Jump to content

Бохтар (шаҳр)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Бохтар
Бохтар
37°50′11″ с. ш. 68°46′49″ в. д.HGЯO
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Раиси шаҳр Абдулмаҷид Мӯминзод (аз 2024)
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Қӯрғонтеппа (то 2018), Леваканд
Масоҳат
  • 26 км²
Баландии марказ 428 м
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 126 700[1] тан (2022)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонон
Номи қавмӣ бохтарӣ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3222
Нишонаи почта 735140

qurghonteppa.tj
Бохтар дар харитаи
Бохтар
Бохтар
 Парвандаҳо дар Викианбор
Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар ш. Бохтар
Соли 2010, хиёбони ш. Бохтар

Бохтар (солҳои 1944 — 2018 Қӯрғонтеппа) — шаҳр, маркази маъмурии вилояти Хатлон дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон, дар соҳили дарёи Вахш, дар баландии 428 м аз сатҳи баҳр ҷой дорад. Бохтар дар 100 километрии шаҳри Душанбе, дар водии Вахш, ҷойгир буда, бо 126 700[2] нафар ҷамъият (пас аз Душанбе ва Хуҷанд) сеюмин шаҳри Тоҷикистон аст.

Дар ин шаҳр, ба ҷуз аз тоҷикон, аққалияте аз ӯзбекҳо ва русҳо низ зиндагонӣ мекунанд.

Шаҳри ҳозираи Бохтар дар солҳои 1944 — 1992 бо номи Қӯрғонтеппа маркази маъмурии вилояти Қӯрғонтеппа гардид ва аз соли 1993 то 2018 маркази маъмурии вилояти Хатлон буд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018 оид ба иваз намудани номи шаҳри Қӯрғонтеппа ва якчанд шаҳру маҳалҳои маъмурии вилояти Хатлон, номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар иваз карда шуд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.[3][4]

Сол 2010[5] 2020 2021 2022
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
75,5 124,5 125,2 126,7

Таърихномаҳо ва осори ҷуғрофиёӣ гувоҳанд, ки Қӯрғонтеппа дар гузашта Леваканд ном доштааст. Бино бар бозёфтҳои бостоншиносӣ, шаҳр дар ҷои Бохтар ҳануз дар замони Кушониён (садаҳои I – IV м.) вуҷуд доштааст[6]. Он шаҳр то замони густариши ислом дар Тоҷикзамин яке аз ободтарин шаҳрҳои Вахш будааст. Дар авохири садаи VII – оғози садаи VIII ин шаҳрро мусулмонон гирифтанд ва аз он пас дар таърихномаҳо ва осори ҷуғрофидонони исломӣ ин шаҳр ба номи Ловаканд ва Леваканд ёд шудааст. Чунончӣ, Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммад Форсии Истахрӣ дар «Масолик вал-мамолик» (навишташуда дар соли 950 м.) менависад ки «аз Ловаканд (لاوَکـَند) то Ҳаловард (هـَلاوَرد) як манзил ва то Пули Сангин ду манзил роҳ будааст»[7]. Қадимитарин асари ҷуғрофиёӣ ба забони порсӣ - «Ҳудуд ул-олам» ки дар соли 982 м. таълиф шудааст – оварда ки «Леваканд (لیوَکـَند) аз Вахш аст, ҷоест ки аз вай гӯспанди вахшӣ хезад»[8]. Яке дигар аз ҷуғрофидонони машҳури садаи Х – Абуабдуллоҳ ибни Аҳмади Муқаддасӣ (945 – 1000 м.) дар китоби маъруфаш «Аҳсан ат-тақосим фӣ марифат ал-ақолим» ин шаҳрро «Ловаканд» навиштааст.

Бино бар манобеъи таърихӣ, Леваканд дар садаҳои X – XIII яке аз ду шаҳри калони Вахш буда вале ҳангоми ҳамлаи муғул дар соли 1221 аз дасти чингизиён нобуд шудааст. Дар пайи қатли омми левакандиён ба дасти муғулҳо номи шаҳр аз ёдҳо рафт ва ҷояш низ фаромӯш гашт. Пас аз ҳафтсад сол вайронаҳои Левакандро бостоншиноси шӯравӣ Т.И. Зеймал пайдо кард. Дар пайи кофтуковҳои бостоншиносӣ ва баррасиҳои ҷуғрофӣ ошкор шуд, ки Леваканд ҳамон харобаҳои Қӯрғонтеппа буда, ки калонтарин харобаест, ки аз садаҳои миёна дар бахши шимолии водии Вахш бозмондааст. Ин шаҳр дар канораи канали қадимаи Ҷӯйбор ҷой дошта ва қалъае будааст, ки аз рӯзи бунёд то оғози садаи ХХ дар таъмини амнияти Вахшонзамин нақши калидӣ доштааст[9].

