Jump to content

Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Таджикская ССР)
'Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
'
Парчам Нишон
Шиор: «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо, як шавед!»
Суруди миллӣ: «Суруди миллии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон!»
Рӯзи истиқлолият
Забони расмӣ Забони русӣ( аз 22 июни соли 1989 забони тоҷикӣ)
Пойтахт Душанбе (аз соли 1929 то соли 1961 Сталинобод ном дошт)
Шаҳри калонтарин Душанбе, Ленинобад (ҳозира Хуҷанд) , Қурған-Теппа (ҳозира Бохтар) , Кӯлоб, Ӯро-теппа (ҳозира Истаравшан)
Идораи давлат Советӣ ҷумҳурӣ
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
93-ум ҷой дар ҷaҳон
143,1 ҳаз км²
0,3 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ ((соли 1989))
  • Зичӣ
93-ум ҷой дар ҷaҳон
5108576
- нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (-)
  • Ба сари аҳолӣ
--ум ҷой дар ҷaҳон
- $
- $
Пули миллӣ рубли ИҶШС
Интернет-Домен .su
Коди телефон +377
Соат UTC +5
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}

Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, имлои қаблӣ Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон (русӣ: Таджикская Советская Социалистическая Республика) — ҷумҳурии иттифоқӣ дар ҳайати ИҶШС аз соли 1929, баъд аз тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ то рӯзи эълон намудани соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991.

ҶМШС Тоҷикистон
Округи Хуҷанд (бо ранги сурх)

14 октябри соли 1924 дар натиҷаи таъйиноти ҳудуди миллию давлатии ҷумҳуриҳои шӯравии Осиёи Миёна дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки он аз вилоятҳои Қаротегин (Ғарм ва Дарвозу Ванҷ), Кулоб, Қурғонтеппа, Ҳисор, ноҳияи Панҷакент (ва Фалғар - ноҳияи Айнӣ), Ӯротеппа - ноҳияи Истаравшан (ва Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ) ва қисман Сариосиё (аз ҳисоби Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро) ва 12 ноҳия иборат буд. Вилояти махсуси Помир, ки пештар ба ҳайати Ҷумҳуриии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон дохил буд, ба Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ табдил дода шуд ва 2 январи соли 1925 ба ҳайати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамроҳ гардид. Масоҳати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 135 620 км², аҳолӣ 739 503 нафарро ташкил мекард. 4 сентябри соли 1929 уезди Хуҷанд низ ба ҶШС Тоҷикистон ҳамроҳ гардид.

15 октябри соли 1929 дар шаҳри Душанбе Анҷумани фавқулодаи 3-юми Шӯроҳои Тоҷикистон, ки барои муҳокимаи масъалаи азнавташкилдиҳии ҶМШС Тоҷикистон даъват карда шуда буд, ба кори худ оғоз кард. Анҷуман дар бинои «Хонаи колхозчӣ» (собиқ театри ба номи Маяковский) баргузор гардид. Дар рӯзи дуюми кори анҷуман, 16 октябри соли 1929 Эъломияи дар бораи ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул карда шуд. Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ба ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дохил шуд.[1] 16 октябри соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати вилоятҳои Бадахшон, Ғарм, Кулоб, Курғонтеппа, Ӯротеппа, Панҷакент, Хуҷанд ва Ҳисор, ки дорои 1 миллиону 220 ҳазор нафар ахолӣ буданд, ташкил ёфт.

Вилоятҳои ҶШС Тоҷикистон дар соли 1944
Вилоятҳои ҶШС Тоҷикистон дар соли 1940

Ҷумхуриҳои навташкилёфтаи Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла ҶШС Тоҷикистон (аз соли 1929) аз рӯи намунаҳои умумииттифоқӣ идора мешуданд. Дар маънавиёти мардуми кишвар тағйироти нав ба амал омад. Айни замон бисёр анъанаҳои халқҳои мухталифи Осиёи Марказӣ, ичунин тоҷикон ба инобат гирифта намешуданд. Дар Тоҷикистон идеологияи коммунистӣ ҳукумрон гардида, дини ислом ба зери таъқиб қарор гирифта буд. Қисми мардуми кишвар Ватани бобоияшонро тарк намуданд. Моликияти хусусӣ барҳам дода шуда ҳамаи молу амвол, замин, боигариҳои зеризаминӣ ва обӣ давлатӣ гардид. Дар солҳои 30-40 асри XX асосҳои нави истеҳсолоти саноатӣ (индустриякунонӣ) гузошта шуд. Дар деҳот коллективонии хоҷагиҳои яккадасти деҳқонӣ анҷом ёфта, боиси аз байн рафтани хоҷагиҳои деҳқонони соҳибмулк гардид. Дар натиҷаи гузаронидани маъракаи маҳви бесаводӣ (солҳои 1926-1936) саводнокии мардум соли 1937 ба 72 % расид. Маъракаи «Ҳуҷум» («Озодшавии занон») ба партофтани либоси замони феодалӣ, фаранҷӣ ба анҷом расид. Дар ҳаёти фарҳангии ҷумҳурӣ тағйироти ҷиддӣ ба амал омад, таҳсилоти ройгон, муассисаҳои таҳсилотии гуногун, маданӣ-маърифатӣ, илмӣ, санъат, матбуоту нашриёт ва диг. ба миён омада барои мардум дастрас шуданд.

