Воқеаҳои кунунӣ/Бойгонии солҳои 2007-2019

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Портали рӯйдодҳои кунунӣ

Вақт: 20:28 UTC  |  Сана: 23 сентябр
Фарқи соатҳо аз вақти Гринвич:
   Аляска: −11   Лос-Анҷелес: −9   Даллас: −7
Ню-Йорк: −5     Рио-де-Жанейро: −4
Лондон: +0   Париж, Берлин: +1
Калининград: +2   Москва: +3
Самара: +4
Екатеринбург: +5   Новосибирск: +6
Красноярск: +7   Иркутск: +8
Владивосток: +10   Магадан: +11  Чукотка: +12

Соли 2019[вироиш]

декабри соли 2019[вироиш]

ноябри соли 2019[вироиш]

  • ноябри соли 2019 Бино ба фарзияи расмӣ, ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар марзи Тоҷикистону Узбекистон дар соати 03:23-и субҳи 6-уми ноябр ба амал омада, дар он як марзбон ва як афсари пулис ва 15 ҳамлавар кушта шудаанд. КДАМ эълон дошт, ҳамлаварон 20 нафар ва марбути гуруҳи ваҳшатафкани "Давлати исломӣ" ё ДОИШ будаанд [1].[2].

октябри соли 2019[вироиш]

  • 28 октябри соли 2019 Дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ-и Бонки ҷаҳонӣ, ки танзими давлатии фаъолияти соҳибкориро дар кишварҳои ҷаҳон арзёбӣ менамояд, соли 2020 мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 зина баланд рафта, дар байни 190 давлати ҷаҳон ҷои 106-ум–ро ишғол намуда, бори дигар ба даҳгонаи кишварҳои пешқадами ислоҳотгари ҷаҳон шомил шуд.[3].

сентябри соли 2019[вироиш]

  • Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба 42 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни иншооти муҳим мукофотҳои давлатӣ супориданд.[4].
  • 9 сентябри соли 2019 Маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» баргузор гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори агрегатҳо дар вазъияти тантанавӣ агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро ба кор дароварданд.[4].

августи соли 2019[вироиш]

  • 31 августи соли 2019 Ансамбли фолклории Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фестивали XII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ», ки дар майдони Регистони шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, байни 28 ансамбл ва гурӯҳҳои эҷодӣ аз кишварҳои гуногун сазовори ҷои сеюм дониста шуд [5].
  • 30 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе”-ро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.[6].
  • 27 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии «Сиёма»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо хати истеҳсолӣ ва имкониятҳои он аз наздик шинос шуданд.[7].
  • 6 августи соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари кориаш ба ноҳияи Балҷувон вилояти Хатлон роҳи мошингарди Кангурт-Балҷувон-Ховалингро мавриди истифода қарор дод.[8].


июли соли 2019[вироиш]

  • 31 июли соли 2019 Дастури Раҳмон барои истеҳсоли мошинҳои олмониву ҷопонӣ дар Тоҷикистон[9].

майи соли 2019[вироиш]

  • 6 майи соли 2019 Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки имрўз шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 фоизро занону духтарон ташкил додаанд. Гуфта шуд, ки имрӯзҳо 6 нафар зан дар Маҷлиси миллӣ ва 13 нафари дигар дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ фаъолият доранд.[10].

апрели соли 2019[вироиш]

  • 12 апрели соли 2019 Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, 12 ва 13-уми апрели соли равон дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Рӯзҳои кинои тоҷик баргузор мешавад.[11].
  • 11 апрели соли 2019 Тибқи қарори имзонамудаи Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумат аз лоиҳаи созишномаи нав бо Бунёди Оқохон барои сохтмони пули нави пайвандгари Тоҷикистону Афғонистон ҷонибдорӣ намуд.[12].
  • 10 апрели соли 2019 10 апрели соли 1930 бори аввал дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе, ки он замон Сталинобод ном дошт, радио таъсис шуд. Он рӯз аз Хонаи деҳқон, макони собиқи театри давлатии русии ба номи Маяковский нахустин бор радиои Тоҷикистон бо хитобаи «Диққат! Диққат! Диққат! Инҷо Сталинобод!» гуфторҳои худро оғоз кардааст.[13].
  • 9 апрели соли 2019 Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Кашшофи падидаҳои наврас» ҷамъбаст гардид.[14].
  • 8 апрели соли 2019 Паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқоти Гран При Анталия соҳиби медали биринҷӣ гардид. Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқоти Гран При Анталия бори сеюм аст, ки соҳиби медали ифтихорӣ мегардад. Қаблан соли 2017 дар ҳамин мусобиқот соҳиби медали нуқра шуда, соли 2018 чемпиони мусобиқоти Гран При Анталия гардида буд.[15].
  • 7 апрели соли 2019 Дастаи наврасони Тоҷикистон тими футболбозони Қирғизистонро дар сабқати байналмилалии Ҷоми "Роҳи Абрешим Хуашан-2019" бо ҳисоби калон мағлуб кард. Вохӯрии дастаҳои наврасони Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳисоби 8:0 анҷом ёфт.[16].
  • 6 апрели соли 2019 23 августи соли 2013 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул намуд, ки ҳамасола 6 апрел Рӯзи байналмилалии варзиш ҷашн гирифта шавад. Мақсад аз қабули ин рӯз тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш ва ба ин восита ба ҳам овардани ҷавонону наврасон мебошад.[17].
  • 5 апрели соли 2019 Дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим – Ҳуа Шан” (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) ширкат меварзад. Футболбозони мамлакат таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ба Ҷумҳурии Халқии Чин сафар карданд.[18].
  • 4 апрели соли 2019 Тибқи эълони шаҳрдорӣ, аз 10 апрел ҳаракати микроавтобусҳои №67 дар масири маҳаллаи Маърифатӣ-кӯчаи Гагарин қатъ карда мешавад.[19].
  • 3 апрели соли 2019Бори аввал дар таърихи варзиши Тоҷикистон ва Осиё имрӯз, 3 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ду дастаи беҳтарини Тоҷикистон –«Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар бозии аввали гурӯҳи «Д» –и Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё бо ҳам қувва месанҷанд.[20].
  • 2 апрели соли 2019 Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон “Роҳи танобӣ”-ро аз Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ то Маҷмааи шоҳ Исмоили Сомонӣ аз болои дарёи Сир дар масофаи беш як километр мавриди истифода қарор дод. “Роҳи танобӣ”, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд карда шудааст, дорои 47 кабина бо ғунҷоиши 4 нафар, аз ҷумла 7 кабинаи хизматрасонии олӣ мебошад. Ин роҳ дар як вақт ба 160 нафар хизмат мерасонад. Баландии роҳи танобӣ дар сатҳи дарё 35 метрро ташкил дода аст.[21].
  • 1 апрели соли 2019 Пойтахти Тоҷикистон имрӯзҳо хеле зебост – ҳамаи гулгаштҳои шаҳрро лолаҳои навъҳо ва рангҳои гуногун оро медиҳанд. Имсол дар Душанбе наздики 400 ҳазор бех лола шинонида шуд. Ҳамагӣ имсол пойтахтро беш аз 6 млн. бех гулҳо зебу зинат мебхашанд: беш аз 5,5 млн. мавсимӣ ва наздики 700 ҳазор бисёрсола.[22].

марти соли 2019[вироиш]

  • 31 марти соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шароити замонавии беморхона, ки аз 4 шуъба ва бахшҳои ёрирасон иборат мебошад, шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд додааст,хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳур. Бинои беморхона дар масоҳати умумии 2 гектар бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шуда, аз 3 ошёна, таҳхона, шуъба, бахшҳои муоина ва табобатӣ иборат мебошад.[23].
  • 30 марти соли 2019 Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҳангоми ифтитоҳи Маҷмааи хизматрасонии "Баҳор" ба 50 кӯдаки ятими кулл тӯҳфа дод. Дар шаҳри Хуҷанд бошад, Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри ҷавононро ба баҳрабардорӣ расонд. Сарвари давлат барои қадршиносию ҷовидон сохтани хотираи шоири маҳбуб ва муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ ин қасрро ба номи ӯ гузошт.[24].
  • 29 марти соли 2019 Миёни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи табодули сайёҳии байналмилалии Корея Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.[25].
  • 28 марти соли 2019 Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон тӯли 2 моҳи аввали соли равон қариб 20% афзуд. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ ба маблағи ҳудуди 710 млн. сомонӣ маҳсулоти хӯрокворӣ истеҳсол шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,8% ва ё 117,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нав.[26].
  • 27 марти соли 2019 Tcell, бузургтарин ширкати телекомуникатсионӣ дар Тоҷикистон, сабки наву динамикии худро, ки хусусияти навоварона ва рӯҳияи иноватсионӣ дорад, муаррифӣ кард. Намуди зоҳирии ҷадиди тамғаи молӣ бо дарки майлу рағбатҳои на фақат муштариёни тоҷикистонӣ, балки корбарони алоқаи мобилӣ дар саросари ҷаҳон рӯйи кор омадааст. Шиори нави «Алоқа барои ҳаёт» аз Tcell, инъикосгари муҳимияти арзишҳои ҳамешагии инсоният буда, нақши зарурии онро бозгӯ мекунад.[27].
  • 26 марти соли 2019 Дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз, бо ташаббуси Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин шаҳр миёни ҳамватанони бурунмарзӣ ва дигар халқияту миллатҳо мусобиқи гӯштингирӣ баргузор гардид.[28].
  • 25 марти соли 2019 Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз 24 март бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муасиссаи давлатии Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар ҳаводорону мухлисони ин навъи варзиш ва бо намоиши беҳтарин рақобатҳо миёни паҳлавононӣ маъруфи мамлакат чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини миллӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт – 2019» баргузор гардид.[29].
  • 24 марти соли 2019 «Вақти амал кардан»- таҳти ин шиор имсол бо қарори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) 24 март Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил таҷлил мегардад. Ҳадаф аз гузаронидани ин рӯз, пеш аз ҳама, баланд бардоштани савияи огоҳии аҳолӣ дар бораи паҳншавии глобалии ин беморӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди он мебошад.[30].
  • 23 марти соли 2019 Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо гузоштани санги асос ба бунёди терминали автомобилии мусофиркашӣ дар масоҳати 3 гектар оғози расмӣ бахшида, бо Лоиҳаи рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон шинос гардиданд.[31].
  • 22 марти соли 2019 Нимаи дуюми рӯзи 22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” — и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.[32].
  • 21 марти соли 2019 Дар хиёбони Рӯдакӣ ва майдони «Дўстӣ»-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангии «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» гузаронида шуд. Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар барнома овозхонҳои маъруфи ҷумҳурӣ, ансамблҳои рақсӣ вап ғайраҳо ҳунарнамоӣ карданд.[33].
  • 20 марти соли 2019 Пас аз ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва барафрохтани Парчами миллӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди меҳмонони ҷашнвораи Наврӯзи байналмилалӣ ва роҳбарону фаъолони шаҳри Норак, ки дар базмгоҳи наврӯзӣ ба ифтихори таҷлили иди баҳору зебоӣ ҷамъ омада буданд, суханронӣ карданд.[34].
  • 19 марти соли 2019 Имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Борбади ноҳияи Синои пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 мавриди истифода қарор гирифт.[35].
  • 18 марти соли 2019 Дар озмуни «Авто-Бону-2019», ки бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати БДА ВКД гузаронида шуд, Муътабар Азимова аз вилояти Суғд сазовори ҷойи аввал ва соҳиби мукофоти асосӣ- Диплом ва рамзи «Авто-Бону- 2019» гардид.[36].
  • 17 марти соли 2019 Дар меҳмонхонаи “Душанбе Серена” рӯзи 17 март дар остонаи ҷашни Наврӯз ярмаркаи ҳунармандони Тоҷикистон бахшида ба ин ид доир гардид.[37].
  • 16 марти соли 2019 Бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ифтихори иди Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ баргузор гардид.[38].
  • 15 марти соли 2019 15 март бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ муаррифии нахустин консерти Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.[39].
  • 14 марти соли 2019 Имрӯз кормандони мақомоти Прокуратураи Тоҷикистон иди касбии худро таҷлил менамоянд. Мусаллам аст, ки 8 апрели соли 2015 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он ҳамасола дар мамлакат 14 март иди касбии кормандони мақомотиш прокуратура таҷлил мегардад. Қаблан он 14 декабр ҷашн гирифта мешуд. Дар ин рӯз таҷлил намудани Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура ба он рабт дорад, ки 14 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, тибқи он вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.[40].
  • 13 марти соли 2019 Дар Донишгоҳи Руссеи ба номи Ангел Кончеви Ҷумҳурии Булғористон нахустин вохӯрии шарикони лоиҳаи «Навсозии низоми таҳсилоти олӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути технологияи муосир» оғоз гардид. Дар кори он муовинони вазирони маориф ва илм ва намояндагони 15 донишгоҳ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Италия, Люксембург ва Португалия иштирок доранд.[41].
  • 12 марти соли 2019 Бунёди муҷассамаи “Истиқлолият ва Озодӣ” дар Душанбе бо баландии 121 метр. Ёдрас мешавад, ки Боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати марказии пойтахт, дар қитъаи замини масоҳаташ 30,0 гектар бунёд карда мешавад.[42].
  • 11 марти соли 2019 Имрӯз дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бахшида ба 107-солагии матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор мегардад. Тавре хабар доданд, ҷамъомад соати 16:00 доир гардида, дар он беҳтарин рӯзноманигорон ва собиқадорони матбуоти даврӣ бо мукофоту туҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.[43].
  • 10 марти соли 2019 Як ҳавопаймои мусофирбари Эфиопия дар роҳ ба сӯи Найроби, пойтахти Кения, суқут кард. Дар ширкати ҳавопаймоии Эфиопия гуфтанд, ки "Боинг 737" 149 мусофир ва 8 сарнишин дошт. Дар миёни онҳо се шаҳрванди Русия ва як шаҳрванди Сербистон будаанд.[44].
  • 9 марти соли 2019 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи баробарҳуқуқии зану мард миёни кишварҳои ИДМ ҷойи сеюмро ишғол кард. Чунин аст натиҷаи тадқиқоти Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони «Занон, тиҷорат ва қонун: даҳ соли ислоҳот».[45].
  • 8 марти соли 2019 Бахшида ба Рӯзи Модар дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки занону бонувони хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати шахсӣ чорабинии тантанавии идона баргузор гардид.[46].
  • 7 марти соли 2019 Кӯҳҳои сар ба фалаки Бадахшони Тоҷикистон ба рӯйхати «100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2019» шомил шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷои сеюмро сазовор гардиданд.[47].
  • 6 марти соли 2019 Бахшида ба Рӯзи Модар бо ибтикори роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавони ш. Хуҷанд бо иштироки занону бонувони донишгоҳ барномаи идона баргузор гардид.[48].
  • 5 марти соли 2019 Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии финалӣ дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби 5 бар 2 шикаст дода, барандаи панҷкаратаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гардид. Бозии мазкур имрӯз дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир шуд.[49].
  • 4 марти соли 2019 Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Авто-Бону-2019» баргузор менамояд. Тавре аз Раёсати БДА ВКД ҶТ хабар доданд, озмуни мазкур 16 марти соли равон, соати 10:00 дар автодроми автоматонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.[50].
  • 3 марти соли 2019 Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи март дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии радио ва телевизиони бачагона (International Children’s Day of Broadcasting) таҷлил мегардад, ки он имсол ба 3 март рост омад. Ин сана аз соли 1991 бо ибтикори ЮНИСЕФ –Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) таҷлил мегардад.[51].
  • 2 марти соли 2019 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи 1‑уми марти соли 2019 марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2019 (ИМД-2019) оғоз кард.[52].
  • 1 марти соли 2019 Инак тибқи қонунияти умумии табиат, имрӯз, 1 март ба Тоҷикистони зебои мо фасли баҳори нозанин қадам гузошт. Чӣ хуш фасли зебою гуворост баҳор, арӯси солаш ном мебаранд ва ин бесабаб нест. Зеро вақте ки ин фасл медарояд, замин ҷомаи сабз мепӯшад. Талу теппаҳо аз гулу себаргаҳо пур гардида, ҳавои хушу муаттаре ба машоми кас мерасад. Аҷаб фасли зебою дилрабост баҳори нозанин! [53].

