Jump to content

Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз TJ07)
Ҷумҳурии Тоҷикистон

форсӣ: جمهوری تاجیکستان

русӣ: Республика Таджикистан
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Суруди миллӣ: «Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Таъсис
 · ҶМШС Тоҷикистон 14 октябри соли 1924
 · ҶШС Тоҷикистон 5 декабри соли 1929
 · Эъломи истиқлол аз ИҶШС 9 сентябри соли 1991
 · Пайвастшавӣ ба ИДМ 21 декабри соли 1991
 · Қабулшавӣ ба Созмони Милали Муттаҳид 2 марти соли 1992
 · Қабули Конститутсияи кунунӣ 6 ноябри 1994
Санаи истиқлол 9 сентябри 1991 (аз Иттиҳоди Шӯравӣ)
Забони расмӣ тоҷикӣ (давлатӣ)
русӣ (забони муоширати байни миллатҳо)
Пойтахт Душанбе
Шаҳрҳои калонтарин Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Истаравшан
Шакли ҳукумат ҷумҳурии президентӣ[1]
Президент Эмомалӣ Раҳмон
Сарвазир Қоҳир Расулзода
Раиси Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ
Дини давлатӣ давлати дунявӣ[2]
Масоҳат 93-ум дар ҷаҳон
 · Ҳамагӣ 141,400[3] км²
 · % сатҳи об 0,3
Аҳолӣ
 · Баҳо (2022) 10 000 000[4] нафар (92-ум)
 · Барӯйхатгирӣ (2010) 7 417 400 нафар
ММД (БҚХ)
 · Ҳамагӣ (2017) 27,802 млрд[5] долл. (128-ум)
 · ба сари аҳолӣ 3,146 долл.
ММД (номинал)
 · Ҳамагӣ (2017) 7,342 млрд долл. (147-ум)
 · ба сари аҳолӣ 819 долл.
ШРИ (2018) 0,627[6] (миёна129-ум ҷой)
Номи аҳлият Тоҷикистонӣ, Тоҷикистониҳо
Воҳиди пул сомонӣ (TJS, рамз 972)
Интернет-домен .tj
Рамзи ISO TJ
Рамзи КБО TJK
Пешшумораи телефон +992
Минтақаи замонӣ UTC+5

Тоҷикистон (форсӣ: تاجیکستان‎), номи расмӣ — Ҷумҳурии Тоҷикистон (форсӣ: جمهوری تاجیکستان‎) — кишварест дар Осиёи Марказӣ, дар доманаҳои Помир ҷойгир буда, ба баҳр роҳи баромад надорад. Аз назари масоҳат хурдтарин давлат дар Осиёи Миёна аст. Аз ғарб ва шимоли ғарб бо Узбакистон, аз шимол бо Қирғизистон, аз шарқ бо Чин ва аз ҷануб бо Афғонистон ҳамсарҳад аст.

Пойтахташ шаҳри Душанбе аст.

Тоҷикистон кишвари кӯҳсор ва пурбориш аст ва манобеи фаровони зеризаминиву об дорад. Паҳноварӣ — 141 400 км² (93-ум дар ҷаҳон)[7], шумораи аҳолӣ — 9,537,645 нафар (2020), аз он ҷумла дар шаҳрҳо 2,606,273 нафар ва деҳот 6 931 372 нафар аҳолӣ зиндагӣ доштанд[8].

Ном

Номи Тоҷикистон (форсӣ: تاجیکستان‎ — «кишвари тоҷикон») аз худи номи тоҷикон ва пасванди -истон гирифта шудааст. Номи мазкур соли 1924 дар натиҷаи марзбандиҳои миллӣ-ҳудудии Осиёи Миёна[9] ва таъсиси ҶШС Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Узбакистон (солҳои 1929—1991 — ҶШС Тоҷикистон) пайдо шудааст.

Таърих

Мақолаи асосӣ: Таърихи Тоҷикистон
Тоҷири суғдӣ, 579 милодӣ.
Сари ҷанговари сак, асри 1.[10]

Таъриху фарҳанги Тоҷикистон бо Афғонистону Эрон яксону монанд аст. Кӯҳантарин номе, ки ниёгони мардуми эронитабор, яъне ориёиҳо, бар сарзамини худ ниҳода буданд, Airyānǝm Vaējah буда, ки аз он дар Авесто ёд шудааст. Ҷойгоҳи ин сарзамин ҳануз дуруст ошкор нашудааст. Дертар сарзамини Ориёӣ ба 16 подшоҳӣ ҷудо гардид, ки аз онҳо дар Авесто бо номи Airyānǝm Dahyunam ёд шудааст. Ҳамин ном дертар Airyānǝm Xšaθram, Aryānšaθr ва Ērānšahr гашт ва Эрон шуд.

Яке аз он 16 dahyu ё деҳа (дар Авесто ба маънии сарзамин ва подшоҳист) Суғд ва дигаре Бохтар ё Балх буд, ки бахше аз сарзамини кунунии Тоҷикистонро дарбар мегиранд. Суғду Бохтар (Балх) дар замони ҳукуматдории Ҳахоманишиҳо (558—330 то милод) — яке аз хšaθra ё шаҳрҳои (кишварҳои) Ориёно шудаанд. Ба кишвари Ориёно — Давлати Пешдодиёну Давлати Каёниён ва Тӯрон — Давлати Афросиёб, Подшоҳии Бохтари қадим, Давлати Суғди қадим, Давлати Хоразми Бузург, Порсу Давлати Мод ва Хуросон дохил буданд. Дар он замон сарзамини миёни Омударё ва Сирдарёро, ки як шаҳр (дар порсии бостон ба маънии подшоҳист) ба шумор мерафт, Парадрая низ мехонданд, ки маънояш Вар аз руд аст. Дар «Шоҳнома» — и А. Фирдавсӣ ин сарзамин Тӯрон хонда шудааст. Дар бораи шаҳрдории ниёгони халқи тоҷик бозёфти шаҳркадаи Саразм (аз калимаи тоҷикии «сарзамин») шаҳодат медиҳад, ки ҳазорсолаҳои IV—II то милод рушду нумуъ дошт. Шаҳркадаи Саразм аввалин мероси таърихии Тоҷикистон аст, ки соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.

Пас аз лашкаркашии Искандари Мақдунӣ ин сарзамин бахше аз подшоҳии Искандар (330—323 то милод) ва Селевкиён (312—150 то милод), подшоҳии Юнону Бохтар (250—125 то милод), шоҳаншоҳии Ашкониён (250 то милод — 224 милодӣ), шоҳаншоҳии Кушониён (садаҳои I то милод- IV милоди), Давлати Сосониён (224—651), шоҳаншоҳии Ҳайтолиён (садаҳои IV—VI) ва шоҳаншоҳии Ҳоконии турк (551—741) шуд.

Дар замони Сосониён (224651) ин сарзамин дар маводҳои таърихӣ Вароруд (Варазруд) ва Хуросон хонда мешуд ва чанд подшоҳии ҷудогона дошт.

Дар нахустин садаҳои исломӣ, дар солҳои 705715, ки сулолаи Умавиён бар Хилофати Араб фармон меронданд, арабҳо бар Сосониён тохтанд ва онро гирифтанду мардумашро мусулмон карданд. Аз он пас ин макон ном ба арабӣ баргардон шуд ва Мовароуннаҳр хонда шуд ва бахше аз вилояти Хуросон гашт.

Пас аз густариши Ислом дар Эрону Тӯрон, вилояти Хуросон, аз ҷумла Мовароуннаҳр (Вароруд (Варазруд)), зиндакунандаи фарҳанги эронӣ ва офаринандаи забони порсӣ-дарӣ буд, ки ҷонишини забони паҳлавӣ, суғдӣ, тахорӣ, хутану сакоӣ шуд. Нахустин шоирони порсигӯй аз ин сарзамин бархостанд, ба вижа Рӯдакӣ, ки падари шеъри порсӣ (форсӣ) шинохта шудааст. Дар нахустин садаҳои исломӣ, Хуросон ва Мовароуннаҳр гаҳвораи фарҳангу дониши исломӣ буданд ва бузургоне чун Имоми Аъзам, Имом ал-Бухорӣ, Закариёи Розӣ, Ибни Сино ва нафарони дигар дар худ парвариданд.

