ 13 барномаи давлатии соҳавӣ қабул гардидааст.[4].
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 № 658 Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Татбиқи муқаррароти асосии Консепсияи мазкур ба ташаккули сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи аграрии иқтисодиёт ва расидан ба стратегияи асосии мамлакат - таъмини амнияти озуқавории кишвар мусоидат менамояд. Ҳамзамон Консепсияи мазкур ҳуҷҷати ниҳоӣ ё догматикӣ набуда, метавонад такмилу тағйир ёбад ва дар рафти татбиқ бо банду муқаррароти нав пурра карда шавад. Мақсади асосии Консепсия аз он иборат аст, ки то соли 2015 таъмини амнияти озуқавории кишвар аз маҳсулоти асосии кишоварзӣ ва баланд бардоштани даромади молистеҳсолкунандагони деҳот дар асоси сифатан беҳтар намудани фаъолияти онҳо, таъмин карда шавад.[5].
Дастгирии соҳаи кишоварзӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2008 сармоягузории мустақими Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди деҳот 115 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро ташкил дода, шумораи умумии манфиатгирандагон зиёда аз 300 ҳазор хонаводаро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин бо дастгирӣ ва ҳамкории зичи мутақобилаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ Лоиҳаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Вилояти Хатлон, марҳилаи якуми Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», Лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ва Лоиҳаи «Дастгирӣ ба ғизои мактабӣ» муваффақона амалӣ гардиданд.[6]. 13 июни соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+» аз ҷониби Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) қабул гардидааст, ки то соли 2030 идома меёбад. Лоиҳаҳои аз ҷониби Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) маблағгузоришаванда зимни вохӯрии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) Алваро Ларио дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд бахшида ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.[7].
Соҳаҳои кишоварзӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Растанипарварӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ буда, барои амалӣ намудани амнияти озуқаворӣ ва таъмини корхонаҳои саноати мамлакат бо маҳсулот нақши бориз дорад. Асосан аҳолиро бо ғалладонагиҳо, картошка, меваҷот, сабзавот, полезиҳо ва пахта таъмин менамояд.
Бо мақсади таъмини бозорҳои истеъмолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ мувофиқи маълумоти оморӣ (соли 2023)
- Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ кишти зироатҳои кишоварзӣ дар 861466 гектар, аз он
- ғалладонагӣ дар майдони 392333 гектар,
- зироатҳои техникӣ 202653 гектар,
- картошка 58566 гектар,
- сабзавот 73286 гектар,
- полизӣ 22593 гектар,
- зироатҳои хӯроки чорво дар майдони 111986 гектар гузаронида шудааст,
ки нисбат ба соли 2022 кишти зироатҳои кишоварзӣ 1698 гектар, аз он зироатҳои ғалладонагӣ 1802 гектар, картошка 2474,5 гектар, сабзавот 3294 гектар ва полизӣ 1929 гектар зиёд гардида, зироатҳои хӯроки чорво 3148 гектар ва зироатҳои техникӣ 4591 гектар кам кишт гардидааст.[8]
Дар ин давра кишти пахта 175695 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2022, 5847 гектар кам мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ кишти пахта дар ҷумҳурӣ дар майдони 175965 гектар гузаронида, иҷрои дурнаморо дар сатҳи 94 фоиз таъмин гардидааст. Аз ҳисоби кам кишт гардидани зироатҳои техникӣ ва зироатҳои хӯроки чорво дар ҷумҳурӣ кишти зироатҳои ғалладонагиҳо, картошка, сабзавот ва полизӣ зиёд гардидааст.
Тибқи дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ барои ҳосили соли 2023 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ гузаронидани кишти зироатҳои ғалладонагӣ дар майдони 269,3 ҳазор гектар, зироатҳои техникӣ 213,7 ҳазор гектар (аз он пахта 186 ҳазор гектар), картошка 40 ҳазор гектар, сабзавот 41,2 ҳазор гектар ва полизӣ 18,7 ҳазор гектар пешбинӣ гардид.