феврали соли 2019[вироиш]

  • 28 феврали соли 2019 Таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он як қатор лоиҳаи қонунҳо ва мушкилиҳои дигар дида баромада шуд.[54]
  • 27 феврали соли 2019 Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба меҳмонон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ дар иншооти қабулу хизматрасонӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо ҷалби коршиносон ва мутахассисони соҳа ба роҳбарон ва кормандони меҳмонҳонаву тарабхонаҳо ва осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои шаҳри Ваҳдат семинари омӯзишӣ доир карда шуд. Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, семинари омузишӣ дар самтҳои «Хизматрасонӣ дар меҳмонхона ва осоишгоҳу истироҳатгоҳ», «Роҳбалад», «Хизматрасонӣ дар тарабхона» ва дигар самтҳои муҳими хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ доир гардид.[55]
  • 26 феврали соли 2019 Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи гузаронидани озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» дар шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид. Тавре хабар доданд, қарори мазкур бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ ба тасвиб расидааст.[56]
  • 25 феврали соли 2019 Бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду хатсайри нави сайёҳии «фото ва фито-сафарӣ» дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ташкил гардиданд.[57]
  • 24 феврали соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар арафаи бедоршавии табиат чун анъанаи наку бо шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва оғози корҳои мавсими баҳорӣ дар саросари мамлакат оғоз бахшиданд.[58]
  • 23 феврали соли 2019 Дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 26 — солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва кулли шаҳрвандони кишварро бо санаи муҳими таърихӣ 26 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.[59]
  • 22 феврали соли 2019 Маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош дар Душанбе баррасӣ гардид. Иттилоъ доданд, ки дар мулоқот татбиқи «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ» матраҳ гардид.[60]
  • 21 феврали соли 2019 Ҳамасола 21 феврал дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил карда мешавад. Ин рӯз дар иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон эълон гардида буд.[61]
  • 20 феврали соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи васеи намояндагони ВАО-и давлатӣ мулоқот карданд.[62]
  • 19 феврали соли 2019 Шахсоне, ки симкортҳояшон бо шиносномаҳои кӯҳна ба қайд гирифта шудаанд, бояд онро дубора ба қайд гиранд. Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон аз ду симкорт зиёдтар гирифта наметавонанд.[63]
  • 18 феврали соли 2019 Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе рӯзҳои истироҳат ду бозии мавқуфгузоштаи худро барои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бо дастаҳои КМВА «Помир» ва «Шоҳмансур» гузаронида, ғалаба ба даст овард.[64]
  • 17 феврали соли 2019 Дар натиҷаи сӯхтор дар Бангладеши Олмон дастикам ҳашт нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ба қавли мақомоти ин кишвар, сӯхтор беш аз 200 хонаи сокинонро ба коми худ фурӯ бурд. Сӯхтор субҳи барвақти 17-уми феврал, замоне рух дод, ки бисёре аз сокинон ҳанӯз дар хоб буданд.[65]
  • 16 феврали соли 2019 Афзоиши аз ҳама зиёди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд – ин нишондиҳанда дар ҷумҳурӣ 7,3% -ро ташкил медиҳад.[66]
  • 15 феврали соли 2019 Беш аз 90 мамлакати дунё ҳамасола 15 феврал Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратонро ҷашн мегиранд. Бино ба маълумоти оморӣ, ҳамасола дар ҷаҳон қариб 200 ҳазор нафар кӯдакон ба бемории саратон` гирифтор шуда, нисфи онҳо ҳалок мегарданд. Сари вақт муроҷиат намудан ва оғоз намудани табобат аз оризаҳои нохуши ин беморӣ нигоҳ медорад.[67]
  • 14 феврали соли 2019 Соли 2018 байни давлатҳо ба маблағи зиёда аз 300 млн. доллар созишномаҳо ба имзо расиданд. Тайи 4 соли охир ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон босуръат афзуда, аз 14,9 млн. доллар дар соли 2015 то ба 281,5 млн. доллар дар соли 2018 расид.[68]
  • 13 феврали соли 2019 Имрӯз, рӯзи ҷаҳонии радио ҷашн гирифта мешавад. Заминаи пайдоиши ин ид маҳз дар ҳамин рӯзи соли 2011, зимни баргузории Конфронси 36-уми генералии ЮНЕСКО ба миён омад. Дар ин рӯз Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ба Конфронси генералӣ тавсия дод, ки Рӯзи ҷаҳонии радиоро эълон кунад. Ҳамин тавр аз соли 2012 то инҷониб 13 феврал дар тамоми ҷаҳон Рӯзи радио ҷашн гирифта мешавад.[69].
  • 12 феврали соли 2019 Чемпиони Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе имрӯз бори аввал дар таърихи худ дар бозиҳои интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё ширкат меварзад. 12 феврал футболбозони тоҷикистонӣ дар муқобили дастаи АГМК-и Алмалики Ӯзбекистон вориди майдони рақобат шуданд.[70].
  • 11 феврали соли 2019 Алҳол ба мусофироне, ки тавассути роҳҳои ҳавоӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ сафар мекунанд, чор фурудгоҳи байналмилалӣ – фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар хизмат мерасонанд. Танҳо соли сипаригардида фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ба зиёда аз ду миллион нафар мусофир хизмат расониданд, ки аз ин омор наздик ба 70 фоизи хизматрасониҳо ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рост меояд.[71].
  • 10 феврали соли 2019 «ДАРАХТ БИНШОН!» - таҳти ин унвон дар хиёбону кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд беш аз 2000 бех дарахтони ороишӣ ва 10 ҳазор дона гули садбарг шинонида шуданд. Бояд ёдовар шуд, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 1300 рӯзи меҳнати зарбдор эълон гардидааст.[72].
  • 9 феврали соли 2019 Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2021 ҷашн гирифта мешавад, озмуни ҷумҳуриявиии драманависонро эълон намуд. Озмун аз 1 марти соли 2019 оғоз ёфта, ҳадафи он дарёфти асарҳои беҳтарини драмавии муосир мебошад.[73].
  • 8 феврали соли 2019 Душанбе соҳиби нишон мегардад ва унони «Сокини фахрии пойтахт» таъсис дода мешавад. Дар иртибот ба ин ба Қонун «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.[74].
  • 7 феврали соли 2019 Дар Китобхонаи миллӣ Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.[75].
  • 6 феврали соли 2019 Кумитаиш кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли равон Фестивали ҷумҳуриявии «Суруди модарАлла» баргузор менамояд. Фестивали мазкур ба Рӯзи Модар ва арҷгузорӣ ба занону модарони тоҷик бахшида мешавад.[76].
  • 5 феврали соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия С.Лавровро, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва раванди омодагӣ ба сафари расмии Сарвари давлат ба Федератсияи Россия мавриди муҳокима қарор гирифтанд.[77].
  • 4 феврали соли 2019 Ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида дар шаҳри Хуҷанд бори нахуст аз сатҳи 1 миллиард сомонӣ зиёд гардида, он ба 1 млрд 033,3 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нисбат ба соли 2017 11,6 фоиз зиёд аст.[78].
  • 3 феврали соли 2019 Имрӯз дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан таҳти унвони «Самараи умри деҳқон» баргузор гардид. Бояд гуфт, ки намоиши мазкур тибқи нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019—2021 гузаронида мешавад.[79].
  • 2 феврали соли 2019 Аз 8 то 17 феврали соли равон дар шаҳри Сахалини Ҷанубии Федератсияи Россия аввалин Бозиҳои зимистонаи «Бачаҳои Осиё» баргузор мешаванд. Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро 3 варзишгари наврас — Ҷаҳонгир Аҳёзода, Маҳмудҷон Эшонов ва Зикруллои Шамсулло намояндагӣ мекунанд. Онҳо дар намуди лижаронии кӯҳӣ, слалом ва слаломи бузург дар миёни 20 давлати Осиё иштирок менамоянд.[80].
  • 1 феврали соли 2019 Тӯли 45 рӯз дар нерӯгоҳи Роғун 3 баробар зиёд аз барқи истеҳсолшудаи тӯли 1 сол дар ҳамаи нерӯгоҳҳои хурди кишвар барқ истеҳсол гардида, тибқи маълумоти Вазорат, соли гузашта бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳаҷми рекордӣ — 19,8 млрд кВт/соат нерӯи барқ (пеш аз ин 18,6 млрд кВт/соат — соли 1988) истеҳсол шудааст.[81].