Сомониён (819—999)

Мақолаҳои асосӣ: Давлати Сомониён ва Сомониён

Сомониён (форсӣ: سامانیان‎), дудмоне аз амирон ва ҳукмронони тоҷики суннимазҳаб, ки ҳудуди ду қарн солҳои 819—999 бар бахшҳои бузурге аз Мовароуннаҳр бо таъйид ва муҳри хулафои Аббосӣ ҳукумат карданд.

Амири Давлати Сомониён Мансури I (961—976)

Ғуриён (879—1215)

Мақолаҳои асосӣ: Султанати Ғуриён ва Ғуриён

Ғуриён (форсӣ: سلسله غوریان‎), дудмоне аз салотини тоҷики суннимазҳаб, ки солҳои 11501215 дар Хуросон ҳукумат доштанд.

Куртҳои Ҳирот (1244—1381)

Мақолаи асосӣ: Оли Курт

Куртҳо, ё Оли Курт (ар. آل کرت‎), силсилае аз амирони тоҷик, ки аз солҳои 12441381 дар Хуросон истиқлол доштаанд.

Дудмонҳои турку муғул

Пас аз сулолаи Сомониён (819999) бар ин сарзамин султону хонҳои турку муғултабор аз силсилаҳои хонадони Ғазнавиён (9981187), Қарохониён (10051141), Қарохитоиён (11411212), Салҷуқиён (10371194), Хоразмшоҳиён (10771231), Чингизиён (12201370), Темуриён (13701501), Шайбониён (15011599), Аштархониён (15991753) ва Манғитиён (17531920) фармон рондаанд (Нигаред: Халқи тоҷик дар ҳайати давлатҳои сулолаҳои турку муғулнажод).

Тасвири асри 19, ки кӯли Зоркӯл ва як сокини маҳаллии тоҷикро тасвир кардааст

Дар солҳои 18641895 ин сарзаминро, ки дар дасти амирони манғитияи Бухоро ва хони Хӯканд буд, русҳо гирифтанд ва бахше аз сарзамини мустамликадории Империяи Русия карданд.

Дар солҳои 19171921 дар ин кишвар муборизаи хунин барои пойдор намудани тартиботи шӯравии коммунистӣ шуда гузашт, ки боиси хиҷрати қисми ахолӣ аз Ватан гардид.

Пас аз шикасти амири Бухоро аз шӯришчиёни инқилобӣ дар 2 сентябри соли 1920, дар сарзамини ин аморат Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро бунёд ёфт.

Тоҷикистони Шӯравӣ

Соли 1924 дар натиҷаи гузаронидани тақсимоти миллии худудӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ, ин кишварро ба чанд ҷумҳурӣ ҷудо карданд ва дар бахшҳои шарқии он Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар таркиби Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон сохта шуд. Зодгоҳи тамаддуну фарҳанг ва офаринандагони забони форсӣ-тоҷикӣ дар натиҷаи ин амали сунъӣ парешон гардиданд.

Танҳо, соли 1929 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ҷудо шуд ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ном гирифт.

Дар ҶШС Тоҷикистон идеологияи коммунистӣ ҳукумрон гардида, дини ислом ба зери таъқиб қарор гирифта буд, Қисми мардуми кишвар тартибу низоми шуравиро рад намуда бо Ҳукумати шуравӣ ҷангиданд (ҷанги шаҳрвандии соли 1921—1924). Аммо ба максади хеш нарасида Ватанашонро тарк намуданд. Дар солҳои 30-40 асри XX асосҳои нави истеҳсолоти саноатӣ дар ҶШС Тоҷикистон гузошта шуданд. Дар деҳот коллективонии хоҷагидории деҳқонӣ анҷом ёфта, боиси аз байн рафтани деҳқонони соҳибмулк гардид. Инқилоби маданӣ ба ҳаёти тоҷикон мактабҳои навъи шуравӣ (мактаби маҳви бесаводии калонсолон, кӯдакистон, мактаби миёнаи наврасон, мактаб-интернат, омузишгоҳи касбӣ, мактаби олӣ) муассисаҳои илмиву фарҳангӣ (театр, китобхона, клуб, чойхонаи сурх-қироатхона, осорхона, боғи истироҳат, кинотеатр, варзишгоҳ)-ро ворид намуд. Тоҷикистон комилан ба муҷтамаи ягонаи умумииттифоқии хоҷагии халқ ҳамроҳ гардида, пурра тобеи Марказ (Иттиҳоди Шӯравӣ) гардид.

Солҳои 50-80 асри XX баъд аз ба сари давлат таъйин гардидани сарварони таҳҷойӣ ба монанди Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов ва Қаҳҳор Махкамов иқтисодиёти Тоҷикистон рушд меёфт. Тоҷикистон ба мамлакати хоҷагидориаш индустриалӣ — аграрӣ табдил ёфт, фарҳангу санъати миллӣ эҳё гардид. Сатҳи зиндагии мардум баҳтар мегардид. Вале, бо вуҷуди он, Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ аз ҷиҳати таъмини манзили истиқомат, музди миёнаи маош, муассисаҳои илмӣ, маориф, фарҳанг, шумораи бекорон ва диг. дар ҷойи охирон қарор дошт. Иқтисодиёти Тоҷикистон асосан барои таъмини корхонаҳои марказии Иттиҳоди Шӯравӣ бо ашёи хом (неруи барқ, пахта, канданиҳои фоиданок, уран ва диг.) нигаронида шуда буд. Дар давраи мавҷудияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (солҳои 1924—1991) халки тоҷик аз нав тамаддуну фарҳанг ва забони форсӣ-тоҷикиро дар каламрави хеш эҳё намуд. Сутуни ояндаи давлатдории соҳибистиқлоли Тоҷикистон гузошта шуд.

24 августи соли 1990 иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ (ИҶШС) қабул намуд.

Пас аз «табадуллот»-и (ГКЧП) коммунистони тундрав 19-21 августи соли 1991 дар Москва, ки бемуваффақият анҷом ёфт, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12) 9 сентябри соли 1991 Изҳорот «Дар бораи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро эълон дошт. Дар асоси ин Изҳорот Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсуси хешро «Дар бораи эълон шудани истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуд.

Тоҷикистони мустақил

Ҳарчанд эълони истиқлол ҳамаи азҳоби сиёсиро қонеъ гардонида буд, вай натавонист пеши роҳи муқовимати сиёсӣ ва маҳалбозии қавмиро бигирад.

Аз ҷониби азҳоби ба ҳукумат мухолифи сиёсӣ эътироф нашудани Қаҳҳор Махкамов ҳамчун Президенти ҶТ (аз 29 ноябри соли 1990), паи ҳам иваз шудани раисони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қ. Аслонов, С. Кенҷаев, А. Искандаров) мақомоти кишварро водор сохтанд, ки зери фишори тазоҳуркунандагони мухолифин ва барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ интихоботи умумихалқии Президенти ҶТ баргузор намоянд. Маъракаи интихобот ба зиддиятҳои нави сиёсию идеолужӣ, мазҳабию маҳалгароӣ ва қавмию инфиродӣ боис гардид. Вазъи иҷчтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ рӯз ба рӯз бад мегардид. Пас аз ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Раҳмон Набиев (58,6 % овозҳо) неруи мухолифин бо баҳонаҳои гуногун фаъолияти ҳукумати навро сарзаниш менамуданд.

Соли 1992 аз моҳи март то ибтидои май тазоҳуроти пай дар пайи ҳизбу ҳаракатҳои ба ҳукумат мухолифин ва ҷонибдорони ҳукумат дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, махсусан Душанбе ба фалаҷ шудани мақомоти иҷроиия ва қонунгузории марказӣ ва маҳаллӣ сабаб шуд.

Таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатдории соҳибистиқлоли халки тоҷик ва эҳёи навини тамаддуну фарҳанг ва забони форсӣ-тоҷикӣ дар каламрави хеш асос гашт. Вале низоми давлатдории тоҷикон бо амри таърих боз ба душвориҳои нав рӯбарӯ омад. Зиддиятҳои аз давраи давлати шӯравӣ мерос монда ва дахолати душманони истиқлоли миллати тамаддунофари тоҷик, халқро ба вартаи ҷанги бародаркуш, ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор намуданд.

Воқеоти май — ноябри соли 1992 пояи далатдории Тоҷикистонро заиф сохта, кишварро ба қисматҳо тақсим кард ва хавфи аз байн рафтани давлат ба миён омад. Маҳз дар чунин шароити сангин 16 ноябри соли 1992 иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар иҷлосияи таърихӣ дар қатори ҳукумати тозаинтихобгардида, масоили хотима додани муқовимати сиёсӣ-низомии байни ҳукумати расмӣ ва неруҳои мухолифин, ба эътидол овардани ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ба Ватан баргардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Вале, масъалаи асосии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии Тоҷикистон — хотима додани муқовимати сиёсӣ — низомии байни ҳукумати расмӣ ва неруҳои мухолифин ҳалли мусбати хешро танҳо соли 1997 ёфт. Дар натиҷаи музокироти байни тоҷикон оид ба сулҳ ва оштии миллӣ солҳои 1994—1997 дар шаҳри Москва 27 июни соли 1997 «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид.

Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд ба амалӣ сохтани барномаи ислоҳоти иқтисодӣ барои солҳои 1995—2004 ва барномаҳои дигар шурӯъ намуд. Барои аз хатари гуруснагӣ эмин доштани аҳолӣ ва бо озуқа таъмин намудани бозори дохилӣ Фармонҳои Президенти ҶТ Э. Раҳмон аз 9 октябри соли 1995 «Дар бораи 50 000 га замин ҷудо намудан барои хоҷагии назди ҳавлигӣ» ва 1 декабри соли 1997 иловатан ҷудо намудани боз 25 000 га замин аҳамияти калон дошта буд.

Дар натиҷаи ислоҳотҳои иқтисодии дар ҷумҳурӣ амалӣ гардида муносибатҳои нави иқтисоди бозорӣ, ки асоси онро моликияти хусусӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ ташкил медиҳад, ҷорӣ шуда истодаанд.

Вале иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон бе кумаки молиявии хориҷӣ лоиҳаҳои бунёдиро амалӣ карда наметавонад. Дар ибтидои асри XXI барномаҳои рушди стратегии кишвар муайян карда шудаанд.

Истиқлоли озуқаворӣ, амнияти энергетикӣ ва раҳоёбӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ — ҳадафҳои стратегии сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ҳамин ҳадафҳои бунёдӣ тадриҷан дар амал татбиқ шуда истодаанд.

Қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ ва интихоботҳои умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри 1994, 1999, 2006, 2013) боз як қадами устувор дар давлатдории кишвар гардид. Тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016, интихоботҳои вакилон ба Маҷлиси Олии (2 палатагии) Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои навбатӣ дар такмили сохтори сиёсии ҷумҳурӣ гаштанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлол дар доираи Созмони Милали Муттаҳид (СММ — ООН), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА — ОБСЕ), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ — ШОС) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда истодааст. Ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳои ИДМ ва мамлакатҳои дигари ҷаҳон пайваста рушд меёбад.[11]

Ҷуғрофиёи табиъӣ

Мақолаи асосӣ: Ҷуғрофиёи Тоҷикистон
Кӯҳсори Тоҷикистон

Тоҷикистон дар қисми ҷанубии Осиёи Мар­ка­зӣ ҷой гирифта, нуқтаҳои канории Тоҷикистон дар шимол силсилакӯҳи Қу­рама, дар ҷануб водии дарёи Панҷ, дар ғарб силсила­кӯҳи Са­ри­­кӯл мебошанд. Тоҷикистон дар маркази қитъаи Осиё, дар минтақаи иқлимаш муътадили дур аз баҳру уқё­нусҳо ҷой гирифта, дар ҳамвориҳои он иқлими биё­бонӣ ҳукм­фар­мост. Дар ғарби кишвар биёбону нимбиё­бонҳои пас­тии Турон ҷойгиранд, ки тадриҷан ба талу кӯҳ­доманҳо му­бад­дал мешаванд. Дар шарқ марзи он бо до­манакӯҳҳо ва қа­тор­кӯҳҳои Осиёи Марказӣ иҳота шудааст (аз ғарб ба шарқ 680 км тӯл кашидааст). Қисми марказии он нисбатан борик (камбар) буда, қариб 100 км аст[12].

Дарозии марзи Тоҷикистон дар маҷмӯъ зиёда аз 3 000 км-ро ташкил медиҳад. Тоҷикистон дар ғарб бо Ҷум­ҳурии Узбекистон (1 161 км), дар шимолу шарқ бо Ҷум­ҳу­рии Қирғизистон (870 км), дар шарқ бо Ҷумҳурии Хал­қии Чин (519 км) ва дар ҷануб бо Ҷумҳурии Исломии Аф­ғо­нистон (1 356 км) ҳамсарҳад аст. Дар ҷанубу шарқ То­ҷи­кистонро аз Ҳиндустону Покистон Долони Вахон (бараш аз 15 то 6 км) ҷудо мекунад.

Сохтори заминшиносӣ

Дар сарзамини Тоҷикистон ду плитаи азими тектоникии Замин — Авруосиё аз шимол ва Гондвана аз ҷануб ба ҳам бар­хӯрдаанд. Ин бархӯрд тӯли 200 млн соли охир идома дорад ва дар айни замон дар шакли ду низом (система)-и азими кӯҳии Осиё — Тиёншон (дар шимол) ва Помир (дар қисми ҷануби шарқӣ) ифода ёфтаанд[13].

Ҳудуди Тоҷикистон аз рӯи хусусияти сохтори заминшиносӣ ба 5 ноҳияи заминшинохтӣ ноҳиябандӣ мешавад[13]:

  • Тоҷикистони Шимолӣ
  • Тоҷикис­тони Шимоли Шарқӣ
  • Тоҷикистони Марказӣ
  • Тоҷикистони Ҷануби Ғарбӣ
  • Тоҷикистони Ҷануби Шарқӣ

Ноҳияҳои заминшинохтӣ бо хусусиятҳои ҷуғрофиёии маҳал алоқаманд буда, дар маҷмӯъ пайдарҳамии силсилаи сил­силакӯҳҳои ба самти арзӣ тӯлкашида ва во­ди­ҳои фарохро ифода мекунанд. Ноҳияҳо аз якдигар бо таъ­рихи заминшиносӣ, сохтор ва марҳалаҳои асосии таҳав­вулот фарқ мекунанд[13].

Обҳо

Мақолаи асосӣ: Обҳои Тоҷикистон

Тоҷикистон дорио манобеъи обии зиёдест, ки он аз ҳисоби обшавии пиряхҳо ва бориши атмосферӣ ташкил шудааст[14].

Ҳудуди Тоҷикистон 90% аз минтақаҳои ташаккулёбандаи маҷрои дарёҳо иборат буда, асоси захираҳои обии кишварро пиряхҳо, дарёҳо, кулҳо, обанборҳо ва обҳои зеризаминӣ ташкил медиҳанд. 947 рӯди хурду бузург, 1300 кӯл бо захираи 46,3 километри мукааб об, ки 20 километри мукааби он оби ширин мебошад, 11 обанбор бо ҳаҷми муфиди 7,5 километри мукааб об ва зиёда аз 10 ҳазор пирях манбаи асосии оби на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои Осиёи Марказист[15].

Пиряхҳо

Мақолаи асосӣ: Пиряхҳои Тоҷикистон
Пойгоҳи обуҳавошиносии пиряхи Федченко

Дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор пиряхи хурду бузург маҷуд аст[16], ки масоҳаташон ба 11 146 км² баробар аст ва ин нишондиҳанда 8 %-и ҳудуди кишварро дар бар мегирад, ки асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳҳои Ҳисору Олой ва бештар дар баландиҳои 3000-3500 то баландиҳои 3500-5300 м ҷой гирифтаанд[17].

Захираи умумии ях дар пиряхҳои кишвар ба 845 км³ баробар буда, пиряхҳои хурд бо масоҳати 1 км² танҳо 20%-и шумораи умумии пиряхҳои кишварро ташкил менамоянд, вале 85%-и ҳаҷми ях дар онҳо мутамарказ гардидааст. Дар пиряхҳои Тоҷикистон 456,9 км³ об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 км³ об медиҳанд[18].

Тибқи маълумот, дар Тоҷикистон давоми 20 соли охир 15 пиряхи дорои дарозии аз 4 то 5 км комилан об шудааст[16].