Тоҷикистон тадриҷан ва комилан ба комплекси ягонаи умумииттифоқии хоҷагии халқ ҳамроҳ шуда, пурра тобеи Марказ (ИҶШС) гардид. Равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ дар нимаи дуюми асри XX ба табдил ёфтани ҷумҳурӣ ба кишварӣ сермиллат овард. Солҳои 50-80 асри XX баъд аз ба сари давлат таъйин гардидани сарварони таҳҷойӣ ба монанди Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов ва Қаҳҳор Махкамов иқтисодиёти Тоҷикистон рушд меёфт. Тоҷикистон ба мамлакати хоҷагидориаш индустриалӣ - аграрӣ табдил ёфт, фарҳангу санъатӣ миллӣ эҳё гардид. Сатҳи зиндагии мардум баҳтар мегардид. Вале, бо вуҷуди он, Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ аз ҷиҳати манзили истиқомат, музди миёнаи маош, муассисаҳои илмӣ, маориф, фарҳанг, шумораи бекорон ва диг. дар ҷойи охирон қарор дошт. Иқтисодиёти Тоҷикистон асосан барои таъмини корхонаҳои марказии Иттиҳоди Шӯравӣ бо ашёи хом (барқ, пахта, канданиҳои фоиданок, уран ва диг.) нигаронида шуда буд.

24 августи соли 1990 иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравии таҷдидёфта қабул намуд.

Пас аз "табадуллот"-и (ГКЧП)и коммунистони тундрав, 19-21 августи соли 1991 дар Москва, ки бемуваффақият анҷом ёфт, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 "Дар бораи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қарор қабул намуд.

Солномаи таърихи ҶШC Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарварони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]
Сарварони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
Ному насаб Муддат
Мирзо Довуд Гусейнов солҳои 1930-1933
Григорий Бройдо солҳои 1933-1934
Сурен Шадунс солҳои 1934-1936
Ӯрунбой Ашӯров солҳои 1936-1937
Дмитрий Протопопов солҳои 1937-1946
Бобоҷон Ғафуров солҳои 1946-1956
Турсун Ӯлҷабоев солҳои 1956-1961
Ҷаббор Расулов солҳои 1961-1982
Раҳмон Набиев солҳои 1982-1985
Қаҳҳор Махкамов солҳои 1985-1991[3]

Обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мақолаи асосӣ: Канали калони Фарғона
Мақолаи асосӣ: Канали калони Ҳисор

Дар соли 1986

  • Роҳҳои оҳан - 470 км
  • Роҳҳои мошингард - 13200 км (ҳамчунин роҳҳои мумфарш 11600 км)[4]
  1. Сомонаи Вазорати адлияии ҶТ/Таърих(пайванди дастнорас)
  2. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик./Мураттибон: Ҳотамов Н.Б., Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. – Д., 2010
  3. Ҳақикати таърих. Доғҳои сиёҳи таърихи Тоҷикистон. – Д., 1990. – С. 175.
  4. https://ru.m.wikipedia.org/wiki/%D0%A2%D0%B0%D0%B4%D0%B6%D0%B8%D0%BA%D1%81%D0%BA%D0%B0%D1%8F_%D0%A1%D0%BE%D0%B2%D0%B5%D1%82%D1%81%D0%BA%D0%B0%D1%8F_%D0%A1%D0%BE%D1%86%D0%B8%D0%B0%D0%BB%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%B8%D1%87%D0%B5%D1%81%D0%BA%D0%B0%D1%8F_%D0%A0%D0%B5%D1%81%D0%BF%D1%83%D0%B1%D0%BB%D0%B8%D0%BA%D0%B0