январи соли 2019[вироиш]

  • 31 январи соли 2019 Дар муқоиса бо соли хониши гузашта дар соли хониши 2019—2020 квотаҳои Русия ба довталабони Тоҷикистон аз 618 то ба беш аз 630 адад зиёд шуд, ки ин шумор квотаҳои таҳсил барои Тоҷикистон аз ҳама зиёдтарин байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.[82].
  • 30 январи соли 2019 Дар раддабандии Индекси дарки коррупсия, ки ҳамасола аз ҷониби Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Transparency International таҳия мешавад, Тоҷикистон зинаи 152-юмро ишғол намуд.[83].
  • 29 январи соли 2019 Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» таҳия мегардад. Бо ин мақсад алакай дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марбутаи мамлакат гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Дар назар аст, пас аз 3 моҳ лоиҳаи Қонуни мазкур таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.[84].
  • 28 январи соли 2019 Варзишгарони шинохтаи тоҷик Одилшоҳ Исматов ва Кристина Пронженко аз намуди варзиши сабук дар 5-умин Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти ҷоизаи қаҳрамони олимпии Олга Рипакова, ки дар Уст-Каменогорскии Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, иштирок намуда, сазовори ду медал гардиданд.[85].
  • 27 январи соли 2019 Имрӯз сокинон ва меҳмони пойтахти Тоҷикистон дар Боғи фарҳангию фароғатии Фирдавсӣ дар фазои идона ҷашни Садаро таҷлил намуданд.[86].
  • 26 январи соли 2019 Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми табрикотии хешро ба муносибати ҷашни Сада ба мардуми шарафманди тоҷик ироа дошт.[87].
  • 25 январи соли 2019 Нимаи аввали моҳи июн дар шаҳри Душанбе Нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки ба он 27 кишвар узвият дорад, доир мегардад.[88].
  • 24 январи соли 2019 Сарулибоси милитсионерҳои тоҷик имсол нав карда шуда, дар назар аст, ки милитсияи Тоҷикистон ба политсия табдили ном кунад. Дар аввали моҳи март намунаҳои сарулибоси нави кормандони милитсия аллакай барои тасдиқ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мешаванд.[89].
  • 23 январи соли 2019 Китоби нав — маҷмӯаи суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 222 саҳифа таҳти унвони «О современном мире и основных аспектах внешней политики Республики Таджикистан» (Дар бораи ҷаҳони муосир ва ҷанбаҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) бо забони русӣ дар матбааи «Контраст» ба нашр расид.[90].

Соли 2018[вироиш]

ноябри соли 2018[вироиш]

октябри соли 2018[вироиш]

  • 25 октябри соли 2018 Дар рӯзи чоруми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Арбоб аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, дар тантанаҳои Фестивали «Оши палав», «Иди асалу харбуза» ва «Шириниҳои миллӣ» иштирок карданд.[92].
  • 24 октябри соли 2018 Дар феҳристи 500 мусулмони пурнуфузи дунё Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шурои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ҷой гирифтаанд. Феҳристи 500 мусулмони асаргузори ҷаҳонро ҳар сол Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти роҳбурдии исломии Уммон тартиб медиҳад.[93].
  • 22 октябри соли 2018 Дар рӯзи аввали сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағалро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.[94].
  • 22 октябри соли 2018 Дар бахши озмуни байналмилалӣ ҷоизаи аслии кинофестивали 8-уми «Дидор» ба филми «Хаёлӣ»-и коргардон Парвиз Раҷабзода аз «Хатлонсинамо», ҷоизаи беҳтарин филми аниматсионӣ ба филми «Сандуқчаи зулбиё»-и Алексей Румянтсев ва дар бахши «Озмуни филмҳои тоҷикӣ» ба филми «Таксӣ»-и Файзулло Файзов супорида шуд.[95].
  • 12 октябри соли 2018 Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 12/10/2018 дар шаҳри Душанбе доир гардид, даҳ қарори Шўрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ ва ду санади нави ҳамкорӣ байни вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои СҲШ ба имзо расиданд.[96].
  • 10 октябри соли 2018 Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бо медалҳои нуқраи Чемпионати Осиё ба пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе баргашт[97].

сентябри соли 2018[вироиш]

августи соли 2018[вироиш]

майи соли 2018[вироиш]

апрели соли 2018[вироиш]

  • 9 апрели соли 2018 Баъди танаффуси шашсола охири ҳафтаи гузашта интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон барқарор шуда, айни замон ба ҷумҳурӣ дар як соат 1 ҳазор метри мураббаъ газ интиқол дода мешавад. (/news.tj/tj/ 9.04.2018).
  • 6 апрели соли 2018 Аз рӯи раддабандӣ аз ҳама нашрияи серхонандатарин нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (34 %) мебошад. Сипас, бо фосилаи камтар нашрияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон «Омӯзгор» (23,8 %) ва нашрияи марказии ҲХДТ рӯзномаи «Минбари халқ» (22,2 %) ҷойгир шудаанд.(// khovar.tj/ 06.04.2018).

марти соли 2018[вироиш]


феврали соли 2018[вироиш]

январи соли 2018[вироиш]

  • 20 январи соли 2018, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иваз намудани номи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ноҳияи Бохтар, шаҳраки Восеъ ва деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, деҳаҳои Шота Руставели, Тошохӯр ва Будинободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба имзо расониданд. Дар асоси қарори мазкур номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар, шаҳри Сарбанд ба шаҳри Левакант, ноҳияи Бохтар ба ноҳияи Кӯшониён, шаҳраки Восеъи ноҳияи Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук, деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставелии деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Саргаҳ, деҳаи Тошохӯри деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ба деҳаи Боғдара ва деҳаи Будинободи деҳоти Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Зарриндашт иваз карда шуданд.(khovar.tj/ 22.01.2018).
  • 10 январи соли 2018, соли 2017 дар Ҷаласаи 11 — уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ номинатсияи «Оши палав» — и тоҷикон дар қатори беҳтарин намунаҳои ғайримоддии ҷаҳон сабти ном шуд. (jumhuriyat.tj/ 10.01.2018).

Соли 2017[вироиш]

декабри соли 2017[вироиш]

  • 27 декабри соли 2017, Тоҷикистон дар раддабандии (рейтинги) кишварҳои дар пешбурди тиҷорат муваффақ, ки аз ҷониби маҷаллаи амрикоии «Forbes» омода шудааст, миёни 153 кишвари ҷаҳон зинаи 108-умро ишғол намуд. Рейтинг 21 декабр дар сомонаи маҷаллаи мазкур нашр гардид. Зикр мешавад, ки соли гузашта Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон 6,9 % афзуда, шумораи аҳолии мамлакат 8,5 млн нафар ва ММД ба ҳар сари аҳолӣ 800 доллари ИМА-ро ташкил дод. (khovar.tj/ 05.12.2017).
  • 27 декабри соли 2017, 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро шаҳрвандони то 30-сола ташкил медиҳанд.(khovar.tj/ 05.12.2017).
  • 22 декабри соли 2017, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (jumhuriyat.tj/ 22.12.2017).
  • 4 декабри соли 2017, Тоҷикистон дар Рейтинги (раддабандии) рушди кишварҳо дар соли 2017, ки аз ҷониби Маркази бритониёии «Институти Legatum» тартиб дода шудааст, мақоми 102-юмро касб намудааст.(khovar.tj/ 04.12.2017).

ноябри соли 2017[вироиш]

  • 19 ноябри соли 2017, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар маҷлиси тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 25 — умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.(khovar.tj/ 19.11.2017). Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 — умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ (khovar.tj/ 19.11.2017).
  • 18 ноябри соли 2017, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд Пак» ташриф оварда, дар вазъияти тантанавӣ навбати дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилениро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.(khovar.tj/ 18.11.2017).
  • 6 ноябри соли 2017, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»-ро баъди азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.(khovar.tj/ 6.11.2017).

октябри соли 2017[вироиш]

  • 26 октябр, Оғози корҳои таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди «Душанбе — Қӯрғонтеппа». Марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 километрро дар бар гирифта, роҳ аз категорияи «III»-юм ба категорияи «1-Б» гузаронида мешавад ва паҳноии он аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.(khovar.tj/ 26.10.2017).
  • 25 октябр, Бар асоси қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеъмоли сигор дар дохили тамоми корхонаҳои давлативу хусусӣ, тарабхонаҳо, вокзалҳову фурудгоҳҳо комилан манъ мешавад.(khovar.tj/ 25.10.2017).
  • 14 октябр, 15 октябр дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад. (khovar.tj/ 14.10.2017).
  • 14 октябр, Мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ (khovar.tj/ 14.10.2017).
  • 12 октябр, Аз 11 то 14 октябр дар ш. Тошкент, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардиданд.(khovar.tj/ 12.10.2017).
  • 11 октябр, ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 591 аз 09.10.2017 «Дар бораи барҳам додани Корхонаи воҳиди давлатии „Бозори Шоҳмансур“» дар ш. Душанбе дар торномаи Ҳукумати ш. Душанбе нашр шуд. Ҷойи нуқтаҳои савдои муқарраршуда — Маркази савдои «Меҳргон», воқеъ дар минтақаи шарқии Душанбе, тавсия дода шудааст. (dushanbe.tj/ 11.10.2017).
  • 8 октябр, Википедияи Тоҷикиро сарзаниш карданд ва иваз кардани калимаи «энсиклопедия»-ро пешниҳод намуданд. (RuWikiNews)

августи соли 2017[вироиш]

  • 23 август Парлумони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба Қонуни танзими расму ойинҳоро қабул кард. Бар асоси ин тағйирот, забҳи чорво ва додани таом дар маъракаҳои азодорӣ комилан манъ шуда, тӯйи хатна аз ин ба баъд бидуни даъвати санъаткорон бояд доир шавад. Бо тӯйи дигар муштарак кардани хатнасӯр ҳам акнун манъ мешавад.(/akhbor.com /23.08.2017)

марти соли 2017[вироиш]

  • 1 март Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ, дар шаҳри Исломобод, изҳор доштанд: "Таҳкурсии асосии бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз неругоҳҳои барқи обӣ иборат мебошад, ки истеҳсоли 98 фоизи неруи барқро дар кишвар аз манбаи барқароршавандаи тавлиди энергия таъмин менамояд. Аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» Тоҷикистон дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра қарор дорад ва захираҳои умумии гидроэнергетикии он дар ҷаҳон яке аз бузургтаринҳо ба шумор мераванд.(2 .03.2017 khovar.tj)

феврали соли 2017[вироиш]

  • 27 феврал баъди музокироти байнидавлатӣ Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин оид ба натиҷаҳои сафари расмӣ қабул карда шуд. Владимир Путин — президенти Русия ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ордени ба номи Александр Невскиро тақдим кард. Сипас дар ҳузури сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид (бештар...) (28.02.2017 Ташрифи Владимир Путин ба Тоҷикистон ва Қазоқистон.1tv.ru),
  • 27 феврал баъди музокироти байнидавлатӣ Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин оид ба натиҷаҳои сафари расмӣ қабул карда шуд. Сипас дар ҳузури сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид (28.02.2017 khovar.tj, Ташрифи Владимир Путин ба Тоҷикистон ва Қазоқистон.1tv.ru
  • Дар вақти сафар ба Тоҷикистон Владимир Путин — президенти Русия ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ордени ба номи Александр Невскиро тақдим мекунад, гуфт ёрдамчии президенти ФР Юрий Ушаков. Сафари Президенти ФР Владимир Путин ба Тоҷикистон охири моҳи феврал дар назар аст.(22.02.2017 http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20170222/1021748948.html)
  • Сомонаи амрикоии CNN Travel чойхонаи «Роҳат»-ро беҳтарин чойхонаи ҷаҳон номидааст. Чойхонаи «Роҳат» мувофиқи маълумоти сомонаи амрикоӣ аз соли 1956 инҷониб беҳтарин чойхона ба ҳисоб меравад. Мутаассифона имрӯзҳо «Роҳат» зери хатари вайроншавӣ мондааст.(17.02.2017 [http://sputnik-tj.com/Tajikistan/20170217/1021713411.html sputnik
  • 17 феврали соли 2017 расонаҳои хабарӣ ба ҳамагон маълум намуданд, ки — Сомонаи амрикоии CNN Travel чойхонаи «Роҳат»-ро беҳтарин чойхонаи ҷаҳон номид.