Захираҳои табиъӣ

Сарватҳои табиъии Тоҷикистон вобаста аз қонуниятҳои гео­логӣ ва таҳаввулоти геодинамикии минтақаҳои он ташаккул ёфтаанд (нигар Сохти геологӣ). Дар ҳар як аз 5 ноҳияи заминшинохтии Тоҷикистон навъҳо ва маҷмӯъаи мушаххаси сарватҳои табиъӣ ҷойгир шудаанд: дар Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ ва То­ҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ сарватҳои табиъии ғайримаъданӣ, ба мисли на­макҳо, ангишт, нафту газ, бентонитҳо, стронтсий ва ғайра пай­до шудаанд. Дар но­ҳи­яҳои Тоҷикистони Шимолӣ, Тоҷи­кис­тони Марказӣ ва То­ҷи­кистони Ҷанубу Шарқӣ (Помир) бештар кан­даниҳои маъ­­данӣ (оҳан, тилои маҳаллӣ, нуқра, сурма, симоб, поли­металлҳо, флюорит ва ғайра) рушд кардаанд[19].

Дар Тоҷикистон ҳоло 28 конҳои нафту газ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин конҳо захираи нафт 2,2 млн тонна ва газ — 3,4 миллиард метри кубиро ташкил медиҳанд. Дар айни замон дар Тоҷикистон 40 конҳои тилои фаъол ва қариб 85 конҳои ояндадори тило муайян шудаанд.[20]

Минтақаи замонӣ

Мақолаи асосӣ: Замон дар Тоҷикистон

Тоҷикистон дар минтақаи замонииии UTC+5 воқеъ шудааст. Соати тобистонӣ аз соли 1991 тағйир накардааст, агарчи дар замони шӯравӣ истифода мешуд[21]. Узбакистон, Туркманистон, Покистон, Молдив ва ҳамчунин теъдоде аз манотиқи Русия дар як минтақаи замонӣ қарор доранд.

Тақсимоти маъмурӣ

Тақсимоти маъмурӣ-ҳудудии Тоҷикистон тибқи Қо­нуни Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон аз 19 марти соли 2013 № 958 «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон» муайян карда мешавад[22].

Тақсимоти маъмурии Тоҷикистон

Воҳидҳои маъмурӣ-ҳудудӣ ва маҳал­ҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонуни мазкур инҳоянд:

Ноҳияҳо ба деҳотӣ ва шаҳрӣ тақсим шуда, метавонанд тобеи ҷум­ҳурӣ, вилоят ва ё шаҳр бошанд.

Маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрӣ ва деҳотӣ ҷудо мешаванд.

Ба маҳалҳои шаҳрӣ, шаҳрҳо ва шаҳракҳо, ба маҳалҳои деҳотӣ деҳаҳо, новобаста ба тобеияти маъмурияшон, дохил мешаванд.

Шаҳрҳо метавонанд аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ё вилоятӣ дошта бошанд.

Тибқи омори 1 январи соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадах­шон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, 58 ноҳия, аз он ҷумла 4 ноҳия дар шаҳри Душанбе, 18 шаҳр, 57 шаҳрак, 370 ҷамоати деҳот[23] ва 4223 деҳаро дар бар мегирад[24].

Ном Шумораи
ноҳияҳо
Шумораи
шаҳрҳо
Маркази маъмурӣ Аҳолӣ
(01.01.2018)
ҳазор тан[25]
Паҳноварӣ
ҳазор км²
Зичии аҳолӣ
тан/км²
1 Душанбе 4 831,4 0,126 8314,0
2 Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 7 1 Хоруғ 223,6 62,9 3,5
3 Вилояти Суғд 14 8 Хуҷанд 2 608,5 25,2 103,5
4 Вилояти Хатлон 24 4 Бохтар 3 198,5 24,7 129,5
5 Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13 4 Душанбе 2 069,2 28,5 72,6
Ҳамагӣ 62 18 8 931 200 143 100 86,23

Шаҳрҳои Тоҷикистон:

Аҳолӣ
(01.01.1992),
ҳазор тан
Аҳолӣ
(01.01.2015),
ҳазор тан[26]
Аҳолӣ
(01.01.2016),
ҳазор тан[27]
Аҳолӣ
(01.01.2018)
ҳазор тан[25]
Аҳолӣ
(01.01.2019)
ҳазор тан[28]
Аҳолӣ
(01.01.2020)
ҳазор тан[29]
Аҳолӣ
(01.01.2021)
ҳазор тан[30]
Аҳолӣ
(01.01.2022)
ҳазор тан[30]
Паҳноварӣ
ҳазор км²
Зичии аҳолӣ
тан/км²
Душанбе 584,5 788,7 802,7 831,4 846,4 863,4 1185,4 1201,8 0,203 5914,4
Хуҷанд 165,3 172,7 175,4 179,9 181,6 183,6 196,8 198,7 0,04 4967,5
Бохтар 60 102,9 105,4 109,1 110,8 111,8 125,2 126,7 0,026 4873,1
Кӯлоб 81,3 101,2 102,4 104,4 105,5 106,3 104,1 105,8 0,035 3022,9
Истаравшан 47,6 59,9 61,2 63,5 64,6 65,5 63,3 64,3 0,018 3572
Турсунзода - 52,4 52,8 53,1 53,7 55,7 57,3 57,8 0,012 4816,7
Конибодом 39,9 49,7 50,4 51,6 52,2 52,5 54,3 54,4 0,015 3626,7
Исфара 35,4 46,9 47,8 49,7 50,7 51,7 54,1 54,9 0,015 3660
Гулистон 43,9 43,4 45,1 47,1 48,2 49,2 49,9 50,2 0,003 5039
Ваҳдат 46,7 42,2 42,4 42,5 42,8 43,2 53,5 54,4 0,014 3885,7
Панҷакент 29,6 40,6 41,2 42,3 42,8 43,3 43,3 43,8 0,007 6257,1
Бӯстон 36,9 32,5 31,8 32,1 33,2 34,0 33,8 35,0 0,011 3181,8
Хоруғ 21,5 28,9 29,2 29,9 30,3 30,5 30,9 31,1
Норак 21,1 28,1 29,1 30,4 30,9 31,4 28,1 28,8
Ҳисор - 26,9 27,4 27,9 28,7 29,1 31,7 32,1 0,01 3210
Истиқлол 21,3 15,9 16,4 16,9 17,3 17,6 18,3 18,7 0,033 566,7
Левакант 14,6 15,8 16,1 16,9 17,3 17,7 17,7 18,7
Роғун 9,1 15,0 15,0 14,9 15,0 14,9 15,1 15,2 0,005 3040

Аҳолӣ

Мақолаи асосӣ: Аҳолии Тоҷикистон

Тоҷикистон дар миёни тамоми кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ сареътарин рушди шумораи миллатҳои унвондорро таҷриба мекунад. Саҳми тоҷикон дар соли 1959 — 53,1 % аҳолии Тоҷикистон, дар соли 1989 аллакай 62,3 % буд. Дар соли 2002 ба 79,9 % ва дар соли 2010 ба 84,3 % афзоиш ёфт.

Як хонаводаи тоҷик

Бар асоси барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010, ҷамъияти Тоҷикистон 7 565 000 нафар, то 1 октябри 2015 — 8 486 300 нафар буд. Шумораи мардон 3 813 000 нафар ва занон 3 752 000 нафар аст. Мувофиқи ин додаҳо ба ҳар 1 ҳазор мард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 984 нафар зан рост меояд. Бар асоси гузориши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1 январи соли 2018 шумораи аҳолии ҷумҳурӣ 8 931 200 тан буд[25].

Аҳолиии Тоҷикистон муддатҳост, ки бо суръати зиёде дар ҳоли рушд аст: дар соли 1959 дар инҷо 1 981 000 нафар, дар соли 1989 — 5 109 000 нафар ва ба фарқ аз кишварҳои аврупоии ИДМ, дар соли 1989—1999 бо вуҷуди муҳоҷирати қобили таваҷҷуҳ аҳолӣ аз ҷумҳурӣ (437 ҳазор нафар дар 11 сол) ба рушд идома дод. Омили аслии рушди ҷамъият афзоиши табиъии зиёд аст. 23 июли 2022, расман эълом шуд, ки ҷамъияти Тоҷикистон ба 10 миллион нафар расидааст[31].