Тибқи маълумоти оморӣ дар давраи ҳисоботӣ хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ кишти зироатҳои ғалладонагиро дар майдони 306,6 ҳазор гектар гузаронида, иҷрои дурнаморо дар сатҳи 113,8 фоиз, зироатҳои техникӣ 198,3 ҳазор гектар ё 92,8 фоиз (аз он пахта 175,7 ҳазор гектар ё 94 фоиз) картошка 33,5 ҳазор гектар ё 84 фоиз, сабзавот 41,2 ҳазор гектар ё 100 фоиз ва полизӣ 19,5 ҳазор гектар ё 104,2 фоиз таъмин намуданд.
Барои самаранок ва оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ ва гирифтани 2-3 ҳосил хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.07.2023 дар майдони 76672 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6230 гектар ё 8,8 фоиз зиёд буда, 78,2 фоизи дурнамои пешбинигардидаро ташкил медиҳад. Кишти ғалладонагиҳо дар майдони 45941,1 гектар, аз он шолӣ 9869 гектар, ҷуворимакка барои дон 22282 гектар, дигар ғалладонагиҳо 13791 гектар, зироатҳои техникӣ 2009 гектар, картошка 27 гектар, сабзавот 6262 гектар, полизӣ 3764 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 18669 гектар гузаронида шудааст, ки кишти ғалладонагиҳо ба 113 фоиз, зироатҳои техникӣ 103,6 фоиз, картошка 93 фоиз, сабзавот 98 фоиз, полизӣ 101,7 фоиз ва зироатҳои хӯроки чорво ба 105,3 фоизи ҳамин давраи соли гузашта баробар мебошад.[9]
Боғдориву токпарварӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Боғдориву токпарварӣ яке аз соҳоти асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар бобати таъмини аҳолӣ бо маводди хӯрока, афзун гардондани имкониятҳои содиротии мамлакат ва бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муҳим дорад. Бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур ва парвариши дарахтони мева ва ҳамешасабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007—2010» ва баъдан Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 27 августи 2009, № 683) «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» ба тасвиб расид, ки дар пайи он дар ҷумҳурӣ (танҳо дар нимсолаи дуюми соли 2013) дар майдони 12604 га боғу токзорҳои нав бунёд шуданд. Соли 2010 ҳаҷми содироти меваи тару тоза ва хушк ба 262 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин нишондиҳандаи баландтарин барои Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Дар ҷумҳурӣ соли 2023 майдони умумии боғу токзорҳо 204114,9 гектар буда, аз он токзор 39721,3 гектарро ташкил медиҳад. Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.01.2024 кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 906,8 гектар боғ ва 117,4 гектар токзор бунёд намуданд, ки аз майдони умумии боғ 508,2 гектар ва токзор 110,9 гектар дар талу теппаҳои бо намӣ таъмин буда, бунёд карда шудааст. Инчунин дар ин давра дар майдони 1300 гектар боғҳо ва 304,4 гектар токзор корҳои барқароркунӣ амалӣ карда шудааст.[10]
Барои таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо ниҳолҳои хушсифати мевадиҳанда, ороишию сояафкан ва ҳамешасабз хоҷагиҳои ниҳолпарварии КВҶД “Тоҷикниҳолпарвар” якҷо бо иҷоракорон дар мавсими ниҳолфурӯшӣ то давраи ҳисоботӣ ба миқдори 422240 бех ниҳолҳои гуногунро ба харидорон бо нархҳои дастрас пешкаш намуданд.