Баробари ин Сомонаи амрикоии CNN Travel, ба рӯйхати беҳтарин чойхонаҳои ҷаҳон:

-tj.com])

  • Ҳаракат дар роҳи Душанбе — Хуҷанд, ягона роҳи заминӣ, ки марказро бо шимоли кишвар пайванд медиҳад, муваққатан баста шудааст. Масъулони ширкати Innovative Road Solutions (IRS), масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин тасмим баъд аз зуҳри 14 феврал ва дар пайи бориши шадиди барфу фаромадани тармаи зиёд гирифта шудааст.(14.02.2017 ozodi.org)
  • Ҳавопаймоҳои ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ» ба эҳтимоли ғолиб дар оғози моҳи апрел ба парвоз дар самти Тошканд-Душанбе шурӯъ мекунанд.(14.02.2017 ozodi.org)
  • Президенти Тоҷикистон дар як номаи табрикӣ раҳбари Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро бо пирӯзиаш дар интихоботи раёсатҷумҳурии 12 феврал шодбош гуфт. Бердимуҳаммадови 59-сола бо бурдани 97,69 дар сади раъйи мардум пирӯз шуд ва ҳамакнун дар давоми 7 соли оянда раҳбарии ин ҷумҳурии ғанӣ аз гази Осиёи Марказиро идома хоҳад дод.(13.02.2017 ozodi.org)

январи соли 2017[вироиш]

Комёбиҳои Тоҷикистон дар соли 2016[вироиш]

  • Дар ин сол ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 54 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он ба 6,9 фоиз баробар шуд.
  • Бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар ва дар ин замина ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ соли 2016 дар мамлакат 251 коргоҳу корхонаҳои нав бо 9165 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
  • Дар доираи татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ 40 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойҳои корӣ таъмин гардида, умуман аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 114 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шуданд, ки аз ин 56 ҳазор ё худ 49 фоизи он ҷойи кори доимӣ мебошад.
  • Соли 2016 маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба 22,2 млрд сомонӣ баробар гашта, суръати афзоиш 5,2 фоизро ташкил намуд.
  • Дар соҳаи маориф соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 201 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва навсозӣ гардида, 39 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст.
  • Варзишгари номдори тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпии Рио де Жанейро-2016 дар мусобиқоти гурзпартоӣ пешсафӣ нишон дода, барандаи медали тилои бозиҳои олимпӣ гардид.
  • Дар маҷмӯъ соли 2016-ум барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 52 фоизи хароҷоти буҷет, яъне 8,1 миллиард сомонӣ равона гардидааст. (бештар...)

Соли 2016[вироиш]

декабри соли 2016[вироиш]

  • Дар охири соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2- ро бо иқтидори 300 мегаватт мавриди истифода қарор доданд, ки он имконияти энергетикии мамлакатро ба таври назаррас афзун менамояд.(бештар...)

ноябри соли 2016[вироиш]

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошноӣ бо тарзи зисту зиндагонии сокинон, иштирок дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додан ва оғози сохтмони чанд иншооти муҳим ба шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ташриф овард. Дар Сарбанд Пешвои миллат бо фаъолият ва ҷараёни татбиқи Лоиҳаи барқарорсозии таҷҳизоти истеҳсолии энергияи барқи Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» инчунин бо ифтитоҳи марҳалаи дуюми таҷдиду навсозии ҶСК «Азот» шинос шуд. Дар ҷараёни боздиди кории худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури кормандони Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ва сокинону фаъолони ин шаҳри саноатӣ суханронӣ карда, перомуни амалишавии барномаҳои давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва тадбирҳои таъмини некуаҳволии сокинон ибрози андеша намуданд. (бештар...)

16 ноябр Ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мансаби олии давлатӣ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, Президент ва миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва воқеияти ҳаёти ҳуқуқии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид"-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар лоиҳаи пешниҳодшуда масъалаи ба рӯзҳои ид илова намудани таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябр пешбинӣ шуд. Ҳамин тариқ лоиҳаи мазкур 14 марти соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 15 апрели соли 2016 ҷонибдорӣ намуд.

Соли равон мардуми шарафманди тоҷик нахустин маротиба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент — садоқат ба Ватан таҷлил менамоянд. Нигаред муфассал: (бештар...)[107]

14 ноябр соли 2016[вироиш]

29 октябр соли 2016[вироиш]

  • 29 октябри соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳусни оғоз бахшид[111].

13 сентябр соли 2016[вироиш]

  • Дар ноҳияи Спитамани вилояти Суғд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи ҶСП «Норд Азия Металл» баргузор гардид.
    ҶСП «Норд Азия Металл» самараи ҳамкориҳои манфиатбори доираи соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Сохтмони корхона соли 2014 оғоз гардида барои бунёд ва васлу насби таҷҳизоти муосир дар он беш аз 23 млн сомонӣ масраф шудааст, ки 11 млн сомонии онро арзиши таҷҳизоту технологияҳои корхона ташкил медиҳад. Дар корхонаи навбунёд асосан қубурҳо ва профилҳои металии даврашакл ва чоркунҷашакл истеҳсол шуда иқтидори солонааш 60 ҳазор тонна металл мебошад.
    Инчунин дар ноҳия ифтитоҳи корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди ҶДММ «Спитамен Ойл» ки соли 2010 дар минтақаи саноатии Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳия дар асоси шартнома бо ширкати «Кушо» оғоз шуда баанҷом расидаст, баргузор гардид.[112][113][114]

9 сентябр соли 2016[вироиш]

  • Дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори солгарди 25-умин Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ роҳпаймоӣ гузаронида шуд, ки дар он 52 ҳазор нафар донишҷӯёни макотиби олӣ, мактаббачагон ва кормандони муассисаҳои давлатии кишвар ширкат доштанд. Бояд гуфт, ки ширкаткунандагон ин намоиш бо сарулибоси идонаи гуногунранг ва бо шиору овезаҳои саршор аз муҳаббату самимият нисбат ба Ватан-модар, арзишҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу миллат раҳпаймоӣ карданд. (Ниг. Ба аксҳо)[115]
  • Бегоҳии 9 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барномаи муҳташами фарҳангии ҳунармандону ҳаваскорон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ баргузор гардид. Барномаи театркунонидашудаи ҷашнӣ иборат аз суруду таронаҳо ва саҳнаҳои ҷолиби тараннумкунандаи арзишҳои волои миллӣ дар замони 25 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби бештар аз 12 ҳазор нафар манзури ҳозирин карда шуд. Мушакандозии бардавом анҷомбахши барномаи театркунонидашуда буд, ки сокинон ва меҳмонон пойтахт дар давоми зиёда аз 10 дақиқа онро тамошо намуданд. Дар чорабиниҳои ҷашнӣ намояндагони сафоратхонаҳо, созмонҳои байналмилалии муқими пойтахт, журналистони ВАО ва меҳмонон хориҷи кишвар ҳузур доштанд.[116][117]

8 сентябр соли 2016[вироиш]

  • Тантанаи идонаи ҷашнӣ ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Дӯстии пойтахт аз субҳи имрӯз оғоз гардид. Бо қадамҳои мутантани сафӣ аз маркази майдони чорабинӣ беш аз 16 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ расми гузашти низомӣ доир намуданд.[118]

3 сентябр соли 2016[вироиш]

  • Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими видоъ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон марҳум Ислом Каримов вориди шаҳри Самарқанд шуданд. Маросими видоъ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов дар майдони Регистон ва митинги мотам дар Қароргоҳи Ҳукуматии шаҳри Самарқанд баргузор гардид. Дар ин маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони як қатор давлатҳою ҳукуматҳо, роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам ва намояндагони корпуси дипломатӣ иштирок карданд.[119]

2 сентябр соли 2016[вироиш]

  • Шоми 2 сентябри соли 2016 ҳукумати Ӯзбекистон расман марги Ислом Каримовро тасдиқ кард.[120] Дар мамлакат се рӯз мотами миллӣ эълон гардид. Маросими бахоксупории раиси ҷумҳури Ӯзбекистон имрӯз, 3 сентябр дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад.[121]

1 сентябр соли 2016[вироиш]


25 августи соли 2016[вироиш]

Аз 18 то 25 август донишномаи Википедия.ру (анг. Wikipedia.ru), ба рӯйхати сомонаҳои дар Русия баста шуда шомил шуда буд. Ин амал аз ҷониби идораи назорати давлатии Русия - Роснадзор бо пешниҳоди қарори суди яке аз ноҳияҳои вилояти Астрахани Русия, барои дар ВП русӣ нашр намудани мақолаи "Чарас" (Чарас (наркотическое_вещество) бештар...) бинобар дар ВП-и русӣ нашр гардидани мақолае, ки намуд ва таркиби маводи нашъадорро дорост, иҷро гардида буд. Роснадзори Русия рӯзи 25.08.2016 ин қарорашро бекор кард ва ВП русӣ дар қаламрави Русия боз ба кор даромад. (бештар...)

24 августи соли 2016[вироиш]

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиё, намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва ҷавонони фаъолу ташаббускор дар ноҳияи Ёвон дар вазъияти мутантан роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлобро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин роҳи оҳан пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистоншаҳри Душанберо бо Вилояти Хатлон пайваст мекунад. Сохтмони хати роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб, ки аҳамияти минтақавию байналмилалӣ дорад, ҳанӯз моҳи марти соли 2009 шурӯъ шуда буд. Масофаи умумии он дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон 41 км буда, дар ин масир 3 нақб ва 8 адад пули калону миёна сохта шудааст.

20 августи соли 2016[вироиш]

Шаби 19 август соати 21:05 ба вақти маҳаллии Бразилия (соати 5:05-и 20 август ба вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия мусобиқоти ниҳоӣ шурӯъ шуд ва варзишгари Тоҷикистон Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва аз ҳама рақибонаш пеш гузашт ва сазовори унвони чемпиони бозиҳои XXXI олимпӣ ва медали тилои Бозиҳои олимпӣ гардид.


1 июни соли 2016[вироиш]

То 1 июни соли 2016 дар Википедиа 293 қисматҳои забонҳои ҷаҳонӣ (аз он ҷумла 282-тои он фаъол) мавҷуданд. Аз ҷумла, 13-тои он зиёда аз 1 миллион мақола, 45-тоаш аз 100 ҳазор то 1 млн. мақола, 74-тоаш зиёда аз 10 ҳазор мақола (аз ҷумла ба забони тоҷикӣ) ва 112 қисматҳо зиёда аз 1 ҳазор мақола доранд. Ҷамъи ҳамаи мақолаҳои ба забоноҳои гуногун вироишгардида то 1 июни соли 2016 - 40 157 126 мақола (аз ҷумла зиёда аз 150 млн. саҳифа)ро дарбар мегирифт).[123]

апрели соли 2016[вироиш]

  • 22 апрели соли 2016 Корхонаи ҶДММ “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” — дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба истифода супорида шудааст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ифтитоҳи як коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ дар саҳни ҳавлии он барои бунёди боз ду корхона оид ба истеҳсоли рангҳои гуногун ва маводи нигоҳдорандаи гармӣ – пахташиша бо таъсиси 150 ҷойи корӣ санги асос гузошт.[124]
  • Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон 15 март тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро имзо намуд, ки мувофиқи он ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, аз ҷумла номи ашё, мол, ҳайвонот, ном ва истифодаи ибораҳои таҳқиромезе, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ карда шудааст”.

Аз моҳи марти соли равон номгузорӣ бо истифода аз пасвандҳои “ов” ва “ович” мамнуъ мебошад: “Аммо ин муқаррарот ба ақалиятҳои миллӣ рабт надорад. Барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва тоза нигоҳ доштани забон муқаррар шудааст, ки тоҷикон аз номгузории миллии худ кор баранд. Тоҷикон метавонанд бо истифода аз пасвандҳои “зода”, “иён””пур” ва ғайра фарзандонашонро ном гузоранд. Барои афроде, ки феълан бо "ов" ва "ович" сабт шудаанд, иваз намудани номгузорӣ ихтиёрӣ мебошад: "Онҳое, ки айни ҳол дар санадҳо бо "ов" ва "ович" сабт шудаанд, метавонанд номгузорияшонро иваз кунанд. Ин ихтиёрӣ мебошад".[125]

марти соли 2016[вироиш]

24 марти соли 2016 Корхонаи ҶДММ "Хуаксин Ғаюр - Суғд-семент" — дар ноҳияи Ғафуров ва Корхонаи ҶДММ "Нафтрасон" — дар ш. Конибодоми вилояти Суғд ифтитоҳ ёфтаанд.[126][127]

Донистаниҳо[вироиш]

Рӯйхате шаҳру ноҳияҳо ва иншооти ҷуғрофӣ, ки номашон тағйир ёфт:

Ғайр аз ин, ба ифтихори Пешвои миллат шаҳрак дар ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон Раҳмонобод номгузорӣ шуд. Ин шаҳрак бо ташаббуси президенти Тоҷикистон тирамоҳи соли гузашта дар мавзеи Питовдашт барои сокинони моҳи июли соли 2015 аз селфароӣ осебдида бунёд гардид.[129]

январи соли 2016[вироиш]

  • 15 январ Википедиа ҷашни 15 солагии амалашро таҷлил намуд. Дар асри XXI лоиҳаи Википедиа башарияти оламро бомаърифат кард ва ин саҳми барҷаставу беғаразонаи ҳамкории корбарони гуногунзабони лоиҳа, барои башарият аст. Нигаред ба саҳифаи 15 солагии Википедиа

Соли 2015[вироиш]

декабри соли 2015[вироиш]

  • 25 декабри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» ба имзо расонид. Қонун дар асоси пешниҳоди бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон 9 декабри соли 2015 аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» қабул ва 18 декабри соли 2015 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон якдилона ҷонибдорӣ карда шуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон таҳия ва қабул карда шудааст.
  • Қонуни мазкур аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро муқаррар мекунад.[130]


  1. Шумораи мақолаҳо - зиёда аз 40 000
  2. Шумораи саҳифаҳо - 89 426 саҳ.

Аз рӯи шумораи мақолаҳо Википедиаи Тоҷикӣ дар ҷойи 83-ӯм қарор гирифтааст.

Октябри соли 2015[вироиш]

18 октябр - дар ноҳияи Айнӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакентро ифтитоҳ намуд. Роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент 112,6 километрро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли 2012 оғоз гардида, моҳи октябри соли 2015 ба охир расид. Навсозии роҳ бо маблағи 115 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ иҷро карда шудааст. Дар ин шоҳроҳ, 31 адад пулҳои хурду бузург ва иншооти зиёди ёрирасон сохта шудаанд. Корҳои асосии сохтмонӣ ва таъмиру навсозиро ширкати чинии Сансиян Бейсин бо ҷалби мутахассисону роҳсозони маҳаллӣ, ки беш аз 80% шумораи умумии коргаронро ташкил медиҳанд, иҷро кардааст.[131]

Дар Панҷакент Президенти мамлакат Фабрикаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки заршӯии “Зарафшон”-ро ифтитоҳ намуд. Коргоҳи дуюми заршӯии корхонаи муштараки «Зарафшон» дар давоми як сол сохта, ба истифода супорида шуд. Арзиши лоиҳавии Фабрикаи заршӯӣ бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз бо инфрасохтори мавҷуда 1миллиард сомонӣ мебошад. Дар ин коргоҳ дар як сол то 2,2 тонна тилои холис истеҳсол карда шуда, қариб 11 ҳазор тонна маъданро дар як шабонарӯз коркард менамояд. Дар корхонаи муштараки "Зарафшон" то имрӯз танҳо ду коргоҳ фаъолият мекард, ки имкон дошт то 4 ҳазор тонна маъданро дар як шабонарӯз коркард намояд. Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи бузург иқтидори умумии корхона дар як шабонарӯз ба коркарди 17 ҳазор тонна маъдан баробар гардида, иқтидори истеҳсолии корхонаи муштараки «Зарафшон» то 5 тонна тило дар як сол расонида мешавад.[132]

Августи соли 2015[вироиш]

Июни соли 2015[вироиш]

  1. Шумораи мақолаҳо - зиёда аз 32 500
  2. Шумораи саҳифаҳо - зиёда аз 70 000

Аз рӯи шумораи мақолаҳо Википедиаи Тоҷикӣ дар ҷойи 85-ӯм қарор гирифтааст. [134]

Марти соли 2015[вироиш]

Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории рӯйхати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) - 1,6% , Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (ҲКТ) - 2,2%, Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) - 1,7% ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) - 0,5%-и интихобкунадагон овоз доданд. Ба иттилои манбаъ, дар интихобот 4 млн. 319 ҳазору 395 интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 3 млн. 791 ҳазору 827 нафар овоз доданд. Тибқи натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ 35 нафар номзадҳои ҲХДТ, 2 номзади ҲАТ, 2 намояндаи ҲКТ ва 1 нафарӣ номзадҳои ҲДТ ва ҲИИТ пирӯзӣ ба даст оварда, ба парлумон роҳ ёфтанд.[135]

Январи соли 2015[вироиш]

Соли 2014[вироиш]

Декабри соли 2014[вироиш]

  • Сохтмони бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ дар ноҳияи Данғара

19.12.2014. (АМИТ "Ховар") - дар ноҳияи Данғара ба сохтмони бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз бахшида шуд, ки дар марҳилаи аввали он беш аз 52 000 тонна нахи пахта мавриди коркарди саноатӣ қарор мегирад. Дар ин ҷо 4 корхонаи нав - ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагӣ бунёд ёфта, дар маҷмӯъ 6 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Ин маҷмааи муштараки Тоҷикистону Чин буда, коргоҳҳои саноатии он бо ворид намудани навтарин технология аз ширкатҳои дорои шуҳрати ҷаҳонӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои аврупоии Италия, Швейсария, Олмон ва аз худи Чин бунёд меёбад. Дар навбати аввал ё худ дар корхонаи ресандагии маҷмаа, ки то моҳи октябри соли 2015 ба кор омода хоҳад шуд, 600 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор ҷалб карда мешаванд. Ин маҷмаа бо харҷи қариб 1,5 миллиард сомонӣ дар зарфи 2 соли оянда сохта ва пурра ба кор дароварда мешавад.[137]

Сентябри соли 2014[вироиш]

Аз рӯи иттилооти расонаи хабарии "Ховар" 13 сентябри соли 2014 маросими оғози сохтмони қитъаи лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ - Хитой» дар қаламрави Тоҷикистон шуда гузашт. Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сохтмони лӯлаи гази «Тоҷикистон – Хитой» соли 2013 ба имзо расида буд. Лӯлаи газ дар маҷмӯи лӯлаҳои гази «Осиёи Марказӣ - Хитой» хатти чорум ва кӯтоҳтарин мебошад ва дар муқоиса бо се хатти дигар ба масофаи як ҳазор километр кӯтоҳтар аст. Лӯлаи газ аз Туркманистон ба Хитой аз тариқи қаламрави Ӯзбекистон ва Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад ва қитъаи тоҷикистонии он, ки зиёда аз чорсад километрро ташкил медиҳад, аз ҳама тӯлонӣ мебошад. Сохтмони лӯлаи газ дар ҳудуди Тоҷикистон се сол идома ёфта, дар ҷараёни он бунёди 47 нақб ба масофаи умумии 76 километр ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 24 нақб дар зери об сохта мешавад. Арзиши лоиҳа дар қаламрави Тоҷикистон 3 миллиарду 200 миллион доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Дар давраи сохтмон зиёда аз се ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбад.[138]

Чархаи дуюми НБО Сангтӯда-2 ба истифода дода шуд[вироиш]

Августи соли 2014[вироиш]

Июни соли 2014[вироиш]

Марти соли 2014[вироиш]

  • 20 марти соли 2014 Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти Наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар. Дар ин мулоқоти наврӯзи Эмомалӣ Раҳмон гуфт:"Имрӯзҳо аз ҷониби ҷавонони ватанпараст «Википедияи тоҷикӣ» пайдо шудааст ва ин ташаббуси нек аз ҷониби давлат дастгирӣ хоҳад ёфт. Аз ин рӯ, ба Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик супориш дода мешавад, ки манбаи бузурги иттилооти илмиву оммавии худро ба ин қомуси ҷаҳонии электронӣ ворид намояд ва сомонаи хосаи худро низ таъсис диҳад."[142]

Феврали соли 2014[вироиш]

  • Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон нақби «Чормағзак», ки моҳи ноябри соли 2013 ифтитоҳ гардида буд, ба «Хатлон» тағйири ном кард.

Амалисозии лоиҳаи сохтмони ин нақб бо арзиши умумии 68 млн. доллари ИМА 15 марти соли 2010 оғоз гардид. Дарозии нақб 4 ҳазору 430 метрро ташкил медиҳад. Лоиҳа дар доираи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара татбиқ карда шуд. Пас аз ба истифода додани ин нақб масофаи роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб дар муқоиса бо роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб 100 километр кӯтоҳтар шуд.

  • Бо ҳамин қарор нақби «Шар-Шар», ки моҳи сентябри соли 2009 мавриди истифода қарор гирифта буд, «Озодӣ» номгузорӣ шуд.
  • Накби «Шар-Шар» зери кӯҳи ҳамном дар километри 68 шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Мурғоб-Қулма воқеъ аст. Ифтитоҳи нақби мазкур имкон дод, ки вақти сафар аз Душанбе то Кӯлоб 40 дақиқа камтар шавад. Аз ду ҷониби нақб ба масофаи 5 километр роҳҳои даромад ба нақб бунёд шуданд. Ғайр аз ин, дар яке аз роҳҳои сӯи нақб пули дарозиаш 178 метр сохта шуд. Барои сохтмони ин иншоот, ки моҳи октябри соли 2006 шурӯъ гардида буд, ҳукумати Чин ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 40 млн. доллари ИМА бурс ҷудо кард.
  • Қобили зикр аст, ки қаблан ҳамчунин нақбҳои «Майхӯра» ва «Анзоб» низ тағйири ном карда, феълан «Дӯстӣ» ва «Истиқлол» номида мешаванд. Ин иншоот маркази ҷумҳуриро ба минтақаи шимоли кишвар мепайванданд.[143]

Январи соли 2014[вироиш]

  • 30 январ - имрӯз 10 баҳманмоҳ (30.01.2014) рӯзи ҷашни Сада мебошад. Дар ин рӯз ниёкони мо ба истиқболи гармӣ, барои ҳар чӣ зудтар аз чанголи зимистони қаҳратун берун омадан ва ба гармиҳои баҳор расидан ҳар гуна маросимҳо барпо мекардаанд. Оташафрӯзӣ менамуданд ва базму шодию хурсандиҳо баргузор мекарданд. Тибқи пажуҳишҳо, дар даврони хеле қадим ориёйҳо бовар доштанд, ки дар ин рӯз эзад Меҳри навтаваллуд пас аз чил рӯз аз ғор ба берун меояд. Яъне чиллаи Меҳр дар ғор сипарӣ мешавад ва миёни мардум мебарояд. Дар тақвими халқии мо имрӯз чиллаи калон анҷом ёфта, чиллаи хурдак оғоз шуд ва он 20 рӯз давом меёбад. Фарорасии чиллаи хурдак бигзор мубораку шодиовар бошад.
  • 16 январ - ширкати мобилии Вавилон-Мобайл дастрасии ройгон ба ҳамаи бахшҳои Википедиаро барои мизоҷонаш эълон кард[144]. Ширкати Вавилон-Мобайл яке аз бузургтарин ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон мебошад. Дар айни замон пойгохи муштариёни ширкат зиёда аз 3 000 000-ро ташкил медиҳад[145].
  • 1 январ - мувофиқи нишондоди омории Википедия - (Рэнкинг всех 287 википедий на 1 января 2014 r.)[146] 1 январи соли 2014 шумораи сахифаҳои Википедияи тоҷикӣ - 25878 сахифаро дарбар мегирифт, ва аз байни 287 забонҳои кории википедия дар ҷойи 89 қарор дошт.