Тақсимоти тақрибии аҳолӣ бар асоси гурӯҳи синӣ дар ибтидои соли 2018 ба шумора (ҳазор тан)[25]:

  • Аҳолии шаҳр:
    • 1483,6 — зери сини кор (мардон: 772 / занон: 711,6);
    • 134,3 — болои сини кор (мардон: 44,7 / занон: 89,6).
  • Аҳолии русто:
    • 2338,6 — зери сини кор (мардон: 1213,9 / занон: 1124,7);
    • 353,5 — болои сини кор (мардон: 128,5 / занон: 225).
Ҷадвали 1. Аҳолии минтақаҳои Тоҷикистон (ҳазор тан)[32]
1989 1995 2000 2005 2010 2015 2020 2022
Душанбе 592,2 511,9 564 630 711,2 788,7 863,4 1201,8
Вилояти Суғд 1554,2 1740,8 1871,9 2015,8 2197,9 2455,5 2707,3 2823,9
Вилояти Хатлон 1697,4 1956 2145,2 2368,4 2618,3 2971,5 3348,3 3530,0
Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 160,9 188 206,2 206,8 204,8 214,3 228,9 230,1
Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 1087,9 1237,1 1341,2 1497,9 1685,2 1922 2165,9 2101,0
Ҷумҳурии Тоҷикистон 5092,6 5633,8 6128,5 6718,9 7417,4 8352 9313,8 9886,8

Ҷараёни шаҳришавӣ (урбанизатсия), ки то соли 2000 дар сатҳи ҷумҳурӣ дар авҷ буд, мувофиқи ҷамъбасти пешакии Барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзили соли 2010 муътадил гашта, таносуби аҳолии шаҳру деҳот 27 дарсади аҳолии шаҳр ва 73 дарсади аҳолии деҳотро ташкил кард.

Сохтори давлатӣ

Тоҷикистон ҷумҳурии президентист[33].

Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии Тоҷикистон мебошанд[34].

Асосҳои сохтори конститутсионӣ

Бар пояи Конститутсия, ки қонуни асосии кишвар ба шумор меравад, Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, шакли идораи он президентӣ мебошад[35].

Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад[36].

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумӣ қабул карда шуда 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст[37].

Президент

Сарвари давлат ва ҳукумат Президенти Тоҷикистон аст[38]. Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб менамоянд. Президенти Тоҷикистон шахсе шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад[39].

Охирон Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 баргузор шуд. Дар натиҷа Президент Эмомалӣ Раҳмон барои давраи панҷӯм баъд аз дарёфти 90,92 % овозҳо ғолиб омад[40].

Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд.

Ливо ва Нишон рамзҳои расмии ҳокимияти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Ҳокимияти қонунгузор

Мақолаи асосӣ: Порлумони Тоҷикистон

Мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор Маҷлиси Олӣ мебошад, ки аз ду Маҷлис — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст[41].

Муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав қатъ мегардад.

Интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб ва узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъйин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад[41].

Ҳокимияти иҷроия

Мақоми ҳокимияти иҷроияи давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад[42]. Ҳукумати ҷумҳурӣ аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст[43].

Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд[44]:

  • Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • мақомоти машваратию маслиҳатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳокимияти судӣ

Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд[45].

Низоми ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд[46].

Ҳизбҳои сиёсӣ

Тибқи Қонуни асосӣ дар Тоҷикистон зиндагии умумӣ бар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкураӣ дар ҳоли рушд буда, «мафкураи ҳеч як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад»[47]. Дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҳизбҳои сиёсии ҷумҳуриявӣ таъсис дода мешавад[48]. Ҳизби сиёсӣ барои сабтиноми давлатӣ, феҳристи ҳаддиақал ҳазор нафар аз тарафдорони худро, ки сокинони аксари шаҳрҳову ноҳияҳои Тоҷикистон ҳастанд, пешниҳод мекунад[48].

Дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсии расмӣ сабтином шудааст:

Артиши миллӣ

Артиши миллии Тоҷикистон, ҷамъи қувваҳои мусаллаҳи давлатии Тоҷикистон 23 феврали 1993 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи «Фронти халқӣ» ва гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки ҳукумати қонуниро тарафдорӣ мекарданд, бо мақсади ҳимояи кишвар таъсис шудааст[49].

Иқтисод

Мақолаи асосӣ: Иқтисоди Тоҷикистон

Иқтисоди Тоҷикистон ба соҳаи кишоварзӣ ва хадамот вобаста аст, ки ҳар кадом беш аз аз панҷ ду ҳиссаи нерӯи корро истихдом мекунанд. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки пас аз истиқлоли Тоҷикистон рух дод, таъсири харобиоваре ба кишоварзӣ ва саноати ҷумҳурӣ дошт[50] ва дар тӯли солҳои истиқлол, сохтори шуғли аҳолӣ башиддат тағйир кардаву иқтисод кишоварзӣ шудааст. Дар соли 1991—2013, саҳми шуғл дар кишоварзӣ аз 45 % дарсад ба 66 % афзоиш ёфт ва саҳми шуғд дар саноат аз 13 % ба 4 %, дар сохтусоз аз 8 % ба 3 %, дар бахши хадамот аз 35 % ба 27 % коҳиш ёфт. Аз соли 2000 ба ин сӯ, 10-12 % рушди иқтисодии устувор мушоҳада мешавад.

Ҳаҷми қарзи давлатии Тоҷикистон: Дар соли 2009 қарзи давлатӣ 1 миллиарду 691,3 миллион доллар буд, дар соли 2018 ҳаҷми он ба 2 миллиарду 873 миллион доллар расид.[51]. Ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали семоҳаи дуюми соли 2022 каме бешар аз 3,3 млрд долларро ташкил дод. Таносуби қарзи хориҷӣ ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ ба мисли аввали соли 2022 — 37,7 % боқӣ мемонад.[52].

  • Сандуқи байналмилалии пул (СБП) пешгӯӣ намудааст, ки ММД (маҷмаъи маҳсулоти дохилӣ)-и Тоҷикистон дар соли равон 5 дарсад ва дар соли 2020 4,5 дарсад рушд хоҳад кард, гуфта шудааст дар гузориши моҳи апрели иқтисоди ҷаҳонӣ «World Economic Outlook»[53].
  • Пас аз натиҷаҳои соли гузашта, Тоҷикистон ҳаҷми қарзи хориҷии худро зиёд кард. Дар аввали моҳи январи соли 2021 ин рақам 3,2 миллиард доллар буд. Бояд қайд кард, ки ин 43,8 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ (ММД)-ро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, барои ҳар як шаҳрванди кишвар 339 доллар рост меояд.[54]
  • Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, давоми солҳои 2007—2021 вуруди сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон зиёда аз 11 млрд долларро ташкил дод. Сармоягузориҳо танҳо аз Чин (3,3 млрд доллар), Русия (1,6 млрд доллар) ва Қазоқистон (586 млн доллар) ба 50 % аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои хориҷии дар ин давра ҷалбшуда баробар аст (чунин маълумот дар бораи дигар кишварҳои узви СҲШ дастрас нест).[55]

Саноат

Мақолаи асосӣ: Саноати Тоҷикистон

Ҷанги шаҳрвандӣ (1992—1997) ба фаъолияти саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши манфӣ гузошт. Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон аз соли 1996 инҷониб аксар зараровар ҳисоб мешаванд. Зеро, аз ин сол сар карда ба ҷумҳурӣ воридоти молҳои саноатии хориҷӣ хело афзуд. Дар натиҷа аз як тараф аксарияти корхонаҳои саноатӣ фаъолият намекарданд, аз тарафи дигар, он корхонаҳое, ки фаъолият менамоянд, маҳсулоташон бо молҳои ба ҷумҳурӣ ворид шудаи хориҷӣ рақобат карда наметавонанд. Корхонаҳои муштараки саноатии Тоҷикистон дар натиҷаи инвеститсияҳои хориҷӣ ба миён омада фаъолият (асосан соҳаи саноати сабук) мебаранд.

Дар соли 2011 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 952 корхонаи саноатӣ арзи вуҷуд мекард (аз байни онҳо 10,2 % кор намекарданд). Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи саноатӣ дар 9 моҳи соли 2012 — $1,4 млрд ташкил мекард[56].