Ободии дубораи шаҳр аз садаи XVI оғоз мешавад. Номи кунунии шаҳр дар таърихномаҳои садаи XVII омада ва баргирифта аз қалъаест, ки бар теппае дар маркази шаҳр, дар миёни Ҷӯйбор ва Ҷӯи Хонум, ҷой дорад. Ба гуфтаи бостоншиносон ин теппа ҳанӯз дар замони ҳукмронии Кушониён вуҷуд доштааст. Соли 1908 олимони рус В.И. Масалский ва А. В. Нечаев навишта буданд,ки водии Вахш диёри камодам, сарзамини басо фақиру хароб аст. Бекигарии Қӯрғонтеппа дар аморати Бухоро камбағалтарин буд. Аҳолии шаҳр асосан ба косибӣ, кулогарӣ ва бофандагӣ машғул буд.

Дар замони шӯравӣ ш. Қӯрғонтеппа нашъу намо меёбад. Бо мақсади рушди пахтакори Ҳукумати ИҶШС лозим шуморид, ки дар водии Вахш шабакаи обёрикунии бузург сохта шавад. Солҳои 1931-1938 канали Вахш бо маблағи иттифоқ сохта шуд. Роҳи оҳани камбари 105 километраи Панҷи Поён — Қӯрғонтеппа дар солҳои 1931-1934 сохта шуд. Ҳазорон гектар заминҳо обёри карда шуданд ва хоҷагию ноҳияҳои нави кишоварзи дар атрофи ш. Қӯрғонтеппа ташкил ёфтанд. 11 августи соли 1937 ш. Қӯрғонтеппа расман ба мақоми шаҳр соҳиб шуд. Апрели соли 1977 вилояти Қӯрғонтеппа ташкил ёфта, ноябри 1992 бошад, пас аз муттаҳид шудани ду вилоят Қӯрғонтеппаю Кӯлоб таъсис ёфтани вилояти Хатлон маркази маъмурии он шаҳри Қӯрғонтеппа эълон гардид.[10]

Решашиносии ном

[вироиш | вироиши манбаъ]

Реша ва маънои ҷойноми Левакандро дар забонҳои суғдӣ ва балхӣ бояд ҷуст. Бахши нахусти ин ҷойном - «лева-» дигаргашта аз вожаи балхии «дева-» ба маънии «эзид» аст ва бахши дувум – «-канд», яқинан бозмондаи вожаи авестоии *kanθā- > kand ба маънои ободӣ ва шаҳр аст, ки дар гузашта дар номгузории шаҳру рустоҳои Тоҷикзамин корбурди фаровон дошта ва дар номи Мароканд (Самарқанд), Пайканд, Панҷиканд, Бунҷикат, Хуҷанд, Чимканд, Вобканд ва Хӯканд омадааст. Аз ин додаҳо чунин бармеояд ки маркази кунунии вилояти Хатлон пешинаи 2000-сола дорад ва беш аз 1300 сол Леваканд ном доштааст.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бохтари қадим — дар баробари номи яке аз се вилояти таърихии Мовароуннаҳр (Суғд ва Хоразм) будан, инчунин номи калонтарин шаҳр ва пойтахти давлати Кушониён ба ҳисоб мерафт. Шаҳри Бохтари қадим қабл аз давраи Кушониён бунёд ёфта, баъдан дар ин давра хеле обод шуда, гузару маҳаллаҳои нав пайдо мешаванд ва атрофи он бо девори нави мудофиавӣ иҳота мегарданд Берун аз девори шаҳр гузару маҳаллаҳо мавҷуд буданд, ки аз васеъ шудани масоҳати шаҳр гувоҳӣ медиҳанд. Ҳарчанд дар давраи ҳукмронии Канишка (103-126 м.) пойтахт ба шаҳри Пешовар кӯчонида шуда бошад ҳам, Бохтар (Бохтари қадим) ба ҳайси пойтахти дуюм мавқеи худро нигоҳ медоштааст. Қисмати калони давлати КушониёнВароруд аз ҳамин марказ идора карда мешуд.[11]. Дар забони кушонию бохтарӣ калимаи «Бохтар» хеле маълум буда, дар луғатҳо ба маънии «ғарб, мағриб» ва ҳам «шарқ, ховар» омадааст. Аммо баъзе донишмандон онро ба маънии «ғарб» афзалият дода, ба маънии «шарқ» калимаи «ховар» — ро тавзеҳ додаанд. Он дар забони авестоӣ, суғдӣ ва бохтарӣ дар ҷараёни гузашти солҳо бо баъзе тағйироти овоӣ дучор шуда, аслан маънои «ғарб»-ро ифода менамояд. Топоними ҷуғрофии «Бохтарзамин» низ аз ҳамин ҷо сарчашма гирифта, ба маънои «кишварҳои ғарбӣ, мағрибзамин» фаҳмида мешавад. Ҳамчунон мардумоне, ки дар шимолу ғарбии Ҳинд зиндагӣ мекунанд, онҳоро бохтарӣ ва ё балхӣ меномиданд. Баъдҳо маънои “Бохтар” дар забони суғдӣ роҳ ёфта, ба сифати макони ҷуғрофӣ муаррифӣ шудааст.