Соли 2013[вироиш]

Декабри соли 2013[вироиш]

  • 25 декабр - шумораи мақолаҳо дар Википедиаи тоҷикӣ аз 25 ҳазор зиёд шуд (аксҳо - 505). То ба ҳамин рӯз: шумораи сабтшудагони Википедиаи тоҷикӣ - 9972 наф.(2004-2013), корбарони фаъол (имрӯз) - 41 наф. (аз ҷумла ботҳо) ташкил медоданд.

Дар рӯйхати забонҳои Википедиа забони тоҷикӣ (tg Таджикский) дар ҷойи 90 қарор дошт.

Ноябри соли 2013[вироиш]

  • 18 ноябр - дар ҷаласаи 37 - уми ЮНЕСКО феҳрасти санаҳои таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2014 - 2015 тасдиқ гардид, ки дар ин миён 4 пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон низ пазируфта шудааст. Ба феҳрасти ЮНЕСКО 3000 - солагии қалъаи Ҳисор, 700 - солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 600 - солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ва 100 - солагии Зиёдулло Шаҳидӣ шомил карда шуданд ва қарор шуд, ки ин ҷашну чорабиниҳо бо ширкати ин созмон таҷлил мегардад. Чаҳор санаи таърихии Тоҷикистон дар феҳрасти ЮНЕСКО/Озодӣ
  • 6 ноябр - Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботии 6 ноябри соли 2013 ғолиб дониста шуд. Ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 83,6 фоиз, ба ҷонибдории номзадба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Бухориев Толибек Аҳмадович 4,5 фоиз, ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон Бобоев Олимҷон 3,8 фоиз, ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Ғаффоров Абдуҳалим 1,5 фоиз, ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Демократи Тоҷикистон Исмонов Саидҷаъфар 1 фоиз ва ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Комунисти Тоҷикистон Талбаков Исмоил 5 фоиз овоз додаанд.

Мутобиқи маълумоти пешакии расмӣ шумораи умумии интихобкунандагон 4 миллиону 201 ҳазору 156 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 3 миллиону 640 ҳазору 56 нафар ё 86,6 фоиз дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, овози худро ба номзади дилхоҳи хеш додаанд.[147]

Октябри соли 2013[вироиш]

  • 1 октябр - Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди Чормағзакро, ки дар масири Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб қарор дорад, расман ифтитоҳ намуда, мавриди истифодаи умум қарор дод.Нақби Чормағзак, ки қариб 4,5 км дарозӣ дорад. Дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон 31 км нақбҳои мошингард сохта мавриди истифода қарор гирифт.

[148]

Сентябри соли 2013[вироиш]

  • 24 сентябр 6 ҳизби расмии Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботи президентии Тоҷикистон [[2013}]] номзади худро пешбарӣ намуданд, ҳизби ҳокими ҲХДТ ва ҲСДТ анҷуманҳои ҳизбии худро моҳи октябр баргузор мекунанд.[149]
  • 17 сентябр - дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони Президентӣ, ки барои 1000 нафар кӯдакони болаёқат пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ ёфт. Кӯдакистон дар майдони 3 га бунёд ёфта аз ду бинои бузурги сеошёна ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Дар ҳавлии муассиса 46 майдончаи махсус барои бозӣ ва машғулиятҳои гуногуни кӯдакон омода гардида, ҳар як майдонча дорои бозичаҳо мебошад.[150]

Августи соли 2013[вироиш]

  • 29 август - Дар ҷамоати Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон бузургтарин корхонаи сементбарории Тоҷикистон,корхонаи сементи ширкати чиноии “Ҳауксин Ғаюр семент", ки дар як сол 1 миллион тонна семент истеҳсол хоҳад кард, ба кор дароварда шуд.

[151]

Июни соли 2013[вироиш]

[153]

Марти соли 2013[вироиш]

Тибқи маълумоти расмӣ Наврӯз ҳоло дар 11 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ба шумор меравад. Афғонистон - 21 март; Эрон - аз 20 то 23 март; Озарбойҷон - аз 20 то 26 март; Қазоқистон - аз 21 то 24 март; Туркманистон - аз 20 то 23 март; Қирғизистон ва Ӯзбекистон - 21 март; Албания (Рӯзи Баҳор) - аз 20 то 23 март; Косово - 21 март рӯзҳои истироҳат аст.[156]

Феврали соли 2013[вироиш]

  • 5 феврали соли 2013 - саршумории аҳолиии Тоҷикистон 8 000 700 танро ташкил намудааст, ки 79,9 дарсад аз онҳо тоҷик, 15 дарсад ӯзбек, 1,3 дарсад қирғиз, 1 дарсад русу укроинӣву тотору ғайра ҳастанд. Аз рӯи баҳодиҳии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ – 7 млн. 952 ҳазор нафар мусулмон ва 48 ҳазор нафар намояндагони дигар динҳо (ғайримусулмон) мебошанд.[157]
  • 21 феврал - Рӯзи Байналмилалии забони модарӣ. Ин Рӯзи таърихӣ, соли 1999 аз ҷониби ЮНЕСКО таъсис дода шудааст.[158]
  • 23 феврал - Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Имрӯз, 23 феврали соли 2013 - 20-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.[159]

Январи соли 2013[вироиш]

  • 1 январ - мувофиқи нишондоди омории Википедия (wikipedia) (Рэнкинг всех (287) википедий на 1 января 2013 r.[160] 1 январи соли 2013 шумораи сахифаҳои Википедияи тоҷикӣ (tg.wikipedia.org) - 10 613 сахифаро дарбар мегирифт, ва аз байни 287 забонҳои кории википедия дар ҷойи 115 қарор дошт.

Соли 2012[вироиш]

Декабри соли 2012[вироиш]

10 декабр - аъзошавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо

Октябри соли 2012[вироиш]

Ба истифода супоридани Нақби автомобилгарди Шаҳристон. Сохтумони нақб давоми корҳои таъмири роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Чанак (Ӯзбекистон) мебошад. Сохтумони нақб расман 22 августи соли 2006 оғоз ёфтааст. Арзиши лоиҳаи сохтумони Нақби автомобилгарди Шаҳристон - 175 млн. сомонӣ Дарозии Нақби автомобилгарди Шаҳристон – 5253 метр

Соли 2010[вироиш]

Марти соли 2010[вироиш]

Соли 2008[вироиш]

Феврали соли 2008[вироиш]

Соли 2007[вироиш]

Август 2007[вироиш]

  • 20 август - Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии нахустини чемпионати ҷаҳон миёни наврасони то 17-соларо бо пирӯзӣ бар дастаи мунтахаби ИМА оғоз намуд.[12]

Июл 2007[вироиш]

Амонулло Мақсудов ва Зоҳид Мирзоев баъд аз ҳодисаҳои Андиҷон дар Олмон мақоми паноҳанда гирифтаанд. ]]

Июн 2007[вироиш]

  • 20 июн - TajikAir парки ҳавопаймоҳояшро бо Boeing B737-200- и аввалин зиёд намуд. 20 июн – «Авеста». - | Ширкати ҳавопаймоии Тоҷик TajikAir парки авиатсионии худро бо ҳавопаймои сохти ғарбӣ зиёд кард. Дар нисфирӯзӣ, 18 июни соли ҷорӣ, дар фурӯдгоҳи Душанбе, Boeing B737-200 бо нишонии ширкати ҳавопаймоии тоҷик фурӯд омад.

Иӄтидори Boeing B737-200 ӄисман ТУ-134 – и дар баланси муассисаи ҳавопаймоӣ бударо иваз мекунад. Boeing B737-200 дорои 130 курсӣ барои мусофирон буда, инчунин, салони тиҷорат ва эконом класс дорад.

«Тавассути ин ҳавопаймо, ассосан парвоз дар Хуҷанд, Самара, Екатеринбург, Теҳрон, Алмаато ба иҷро мерасад, - мегӯяд, Давлатова. – Мо дар оянда ният дорем, ки боз парки ҳавопаймоҳои худро, аз ҳисоби ҳавопаймоҳои сохти ғарбӣ, мукаммал намоем».

Имрӯз, дар фурӯдгоҳи Душанбе чор ҳавопаймои ТУ-154, ҳафт - Як-40, се - АН-28, се - ТУ 134, инчунин чор – АН 24, ду - АН 26 ва чор чархболи Ми-8 МТВ ҷойгир гардидааст. Ғайр аз ин фурӯдгоҳи Душанбе ҳавопаймоҳои калонеро аз ӄабили АН-124, ИЛ-76, АН-12, АН-8 ва тайёраҳои сохти ғарбиро ӄабул менамояд.[13]

Май 2007[вироиш]

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдулло Давлатов, Раиси Бонки миллӣ Муродалӣ Алимардонов, Вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддинов, Вазири рушди иқтисод ва савдо Ғулом Бобоев, Вазири энергетика ва саноат Шералӣ Гулов, Вазири нақлиёт ва коммуникатсия Абдураҳим Ашуров, Раиси Кумитаи телевизион ва радио Асадулло Раҳмонов, Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Маъруф Сайфиев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.[16]

Кумитаи фаръии ҳуқуқи инсон дар порлумони Аврупо вазъ дар Ӯзбекистонро баррасӣ кард. Раиси ин кумита Ҳелен Флотре гуфт, на дар таҳқиқоти давлати Ӯзбекистон дар робита ба ошӯбҳои соли 2005 дар Андиҷон ва на дар қазияи хабарнигори зиндонӣ Умеда Ниёзова ҳеҷ пешрафте мушоҳида нашудааст.[19]

Апрел 2007[вироиш]

  • 25 Апрел - Нуҷумшиносон дар хориҷ аз системи офтобӣ сайораеро кашф кардаанд, ки ба сайораи Замин хеле монанд аст, ба ҳамин далел онҳо ин сайораро ба истилоҳ "Замин"-и дуввум ҳам ном мебаранд. Ин сайора дар мадори ситораи камнури "Глиз-581" кашф шудааст ва тибқи маълумоте, ки то ҳол ба даст омадааст, он аз сайораи Замин дар масофаи 20 солу шаш моҳи ҳаракати нур ҷой гирифтааст, ки он 193 трилиён километр аз Заминро ташкил медиҳад. Ситораи камнури Глис 581 аз офтоби мо сардтар ва хурдтар аст, ба ҳамин сабаб ҳарорати сатҳи сайораи нав ба ҳарорати сайораи Замин наздик аст ва он аз сифр то 40 дараҷаро ташкил медиҳад.http://www2.ozodi.org/specialsarticle/2007/4/CBD248CE-52CA-4E29-831B-81CCD864137A.html
  • 13 Апрел - Оғози мусобиқоти қаҳрамонии акробатикаи Тоҷикистон

Рӯзи ҷумъаи 13-уми апрел дар шаҳри Душанбе мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи акробатикаи варзишӣ шурӯъ шуд.[20]

Март 2007[вироиш]

  • 6 Март- "Искандари Мақдунӣ", китоби Бобоҷон Ғафуров ва Дмитриос Тсибукидис, ки чанде пеш дар нашриёти "Вече"-и Маскав аз чоп баромад, на танҳо рӯйдодҳои сиёсӣ ва муҳорибаҳои давраи зуҳур ва фурӯпошии империяи Мақдуниро тасвир мекунад, балки нахустин бор имкон медиҳад, симои Искандар ҳамчун як инсон қаламдод гардад.[21].