Мувофиқи ахбороти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ чунин соҳаҳои асосии саноат арзи вуҷуд доранд:

  • коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва металҳои нодир;
  • истеҳсоли ангишт (дар кони ангишти Шӯроб, Фон-Яғноб (кокс) ва Назаргиёҳ (антрасит));
  • истеҳсоли газ ва нафт (дар водии Вахш, Ҳисор, Хоҷа Сартез дар Кӯлоб ва вилояти Суғд);
  • истеҳсоли металҳои ранга (арзиз, тило, нукра, сурб, цинк, висмут, ртуть, вольфрам, молибден);
  • саноати сабук (асосан коркарди пахта ва хуроквори);
  • саноати кимиё (Комбинати кимиёи Ёвон, Заводи азотбарории Вахш);
  • саноати масолеҳи сохтумонӣ;
  • саноати мошинасозӣ;
  • саноати пилла.[57]

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 дар соҳаи саноат — 219 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 2942 ҷойи корӣ, аз ҷумла, дар вилояти Суғд — 59 бо 969 ҷойҳои кории нав, вилояти Хатлон — 57 корхона бо 678 ҷойҳои кории нав, ВМКБ — 3 корхона бо 87 ҷойҳои кории нав, шаҳри Душанбе — 60 корхона бо 812 ҷойҳои кории нав ва НТҶ — 40 корхона бо 386 ҷойҳои кории нав сохта ба истифода дода шуд. Аз шумораи умумии корхонаҳои нав: 38 — корхона ба соҳаи мошинсозӣ, 53 — корхона ба саноати сабук, 50 — корхона ба соҳаи масолеҳи сохтмон, 62 — корхона ба саноати хӯрокворӣ, 2 —корхона ба саноати маъдан, 1 — корхона ба саноати ангишт, 5 — корхона ба соҳаи табъу нашр ва 8 — корхона ба дигар соҳаҳо рост меояд.[58].

Бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ

Низоми молиявии мамлакатро Бонки миллии Тоҷикистон ба танзим медарорад. Дар ҷумҳурӣ 13 бонк ва ташкилотҳои қарзӣ аъзои Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон (АБТ) мебошанд:

Бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ

Ҷанги шаҳрвандӣ (1992—1997) боиси харобии иқтисод ва баста шудани корхонаву муассисаҳои давлатӣ гардид. Корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ ва диг. ширкатҳои хурду миёнаи хидматрасони асосан 10-15 % қавваи кории ҷумҳуриро бо кор таъмин мекунанд. Бинобар ин шумораи мардуми қобили кор ба сафи муҳоҷирони меҳнатӣ тахминан ба 1 000 000 нафар расидааст. Саҳми онҳо дар иқтисодиёт меафзояд.

Бар асоси гузоришҳои расмӣ, дар Русия ва кишварҳои дигари хориҷӣ беш аз як милюн муҳоҷири кории тоҷик фаъъолият мекунанд, ки ағлаби онҳо ҳамасола сармояи зарурӣ барои таъмини рӯзгори хонаводаҳоро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд. Дар соли 2012 муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 3,6,млрд доллар пул (47 % ММД и ҷумҳурӣ) интиқол додаанд. Дар миёни кишварҳое, ки иқтисодашон ба маболиғи интиқолии муҳоҷирони корӣ вобаста аст, Тоҷикистон ҳамчунон болотарин ҷойгоҳро ба худ ихтисос медиҳад.[60]

Кишоварзӣ

Аз назари таърихӣ, Тоҷикистон кишвари асосан кишоварзӣ аст. Агарчи саноат дар замони Шӯравӣ рушд ёфт, аммо тавлидоти кишоварзи ҳамчунон ғолиб буд. Дар поёни даҳаи 1980, заминҳои кишоварзӣ 1/3 ҳиссаи ҳудуди ҷумҳуриро ишғол карданд. Муҳиммтарин маҳсуле, ки дар давраи Шӯравӣ дар Тоҷикистон кишт мешуд пахта буд, аммо тавлиди он пас аз истиқлол коҳиш ёфтааст. Дар соли 2014, 417,9 ҳазор тонна пахта дар ҷумҳурӣ бардошт шуд[61]. Тавлидоти кишоварзи дар соли 2014 беш аз: 1232,6 ҳазор тонна ғалла ва лубиёӣ, 1342,4 ҳазор тонна сабзиҷот, 465 ҳазор тонна полезӣ, 313,2 ҳазор тонна мева, 167,1 ҳазор тонна ангур, 990,2 ҳазор тонна картошка будааст.

Энергетика

Харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҳоло чунин Нерӯгоҳҳои барқии обӣ амал мекунанд:

Нерӯи асоси энергетикаи Тоҷикистонро Нерӯгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мекунанд. Ҳаҷми умумии муайяншудаи иқтидори Нерӯгоҳҳои барқии обӣ — 4070 МВт аст.

Тоҷикистон дорои захираҳои ғании гидроэнергетикӣ мебошад. Ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ — 527 млрд кВт. соатро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол мекунад.

Дар Тоҷикистон ҳоло чунин Нерӯгоҳҳои барқии обӣ амал мекунанд:

  1. НБО Норак — бо иқтидори 3000 МВт;
  2. НБО Бойғозӣ — бо иқтидори 600 МВт;
  3. НБО Сангтӯда-1 — бо иқтидори 670 МВт;
  4. НБО Сангтӯда-2 — бо иқтидори 220 МВт;
  5. НБО Сарбанд — бо иқтидори 240 МВт;
  6. НБО Шаршара — бо иқтидори 29,9 МВт;
  7. НБО Марказӣ — бо иқтидори 15,1 МВт;
  8. НБО Қайроққум — бо иқтидори 126 МВт дар Сирдарё;
  9. Силсилаи НБО Варзоб (НБО Варзоб-1, Варзоб-2 ва Варзоб-3) — бо иқтидори умумии 25,7 МВт.;
  10. Нерӯгоҳи Хоруғ;
  11. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун — 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми НБО Роғун бо иқтидори 600 МВт ба кор даромад.

Ду сол боз (аз соли 2018) дар натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи олии Сарони ду давлат — Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкории энергетикҳои тоҷику ӯзбек боз барқарор гардид, ки ин барои ҳарду тараф манфиати хеле калонеро молик аст. Баъди зиёда аз 9 соли ҷудо будани низоми энергетикии Тоҷикистон аз Осиёи Марказӣ додугирифти неруи барқ байни ин ду ҷумҳурии ҳамсоя оғоз ёфт. Дар давраи Истиқлол иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетика, бе назардошти НБО «Роғун», ба миқдори 1520 МВт зиёд шуд.[62]

8 декабри соли 2016 Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 300 МВт ва 167 Гкал гармӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Боз ду агрегат ба кор дароварда шуд[63].. Иқтидори умумии нерӯгоҳи когенераторӣ ба 400 МВт расид.

20 марти соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи "Барқарорсозии НБО «Норак» оғози расмӣ бахшиданд. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа НБО «Норак» таҷдид ва эътимодноктар гардида, иқтидори лоиҳавияш аз 3000 ба 3300 МВт бардошта хоҳад шуд.

23 августи соли 2019 ба татбиқи лоиҳаи "Таҷдиди НБО «Қайроққум» оғози расмӣ бахшида шуд. Баъди татбиқи лоиҳа тавоноии НБО "Қайроққум аз 126 мегаватт ба 176 мегаватт расонида мешавад.[64]

20 январи соли 2020 Оҷонсии иттилоотии Sputnik Бойгонӣ шудааст 8 Декабри 2019  сол. гузорише овардааст, ки Маҷлиси намояндагони Ҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи пеш пазируфт (соли 2020), аз моддаи 9-и Қонун «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ», калимаҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» хориҷ карда шуданд. Моддаи 9-и қонуни мазкур дар бораи объектҳоест, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва дар он таъкид шудаст, «амволи нерӯгоҳи барқи обии „Норак“, нерӯгоҳи барқи обии „Роғун“ ва корхонаи воҳиди давлатии „Ширкати Алюминийи Тоҷик“ хусусӣ гардонида намешаванд».[65]

Дар соли 2020 дар Тоҷикистон ба ҳисоби умумӣ 19 миллиард 770,5 миллион кВт⋅соат нерӯи барқ истеҳсол карда шудааст. Тоҷикистон дар соли 2020 зиеда аз 1,5 миллиард кВт⋅соат нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя содирот кардааст. Аз рӯи маълумотҳо ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 1 миллиард 528,4 миллион кВт⋅соат қувваи барқ ба маблағи зиеда аз 56,4 миллион доллар содирот намудааст.[66]

Лоиҳаи минтақавии «CASA-1000»

12 майи соли 2016 ифтитоҳи лоиҳаи сохтмони хати баландшиддати барқии «CASA-1000» (ЛЭП — 1000 кВт) баргузор гардид. «CASA-1000» интиқоли барқи Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба Афғонистону Покистон таъмин мекунад[67].