Аз нигоҳи таърихӣ Бохтар (Бохтари қадим) номи қадимии Балх низ ба ҳисоб рафта, қаламрави он ҳамчун вилояти таърихӣ қисмҳои марказӣ, ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистони ҳозираро фаро гирифта, тайи асрҳои миёна ва минбаъд тобеи Хатлон ва ҳокимони Қубодиён буда, таърихан дар ҳудуди шаҳрҳои қадимии Вахш, Леваканд ва Ҳаловард қарор доштааст.[12]

Муассисаҳои шаҳр

[вироиш | вироиши манбаъ]
Бинои китобхона ва қисми марказии шаҳри Бохтар
  • Бозори марказии шаҳри Бохтар
Бозори марказии шаҳри Бохтар
Нишони Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар
  • Маҳаллаи 14
  • Баҳор
  • Ваҳдат-1
  • Ваҳдат-2
  • Ваҳдат-3
  • Ғайрат
  • Гулзор
  • Дӯстии халқҳо
  • Дӯстӣ
  • (Кривой)
  • Ломоносов
  • Маданият
  • Маданияти поён
  • Навобод
  • Навободи нав
  • Ҳаёти нав
  • Ҳоҷи Шариф
  • Сарчашма
  • (ТЭЦ)
  • Умари Хайём
  • Ургут-маҳалла

Боз нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайнавиштҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 19 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  2. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 19 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  3. Қӯрғонтеппа ба Бохтар ва Сарбанд ба Леваканд табдили ном карданд(тоҷ.). khovar.tj. 8 октябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 сентябри 2019.
  4. Ивази номҳои як қатор шаҳрҳо, ноҳия ва деҳаҳои вилояти Хатлон(тоҷ.). www.president.tj. Сайти рамии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 8 октябри 2018 санҷида шуд.
  5. Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020(рус.). 30 марти 2024 санҷида шуд.
  6. Ставиский Б. Я. Кушанская Бактрия. Проблемы истории и культуры. — М.: Наука, 1977. – 296 с. – саҳ. 69
  7. Истахрӣ, Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммад Форсӣ. Масолик вал-мамолик. Г(Ба эҳтимоми Эраҷ Афшор). – Теҳрон: Интишороти ширкати интишоротии илмӣ ва фарҳангӣ, 1368 ш. / 1989 м. – саҳ. 217
  8. «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). (Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда). – Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ш. / 1983 м. – саҳ. 119
  9. Зеймаль Т. И. Древние и средневековые каналы Вахшской долины. Страны и народы Востока, вып. 10. Средняя и Центральная Азия. — М., 1971. – с. 37 – 67. – саҳ. 50
  10. Тавсифи табиию иқтисодии шаҳри Қурғонтеппа. - Қурғонтеппа, 2009 – саҳ.10-11
  11. Массон В.М., Ромодин В.А. История Афганистана. Т.1., М., 1964. – С. 169.
  12. Шарҳи тағйири номҳои баъзе мавзеъҳои ҷуғрофии мамлакат/Дар бораи Бохтар. 8 октябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 сентябри 2019.

русӣ:

  • Зеймаль Т. И. Древние и средневековые каналы Вахшской долины. Страны и народы Востока, вып. 10. Средняя и Центральная Азия. — М., 1971. – с. 37 – 67.
  • Ставиский Б. Я. Кушанская Бактрия. Проблемы истории и культуры. — М.: Наука, 1977. – 296 с.

форсӣ:

  • «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). (Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда). – Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ш. / 1983 м.
  • Истахрӣ, Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммади Форсӣ. Масолик вал-мамолик. (Ба эҳтимоми Эраҷ Афшор). – Теҳрон: Интишороти ширкати интишоротии илмӣ ва фарҳангӣ, 1368 ш. / 1989 м.

Инчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: