Jump to content

Таърихи Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Таърихи халқи тоҷик)

Аҷдоди тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон ва Ӯзбакистон зиндагӣ карда халқи қадимтарини Осиёи Марказӣ мебошанд. Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза қадимтарин осори ҳаёти инсон ба давраи палеолити миёна рост меояд. Дар замонҳои қадим ниёгони тоҷиконро ориёӣ мегуфтанд. Ориёӣ — аз калимаи авестоии «aria» ва эронии «ariya» баромада маънояш «тоза», «асилзода» аст. Дар замонҳои қадим аҷдодони тоҷиконро — ориёӣ мегуфтанд.

Таърихи қадимтарини ориёиҳо дар китоби Авесто ва Ведҳо, адабиёти зардуштӣ ва сарчашмаҳои асримиёнагӣ аз қабили «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва ғайра сабт гардидааст.

Дар қадим аҷдоди ориёиҳо ҷамъияти ягонаи этникиро ташкил мекарданд, яъне як халқ буданд, бо як забон гап мезаданд ва дар як кишвар зиндагӣ мекарданд. Тақрибан дар асри XX—XV п.м. онҳо ба ду шоха тақсим шуданд, ки яке аз онҳо ба Ҳиндустон кӯчида дар онҷо Ведҳоро таълиф карданд. Гурӯҳи дуюм дар Осиёи Миёна ва Эрони Шарқӣ зиндагӣ мекарданд ва Авесторо офариданд. Мутобиқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ дар асрҳои IX—VIII то м. тоифаи ориёиҳо тақрибан дар нисфи қитъаи Осиё аз сарҳади Байнаннаҳрайн то шимоли Ҳиндустон ва аз Аврупои Шарқӣ — Ҷанубӣ то Олтойу Сибири Ғарбӣ зиндагӣ мекарданд.

Ба қатори халқҳои ориёӣ ин давра — бохтариҳо, суғдиҳо, хоразмиҳо, портҳо, модҳо, форсҳо, халқҳои саҳронишин сакоиҳо — скифҳо, сарматҳо, массагетҳо ва халқҳои дигари эронинажод дохил мешуданд.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ мардуми Ориёно — Давлати Пешдодиён ва Давлати Каёниён, Турон — Давлати Афросиёб, Подшоҳии Бохтари қадим, Давлати Суғди қадим, Давлати Хоразми Бузург, Порсу Давлати Мод ва Хуросон аҷдодони ориёӣ номбар шудааст[1].

Солномаи таърихи тоҷикон

[вироиш | вироиши манбаъ]
Империяи Ҳахоманишиён
Давлати Юнону Бохтар
Давлати Сосониён

Давраи Авестоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мақолаи асосӣ: Авесто

Авесто (маънояш «асос», «дастур»,"дониш") — қадимтарин сарчашмаи таърихии хаттӣ ва китоби муқаддаси зардуштиён аст, ки дар асрҳои VII то милод — VI милодӣ ташаккул ёфта, то асри VI милодӣ, замони давлатдории Сосониён ҷамъ оварда шудааст. Авесто аз 21 наск, яъне китоби алоҳида иборат аст, ки то ба мо чаҳоряки он расидааст. Дар он таълимоти динии Зардушт ва дигар маводҳои таърихӣ, мансуб ба ҳамон давр гирд оварда шудааст. Дар Авесто ва дигар сарчашмаҳои таърихӣ кишвари қадимаи сукунати тоифаҳои ориёӣ Айиряна Ваеҷаҳ — Орёвиҷ номбар шудааст.

Айиряна Ваеҷаҳ — Орёвиҷ (аз заб. авестоӣ — «фазо, ё доманаҳои Ориё») — маҳалли қадимаи сукунати тоифаҳои ориёӣ. Дар ҳазорсолаи II то милод аз ҳудуди имрузаи Урали Ҷанубӣ, Қазоқистон, Туркистони Чин дар Шимол то водиҳои Осиёи Миёна, Эрони Шарқӣ ва Афғонистон дар ҷануб ҷойгир щуда буд.

Дар замонҳои қадим ниёгони тоҷиконро ориёӣ мегуфтанд. Имрӯз ба ориёиҳо: тоҷикон, эрониҳо, ҳиндуҳо, курдҳо, балуҷиҳо, тотҳо, паштуҳо, осетинҳо ва дигар халқҳо мансубанд.

Ориёӣ — аз калимаи авастоии «aria» ва эронии «ariya» баромада маънояш «тоза», «асилзода» аст.

қабилаҳои ориёӣ — номи қабилаҳои қадимтарини ҳиндуэронӣ мебошад, ки дар аввали ҳазораи дуюми то милод аз ҳиндуаврупоиҳо ҷудо шуда ба Осиёи Марказӣ, ва охири ҳазораи дуюми то милод ба Эрон ва Ҳиндустони Шимолӣ ҳиҷрат кардаанд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ мардуми Ориёно, (Давлати Пешдодиён ва Давлати Каёниён) Турон, Подшоҳии Бохтари қадим, Давлати Суғди қадим, Давлати Хоразми Бузург, Порсу Давлати Мод ва Хуросон аҷдодони «ориёӣ» номбар шудааст.

Дар Авесто ду кишвари таърихӣ Ориёно ва Турон номбар гардидааст, ки онҷо сулолаи Пешдодиён ва Каёниён (Давлати Пешдодиён ва Давлати Каёниён) ҳукумрон буданд.

Пешдодиён ва Каёниён — аввалин сулолаҳои подшоҳии ориёӣ, ки дар Осиёи Марказӣ дар охири ҳазораи III ва II то милод ҳукмронӣ кардаанд. Мувофиқи сарчашмаҳои қадим китобҳои «Авесто», «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ, «Таърихи Табарӣ» сулолаи Пешдодиён (Давлати Пешдодиён) аз Хушанг то Гаршосп ва сулолаи Каёниён (Давлати Каёниён) аз Қубод то Гуштосп (Виштосп) дар Эрон(Ориёно) подшоҳӣ кардаанд.

Ориёно — (аз номи қабилаи айиря) — кишвари ориёиҳо, заминҳои соҳили чапи Сирдарё, сипас, заминҳои соҳили чапи Амударё, сарзамини имрӯзаи Туркманистони ҷанубу ғарбӣ, Афғонистону Эрон.

Турон- (аз номи қабилаи туйиря) — кишвари ориёиҳо, заминҳои соҳили рости Амударё доманакӯҳҳои Тиёншону Помир, Ҳафтруд, Қазоқистон ва Урали ҷанубй.