Феврал 2007[вироиш]

Аз манзили як узви вобаста ба Ҳаракати Исломии Туркистон дар нохияи Исфара, дар вилояти Сугд, 500 килугромм омуниёки селетри, як навъ маводи шимиёи ки барои таҳияи маводи мунфаҷира аз он истифода мешавад, кашф ва забт шудааст [22].

  • 15 Феврал 2007 - Пажӯҳишгоҳи физиологияи набототу генетика ва Ҷамъияти физиологҳои набототи Тоҷикистон ибтикори хубе нишон доданд. Онҳо таҳти таҳрири академик Хуршед Каримов маҷмӯаи мақолаҳои илмиро бо унвони «Саҳми физиология, генетика, технологияи наботот ҳалли проблемаҳои кишоварзии Тоҷикистон» аз чоп бароварданд.[23]
  • 5 Феврал- Анҷоми Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ дар Чин

Шашумин давраи Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба анҷом расид. Маросими пӯшидашавии ин бозиҳо, ки бо ширкати варзишгарони 26 кишвари қора дар шаҳрҳои Чангчун ва Ҷилин оид ба даҳ ришта тӯли як ҳафта идома карданд, шоми якшанбеи 4 феврал баргузор шуд.[24]

Январ 2007[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад. www.ozodi.org (6 ноябри 2019). 15 ноябри 2019 санҷида шуд.
  2. Ба ҳар сурат, дар дидбонгоҳи "Ишқобод" чӣ шуду чӣ гузашт?. www.ozodi.org (9 сентябри 2019). 15 ноябри 2019 санҷида шуд.
  3. Тоҷикистон ба даҳгонаи давлатҳои пешқадами ислоҳотгари ҷаҳон шомил шуд. khovar.tj (28 октябри 2019). 15 ноябри 2019 санҷида шуд.
  4. 4.0 4.1 Маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун». khovar.tj (9 сентябри 2019). 9 сентябри 2019 санҷида шуд.
  5. Ансамбли «Бадахшон» дар Фестивали «Таронаҳои Шарқ» сазовори ҷойи сеюм гардид. khovar.tj (31 августи 2019). 31 августи 2019 санҷида шуд.
  6. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли «Душанбе»-ро дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд. khovar.tj (30 августи 2019). 30 августи 2019 санҷида шуд.
  7. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии «Сиёма»-ро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд. khovar.tj (27 августи 2019). 27 августи 2019 санҷида шуд.
  8. Роҳи мошингарди Кангурт - Балҷувон - Ховалинг кушода шуд. sputnik-tj.com (6 августи 2019). 6 августи 2019 санҷида шуд.
  9. Дастури Раҳмон барои истеҳсоли мошинҳои олмониву ҷопонӣ дар Тоҷикистон. sputnik-tj.com (31 июли 2019). 31 июли 2019 санҷида шуд.
  10. Шумораи занон дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз афзоиш ёфтааст. khovar.tj (6 майи 2019). 12 апрели 2019 санҷида шуд.
  11. Дар Тошканд рӯзҳои кинои тоҷик баргузор мегардад. sputnik-tj.com (12 апрели 2019). 12 апрели 2019 санҷида шуд.
  12. Ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон аз созишномаи нав бо Бунёди Оқохон ва супориш ба Худоёрзода. sputnik-tj.com (11 апрели 2019). 11 апрели 2019 санҷида шуд.
  13. «ОШЁНИ БУЛБУЛОН». Ва ё даҳ соли хотираҳои нек ба муносибати 89-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Радиои Тоҷикистон. khovar.tj (10 апрели 2019). 10 апрели 2019 санҷида шуд.
  14. Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид. khovar.tj (9 апрели 2019). 9 апрели 2019 санҷида шуд.
  15. Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқоти Гран При Анталия соҳиби медали биринҷӣ гардид. khovar.tj (8 апрели 2019). 8 апрели 2019 санҷида шуд.
  16. Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Қирғизистон: бо ҳисоби калон. sputnik-tj.com (7 апрели 2019). 7 апрели 2019 санҷида шуд.
  17. 6 АПРЕЛ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВАРЗИШ. Он қосиди сулҳ, гарави саломатӣ ва воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат мебошад. khovar.tj (6 апрели 2019). 6 апрели 2019 санҷида шуд.
  18. Футбол: дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Роҳи абрешим-Ҳуа Шан-2019» ширкат меварзад. khovar.tj (5 апрели 2019). 5 апрели 2019 санҷида шуд.
  19. Эълони шаҳрдорӣ дар бораи тағйирот дар бахши мусофирбарии Душанбе. sputnik-tj.com (4 апрели 2019). 4 апрели 2019 санҷида шуд.
  20. Ҷоми КФО: «Истиқлол» ва «Хуҷанд» бори аввал дар таърих дар мусобиқаи байналмилалӣ бо ҳам қувва меозмоянд. khovar.tj (3 апрели 2019). 3 апрели 2019 санҷида шуд.
  21. Раҳмон дар Хуҷанд Роҳи танобӣ”-ро аз болои дарёи Cир ба истифода супорид. m.sputnik-tj.com (2 апрели 2019). 2 апрели 2019 санҷида шуд.
  22. Душанбе ғарқи лола шуд. news.tj (1 апрели 2019). 1 апрели 2019 санҷида шуд.
  23. Раисҷумҳур дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави беморхонаро ифтитоҳ кард. m.sputnik-tj (31 марти 2019). 31 марти 2019 санҷида шуд.
  24. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд дар Фестивали "Таомҳои миллии наврӯзӣ" иштирок кард. m.sputnik-tj (30 марти 2019). 30 марти 2019 санҷида шуд.
  25. Миёни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ Ёддошти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расид. khovar.tj (29 марти 2019). 29 марти 2019 санҷида шуд.
  26. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон. news.tj (28 марти 2019). 28 марти 2019 санҷида шуд.
  27. Tcell сабки нави инноватсионии худро муаррифӣ намуд. news.tj (27 марти 2019). 27 марти 2019 санҷида шуд.
  28. Мусобиқаи гӯштингирӣ дар Новосибирск ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз. khovar.tj (26 марти 2019). 26 марти 2019 санҷида шуд.
  29. Шоҳҷоизаи «Ҷоми пойтахт-2019» насиби Саидҷалол Саидов гардид. khovar.tj (25 марти 2019). 25 марти 2019 санҷида шуд.
  30. 24 МАРТ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ СИЛ. Тадбирандешӣ дараҷаи сирояти ин бемории хавфнокро кам мекунад. khovar.tj (24 марти 2019). 24 марти 2019 санҷида шуд.
  31. Гузоштани санги асоси Терминали автомобилии мусофиркашӣ дар шаҳри Бохтар. khovar.tj (23 марти 2019). 23 марти 2019 санҷида шуд.
  32. Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе. khovar.tj (22 марти 2019). 22 марти 2019 санҷида шуд.
  33. Дар шаҳри Душанбе барномаи «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» оғоз мешавад. khovar.tj (21 марти 2019). 21 марти 2019 санҷида шуд.
  34. Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангии «Корвони Наврӯзӣ»-и шаҳри Норак. khovar.tj (20 марти 2019). 20 марти 2019 санҷида шуд.
  35. Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе. khovar.tj (19 марти 2019). 19 марти 2019 санҷида шуд.
  36. Муътабар Азимова ғолиби озмуни «Авто-Бону-2019» гардид. khovar.tj (18 марти 2019). 18 марти 2019 санҷида шуд.
  37. Намоиши маҳорати ҳунармандони Тоҷикистон дар остонаи ҷашни Наврӯз. news.tj (17 марти 2019). 17 марти 2019 санҷида шуд.
  38. Иштироки беш аз 25 ҳазор нафар дар Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ. khovar.tj (16 марти 2019). 16 марти 2019 санҷида шуд.
  39. Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии консерти Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ». khovar.tj (15 марти 2019). 15 марти 2019 санҷида шуд.
  40. 14 март-Рӯзи кормандони мақомоти прокуратураи Тоҷикистон: нақши ин ниҳод дар таҳкими волоияти қонун муассир аст. khovar.tj (14 марти 2019). 14 марти 2019 санҷида шуд.
  41. Дар донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ марказҳои технологияҳои инноватсионии таҳсилот бо модели «Ru.» таъсис дода мешаванд. khovar.tj (13 марти 2019). 13 марти 2019 санҷида шуд.
  42. Бунёди муҷассамаи “Истиқлолият ва Озодӣ” дар Душанбе бо баландии 121 метр. news.tj (12 марти 2019). 12 марти 2019 санҷида шуд.
  43. Имрӯз дар Душанбе 107-солагии матбуоти тоҷик таҷлил карда мешавад. khovar.tj (11 марти 2019). 11 марти 2019 санҷида шуд.
  44. Суқути ҳавопаймои Эфиопия бо 157 нафар дар роҳ ба Найроби. ozodi.org (10 марти 2019). 10 марти 2019 санҷида шуд.
  45. БОНКИ ҶАҲОНӢ: Тоҷикистон аз рӯи ҳуқуқҳои баробари зану мард дар ИДМ ҷойи сеюмро ишғол кард!. khovar.tj (9 марти 2019). 9 марти 2019 санҷида шуд.
  46. Таҷлили Рӯзи Модар дар Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон. khovar.tj (8 марти 2019). 8 марти 2019 санҷида шуд.
  47. БОЗ ЯК ХУШХАБАР: Кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ба рӯйхати 100 самти беҳтарини сайёҳии ҷаҳон шомил гардиданд!. khovar.tj (7 марти 2019). 7 марти 2019 санҷида шуд.
  48. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Рӯзи Модар таҷлил гардид. khovar.tj (6 марти 2019). 6 марти 2019 санҷида шуд.
  49. ҒАЛАБА МУБОРАК, «ИСТИҚЛОЛ»! Дастаи футболи пойтахт маротибаи панҷум Ҷоми ФФТ-ро ба даст овард. khovar.tj (5 марти 2019). 5 марти 2019 санҷида шуд.
  50. Дар Душанбе ба шарафи ҷашни Наврӯз озмуни «Авто-Бону-2019» баргузор мешавад. khovar.tj (4 марти 2019). 4 марти 2019 санҷида шуд.
  51. «САЛОМ, ХУРДТАРАКОНИ АЗИЗ!». Имрӯз — Рӯзи байналмилалии радио ва телевизион барои кӯдакон. khovar.tj (3 марти 2019). 3 марти 2019 санҷида шуд.
  52. МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ: Марҳиллаи асосии бақайдгирии довталабон оғоз шуд. khovar.tj (2 марти 2019). 2 марти 2019 санҷида шуд.
  53. «ПАДРУД ФАСЛИ БАРФ, КИ НАВРӮЗ МЕРАСАД…». Айёми зиндашавии табиат, мавсими гармӣ, рӯиши сабзаву гулҳо, оғози корҳои кишоварзӣ – баҳор фаро расид!. khovar.tj (1 марти 2019). 1 марти 2019 санҷида шуд.
  54. Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. khovar.tj (28 феврали 2019). 28 феврали 2019 санҷида шуд.
  55. БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲУ СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНӢ ОМИЛИ ҶАЛБИ САЙЁҲОН АСТ. Барои роҳбарон ва кормандони меҳмонҳонаву тарабхонаҳо семинарҳои омӯзишӣ гузаронида мешавад. khovar.tj (27 феврали 2019). 27 феврали 2019 санҷида шуд.
  56. Дар Душанбе озмуни шаҳрии «Сайри гули лола» доир мегардад. khovar.tj (26 феврали 2019). 26 феврали 2019 санҷида шуд.
  57. Дар Тоҷикистон ду хатсайри нави сайёҳии «фото ва фито-сафарӣ» ташкил гардиданд. khovar.tj (25 феврали 2019). 25 феврали 2019 санҷида шуд.
  58. Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон. khovar.tj (24 феврали 2019). 24 феврали 2019 санҷида шуд.
  59. Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон. khovar.tj (23 феврали 2019). 23 феврали 2019 санҷида шуд.
  60. Тоҷикистон ҳамкориро бо Ҳиндустон дар соҳаи гумрук тақвият мебахшад. khovar.tj (22 феврали 2019). 22 феврали 2019 санҷида шуд.
  61. 21 феврал-Рӯзи байналмилалии забони модарӣ. Дар Тоҷикистон сиёсати дурусту оқилонаи забонӣ ба роҳ монда шудааст. khovar.tj (21 феврали 2019). 21 феврали 2019 санҷида шуд.