Фақр

Бар асоси гузориши Бонки ҷаҳонӣ, то соли 2021, ҳадди ақал 26,5 % аз ҷамъияти Тоҷикистон зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд[68].

Нақлиёт

Дар солҳои истиқлол дар Тоҷикистон таъмиру азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе — Хуҷанд — Чанак (сарҳади Ӯзбекистон), ки 411 км дарозӣ дорад бо ёрдами давлати Чин соли 2006 амалӣ гардид. Роҳи мошингард тамоми сол пойтахти мамлакат Душанберо бо ноҳияҳои Тоҷикистони Шимолӣ мепайвандад.

18 октябри соли 2015 — дар ноҳияи Айнӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакентро ифтитоҳ намуд. Роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакент 112,6 километрро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли 2012 оғоз гардида, моҳи октябри соли 2015 ба охир расид. Навсозии роҳ бо маблағи 115 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ иҷро карда шудааст.[69]

Сохтмони роҳи мошингарди Исфара-Конибодом — Ҷаббор Расулов соли 2016 дар вилояти Суғд оғоз шуда буд. Анҷоми корҳои таҷдиду барқарорсозии роҳ ду сол муайян шуда буд ва соли 2019 ӣа истифода супорида шуд.[70]

Дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан бошад дастоварди назаррас 24 августи соли 2016 расман мавриди баҳрабардорӣ қарор додани роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлобро гардид. Ин роҳи оҳан шаҳри Душанберо бо Вилояти Хатлон пайваст мекунад. Сохтмони хати роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб, ки аҳамияти минтақавию байналмилалӣ дорад, ҳанӯз моҳи марти соли 2009 шурӯъ шуда буд. Масофаи умумии он дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон 41 км буда, дар ин масир 3 нақб ва 8 адад пули калону миёна сохта шудааст.[71]

Нақбҳо

Акси Қуллаи Исмоили Сомонӣ (дар гузашта бо номи Пики Коммунизм) вақте ки Тоҷикистон қисми Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Расонаҳои ҳамагонӣ

Расман оғози таърихи матбуоти тоҷик ба нашри аввалин шумораи «Бухорои шариф» дар 11 марти соли 1912 нисбат дода мешавад. Биноба он ҳар сол дар 11-уми март Рӯзи матбуот ҷашн гирифта мешавад. Вале пажӯҳишгарон тазкира ва осори насри қадимии тоҷикиро зинаи аввали журналистикаи тоҷик мешумуранд. Чунончӣ, муаллифони китоби «Таърихи матбуоти тоҷик» И. Усмонов ва Д. Давронов корбурди жанрҳои хабар, гузориш, мусоҳиба ва ғайраро дар солнома ва таърихнигориҳои садаҳои 10 то 15 тазаккур медиҳанд. Дар нимаҳои дуввуми садаи XIX ва оғози садаи XX бархе аз нашрияҳо чоп шудаанд, ки матолиберо ба тоҷикӣ нашр кардаанд. Дар давраи шӯравӣ матбуот зери назорати шадиди давлат қарор дошт, вале дар ин давра низ аз талошҳои озодбаёнӣ дар бархе аз онҳо ба мушоҳида расидааст. Ибтидои солҳои 90-уми садаи 20 давраи шукуфоии матбуоти озоди Тоҷикистон шуморида мешавад, ки ба нашрияҳое монанди «Чароғи рӯз», «Растохез», «Сухан», «Адолат» ва монанди инҳо нисбат дода мешавад. Дар солҳои Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон 1992 то 1997 даҳҳо рӯзноманигори тоҷик кушта ва аксари журналистони боҳунар кишварро тарк кардаанд. Ҳоло матбуоти мустақили Тоҷикистон аз нав ҷон мегирад ва чанд нашрия, хабаргузорӣ, радио ва телевизионҳои мустақил талош доранд, бо истифода аз озодии матбуот рисолати худро амалӣ кунанд.

Дар Тоҷикистон 4 нашрияҳои давлатӣ: «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета» ба забони русӣ ва « Халқ овозӣ» ба забони узбекӣ нашр мешаванд. Инчунин, нашрияҳои ғайридавлатӣ; Ҳафтаномаи «Тоҷикистон», Ҳафтаномаи «Миллат», Ҳафтаномаи «СССР» , Ҳафтаномаи «Азия-плюс» ва диг. ба забонҳои гуногун нашр мешаванд.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ» дар вазорат 376 рӯзнома, аз инҳо 112 адад давлатӣ ва 264 адад мустақил , 245 маҷалла, аз инҳо 114-тояш давлатӣ ва 131 адад мустақил, 319 матбаа- 37 давлатӣ ва 282 мустақил, 48 нуқтаи фурӯши китоб- 3 давлатӣ ва 45 мустақил, 71 нашриёт, аз инҳо 10 давлатӣ ва 61 мустақил, 11 агентии иттилоотӣ, аз инҳо 1 давлатӣ ва 10 мустақил ба қайд гирифта шудаанд. Ин маълумот то 25 декабри соли 2021 ба ҳисоб гирифта шудааст.[72]

Ба воситаи спутники ABS-1 (75.0°E) шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон — Телевизиони Тоҷикистон (Шабакаи 1), ТВ Ҷаҳоннамо, ТВ Баҳористон, ТВ Сафина, Варзиш ТВ, ТВ Футбол (Тоҷикистон), ТВ Синамо, ТВ Шаҳнавоз, ТВ Илм ва табиат намоишҳои хешро омодаи тамошобинон мекунанд. Инчунин, Ширкатҳои телевизионии давлатии умумиҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ (Тоҷикистон) фаъолият карда истодаанд.

Аз рӯи раддабандӣ (соли 2018) аз ҳама нашрияи серхонандатарин нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (34 %) мебошад. Сипас, бо фосилаи камтар нашрияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон «Омӯзгор» (23,8 %) ва нашрияи марказии ҲХДТ рӯзномаи «Минбари халқ» (22,2 %) ҷойгир шудаанд.

Тадқиқоте, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» гузаронида шуд, ба ин натиҷа расидааст.[73]

Омори мазкур имрӯз зимни муаррифии Ҳисоботи тадқиқотии «Муайян намудани афзалиятҳои медиавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, зикр гардид. Раддабандии маҷаллаҳо ба раддабандии рӯзномаҳо монанд аст, яъне дар қатори аввал маҷаллаҳои давлатӣ қарор доранд. Аз ҳама теъдоди зиёди нашрро маҷаллаи занон — «Бонувони Тоҷикистон» (44,9 %) дорад. Маҷаллаи дуюми маъруф маҷаллаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дин ва ҷомеа» (10,4 %) ва дар ҷойи сеюм маҷаллаи Вазорати фарҳанг бо номи «Фирӯза» (5,2 %) меистанд.

Тамошобинони тоҷик аз ҳама бештар шабакаи телевизионии Сафинаро тамошо мекунанд. Инро 60,1%-и пурсидашудагон дар тадқиқоте, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» гузаронида шуд, тасдиқ кардаанд. Ин омор имрӯз зимни муаррифии Ҳисоботи тадқиқотии «Муайян намудани афзалиятҳои медиавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, зикр гардид.

Аз рӯи натиҷаҳои тадқиқот, дар ҷойи дуюм шабакаи телевизионии Телевизиони Тоҷикистон (Шабакаи якум), бо 50,1 % ва дар ҷойи сеюм ТВ Баҳористон бо 30,5 % қарор гирифтаанд.