Тоҷикистон дар ҳайати давлатҳои таърихӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
НОМИ ДАВЛАТҲО/ Пойтахт СУЛОЛАҲО / ШОҲОН ДАВРАИ МАВҶУДИЯТИ ДАВЛАТДОРӢ МАВҚЕИ ГЕОГРАФӢ (МАРЗҲО)
Бохтар, шаҳри Бактра, Бахди (Балх) Асрҳои IX—VI то милод Тоҷикистони марказӣ ва ҷанубӣ, Ӯзбекистони ҷанубу ғарбӣ, Афғонистони шимолӣ
Суғд, шаҳри Мароқанд (Самарқанд); Асрҳои IX—VI то милод Водиҳои Зарафшон ва Қашқадарё
Хоразм, шаҳри Киат Асрҳои IX—VI то милод Ӯзбекистони шимолӣ, резишгоҳи Амударё, Қазоқистони ҷанубу ғарбӣ
Фарғона (Даван), шаҳри Асхикат Шоҳ Мугия Асрҳои II—I то мелод Водии Фарғона
Кирпанд Асрҳои II—I то мелод Чин (Хитой) — и шимолу ғарбӣ
Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо, шаҳри Персеполис Куруши Кабир — Куруши II (с. 559—530 то мелод), Камбизи II (с. 530—522 то м.), Дорои I (с. 522—486 то м.), Дорои II (c. 423—404 то м.) ва диг. Солҳои 550—330 то мелод Осиёи Хурд ва Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистони шимолӣ, Ҳиндустони шимолу ғарбӣ
Порт (Парфия), шаҳри Нисса Шоҳаншоҳии сулолаи Ашкониён Аршак (соли 256 то м.) ва диг. Миёнаи асрҳои III—II то мелод — то соли 224 мелод Эрони ғарбӣ, Мидия, ғарби Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Ҳиндустони шимолӣ
Юнону Бохтар, шаҳри Бактра, Бохтар (Балх) Диодот, (соли 256 то м) ва диг. Солҳои 256—120 то мелод Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Ҳиндустони шимолу ғарбӣ
Шоҳаншохии Кушониён, шаҳри Пурушапура (Пешовар) Куджула Кадфиз I Вима Кадфизи II Канишка ва диг. Асрҳои I—IV мелод Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Ҳиндустон, шимолу ғарбии Чин
Давлати Сосониён, шаҳри Ктесифон, Шуш Ардашери Бобакон (соли 224—242), Шопури I (соли 242—272), Шопури II (с. 309—379), Баҳроми Гур (с. 421—439), Хусрави I Анушервон (с. 531—579), Хусрави Парвиз I (с. 591—628) ва диг. Солҳои 224—651 Эрон, Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Кавкази ҷанубӣ
Давлати Ҳайтолиён Готифар, Хушнавоз, Ахшунвар ва диг. Аз солҳои 80 — 90 асрҳои IV то VI Осиёи Марказӣ, Туркистони шарқӣ, Афғонистон ва Ҳиндустон
Ҳукумронии Хилофати Араб дар Хуросону Мовароуннаҳр, шаҳри Димишқ, Бағдод, Нишопур сулолаи Уммавиён (с. 661—750) ва Аббосиён (с. 750—1258) солҳои 715—892 Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон
Давлати Тоҳириён шаҳри Нишопур Тоҳир ибни Ҳусайн (с. 821—822), Талха ибни Тоҳир (с. 822—828), Абдулло ибни Тоҳир (с. 828—844), Тоҳири II (с. 845—862), Муҳаммад (с. 862—873) Солҳои 821—873 Хуросон, Эрон ва Афғонистони шимолӣ
Давлати Саффориён шаҳри Нишопур Яъқуб ибни Лайс (с. 873—879), Амр ибни Лайс (с. 879—903); Солҳои 873—900 Хуросон, Эрон ва Афғонистони шимолӣ
Давлати Сомониён шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро Асад ибни Сомон, Нӯҳ ибни Асад (с. 819—841), Аҳмад ибни Асад (с. 841—864), Насри ибни Аҳмад (с. 864—892), Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ (с. 892—907), Аҳмад (с. 907—914), Наcри II (с. 914—943), Нӯҳ 1 (с. 943—954) Солҳои 819—999 Аз Хоразм, Исфиҷоб ва Ҳафтруд дар шимол то Ғазнаву Сиистон дар ҷануб, аз баҳри Каспий дар ғарб то Помиру Олой дар шарқ
Давлати Ғуриён ш -ҳои Фирӯзкӯҳ ва Ғазна Алоуддин Ҳусейн (соли 1150—1163), Муизуддин ва Ғиёсиддин Муҳаммад (соли 1163—1203), Шахобиддин Мухаммад (соли 1203—1206); Ибтидои садаи XI50—1215 Солҳои 1150—1215 Эрони шарқӣ, Афғонистон, Ҳиндустони шимолӣ
Давлати Куртҳои Ҳирот шаҳри Ҳирот Шамсиддин Муҳаммад (соли 1245—1278), Рукниддин (соли 1278—1291), Шамсиддин Кехин (соли 1291—1307), Малик Фахриддин (соли 1330—1370) ва диг. Солҳои 1245—1381 Афғонистон
Давлати Музаффариҳо. шаҳри Исфаҳон Муборизиддин Муҳаммад ибни ал — Музаффарӣ (соли 1314—1358) ва диг. Солҳои 1314—1393 Эрон — Исфаҳон, Кирмон, Форс, Язд
Давлати Сарбадорони Сабзавор шаҳри Сабзавор Амануддин Абдураззоқ (1336—1338) ва диг. Солҳои 1336—1381 Эрони Шарқӣ
Ҳоконии Турк (аз соли 603 Ҳоқонии Туркони ғарбӣ) Бумон (с. 551—553), Мухон (с. 553—572) ва диг. Солҳои 551—744 Осиёи Хурд, Осиёи Марказӣ, Туркистони шарқӣ, Афғонистон
Давлати Газнавиён шаҳри Ғазна Алптегин (с. 963—997), Сабуктегин (с. 977—998), Султон Маҳмуд (с. 998—1030), Масъуд I (соли 1030—1041) ва диг. Солҳои 963—1186 Афғонистон, Ҳиндустони шимолу ғарбӣ, Тоҷикистони ҷанубӣ (Чағониён), Хоразм, Исфаҳон, Райи Эрон
Давлати Қарахониён. шаҳри Узганд Бугрохон, Наср ибн Алӣ ва диг. Солҳои 999—1212 Узбекистон (Фарғона, Термез, Хоразм), Тоҷикистон (Хатлон, Вахш)
Давлати Салҷукиён шаҳри Марв Тоғралбек (соли 1038—1063), Алп Арслон (соли 1063—1072) Солҳои 1040—1157 Дар ғарб аз соҳили баҳри Миёназамин то Кашғари Чин дар шарқ, аз баҳри Аралу Каспий то халиҷи Форс
Давлати Хоразмшоҳиён шаҳри Урганҷ Отсиз (соли 1127—1153), Алоуддин Текеш (соли 1172—1200), Муҳаммад (с.1200 — 1220) ва диг. Солҳои 1097—1220 Дар шимол аз баҳри Аралу Каспий то халиҷи Форс дар ҷануб аз куҳҳои Кавказ дар ғарб то Ҳиндукуш дар шарқ
Давлати Чингизиён (улуси Чағатой) Чингизхон (соли 1206—1227), Уктой (с.1229 — 1241) Гуюкхон (соли 1246—1248) ва диг. Солҳои 1220—1370 Муғулистон, Ҳафтруд, Хоразм, Осиёи Марказӣ, Олтой ва Чин
Давлати Темур ва Темуриён ш — ҳои Самарқанд, Ҳирот Темур (соли 1370—1405), Шоҳрух (соли 1405—1447), Улуғбек (соли 1411—1447), Абусаид (соли 1451—1469) ва диг. Солҳои 1370—1500 Дар ғарб аз соҳили баҳри Миёназамин то Кашғари Чин дар шарқ, аз Дашти қипчоқ дар щимол то соҳили Ганга дар ҷануб
Давлати Шайбониён. ш — ҳои Самарқанд, Бухоро Муҳаммад Шайбонихон (соли 1499—1510) ва диг. Солҳои 1500—1599 Осиёи Марказӣ, Туркистони шарқӣ, Афғонистони шимолӣ
Давлати Аштархониён шаҳри Бухоро Сулолаи Ҷониён Боқимуҳаммад (соли 1599—1605) ва диг. Солҳои 1599—1747 Осиёи Марказӣ, Туркистони шарқӣ, Афғонистони шимолӣ
Аморати Бухоро шаҳри Бухоро Сулолаи манғитиён Муҳаммад Раҳимбий (соли 1753—1758) ва диг. Амири охирон Саид Олимхон (соли 1910—1920) Солҳои 1753—1920 Ӯзбекистони Марказӣ ва ҷанубӣ, Тоҷикистони марказӣ ва ҷанубӣ, Туркманистони шарқӣ
  • Манбаъ:[7]