Рӯёнидани ҳосили ба талаботи бозори истеъмолӣ ва содирот ҷавобгӯ, аз сари вақт гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ вобастагӣ дошта, бо ин мақсад дар боғу токзорҳои ҷумҳурӣ дар 91334 гектар коркарди байни қаторҳо ва нармкунии бехи дарахтон, 97911 гектар башаклдарории дарахтон, 39429 гектар яхобмонӣ ва 48985 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст, ки ин усулҳо барои кам кардани пайдошавии организмҳои зараррасон таъсири мусбии худро мерасонад.[11] Имкониятҳои кишвар дар зиёд намудани содироти ин намуди маҳсулоти кишоварзӣ ҳанӯз хеле фаровон мебошанд.
Тухмипарварӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ҳамкорӣ бо Барномаи оҷонсии байналхалқии Шветсия (SIDA) лоиҳаи «Дастгирии инкишофи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз соли 2004 фаъолият дорад, бинои Бозрасии назорати давлатии тухмӣ, озмоишгоҳҳои тухми санҷӣ дар Душанбе, вилояти Суғд ва Хатлон таҷдиду тармим гардида бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин шуданд. Барои равнақи ин бахш Барномаи «Рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010—2014» қабул гардид. Барои татбиқи барномаҳои селексионӣ Пажӯҳишгоҳи зироаткории АИКТ, Филиали Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ дар вилояти Суғд, Кооперативи истеҳсолии ба номи Л. Муродови ноҳияи Ҳисор, хоҷагии «Чилгазӣ»и ноҳияи Исфара, Стансияҳои навъсанҷии навоҳии Қубодиён, Бобоҷон Ғафуров, Муъминобод ва шаҳри Турсунзода бо воситаҳои муосир ҷиҳозонида шуданд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021, №117 “Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” қабул гардид ва Фармоиши Вазорати кишоварзӣ аз 12.05.2021, №70 оид ба Нақшаи чорабиниҳои Барнома ба тавсиб расид.
Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.12.2023 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тухмии ғалладонагиҳо 53802 тонна захира гардидааст, аз он 47049 тонна гандум, 1046 тонна шолӣ, дигар ғалладонагиҳо 4763 тонна, лӯбиёгиҳо 944 тонна, ҷуворимакка 1346 тонна, картошка 65915 тонна, сабзавот 52,1 тонна ва чигити тухмӣ 1322 захира гардидааст. [12]
Чорводорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Чорводорӣ қисми таркибии соҳаи кишоварзӣ буда, аҳолиро бо гӯшту шир, равған, тухм ва саноатро бо ашёи хом, пӯст, пашм, пӯсти қарокӯлӣ, тибит ва ғайра таъмин менамояд. Солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барнома оид ба рушди ин соҳа қабул кард, ки ҳоло амалӣ мешавад.
Рушди соҳаи чорводорӣ ҷиҳати таъминоти аҳолӣ бо гӯшт, шир ва тухм муассир буда, тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.07.2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2605,6 ҳазор сар чорвои калон аз он модагов 1347,1 ҳазор сар, қутос 29,6 ҳазор сар, гӯсфанду буз 6610,1 ҳазор сар, асп 87 ҳазор сар, занбури асал 265,8 ҳазор оила ва 10900,9 ҳазор сар паранда парвариш ёфта истодааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 113,3 ҳазор сар ё 4,5 фоиз, аз он модагов 578 ҳазор сар ё 4,5 фоиз, қутос 778 сар ё 2,7 фоиз, гӯсфанду буз 333,4 ҳазор сар ё 5,3 фоиз, асп 1,9 ҳазор сар ё 2,3 фоиз ва занбури асал 14,8 ҳазор оила ё 5,9 фоиз ва саршумори паранда 963,9 ҳазор сар ё 9,7 фоиз зиёд гардидааст.[13]
Дар Тоҷикистон 3 млн 166 ҳазор га чарогоҳ ҳаст. Моли майда 90%, гову асп 60%-и хӯрокашро аз чарогоҳҳои табиӣ ва алафзор мегирад. Чарогоҳҳои чумҳурӣ вобаста ба мавсими истифода ба зимистонӣ (се фасли сол — тирамоҳу зимистон ва баҳор истифода мешаванд), тобистонӣ, инчунин муваққатӣ ҷудо мекунанд. Чарогоҳҳои зимистонӣ дар водиҳо, ҳамвориҳои доманаи кӯҳҳо, адирҳои пасти ҷануб ва шимоли Тоҷикистон (360 —2200 м аз с. б.) ҷойгиранд. Масоҳати умумиашон 1,5 млн га. Дар чарогоҳҳои ҷаннуби Тоҷикистон дар давоми сол андаряк 146—300 мм боришот мешавад. Чарогоҳҳои зимистонии шимоли Тоҷикистон дар баландии 323—1004 м аз с. б. ҷойгиранд. Дар ин минтақа боришоти солона 104—300 мм аст.