  62. Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ. khovar.tj (20 феврали 2019). 20 феврали 2019 санҷида шуд.
  63. Қоидаҳои нави фурӯши симкорт: бо шиносномаи нав ва зери назорати камераҳои видео. news.tj (19 феврали 2019). 19 феврали 2019 санҷида шуд.
  64. Ҷоми ФФТ: «Истиқлол» ду ғалабаи пайдарпай ба даст овард. khovar.tj (18 феврали 2019). 18 феврали 2019 санҷида шуд.
  65. “Ҳама дар хоб буд.” Даҳҳо кушта ва захмӣ дар сӯхтори Бангладеш. ozodi.org (17 феврали 2019). 17 феврали 2019 санҷида шуд.
  66. Тоҷикистон аз рӯи афзоиши ММД дар байни кишварҳои ИДМ пешсаф аст. khovar.tj (16 феврали 2019). 16 феврали 2019 санҷида шуд.
  67. 15 феврал- Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон: сари вақт муайян кардани омоси бадсифат ва табобати он сабаби саломатии инсон мегардад. khovar.tj (15 феврали 2019). 15 феврали 2019 санҷида шуд.
  68. Афзоиши босуръати ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон. news.tj (14 феврали 2019). 14 феврали 2019 санҷида шуд.
  69. Он метавонад тамоми қишрҳо, ҳатто табақаҳои осебпазири ҷомеаро фаро гирад. news.tj (13 феврали 2019). 13 феврали 2019 санҷида шуд.
  70. Имрӯз дастаи «Истиқлол» аввалин бозии таърихии худро дар Лигаи чемпионҳои Осиё мегузаронад. news.tj (160 феврали 2019). 12 феврали 2019 санҷида шуд.
  71. Фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ба зиёда аз ду миллион нафар мусофирон хизмат расонидаанд. news.tj (11 феврали 2019). 11 феврали 2019 санҷида шуд.
  72. ДАРАХТ БИНШОН!. khovar.tj (10 феврали 2019). 10 феврали 2019 санҷида шуд.
  73. Вазорати фарҳанг бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии драманависонро эълон кард. khovar.tj (9 феврали 2019). 9 феврали 2019 санҷида шуд.
  74. Душанбе соҳиби нишон мегардад ва унони «Сокини фахрии пойтахт» таъсис дода мешавад. khovar.tj (8 феврали 2019). 8 феврали 2019 санҷида шуд.
  75. Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. khovar.tj (7 феврали 2019). 7 феврали 2019 санҷида шуд.
  76. «Суруди модар – алла» - таҳти ин ном бахшида ба Рӯзи Модар дар Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. khovar.tj (6 феврали 2019). 6 феврали 2019 санҷида шуд.
  77. Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия Барномаи ҳамкорӣ барои соли 2019-ро ба имзо расониданд. khovar.tj (5 феврали 2019). 5 феврали 2019 санҷида шуд.
  78. Ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида дар Хуҷанд бори нахуст аз сатҳи 1 миллиард сомонӣ зиёд гардид. khovar.tj (4 феврали 2019). 4 феврали 2019 санҷида шуд.
  79. Дар «Боғи Ирам» намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан доир гардид. khovar.tj (3 феврали 2019). 3 феврали 2019 санҷида шуд.
  80. Варзишгарони навраси тоҷик дар Бозиҳои зимистонаи «Кӯдакони Осиё-2019» иштирок мекунанд. khovar.tj (2 феврали 2019). 2 феврали 2019 санҷида шуд.
  81. “Роғун”:1,5 моҳ – 90,3 млн. кВт/соат; тамоми нерӯгоҳҳои хурд дар соли 2018 – 33 млн. кВт/соат. news.tj (1 феврали 2019). 1 феврали 2019 санҷида шуд.
  82. Русия барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик беш аз 630 квота ҷудо кард. news.tj (31 январи 2019). 31 январи 2019 санҷида шуд.
  83. Зинаи 152-юми Тоҷикистон дар Индекси дарки коррупсия. news.tj (30 январи 2019). 30 январи 2019 санҷида шуд.
  84. Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» таҳия мегардад. khovar.tj (29 январи 2019). 29 январи 2019 санҷида шуд.
  85. Варзишгарони тоҷик дар Қазоқистон сазовори ду медал гардиданд. khovar.tj (28 январи 2019). 28 январи 2019 санҷида шуд.
  86. «Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст!..». khovar.tj (27 январи 2019). 27 январи 2019 санҷида шуд.
  87. Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада. khovar.tj (26 январи 2019). 26 январи 2019 санҷида шуд.
  88. Аввали тобистон сарони 27 кишвари дунёро дар Душанбе интизоранд. news.tj (25 январи 2019). 25 январи 2019 санҷида шуд.
  89. Сарулибоси милитсионерҳои тоҷик баҳор нав мешавад. news.tj (24 январи 2019). 24 январи 2019 санҷида шуд.
  90. Нашри китоби Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷаҳони муосир ва сиёсати хориҷӣ. news.tj (23 январи 2019). 23 январи 2019 санҷида шуд.
  91. Баҳрабардорӣ аз чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон. parstoday.com (16 ноябри 2018). 16 ноябри 2018 санҷида шуд.
  92. Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, иштирок дар Фестивали «Оши палав», «Иди асалу харбуза» ва «Шириниҳои миллӣ» дар Қасри Арбоб. khovar.tj (25 октябри 2018). 26 октябри 2018 санҷида шуд.
  93. Рахмон и Нурмагомедов вошли в список самых влиятельных мусульман мира. khovar.tj (24 октябри 2018). 3 ноябри 2018 санҷида шуд.
  94. Ба истифода супоридани Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. khovar.tj (22 октябри 2018). 26 октябри 2018 санҷида шуд.
  95. Ғолибони Кинофестивали байналмилалии «Дидор» муайян шуданд. khovar.tj (22 октябри 2018). 26 октябри 2018 санҷида шуд.
  96. Дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ даҳ қарор ва ду санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. khovar.tj (12 октябри 2018). 12 октябри 2018 санҷида шуд.
  97. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд. khovar.tj (10 октябри 2018). 10 октябри 2018 санҷида шуд.
  98. Изҳороти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил. prezident.tj (28 сентябри 2018). 28 сентябри 2018 санҷида шуд.
  99. Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва ифтитоҳи корхонаи муштараки «ТАЛКО-КРАНТАС». prezident.tj (27 сентябри 2018). 27 сентябри 2018 санҷида шуд.
  100. Ифтитоҳи Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» дар шаҳри Душанбе. prezident.tj (27 сентябри 2018). 27 сентябри 2018 санҷида шуд.
  101. Ифтитоҳи Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ”. prezident.tj (20 сентябри 2018). 20 сентябри 2018 санҷида шуд.
  102. Ифтитоҳи бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ. prezident.tj (14 сентябри 2018). 14 сентябри 2018 санҷида шуд.
  103. Ифтитоҳи аввалин эстакада дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе. prezident.tj (5 сентябри 2018). 5 сентябри 2018 санҷида шуд.
  104. Ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» дар шаҳри Душанбе. prezident.tj (28 августи 2018). 28 августи 2018 санҷида шуд.
  105. Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев. prezident.tj (17 августи 2018). 17 августи 2018 санҷида шуд.
  106. Чойханаи «Роҳат» беҳтарин чойхонаи ҷаҳон дониста шуд
  107. РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ЭҲТИРОМ ВА САДОҚАТ
  108. Қатъи фаъолияти хабаргузории мустақили TojNews
  109. "Баста шудани Тоҷнюс сигнали бад аст"
  110. ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНОТИ ИҶТИМОӢ, ХИЗМАТРАСОНӢ ВА МУҲОФИЗАТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  111. Оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун // PRESIDENT.TJ — 29 октябри 2016, 12:29
  112. Ифтитоҳи Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Спитамен Ойл» дар ноҳияи Спитамен
  113. Ифтитоҳи корхонаи истеҳсолии ҶСП «Норд Азия Металл»
  114. Эмомали Рахмон прибыл в Спитамен
  115. Роҳпаймоӣ ба ифтихори Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон /АКС/
  116. Тантанаҳои фарҳангии марказӣ ба ифтихори 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  117. В_республике_отпраздновали_День_Независимости_Таджикистана
  118. Гузашти низомӣ ба ифтихори 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон // PRESIDENT.TJ — 8 сентябри 2016, 10:20, шаҳри Душанбе.
  119. Иштирок дар маросими видоъ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов // PRESIDENT.TJ — 3 сентябри 2016, 18:06, Ӯзбекистон.
  120. Правительственный портал Республики Узбекистан
  121. Узбекистан без Ислама Каримова // Коммерсантъ. — 2 сентября 2016, 19:57.
  122. Ифтитоҳи Донишгоҳи давлатии Данғара — PRESIDENT.TJ
  123. (Википедиа:Рӯихати Википедиа) 2.06.2016
  124. Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» дар ноҳияи Ёвон
  125. Баъди имзои Президент: “Ов” ва “ович” расман манъ шуданд
  126. Минбари халқ Шумораи №12 (1044), 24.03.2016
  127. Минбари халқ Шумораи №12 (1044), 24.03.2016
  128. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда шуд.
  129. Тағйири номи як шаҳр дар Тоҷикистон чӣ арзиш дорад?
  130. Ба имзо расидани як қатор қонунҳо
  131. Ифтитоҳи роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент
  132. Ифтитоҳи Фабрикаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки заршӯии “Зарафшон”
  133. Дилшод Назаров получил медаль и $30 тыс на чемпионате мира
  134. Википедия:Список Википедий 14.06.2015
  135. КМИР натиҷаҳои ниҳоии интихоботро эълон кард
  136. Tajik Wikipedia at a glance January 2015
  137. ОҒОЗИ СОХТМОНИ БУЗУРГТАРИН МАҶМААИ КОРГОҲҲОИ НАССОҶӢ ДАР ДАНҒАРА
  138. СУХАНРОНИИ Э.РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ ОҒОЗИ СОХТМОНИ ҚИТЪАИ ТОҶИКИСТОНИИ ЛӮЛАИ БАЙНИДАВЛАТИИ ГАЗ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ - ХИТОЙ»
  139. Чархаи дуюми НБОғи Сангтуда-2 ба истифода дода шуд
  140. Таджикская Википедия первого взгляда август 2014/Просмотры страниц в месяц
  141. Таджикская Википедия
  142. Суханронӣ дар мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар - 20.03.2014 http://www.president.tj/node/6377
  143. http://news.tj/tj/news/na-bi-chorma-zak-ro-khatlon-va-shar-shar-ro-ozod-nomguzor-kardand
  144. Babilon-Mobile announces Free Zero Wikipedia Access http://www.babilon-m.com/eng/services/wikipedia/
  145. «Вавилон-Мобайл» - Оиди ширкат http://www.babilon-m.tj/taj/about/
  146. Рэнкинг всех (287) википедий на 1 января 2014 r.
  147. 7 ноябр/АМИТ «Ховар»
  148. http://khovar.tj/president/29884-ishtiroki-emomal1251-ra1203mon-dar-marosimi-iftito1203i-na1179bi-chorma1171zak.html
  149. [1]
  150. [2]
  151. [3]
  152. http://www.ozodi.org/content/tajikistan-in-2013-day-by-day-chronicle-part-2/25212934.html
  153. [4]
  154. [5]
  155. Қонунҳо ва қарорҳо.Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  156. Сайри ҷаҳонии Наврӯз.//Ба қуллаҳои дониш.Нашрияи ДМТ. - 2013, № 6 (1333), 15 марти 2013
  157. [6]
  158. [7]
  159. [8][9]
  160. [10]

Нигаред[вироиш]