Номгузориҳои таърихӣ-ҷуғрофӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Ориёно (бо зард дар қисми шарқ) аз рӯи Эратосфен
    Айиряна Ваеҷаҳ - Орёвиҷ, Ориёнвич (аз заб. авестои — «фазо, ё доманаҳои Ориё») — маҳалли қадимаи сукунати тоифаҳои (кишвари) ориёиҳо.
    • Ориёно — (аз номи қабилаи айиря) — кишвари ориёиҳо, заминҳои соҳили чапи Сирдарё, сипас, заминҳои соҳили чапи Амударё, сарзамини имрӯзаи Туркманистони ҷунубу ғарбӣ, Афғонистону Эрон.
    • Харитаи олмонии Турону Эрон (Қоҷарӣ). Турон бо ранги зард гирифта шуда. Аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон (ки онҳоро Осиёи Марказӣ низ гӯянд), қисме аз Афғонистон ва Покистонро дар бар мегирад. Турон: 1. Хоразм 2. Бухорову Балх 3. Шаҳрисабз (дар наздикии Бухоро) 4. Ҳисор 5. Қӯқанд 6. Дарвоз 7. Қаротегин 8. Қундуз 9. Кофиристон 10. Читрол 11. Гилгит 12. Искарду 13. & 14. Қазоқистон ё худ Қумзори шимолӣ
      Турон — (аз номи қабилаи туйиря) — кишвари ориёиҳо, заминҳои соҳили рости Амударё доманакӯҳҳои Тиёншону Помир, Ҳафтруд, Қазоқистон ва Урали ҷанубӣ.
    • Дарёи Окс — (аз заб. лотинӣ — Ox), Ҷайҳун (аз заб. арабӣ) — Амударё.
    • Дарёи Яксарт (аз заб. лотинӣ — Yaksart), Сайҳун (аз заб. арабӣ) — Сирдарё.
    • Хуросон — кишварест, ки аз асри III—IV дар давлати Сосониён мавриди истифода қарор гирифта дар маънои васеи калима сазамини Эрону Афғонистони имрӯза ва Вароруд-Мовароуннаҳрро, ки сокинонаш форсизабон буданд дар назар дошт. Минбаъд ин истилоҳи ҷуғрофӣ ба сарзамини соҳили чапи Амударё-Вахш, имрӯза Туркманистони ҷанубӣ, Эрони шарқӣ ва Афғонистон низ нисбат дода мешавад.
    • Хуросон, Фарорӯд (Трансоксания, Варазруд, Мовароуннаҳр) ва Хоразм дар як харита
      Вароруд (Варазруд), Фароруд — сарзамини байни Амударё ва Сирдарё. Номгузории форсии кишвар то забти арабҳо.
    • Мовароуннаҳр (аз заб. араби — «он сӯи дарё» — и Аму) — кишварест дар қисми рости Амударё, имрӯза Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистони щарқӣ ва Қирғизистон, ки дар асри YIII аз тарафи Хилофати Араб забт шудааст.
    • Харитаи усмонӣ бо нишондоди вилояти Аҷам
      Кишвари Аҷам — кишвари аҳолиаш форсизабон, яъне Хуросон ва Мовароуннаҳр.
    • Харитаи империяи Тан, ки дар қисми ғарбиаш бо ранги зард Тохаристон нишон дода шудааст
      Тахористон — мамлакатест, ки дар ду соҳили дарёи Панҷ ҷойгир буд, сарзамини имрӯзаи Афғонистони шимолӣ, Тоҷикистону Ӯзбекистони ҷанубӣ.
    • Чағониён — мулкест дар поёноби дарёи Чағонрӯд (Сурхондарё).
    • Қубодиён — мулкест дар соҳили ҷанубии дарёи Ромид (Кофаниҳон).
    • Вахш — мулкест дар водии дарёи Вахшаб (Вахш).
    • Харитаи вилояти Хатлон (Хуттал) дар харитаи Тоҷикистон
      Хуттал — мулкест дар водии байни дарёи Вахш ва Панљ бо шаҳрҳои бостонии Хулбук ва Мунк. Дар асри IX ба ҳайати Хуттал мулкҳои Қубодиён, Вашгирд ва Вахш тобеъ буданд.
    • Вашгирд — мулкест дар болооби дарёи Кофарниҳон, сарзамини имрӯзаи ноҳияи Файзобод.
    • Рашт — мулкест дар водии Раштонзамин, сарзамини имрӯзаи гурӯҳи ноҳияҳои Рашт.
    • Кумед — мулкест дар болооби дарёи Вахш, сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои Дарвоз, Ванч ва Бадахшони шимолӣ.
    • Каран — мулкест дар сарзамини имрӯзаи ноҳияи Дарвоз.
    • Вахон — мулкест дар водии Вахондарё, сарзамини имрӯзаи ноҳияи Ишкошим.
    • Шикинан — мулкест дар, сарзамини имрӯзаи ноҳияи Шуғнон.
    • Бадахшон (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва Вилояти Бадахшони Афғонистон)
      Бадахшон — мулкест дар соњили ғарби ва шарқии дарёи Панҷ, музофоти имрӯзаи Бадахшони Афғонистон.
    • Шумон — мулкест дар байни дарёи Кофарниҳон ва Хонақои водии Ҳиссор.
    • Аҳорун — мулкест дар ду тарафи дарёи Қаротоғи водии Ҳиссор.
    • Фарғона — мулкест дар водии Фарғона, ки дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон, ӯзбекистон ва Ќирғизистон ҷойгир аст.
    • Истаравшан — мулкест дар байни Сирдарё дар шимол ва қаторкӯҳи Ҳиссор дар ҷануб ҷойгир шудааст. Сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои Истаравшан ва Шаҳристон.
    • Чоч ва Илок — мулкест дар байни дарёи Чирчиқ ва Илок, дар имрӯза вилояти Тошканди ӯзбекистон
    • Исфиҷоб — мулкест дар водии дарёи Арыси Қирғизистон.
    • Кеш — мулкест дар водии Ќашқадарё, дар имрӯза вилояти Шаҳрисабзи ӯзбекистон.
    • Хоразм — мулкест, ки дар асрҳои миёна дар резишгоҳи Амударё ҷойгир буд. Сарзамини имрӯзаи вилояти Хоразми ӯзбекистон.
    • Марв — мулкест дар водии дарёи Мурғоби имрӯза Туркманистони ҷанубӣ.
    • Ҳирот — мулкест дар болоби дарёи Ҳарируди имрӯза Афғонистони шимолу ғарбӣ.
    • Ғур — мулкест дар болоби дарёҳои Ҳарируд ва Ҳилманд, дар имрӯза Афғонистони шимолӣ.
    • Балх — мулкест дар соҳили ғарбии дарёи Панҷ, музофоти имрӯзаи Балхи Афғонистон.
    • Ҷузҷон — мулкест дар водии дарёи Шибирғони имрӯза Афғонистони шимолӣ.
    • Туркистон — дар асрҳои миёна зери ин номгузорӣ сарзамини қисми шимолии Сирдарё то доманакӯҳҳои Олтой дар назар дошта мешавад.
    • Туркистони шарқӣ — сарзамини имрӯзаи қисми шимолу шарқии Хитой(Чин).
    • Дашти Қипчоқ — сарзамини имрӯзаи даштҳои Қазоқистон, Сибири ҷанубӣ ва дашту доманакӯҳҳои Олтой.
    • Бухорои Шарқӣ — сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони марказӣ ва ҷанубӣ, ки дар асрҳои XYIII ва ибтидои XX ба ҳайати аморати Бухоро дохил буданд.
    • Кӯҳистон — мулкҳои болооби Зарафшон: Фалғар, Мастчоҳ, Фон, Киштут ва Моғиён, ки дар нимаи дуюми асри XIX мулкҳои ниммустақил (аз аморати Бухоро) буданд.
    • Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1924. Душанбеи имрӯза аз рӯи бозёфтҳои бостоншиносон аз асрҳои XV—XVI арзи ҳастӣ намудааст.
    • Осиёи Миёна — истилоҳоти ҷуғрофие, ки дар асри XX нисбати Ҷумҳуриҳои шӯравии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон истифода бурда мешуд.
    • Осиёи Марказӣ — истилоҳоти ҷуғрофие, ки дар асри XXI нисбати сарзамини имрӯзаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон истифода бурда мешавад. Дар маънои васеи калима, инчунин Афғонистон, Эрон ва Покистон дар назар дошта мешавад.[8].
    • Суғд, Бохтар, Парканд, Буникат, Сакоия, Скифия, Ёрканд ва ғ.

Тоҷикистон дар низоми Иттиҳоди Шӯравӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

14 октябр соли 1924 дар натиҷаи таъйиноти ҳудуди миллию давлатии ҷумҳуриҳои Шӯравии Осиёи Миёна дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки он аз вилоятҳои Ғарм, Кӯлоб, Қӯргонтаппа, Ҳисор, кисман Сариосиё (аз ҳисоби Ҷумҳурии Халкии Шӯравии Бухоро) ва 12 ноҳия иборат буд. Вилояти махсуси Помир, ки пештар ба хайати Ҷумҳуриии Худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон дохил мешуд, ба Вилояти Худмухтори Бадахшони Кухи табдил дода шуд ва 2 январи соли 1925 ба хайати Ҷумҳурии Худмухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамроҳ гардид. 4 сентябри соли 1929 уезди Хуҷанд низ ба Тоҷикистон ҳамроҳ гардид.16/27 октябр соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар хайати вилоятҳои Бадахшон, Ғарм, Кулоб, Кӯргонтеппа, Ӯротеппа, Панҷакент, Хуҷанд ва Ҳисор ташкил шуд.

Ҷумхуриҳои нав ташкилёфтаи Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла ҶШС Тоҷикистон аз рӯи намунаҳои умумииттифоқӣ идора мешуданд. Дар маънавиёти мардуми кишвар тағӣироти нав ба амал омад. Айни замон бисёр анъанаҳои халқҳои мухталифи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон дар замони ҳукуматдории шуравӣ ба инобат гирифта намешуданд. Дар Тоҷикистон идеологияи коммунистӣ ҳукумрон гардида, дини ислом ба зери таъқиб қарор гирифта буд, Қисми мардуми кишвар тартибу низоми шуравиро рад намуда бо Ҳукумати шуравӣ ҷангиданд (ҷанги шаҳрвандии соли 1918—1924). Аммо ба максад нарасида Ватани бобоияшонро тарк намуданд. Дар солҳои 30-40 асри XX асосҳои нави истеҳсолоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гузошта шуданд. Дар деҳот коллективонии хоҷагидории деҳқонӣ анчом ёфта, боиси аз байн рафтани деҳқонони мустақил гардид. Инқилоби мадани ба ҳаёти тоҷикон мактабҳои навъи шурави (мактаби маҳви бесаводии калонсолон, кудакистон, мактаби миёнаи наврасон, мактаб-интернат, омузишгоҳи касбӣ, мактаби олӣ) муассисаҳои илмиву фарҳангӣ (театр, китобхона, клуб, чойхонаи сурх-кироатхона, музей, боги истироҳат, кинотеатр, варзишгоҳ)- ро ворид намуд. Тоҷикистон комилан ба комплекси ягонаи умумииттифоқии хоҷагии халқ ҳамроҳ шуда, пурра тобеи Марказ (Иттиҳоди Шӯравӣ) гардид.