Чарогоҳҳои тобистонии баландкӯҳи Тоҷикистон дар минтақаи субалпӣ ва алпӣ (баландтар аз 2500 м) ҷойгир буда, дашту марғзори баландкқҳро дар бар мегиранд. Боришоти солонаашон 700—830 мм. Бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъракаи наслгирии чорвои майда фармоиши вазорат аз 26.01.2023, №12 ба тасвиб расида, гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ то 1 июли соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 475694 сар гӯсола ва 2358037 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта гӯсола 9051 сар ё 1,9 фоиз ва барраю бузғола 122096 сар ё 5,5 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ 26311 сар гӯсола ва 394458 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта гӯсола 1732 сар ва барраву бузғола 30123 сар зиёд мебошад.
Мутобиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.07.2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 437238 тонна хӯроки чорво (бо воҳиди хурока) захира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15525 тонна ё 3,7 фоиз зиёд мебошад.
Занбӯрпарварӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Асал, гард, прополис, шири модарзан бӯр ва заҳри занбӯри асал аз маҳсулоти серталаби ғизоӣ ва воситаҳои беҳтарини табобатӣ мебошанд. Зарурати соҳаро ба эътибор гирифта, соли 2006 бо пешниҳоди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи воҳиди давлатии «Асали Тоҷикистон» таъсис дода шуд ва ҳамзамон «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006—2010» ба тасвиб расид. Минбаъд дар радифи идҳои харбузаву зардолу гузаронидани «Иди асал» ҳам ба ҳукми анъана даромад.
Соҳаи занбӯрпарварӣ соҳаи сердаромад баҳисоб рафта тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 01.01.2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 266,7 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфта, дар ин давра 4697 тонна асал истеҳсол карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта миқдори оилаҳои занбӯри асал 2,8 ҳазор оила ва истеҳсоли асал 132 тонна зиёд мебошад.[14]
Парандапарварӣ соҳаи муҳими кишоварзӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар таъмин намудани аҳолӣ бо маводи ғизоии сафедадор мавқеи муҳим дорад. Тибқи маълумоти оморӣ (то 1.12.2013) дар корхонаҳои парандапарварӣ ва хоҷагиҳои соҳибкорони кишвар 1,7 млн сар паранда парвариш ёфта, 188,8 млн дона тухм истеҳсол карда шудааст.
Аз рӯи маълумоти КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон” соли 2023 дар Тоҷикистон 228 адад корхонаҳои парандапарварӣ фаъолият намуда истодаанд, ки нисбати соли гузашта 10 адад зиёд мебошад. Аз ин 101 адад корхонаҳо ба истеҳсоли тухм, 113 адад корхона ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 адад корхонаҳо ба истеҳсоли тухму гушти паранда ва 6 адад корхонаҳо ба истеҳсоли тухми инкубатсионӣ, чӯҷаи якрӯза ва тухми истеҳсолӣ машғул мебошанд.[15]
Моҳипарварӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Моҳипарварӣ. Соли 2008 бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009—2015» қабул гадид, ки ба рушду равнақи соҳа такони ҷиддӣ бахшид. То соли 2013 теъдоди хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 95 адад расонида шуд.
Зотпарварӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]«Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сол ҳои 2008—2015» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор гирифтааст. Баъдан «Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008—2015» ба тасвиб расид. Қарорҳои зикршуда барои равнақи соҳа дар ВМКБ, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ, Балҷувон ва Ҷиргатол заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Асппарварӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Қабул гардидани «Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009—2016» ба ривоҷ ёфтани соҳаи асппарварӣ мусоидат менамояд. Ҳоло дар Тоҷикистон 3 заводи асппарварӣ, аз ҷумла «Асппарвар»и ноҳияи Рӯдакӣ, «Баракат»и ноҳияи Ҳисор ва «Чорводор»и ноҳияи Вахш ва 3 хоҷагии асппарварӣ бо номи «Кангурт» дар ноҳияи Темурмалик, «Данғара» дар ноҳияи Данғара ва «Мелик Муродов» дар ноҳияи Шаҳринав фаъолият доранд.
Пойгоҳи техникӣ ва инфрасохтори кишоварзӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Самти дигари равнақи соҳаи кишоварзӣ рушди пойгоҳи техникӣ ва инфрасохтори кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз таъмини хоҷагиҳо бо тракторҳои шудгоркунанда, комбайнҳои ғалладараву алаф ғун доранда, испорҳои тракторӣ, нармкунакҳо, тухмипо шакҳо ва амсоли инҳо дар мадди аввал қарор дорад.
Пажӯҳишҳо дар соҳаи кишоварзӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Рушди соҳаи аграрии ҷумҳурӣ бидуни ҷалб ва ширкати бевоситаи олимони кишоварзӣ имконнопазир аст. Дар ин самт уламои соҳаи кишоварзӣ ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Дар таркиби АИК 6 пажӯҳишгоҳи соҳавӣ фаъолият доранд. Дар ин пажӯҳишгоҳҳо 420 корманди илмӣ, аз ҷумла 31 доктори илм ва 121 номзади илм ба таҳқиқот пардохтаанд. Аз соли 2009 олимони тоҷик пахтаи маҳиннахи 748В, гандуми навъи нарми «Зироат-70», нути «Ҳисор», марҷумаки «Ҳисор-1», кунҷиди «Шаҳноза», ҷувории «Фирӯз-355 В» ва «Марҷон-785 В», юнучқаи (шабдар) «Вахш-429»ро ба вуҷуд овардаанд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010
- ↑ История таджикского народа. Том VI. (Новейшая история). Душанбе:«Империал-Групп»,2011. С. 520.
- ↑ 3.0 3.1 Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 (1 августи 2012). 21 феврали 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 июли 2018.
- ↑ Кишоварзӣ(тоҷ.). Президенти Тоҷикистон. president.tj. 21 феврали 2018 санҷида шуд.
- ↑ Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). moa.tj/konun/23. 22 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). khovar.tj. 15 июни 2024 санҷида шуд.
- ↑ Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). khovar.tj. 15 июни 2024 санҷида шуд.
- ↑ Растанипарварӣ(тоҷ.). instchorvodori.tj (2023). 21 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ Растанипарварӣ(тоҷ.). instchorvodori.tj (2023). 21 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ Боғу токпарварӣ(тоҷ.). instchorvodori.tj (2023). 21 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ Боғу токпарварӣ(тоҷ.). instchorvodori.tj (2023). 21 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ Тухмипарварӣ(тоҷ.). instchorvodori.tj (2023). 24 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ Чорводорӣ(тоҷ.). moa.tj (2023). 23 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ Рушди соҳаи занбӯри асалпарварӣ дар соли 2023(тоҷ.). instchorvodori.tj (2023). 24 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ Рушди соҳаи парандапарварӣ дар соли 2023(тоҷ.). instchorvodori.tj (2023). 21 май 2024 санҷида шуд.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.