Солҳои 50-80 асри XX баъд аз ба сари давлат таъйин гардидани сарварони таҳҷойи ба монанди Б. Ғафуров, Т. Улҷабоев, Ҷ.Расулов ва Қ.Махкамов иқтисодиёти Тоҷикистон рушд меёфт. Тоҷикистон ба мамлакати хоҷагидориаш индустриалӣ — аграрӣ табдил ёфт, фарҳангу санъатӣ миллӣ эҳё гардид. Сатҳи зиндагии мардум беҳтар мегардид. Вале, бо вуҷуди он, Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ аз ҷиҳати таъмини манзили истиқомат, музди миёнаи маош, муассисаҳои илмӣ маориф, фарҳанг, шумораи бекорон ва диг. дар ҷойи охирон қарор дошт. Иқтисодиёти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон асосан барои таъмини корхонаҳои марказии Иттиҳоди Шӯравӣ бо ашёи хом (неруи барқ, пахта, канданиҳои фоиданок, уран ва диг) нигаронида шуда буд.

24 августи соли 1990 ичлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар хайати Иттиҳоди Шӯравӣ қабул намуд. Дар давраи мавҷудияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонн (солҳои 1924—1991) халки тоҷик аз нав тамаддуну фарҳанг ва забони форсӣ-тоҷикиро дар каламрави хещ эҳё намуд. Сутуни ояндаи давлатдории соҳибистиқлоли Тоҷикистон гузошта шуд. Пас аз «табадуллот»-и (ГКЧП) коммунистони тундрав 19-21 августи соли 1991 дар Москва, ки бемуваффақият анҷом ёфт, Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 «Дар бораи истиқлоли давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон» Изхорот ва қарор қабул намуд.

Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона 9 сентябри соли 1991 арзи вуҷуд кардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президент сарварӣ мекунад. Президенти Тоҷикистон Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон буда аз ҷониби шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба тарзи овоздиҳии умумӣ интихоб мешавад.

Мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ мебошад, ки аз ду палата — Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндангон иборат аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарвазир, муовинон, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ ташкил ёфтааст.

Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шуда, 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба он тағйироту иловаҳо дохил карда шуданд

Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 1991- аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ-СНГ) 2 марти соли 1992 — аъзои Созмони Милали Муттаҳид (СММ — ООН) 15 июни соли 2001 — аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва зиёда аз 50 ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад.

Таърихи мухтасари кишвар

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҷдодони тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ сукунат доштанд. Соли 1980 дар вилояти Кӯлоб, наздикии Ховалинг ҳангоми ҳафриёти археологӣ бозёфтҳое ба даст омаданд, ки далели ҳанӯз ним миллион сол пеш дар замини Тоҷикистон зиндагӣ кардани одамони ибтидоӣ буданд. Дар кӯҳсори Тоҷикистон ёдгориҳои давраи мезолит ва неолит ёфт шуданд. Ду қабати поёнии мадании бошишгоҳи Тутқавул, наздикии Норак (ҳазораҳои Х-VII то мелод) ба давраи мезолит мансубанд. Ҳанӯз дар асри санг маскуншавии баландкӯҳҳо, аз ҷумла Помир оғоз мегардад. Дар Помири шарқӣ дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр қароргоҳи шикорчиёни кӯчманчй — Ошхона ифтитоҳ гардид. Дар мағораи Шахта тасвирҳои рӯисангии мансуб ба неолити ибтидоӣ ёфт шуданд. Дар онҳо ҳайвоноти тирхӯрда ва шикорчиён тасвир шудаанд.

Барои кӯҳсор ва доманакӯҳҳои Тоҷикистон маданияти давраи неолит хос буд, ки он Маданияти Ҳисор номида шудааст. Намояндагони ин маданият, ба ақидаи баъзе олимон, бо чорводорию зироаткорӣ машғул буданд. Айни замон шикор дар хоҷагии онҳо нақши калон мебозид. Дар маҳалли биёбонии Қайроққум, шимоли Тоҷикистон боқимондаҳои сершумори қароргоҳҳои аҳди биринҷӣ таҳқиқ шуданд. Аксари онҳо ба охири ҳазораи III ва аввали ҳазораи II пеш аз мелод мансубанд. Намояндагони маданияти қайроққуми аҳди биринҷй асосан бо чорводорӣ машғул буданд, вале айни замон аз зироату кори маъдан — пӯлодгудозию кулолӣ низ огоҳӣ доштанд. Дар ҷануби Тоҷикистон, дар поёноби дарёи Қизилсу, Вахш ва Кофарниҳон маданияти дигар, Маданияти Бешкентии аҳди биринҷӣ бо зироаткорй, қароргоҳҳои мустаҳкам, дараҷаи баланди истеҳсоли сафолот вусъат ёфта буд. Ин маданият ба ёдгориҳои аҳди биринҷии Туркманистони ҷанубӣ ва Осиёи ҷанубу ғарбӣ наздик аст.

Ниёгони тоҷикон дар давраи қадим

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар нимаи аввали ҳазораи I то мелод ачдодони тоҷикони ҳозира — бохтариҳову суғдиён аҳолии асосии давлатҳои қадимтарини ғуломдории Осиёи Миёна — Бохтар ва Суғд буданд. Бохтар — қисмҳои марказӣ, ҷанубй ва шарқии Тоҷикистони ҳозира (ҷануб ва ҷанубу шарқтар аз қаторкӯҳҳои Ҳисор) ва Суғд — ҳавзаи Зарафшон, Қашқадарё ва музофоти шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисорро фаро мегирифтанд. Аҳолии қадимаи водии Фарғона (музофоти Даван), ҳамчунин қабилаҳои сершумори кӯчманчй ва нимкӯчманчии сакҳо — сокинони Помир, Тиёншон ва Сирдарё ачдодони тоҷикон буданд. Забони ин халкиятҳо ба шохаи шарқии гурӯҳи забонҳои эронӣ тааллуқ дошта, аз забони тоҷикии дертар ташаккулёфта фарқ мекарданд.

Дар асри VI пеш аз мелод шоҳ Куруш Бохтар ва Суғдро забт намуда, онҳо ба давлати форси Ҳахоманишиён дохил мегарданд. Дар асри IV пеш аз мелод онҳо як қисми давлати Искандари Мақдунӣ шуда, аз асри III пеш аз мелод ба давлати ворисони ӯ — Селевкиён дохил мегарданд. Баъдтар аз он салтанати Юнону Бохтар ҷудо мешавад. Миёнаҳои асри II пеш аз мелод дар натичаи муборизаи озодихоҳонаи бохтариҳову суғдиён ҳокимияти мақдуниҳо дар Юнону Бохтар сарнагун мешавад. Тахориҳо ба Бохтар якҷоя бо қабилаҳои массагетҳову сакоиҳо омада дар озодкунии мамлакат ва ҳаёти минбаъдаи сиёсӣ нақши калон бозиданд. Аз асри IV сар карда Бохтар Тахористон номида мешуд. Тахориҳо чун чузъи асосӣ ба халқи нав ташаккул ёфтаистодаи тоҷикон дохил мегарданд. Сипас Тахористон якчоя бо қисми зиёди Осиёи Миёна, қаламрави Афғонистони ҳозира ва Ҳиндустони шимолӣ дар ҳайати давлати бузург бо сарварии сулолаи Кӯшониён буд. Ин замони нашъунамои иқтисодиёту маданият, ривоҷёбии алоқаҳо бо Аврупои шарқӣ, Рум, Чин ба ҳисоб меравад. Ёдгориҳои бостоншиносии замони Кӯшониён пайвастани санъати осиёмиёнагӣ, юнонӣ ва ҳиндиро инъикос менамоянд.

Дар асрҳои VI—V ба Суғд ва Тахористон қабилаҳои даштнишини Ҳайтолиён меоянд, аз асри VI бошад дар ин сарзамин ҳокимияти Ҳоқонии турк барқарор мегардад. Дар асрҳои V—VI раванди феодализатсия торафт бештар вусъат меёбад. Аз асри VI то нимаи дуюми асри Х1Х дар қаламрави Тоҷикистони ҳозира муносибатҳои феодалӣ бо то андозае нигоҳ дошта шудани зуҳуроти боқимондаи куҳна, нақши калони ҷамоат, ғуломдорӣ ҳукмрон буданд. Болоравии иқтисодиёт, ки асрҳои VI—VII, қабл аз истилои араб ба амал меомад, боиси боз ҳам бештар ба табақаҳои ичтимои ҷудо шудан мегардад. Аъёну ашрофи заминдор обу заминҳои обёришавандаро азони худ мекарданд.

Баробари болоравии иқтисодиёт маданият пеш рафта, шаҳрҳо тараққӣ мекарданд. Панчакент яке аз марказҳои маданияти ибтидоии асримиёнагии Осиёи Миёна буд. Қасру иншоотҳои мазҳабӣ, толорҳои бошукӯҳ, ҳайкалу мусаввараҳои рангин бо сужетҳои барои мавзӯъи эпосҳо аз дарачаи баланди маданияти бадеӣ, санъат ва меъмории он замон далолат медиҳанд. Ёдгории катибаҳои Суғд, ки дар вақти кофтукови Калъаи Муғ ёфт шуданд, ба аввалҳои асри VIII мансубанд. Қалъаҳои феодалони асри миёнаи ибтидой хеле мустаҳкам карда шуда буданд (масалан Қалъаи Болои шаҳри Исфара).

Аз нимаи дуюми асри VII суғдиёну тохариҳо чун халқҳои Осиёи Миёна муқобили ғосибони араб мубориза мебурданд. Вале ханӯз то миёнаҳои асри VIII арабҳо Осиёи Миёнаро истило намуда, ба ҳайати хилофат дохил карданд. Халқҳои Осиёи Миёна ба зӯран чорӣ карда шудани дини ислом, забони арабӣ сахт муқобилият нишон медоданд, бар зидди ҳокимони араб исён мебардоштанд. Алалхус шӯриш таҳти роҳбарии Муқаннаъ (солҳои 770—780) хеле тӯлонӣ буд. Истилогарон ёдгориҳои маданиро несту нобуд мекарданд, шаҳрҳоро харобу валангор месохтанд, аз аҳолӣ андозҳои сершумори беинсофона ситонида, ба корҳои ичборӣ ҷалб мекарданд.

Давлати аввалини тоҷикон

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мақолаи асосӣ: Давлати Сомониён
Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ

Асрҳои IX—X сарзамини ҳозираи Тоҷикистон ба ҳайати давлати бузурги Сомониён (с.819 — 999) дохил буд, ки он вилоятҳои калони таърихию маданӣ — Мовароуннаҳр (байни дарёҳои Ому ва Сир) ва Хуросонро (сарзамини ҷанубу ғарбии дарёи Ому) ташкил мекард. Дар ин давра Самарқанду Бухоро марказҳои калонтарини касбу ҳунар ва савдо, ҳамчунин илм, адабиёт ва санъат буданд. Дар доираи давлати Сомониён раванди ташаккулёбии халқи тоҷик анҷом ёфта, дар он паҳншавии забони тоҷикии ғарбии эронӣ то ин замон бавуҷуд омада нақши муҳим мебозид. Он ба тадриҷ забонҳои маҳаллии шарқии эрониро танг карда мебаровард ва дар аҳди Сомониён забони ҳукмрон гардид. Маданият, илм, адабиёт ва санъат бо ҳамин забон нашъунамо меёфт.

Ташаккули халқи тоҷик дар замони давлатдории Сосониён (с.224 — 651) сар шуда, дар аҳди Сомониён (с.819 — 999) ба итмом расидааст.

Тоҷикон дар асрҳои миёна

[вироиш | вироиши манбаъ]

Асрҳои ХI-ХIII сарзамине, ки тоҷикон сукунат доштанд, ба ҳайати чандин давлатҳои Осиёи Миёна, мисли ғазнавиҳо, қарохониҳо, ғуриҳо, қарохитоиҳо дохил буд. Ҳучуми қӯшунҳои Чингизхон дар асри ХIII ба муқобилияти сахти ҳамаи халқҳои Осиёи Миёна дучор омад. Истилогарон шаҳру деҳот, иншоотҳои обёрикуниро ба харобазор табдил дода, аҳолиро қир мекарданд. Сарзамини Тоҷикистон ба улуси Чағатои давлати муғулҳо дохил карда шуд.

Аз охири асри ХIII ба доираи аҳолии муқимии тоҷикон то андозае гурӯҳҳои этникии туркҳо ва турку муғулҳо сар медароранд. Дар баъзе ноҳияҳо ин ҳолат боиси туркгардонии тоҷикони водинишин мешавад. Дар манотиқи кӯҳй ва шаҳрҳо ин раванди туркгардонӣ камтар зуҳур меёфт.

Дар асри XIV Тоҷикистон ба ҳайати давлати бузурги Темур ва дар асри XV ба қаламрави ворисони ӯ — темуриён меафтад, ки он аз Ҳинд то Волга ва аз Сурия то Хитой доман паҳн карда буд. Болоравии маданияти давлати темуриён бо фаъолияти набераи Темур — Улуғбек вобаста аст, ки дар нимаи аввали асри XV хукмронӣ мекард. Нашъунамои илм, алалхусус астрономия, эҷодиёти олимон, адибону рассомони машҳур, ки дар Самарқанду Ҳирот зиндагӣ мекарданд, ба ҳамин давра мансуб аст. Ва дере нагузашта маркази давлат ба онҷо, яъне ба Самарқанд гузаронида мешавад.

Дар асри XVI қаламрави Тоҷикистон ба давлати ӯзбaкони шайбонӣ бо пойтахташ Бухоро дохил мешавад. Дар ин давра хонигарии Бухорою Хива ва дертар, дар асри XVIII хонигарии Қӯқанд ташкил меёбанд. Дар онҳо хонҳои сулолаҳои ӯзбек ҳукмронӣ мекарданд. Тоҷикон асосан дар хонигариҳои Бухорою Қӯқанд зиндагӣ менамуданд. Барои хонигариҳои осиёмиёнагии асрҳои XVI—XVIII парокандагии феодалй, чангу низоъҳои тӯлонӣ хос буданд. Ҷангҳои дохиливу хориҷӣ боиси харобшавии системаҳои обёрикунӣ, пастравии зироаткорӣ гардида, баъзан вилоятҳо батамом ғорат мешуданд.

Ба синфҳо ҷудошавии ҷамъият пурзӯр мегардид, деҳқонону косибони истисморшаванда ба заминдорони феодал, хону амалдорони онҳо, низомиёну рӯҳониён муқобилият нишон медоданд. Деҳқонон — тоҷикону ӯзбекҳо, ки дар заминҳои давлативу хусусӣ заҳмат мекашиданд, ба амалдорону бойҳо андозу хирочҳои миёншикани ҳархела месупориданд, доимо қарздор буда, торафт бештар хонасалоту қашшоқ мешуданд. Корҳои мухталифи иҷборӣ: сохтмони қасрҳо, системаи обёрикунӣ, роҳсозӣ маъмул буданд.

Рентаи феодалӣ махлут буд: коркардадиҳй ва пулӣ. Вазъияти деҳқонони чоряккор, ки барои қисми ночизи ҳосил дар замини бойҳо кор мекарданд, алалхусус вазнин буд. Ғуломдорӣ низ чой дошта, он танҳо баъди ба Русия ҳамроҳ карда шудан бекор мегардад. Зулму ситами бераҳмона, андозҳои вазнин боиси шӯришу исёнҳо (соли 1758 дар Бухоро, аввали асри Х1Х дар Истаравшан, Хуҷанд ва дигар чойҳо) мегардиданд.

Таъсири пурзӯри рӯҳониёни иртиҷоъпараст ба ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти халқ ба инкишофу тараққии илму санъат таъсири манфӣ мерасонд, маданияти ин давра рӯ ба таназзул оварда буд.

Рақобати Англияву Русия барои вусъату ривоқ додани бозори фурӯш ба Русия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёнаро тезонид. Соли 1868 мувофиқи шартномаи байни Русияву Бухоро қисми зиёди қаламрави аморат ба ҳайати генерал — губернатории Туркистон дохил карда шуд. Амир аз ҳуқуқи муносибати мустақилона бо давлатҳои хориҷй маҳрум гардид.

Аморати Бухоро акнун бо заминҳои маҳдудгаштааш чун мулки тобею вобастаи Русия вуҷуд дошт. Қисми шимолии Тоҷикистони ҳозира ба Русия дертар ҳамроҳ карда мешавад. Ҳамон вақт пас аз фурӯ нишондани шӯриши зиддифеодалии солҳои 1873—1876 дар Қӯқанд заминҳои он ба вилояти Фарғона дар ҳайати генерал — губернатории Туркистон ҳамроҳ карда шуд. Соли 1886 дар Бухоро агентии сиёсии императории Русия ташкил мегардад. Соли 1895 бо муоҳидаи байни Русияву Англия сарҳади аморати Бухоро бо Афғонистон қад-қади дарёи Панҷ дар Бадахшон муқаррар гардид. Қисмҳои ҷанубу шарқӣ ва марказии Тоҷикистони ҳозира — Бухорои шарқӣ ва Помири ғарбӣ дар ҳайати аморати Бухоро боқӣ монда, соҳили чапи Дарвоз, қисмҳои соҳили чапи Вахон, Ишкошим, Шуғнон, Рӯшон ба Афғонистон гузаштанд.

Ҳамроҳшавӣ ба Русия ҳам барои тоҷикон ва ҳам барои халқҳои дигари Осиёи Миёна аҳамияти калони мусбӣ дошт, чангу низоъҳои байнихудӣ барҳам хӯрданд, раванди таназзули хоҷагии натуралии феодалӣ ва инкишофи унсурҳои муносибатҳои капиталистӣ оғоз ёфт. Тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсию маданӣ бо Русия ба инкишофи иттифоқи халқи заҳматкаши тоҷикон ва русҳо, ҳамчунин дигар халқҳои Русия, тавлиди синфи коргари тоҷик, шиносо шудани тоҷикон бо маданияти пешқадами инқилобию демократӣ мусоидат намуд.

Айни замон тоҷикон, чун дигар халқҳои Осиёи Марказӣ зери зулму истибдоди дукарата монданд. Акнун онҳоро ҳам истисморгарони худӣ ва ҳам ҳокимияти мутлақи шоҳ бо системаи истисмори ичтимоиву иқтисодии халқҳои гӯшаву канори Русия азобу шиканча медод. Тоҷикон дар ҳаракати миллии озодихоҳона иштирок доштанд. Шӯришҳои охири асри Х1Х дар Ӯротеппа (соли 1875), уезди Хӯҷанд (соли 1880), як қатор уездҳои Фарғона далели онанд. Деҳқонони аморати Бухоро низ зуд-зуд ба муқобили амир ва ҳокимони маҳаллӣ сар мебардоштанд. Шӯриши соли 1885 дар Балҷувон таҳти сарварии Восеъ аз чунин ошубҳои деҳқонӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳокимяти шӯравӣ дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мақолаҳои асосӣ: ҶМШС Туркистон ва ҶХШС Бухоро

Инқилоб ба аморати Бухоро якҷоя бо Артиши Сурх омада, ҳукумати амири Бухороро сарнагун сохт ва соли 1920 Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ташкил шуд. Солҳои 1918—1926 дар гӯшаву канори Осиёи Миёна ҷанги гражданӣ мерафт. Соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон ташкил ёфт. Ба қаламрави ҷумҳурӣ 12 кенти кишвари Туркистон, Бухорои Шарқӣ ва як қисми Помир дохил гардиданд. Маркази асосии сиёсию маданӣ — шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд дар дохили қаламрави ҶШС Ӯзбекистон монданд.

Воқеаҳое, ки дар тӯли асри XX дар ҳаёти сиёсии миллати тоҷик рух доданд, барҳақ инқилобӣ буданд ва халқи моро аз зулму асорат, ақибмондагии феодалӣ бароварда, ба олами тамаддун пайвастанд ва билохира Тоҷикистони соҳибистиқлол ва аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи башариро дар соли 1991 ба бор оварданд. Поягузории давлатдории миллии халқи тоҷик дар солҳои 20-ум ва 30-юми асри сипаригашта сурат гирифт. Ин солҳо дар ҳақиқат солҳои тақдирсоз буданд. Аз рӯи хусусияташон воқеоти сиёсии ин давраро метавон ба се қисм ҷудо намуд: а) солҳои 1917-1924 – давраи пайдоиши заминаҳо барои таъсиси сохти нави давлатдории миллӣ; б) солҳои 1924-1929 – давраи ибтидои ташаккули давлатдорӣ ё худ мухторият; в) 1929-1936 – таъсиси ҷумҳурии мустақил дар ҳайати ИҶШС ва идомаи бунёди сохторҳои давлатӣ. Заминаҳои таъсиси давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон бо пайдо шудани аввалин органҳои идораи шӯравӣ – кумитаҳои инқилобӣ ба вучуд омада буданд. Ҳанӯз моҳҳои ноябр-декабри соли 1917 дар навоҳии шимоли Тоҷикистон аввалин кумитаҳои инқилобӣ ташкил гаштанд, ки барои таъсиси Шӯроҳо – органҳои демократии ҳокимияти шӯравӣ шароит фароҳам оварданд. Баъдтар чунин сохторҳо дар ҳудуди Помир ва Бухорои Шарқӣ низ таъсис ёфтанд, ки тавассути фаъолияти онҳо аҳолии маҳаллӣ бо тарзи нави идоракунии ҷомеа ошно гаштанд.

Дар давоми солҳои 1920-1924 дар ҳудуди имрӯзаи ҷумҳурӣ ғайр аз кумитаҳои инқилобӣ инчунин шӯроҳо (дар шимоли ҷумҳурӣ), Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ (дар Помир), Комиссияи фавқуллодаи диктатории ҶХШБ доир ба Бухорои Шарқӣ, намояндагони махсуси хукумати Бухоро дар Бухорои Шарқӣ, КИМ-и Бухорои Шарқӣ (дар ҷанубу маркази Тоҷикистон) ва амсоли инҳо органҳои маҳаллии идораи ҶМШС Туркистон (аз 30 апрели соли 1918 то 27 октябри соли 1924) ва ҶХШС Бухоро (аз 2 сентябри соли 1920 то 27 октябри соли 1924) амал мекарданд. Дар соли 1924 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Туркистон дар натиҷаи ҷараёни тақсимоти миллӣ-давлатӣ ба ҶШС Ӯзбекистон ва ҶШС Туркманистон тақсим шуд, ки онҳо ба набати худ ба ҳайати ИҶШС дохил шуда буданд ва дар натиҷа Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Туркистон аз байн рафт.

Дар шаклҳои гуногун таъсис гаштани органҳои идора аз он шаҳодат медоданд, ки аз як тараф вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ муташанниҷ буд, аз тарафи дигар минтақа аз нигоҳи иҷтимоӣ-иктисодӣ ва фарҳангӣ низ дар як поя набуд. Таъсиси органҳои зикршуда имкон доданд, ки намояндагони мардуми маҳаллӣ ба он фаро гирифта шуда, аз намудҳои нави идоракунии ҷомеа огоҳ гарданд.

Маҳз фаъолият дар ҳайати кумитаҳои инқилобӣ ба як қатор ҷавонони маҳаллӣ имкон дод, ки минбаъд то дараҷаи ходимони намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ сабзида расанд. Аксарияти кадрҳои роҳбарикунандаи Тоҷикистони нимаи дуюми солҳои 20 ва солҳои 30 аз мактаби кумитаҳои инқилобӣ гузашта буданд. Аз ҷумла, дар солҳои гуногун Чинор Имомов раисии кумитаи инқилобии шаҳри Ӯротеппа, Шириншо Шотемур раисии кумитаи инқилобии Помири ғарбӣ, Абдуқодир Мухиддинов раисии кумитаи инқилобии Умумибухороиро ба уҳда доштанд. Нусратулло Махсум дар кумитаҳои инқилобии вилояти Ғарм фаъолият намуда, то дараҷаи раисии он расид ва баъдтар раисии комиссияи фавқулодаи диктаториро низ ба уҳда дошт. Маҳз дар ҳамин солҳо сиёсатмадорони оянда малакаи кори идоракунии ҷомеаро азхуд мекунанд ва дар ҷараёни пурталотуми муборизаҳои сиёсӣ обутоб ёфта, барои амалӣ сохтани орзуи деринаи миллати хеш қаҳрамониҳо мекунанд.

Ҷумхуриҳои навташкилёфта, аз ҷумла Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (аз соли 1929) аз рӯи намунаҳои умумииттифоқӣ идора мешуданд, Айни замон бисёр анъанаҳои халқҳои мухталиф ба инобат гирифта намешуданд. Асосҳои нави саноатӣ гузошта шуданд, коллективонӣ анҷом ёфта, боиси аз байн рафтани деҳқонони мустақил гардид. Дар натичаи гузаронидани маъракаи маҳви бесаводӣ (солҳои 1926—1936) саводнокии мардум соли 1937 ба 72 фоиз расид. Маъракаи «Ҳуҷум (озодшавии занон)» оғоз гардида, системаи советии нигаҳдории тандурустӣ инкишоф меёфт. Тоҷикистон комилан ба комплекси умумииттифоқии хоҷагии халқ ҳамроҳ шуда, пурра тобеи Марказ(СССР) гардид. Дар давраи мавҷудияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (солҳои 1924—1991) халки тоҷик аз нав тамаддуну фарҳанг ва забони форсӣ-тоҷикиро дар қаламрави хеш эҳё намуд. Сутуни ояндаи давлатдории соҳибистиқлоли Тоҷикистон гузошта шуд. Дар маънавиёти мардуми кишвар тағӣироти нав ба амал омад. Айни замон бисёр анъанаҳои халқҳои мухталифи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон дар замони ҳукуматдории шуравӣ ба инобат гирифта намешуданд. Дар Тоҷикистон идеологияи коммунистӣ ҳукумрон гардида, дини ислом ба зери таъқиб қарор гирифта буд, Қисми мардуми кишвар тартибу низоми шуравиро рад намуда бо Ҳукумати шуравӣ ҷангиданд (ҷанги шаҳрвандии соли 1918—1924). Аммо ба мақсад нарасида Ватани бобоияшонро тарк намуданд. Дар солҳои 30-40 асри XX асосҳои нави истеҳсолоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гузошта шуданд. Дар деҳот коллективонии хоҷагидории деҳқонӣ анҷом ёфта, боиси аз байн рафтани деҳқонони мустақил гардид. Инқилоби маданӣ ба ҳаёти тоҷикон мактабҳои навъи шуравӣ (мактаби маҳви бесаводии калонсолон, кудакистон, мактаби миёнаи наврасон, мактаб-интернат, омӯзишгоҳи касбӣ, мактаби олӣ) муассисаҳои илмиву фарҳангӣ (театр, китобхона, клуб, чойхонаи сурх — қироатхона, осорхона, боғи истироҳат, кинотеатр, варзишгоҳ)- ро ворид намуд. Иқтисодиёти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон комилан ба комплекси ягонаи умумииттифоқии хоҷагии халқ ҳамроҳ шуда, пурра тобеи Марказ (Иттиҳоди Шӯравӣ) гардид.

Солҳои 50-80 асри XX баъд аз ба сари давлат таъйин гардидани сарварони таҳҷойи ба монанди Б. Ғафуров, Т. Улҷабоев, Ҷ. Расулов ва Қ. Махкамов иқтисодиёти Тоҷикистон рушд меёфт. Тоҷикистон ба мамлакати хоҷагидориаш индустриалӣ — аграрӣ мубаддал гардид, фарҳангу санъатӣ миллӣ эҳё шуд. Сатҳи зиндагии мардум беҳтар мегардид. Вале, бо вуҷуди он, ҶШС Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ аз ҷиҳати таъмини манзили истиқомат, музди миёнаи маош, муассисаҳои илмӣ, маориф, фарҳанг, шумораи бекорон ва диг. дар ҷойи охирон қарор дошт. Иқтисодиёти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон асосан барои таъмини корхонаҳои марказии Иттиҳоди Шӯравӣ бо ашёи хом (неруи барқ, пахта, канданиҳои фоиданок, уран ва диг.) нигаронида шуда буд. 24 августи соли 1990 ичлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ (ИҶШС) қабул намуд. Вале ин амал танҳо қадами аввалини эълон намудани истиқлоли Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлол

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз бебарор анчомидани «табадуллот»-и 19-21 августи соли 1991 дар Москва, аз 24 августи соли 1991 дар Душанбе гирдиҳамоии ҳизбу ҳаракатҳои мухолифин бо талаботҳои ба истеъфо баровардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президент Қаҳҳор Махкамов, боздоштани фаъолияти Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва эълон намудани истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 9 сентябри соли 1991 иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истиқилияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Изҳорот ва қарор қабул намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати сохибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона 9 сентябри соли 1991 арзи вуҷуд кардааст.

Бо парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ муборизаи дурудароз барои ҳокимят оғоз ёфт. Тақобули шахсони баргузидаи куҳнаи шӯравӣ ва иттиҳоди мухолифини исломиҳо, зиёиёни миллатчӣ ва доираҳои тиҷоратию соҳибкорӣ ба муборизаи гурӯҳҳои минтақавию маҳаллӣ барои ҳокимят табдил ёфт. Аз ҷониби азҳоби ба ҳукумат мухолифи сиёсӣ эътироф нашудани Қаҳҳор Махкамов ҳамчун Президенти ҶТ (аз 29 ноябри соли 1990), паи ҳам иваз шудани раисони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қ. Аслонов, С. Кенҷаев, А. Искандаров) мақомоти кишварро водор сохтанд, ки зери фишори тазоҳуркунандагони мухолифин ва барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ интихоботи умумихалқии Президенти Тоҷикистонро баргузор намоянд. Маъракаи интихобот ба зиддиятҳои нави сиёсию идеологӣ, мазҳабию маҳалгароӣ ва қавмию инфиродӣ боис гардид. Вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ рӯз ба рӯз бад мегардид. Пас аз ба вазифаи Президенти Тоҷикистон интихоб гардидани Раҳмон Набиев (58,8 % овозҳо) нерӯи мухолифин бо баҳонаҳои гуногун фаъолияти ҳукумати навро сарзаниш менамуданд. Соли 1992 аз моҳи март то ибтидои май тазоҳуроти пай дар пайи ҳизбу ҳаракатҳои ба ҳукумат мухолифин ва ҷонибдорони ҳукумат дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, махсусан Душанбе ба фалаҷ шудани мақомоти иҷроия ва қонунгузории марказӣ ва маҳаллӣ сабаб шуд.

Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар моҳҳои май — июни 1992 оғоз ёфт. Аз ҳамин давра эътиборан ва то ба имзо расидани созишнома дар бораи оташбас охири соли 1994 низоъҳои мусаллаҳона гоҳ-гоҳ ба вуқӯъ мепайвастанд, алалхусус дар ҷануби Тоҷикистон. 5 майи с. 1992 — 27 июни с. 1997 — ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давом кард. Зарари иқтисодии ин ҷанг зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. 27 июни с. 1997 баъди 8 даври гуфушуниди (с.1994-1997) байни тоҷикон (байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва тарафи мухолифин), дар шаҳри Москва, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва сарвари мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» имзо гардид. Аз 4 июни соли 1997 — 1 апрели соли 2000 Комиссияи Оштии Миллӣ фаъолият намудааст. Дар КОМ 26 нафар (13 нафар аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ва 13 нафар аз мухолифини тоҷик) аъзо буданд. Комиссия санадҳои Созишномаи умумии сулҳ аз 27 июни соли 1997- ро амалӣ карда буд.

6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ Конститутси Ҷумхурии Тоҷикистон қабул гардид. 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба он тағийроту иловаҳо ворид карда шуд. 6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмонов Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонинтихоб шуд. Пас аз се моҳ, моҳи февралисоли 1995 интихобот ба Маҷлиси Олӣ (парламент) барпо гардид 6 ноябр соли 1999, 6 ноябр соли 2006 — Интихоби такрории умумихалқии Эмомалии Раҳмонов ба сифати Президенти Тоҷикистон шуда гузаштааст.

27 феврали соли 2000 рӯзи баргузории интихобот ба Маҷлиси Намояндагон ва 23 марти соли 2000 — интихобот ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба парламенти касбӣ ташкил ёфт.

Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд ба амалӣ сохтани барномаи ислоҳоти иқтисодӣ барои солҳои 1995—2004 ва барномаҳои дигар шурӯъ намуд. Барои аз хатари гуруснагӣ эмин доштани аҳолӣ ва бо озуқа таъмин намудани бозори дохилӣ Фармонҳои Президент Эмомалӣ Раҳмонов аз 9 октябри соли 1995 «Дар бораи 50 000 га замин ҷудо намудан барои хоҷагии назди ҳавлигӣ» ва 1 декабри соли 1997 иловатан ҷудо намудани боз 25 000 га замин аҳамияти калон дошта буд.

Дар натиҷаи ислоҳотҳои иқтисодии дар ҷумҳурӣ амалӣ гардида муносибатҳои нави иқтисоди бозорӣ, ки асоси онро моликияти хусусӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ ташкил медоданд, ҷорӣ шуда истодаанд.

Дар ибтидои асри XXI барномаҳои рушди стратегии кишвар муайян шудаанд: Истиқлоли озуқаворӣ, амнияти энергетикӣ ва раҳоёбӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ — ҳадафҳои стратегии сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Ачдодони тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна сукунат доштанд. Соли 1980 дар вилояти Кӯлоб, наздикии Ховалинг ҳангоми ҳафриёти археологӣ бозёфтҳое ба даст омаданд, ки далели ҳанӯз ним миллион сол пеш дар замини Тоҷикистон зиндагӣ кардани одамони ибтидой буданд. Дар кӯҳсори Тоҷикистон ёдгориҳои давраи мезолит ва неолит ёфт шуданд. Ду қабати поёнии мадании бошишгоҳи Тутқавул, наздикии Норак (ҳазораҳои Х-VII то мелод) ба давраи мезолит мансубанд. Ҳанӯз дар асри санг маскуншавии баландкӯҳҳо, аз ҷумла Помир оғоз мегардад. Дар Помири шарқӣ дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр қароргоҳи шикорчиёни кӯчманчй — Ошхона ифтитоҳ гардид. Дар мағораи Шахта тасвирҳои рӯисангии мансуб ба неолити ибтидой ёфт шуданд. Дар онҳо ҳайвоноти тирхӯрда ва шикорчиён тасвир шудаанд. Барои кӯҳсор ва доманакӯҳҳои Тоҷикистон маданияти давраи неолит хос буд, ки он Маданияти Ҳисор номида шудааст. Намояндагони ин маданият, ба ақидаи баъзе олимон, бо чорводорию зироаткорӣ машғул буданд. Айни замон шикор дар хоҷагии онҳо нақши калон мебозид. Дар маҳалли биёбонии Қайроққум, шимоли Тоҷикистон боқимондаҳои сершумори қароргоҳҳои аҳди биринчй таҳқиқ шуданд. Аксари онҳо ба охири ҳазораи III ва аввали ҳазораи II то аз мелод мансубанд. Намояндагони маданияти қайроққуми аҳди биринчй асосан бо чорводорӣ машғул буданд, вале айни замон аз зироату кори маъдан — пӯлодгудозию кулолӣ низ огоҳй доштанд. Дар ҷануби Тоҷикистон, дар поёноби дарёи қизилсу, Вахш ва Кофарниҳон маданияти дигар, маданияти бишкентии аҳди биринчй бо зироаткорй, қароргоҳҳои мустаҳкам, дарачаи баланди истеҳсоли сафолот вусъат ёфта буд. Ин маданият ба ёдгориҳои аҳди биринчии Туркманистониҷанубӣ ва Осиёи ҷанубу ғарбӣ наздик аст.

Дар нимаи аввали ҳазораи I то мелод ачдодони тоҷикони ҳозира — бохтариҳову суғдиён аҳолии асосии давлатҳои қадимтарини ғуломдории Осиёи Миёна — Бохтар ва Суғд буданд. Бохтар қисмҳои марказӣ, ҷанубй ва шарқии Тоҷикистони ҳозира (ҷануб ва ҷанубу шарқтар аз қаторкӯҳҳои Ҳисор) ва Суғд — ҳавзаи Зарафшон, Қашқадарё ва музофоти шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисорро фаро мегирифтанд. Аҳолии қадимаи водии Фарғона (музофоти Даван), ҳамчунин қабилаҳои сершумори кӯчманчй ва нимкӯчманчии сакоиҳо — сокинони Помир, Тиёншон ва Сирдарё ачдодони тоҷикон буданд. Забони ин кавмҳо ба шохаи шарқии гурӯҳи забонҳои эронӣ тааллуқ дошта, аз забони тоҷикии дертар ташаккулёфта фарқ мекарданд. Дар асри VI пеш аз мелод шоҳ Куруш Бохтар ва Суғдро забт намуда, онҳо ба давлати форси ҳахоманишиён дохил мегарданд. Дар асри VI пеш аз мелод онҳо як қисми давлати Искандари Мақдунӣ шуда, аз асри III пеш аз мелод ба давлати ворисони ӯ — салчуқиҳо дохил мегарданд. Баъдтар аз он салтанати Юнону Бохтар чудо мешавад. Миёнаҳои асри II пеш аз мелод дар натичаи муборизаи озодихоҳонаи бохтариҳову суғдиён ҳокимияти мақдуниҳо дар Юнону Бохтар сарнагун мешавад. Тохариҳои ба Бохтар якчоя бо қабилаҳои массагетҳову сакҳо омада дар озодкунии мамлакат ва ҳаёти минбаъдаи сиёсӣ нақши калон бозиданд. Аз асри IV сар карда Бохтар Тохаристон номида мешуд. Тохариҳо чун чузъи асосӣ ба халқияти нав ташаккул ёфтаистодаи тоҷикон дохил мегарданд. Сипас Тохаристон якчоя бо қисми зиёди Осиёи Миёна, қаламрави Афғонистони ҳозира ва Ҳиндустони шимолӣ дар ҳайати давлати бузург бо сарварии сулолаи кӯшониён буд. Ин замони нашъунамои иқтисодиёту маданият, ривочёбии алоқаҳо бо Аврупои шарқӣ, Рум, Чин ба ҳисоб меравад. Ёдгориҳои бостоншиносии замони кӯшониён пайвастани санъати осиёмиёнагӣ, юнонӣ ва ҳиндиро инъикос менамоянд.

Фарханги модди ва маънави

Дар Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон 1 номгуй (дар соли 2012) дар феҳристи асосӣ сабт шудааст.[9]. Объекти номбаршуда аз рӯи 2 хусусият зикр ёфтааст.[10]

Саразм исботи мавҷуд будани робитаҳои тиҷоратӣ ва фарҳангии байни кӯчманчиёни чорводор ва зироаткрони Осиёи Марказӣ мебошад. Ёдгории давраи энеолити Саразм дар наздикии шаҳри Панҷакент ҷойгир аст. Ҳаёт дар маскангоҳ ба чор давра ҷудо гашта аз ҳазорсолаи IV — то ҳазорсолаи II то мелодро дарбар мегирад. Инчунин, боз 16 номгӯй ёдгориҳои таърихӣ — фарҳангии Тоҷикистон — ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дар соли 2012 ворид шудаанд.

Дар таблитса объектҳо мувофиқи сабтшавии онҳо оварда шудаанд.

Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО
# Суррат Номгузорӣ Ҷойгиршавӣ Ташаккули объект Соли ворид ба феҳрист Ёдгориҳои умумиҷаҳонӣ #Хусусият
1 Саразм,
англ. Proto-urban site of Sarazm[11]
Минтақа: Панҷакент 2010 1141 ii, iii


Номзадҳо барои воирд намудан ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО
# Суррат Номгузорӣ Ҷойгиршавӣ Ташаккули объект Соли ворид ба феҳрист Ёдгориҳои умумиҷаҳонӣ #Хусусият
1 Мақбараи Амир Ҳамза Ҳазрати Шоҳ,
англ. Mausoleum of "Amir Khamza Khasti Podshoh"[12]
Минтақа: ноҳияи Исфара, деҳаи Чоркуҳ 1999 1378
2 Маскани Тахти Сангин,
англ. The Site of Ancient Town of Takhti-Sangin[12]
Минтақа: вилояти Хатлон 1999 1379
4 Мадрасаи Хоҷа Машҳад
англ. Mausoleum of "Khoja Mashkhad"[12]
Минтақа: Ноҳияи Шаҳритус, деҳаи Саед - 1999 1381
5 Дайри буддоии Аҷина-Теппа
англ. Buddhistic cloister of Ajina-Tepa[12]
Минтақа: Қӯрғонтеппа 1999 1382
6 Димнаи (Қасри ҳокимони) Хулбук
англ. Palace of the governor of Khulbuk[12]
Минтақа: вилояти Хатлон, деҳаи Қуррбоншаҳид - 1999 1383
7 Мақбараи Хоҷа Нақшрон
англ. Mausoleum of "Hodja Nashron"[12]
Минтақа: Турсунзода - 1999 1384
8 Шаҳраки Панҷакенти қадим
англ. The Site of Ancient Town of Pyanjekent[12]
Минтақа: Шаҳраки Панҷакент - 1999 1385
9 Мақбараи Муҳаммад Башоро
англ. Mausoleum of "Mukhammad Bashoro"[12]
Минтақа: деҳаи Мазори Шариф - 1999 1386
10 Шаҳри Шаҳристони қадим — Қаҳқаҳа)
англ. The Site of Ancient Town of Shahristan (Kahkakha)[12]
Минтақа: Истаравшан - 1999 1387
11 Боғи миллии Тоҷикистон
англ. Tajik National Park[12]
Минтақа: Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Тавилдара, ноҳияи Ҷиргатол 1992 2006 2091 vii, viii, ix, x
12 Кӯҳҳои Фон
англ. Fann mountains[12]
Минтақа: қаторкӯҳи Ҳисор, қаторкӯҳи Заравшон - 2006 2107 vii, x
13 Мамнуъгоҳи Бешаи палангон
англ. Tigrovaya Balka[12]
Минтақа: вилояти Хатлон 1938 2006 2108 ix, x
14 Мамнуъгоҳи Кусавлисай
англ. Zakaznik Kusavlisay
Минтақа: вилояти Суғд 1959 2006 2109 vii, x
15 Мамнуъгоҳи Даштиҷум
англ. State reserve Dashti Djum
Минтақа: Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1983 2006 2110 vii, x
16 Мамнуъгоҳи Зоркӯл
англ. Zorkul State Reserve
Минтақа: Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2000 2006 2111 vii, x
  1. Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011, — с. 30.
  2. История таджикского народа. Том 6.(1941—2010) — Душанбе,2011.
  3. Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011.
  4. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Мураттибон Ҳотамов Н. Б.,Саъдиев Ш. С. Нашри дуюм. — Душанбе,2010,- с.4-10.
  5. Иштирок дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”. 2 май 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 сентябри 2021.
  6. www.khovar.tj. Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором.(тоҷ.) (23 апрели 2021). 24 апрели 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 апрели 2022.
  7. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Мураттибон Ҳотамов Н. Б.,Саъдиев Ш. С. Нашри дуюм. — Душанбе,2010,- с.14-19.
  8. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Мураттибон Ҳотамов Н. Б., Саъдиев Ш. С. Нашри дуюм. — Душанбе,2010
  9. Шаблон:Citeweb
  10. Критерии.
  11. Proto-urban site of Sarazm(англ.).
  12. 12.00 12.01 12.02 12.03 12.04 12.05 12.06 12.07 12.08 12.09 12.10 12.11 Tentative List of Tadjikistan(англ.).

Пайнавиштҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]