Пас аз шабакаҳои телевизионии ватанӣ дар ҷои аввал шабакаҳои телевизионии Россия меистанд, ки дар ҷадвали афзалиятҳо 18,3%-ро ишғол менамоянд. Бояд зикр намуд, ки шабакаҳои телевизионии Россия на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми фазои пасошӯравӣ рейтинги баланд ишғол мекунанд. Пас аз Россия бо 9,7 % шабакаҳои телевизионии ӯзбекӣ қарор гирифтаанд.

Тибқи тадқиқоти ин марказ, дар миёни радиоҳои маҳбубтарин радиои Радиои «Садои Душанбе» (28 %) мавқеи аввалро касб карда, дар ҷойи дуюм Радиои Тоҷикистон (17,4 %) ва дар ҷойи сеюм Радиои фарҳанг (5,3 %) қарор гирифтаанд. Шумораи шабакаҳои гирифтани иттилоот, ғайр аз ВАО-и анъанавӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Дар ҷойи аввал ТВ ватанӣ (57,2 %), дар ҷойи дуюм интернет (11,5 %) қарор дорад. 38,4 фоизи пурсидашудагон аз интернет истифода мебаранд. Интернетро аз ҳама бештар сокинони ВМКБ-60,6 фоиз истифода мебаранд. Ин нишондиҳанда дар миёни сокинони Душанбе 56,3 фоизро ташкил дод.[74].

Оҷонсиҳои Иттилоотии Тоҷикистон

Дар солҳои истиқлол таъсис ва рушди Оҷонсиҳои Иттилоотии Тоҷикистон ба назар мерасад. Имрӯз дар ҷумҳури 8 Оҷонсиҳои Иттилоотӣ амал карда истодаанд:

Воситаҳои алоқа, технология ва инноватсия

Мақолаи асосӣ: Алоқа дар Тоҷикистон

Дар солҳои 90 асри XX истифодаи алоқаи телефонӣ барои аз 2 то 8 % ба 100 нафар аҳолӣ дастрас буд. Баъд аз ба охир расидани ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аввалин қадамҳо барои азнав кардани системаи алоқаи телефонӣ ва рақами (цифровая) намудани он гузошта шуд. Соли 1998 аввалин маротиба дар Душанбе пайвасткунаки рақамӣ (цифровой комутатор) барои 2500 муштарӣ ва соли 1999 ба 10000 муштариён ба кор даромад. Соли 2003 стансияи телефонии Қургонтеппа, соли 2004 Хуҷанд ва соли 2005 Хоруғ, Кӯлоб, Турсунзода ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба системаи пайвасткунаки рақамӣ гузаштаанд.

Соли 2020 шумораи дастгоҳҳои телефонии системаи ШСКТ «Тоҷиктелеком» 279 ҳазор ададро ташкил дод, ки 84,7 % онҳо телефонҳои хонагӣ мебошанд.[76]

Алоқаи телефони мобилӣ

Нигаред: Интернет дар Тоҷикистон

Системаи мобилии алоқаи телефонӣ дар Тоҷикистон аз соли 1996 инкишоф меёбад. Аввалин ширкате, ки ба бозори алоқаи мобилии телефонии Тоҷикистон дохил шуд ин ҶСП «ТоҷикТел» буд. Соли 1998 дар Хуҷанд ҶСП «Сомонком» хидматрасониро дар бозори алоқаи мобилии телефонии Тоҷикистон бо стадарти GSM сар кард. Соли 2013 дар ҷумҳурӣ шумораи ширкатҳои хидматрасонии нави алоқа ба 17 адад, шумораи умумии муштариёни алоқаи мобилӣ ба 10 912 080 адад ва шумораи муштариёни интернет ба 3 800 453 адад расид. Шумораи муштариёни алоқаи мобилии ҶДММ «Вавилон-Мобайл» аз ҳама зиёд 3 425 509 адад, шумораи муштариёни интернет аз ҳама зиёд — ҶДММ «Таком» — 1 138 626 адад расиданд[77].

Солҳои охир, дар Тоҷикистон ширкатҳои гуногун — ҶСП «Индиго Тоҷикистон» («Tcell»), ҶСП «ТТ-Мобайл» («МегаФон Тоҷикистон»), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» («ZetMobile», собиқ Beeline"), «Таджиктелеком», «Телеком-технолоджи», хидматрасониро дар бозори алоқаи мобилии телефонӣ ба сомон расонида истодаанд. Тибқи маълумоти соли 2017 дар Тоҷикистон шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ 7 млн. 353 ҳазору 192 нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 4 млн. 371 ҳазору 817 нафарашон муштариёни фаъол мебошанд. Ба ҳар 100 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ 5,5 адад дастгоҳи телефонии собит рост меояд. Шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ дар Тоҷикистон 2,3 млн нафарро ташкил мекард.[78].

Тибқи маълумоти соли 2020 вазни қиёсии операторони хусусӣ дар бозори алоқаи ҷумҳурӣ 93,4 % -ро ташкил дод. Теъдоди корбарони Интернет аввали соли 2021 беш аз 3,3 млн ва муштариёни мобилӣ беш аз 6 млн нафарро ташкил намуд.[79].

Бино ба далели маълумотҳои раддабандии глобалии Speedtest, моҳи январи соли 2021 Тоҷикистон байни 140 кишвари дунё ҷои 129-умро гирифтааст ва дар натиҷа дар як моҳ панҷ зина поён рафтааст. Суръати боркунии маълумот дар Тоҷикистон моҳи январи соли 2021 — 13,8 Мб/сонияро ташкил дод.[80].

Аз нигоҳи суръати интернети симӣ низ, тибқи ҳисобҳои моҳи январи соли 2021, Тоҷикистон низ мавқеъро аз даст дод ва дар байни 175 кишвар дар ҷои 99-ум қарор гирифт.[80].

Омодагӣ ба рушди технологияҳои пешрафта

Дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) «Ҳисоботи технология ва инноватсия 2021» аз чоп баромад. Аз ҷиҳати омодагӣ ба рушди технологияҳои пешрафта, Тоҷикистон дар байни Тимори Шарқӣ ва Иттиҳоди Комор ҷойгир аст ва дар байни 158 кишвари дар рейтинги зикршуда ҷои 143-ро ишғол мекунад. Аз кишварҳои ИДМ — Русия дар ҷои 27, Беларус дар ҷои 59, Қазоқистон дар ҷои 62, Арманистон дар ҷои 83, Озарбойҷон дар ҷои 100, Қирғизистон дар ҷои 115 мебошанд.[81]

Адабиёт

Рӯдакӣ-асосгузори адабиёти форсу-тоҷик

Адабиёти тоҷик дар асрҳои миёна

Назму насри форсу тоҷик тӯли чандин асрҳо тараққӣ мекард. Давраи нашъунамои адабиёти форсу тоҷик ба асрҳои миёна рост меояд, вақте ки дар Осиёи Миёна аввалин давлати тоҷикон — Давлати Сомониён (874—1005) арзи ҳастӣ намуда буд. Сомониён ба илм ва адабиёт диққати махсус зоҳир мекарданд. Шоирон ва олимони ҳамон давра ба монанди Рӯдакӣ, Ибни Сино, Фирдавсӣ, Унсурӣ, Дақиқӣ дар даргоҳи шоҳони Сомониён кор ва фаъолият мекарданд. Эрониён ва тоҷикон он вақтҳо як қавмро бо решаҳои бо ҳам пайваст ташкил мекарданд ва адабиёт, санъат, илм ҳам дастраси ҳама буд.

Рӯдакӣ асосгузори адабиёти форсу тоҷик мебошад.

Истилои арабҳо ба Осиёи Миёна дигаргуниҳои зиёде овард. Фарҳанги бой ва меьмории тоисломии тоҷикон нест карда мешуд, китобҳо сӯзонида мешуданд. Дар Осиёи Миёна дини ислом ҷорӣ шуда забони арабӣ умумӣ гардид. Забони нави адабӣ — забони форсу-тоҷик дар асрҳои IX—X ташаккул ёфт. Рӯдакӣ — шоири барҷаста, асосгузори адабиёти форсу тоҷик, аввалин шуда забонро ташаккул дод ва онро дар назми худ истифода бурда, якчанд жанрҳои адабии он замонро ба вукуъ овард. Маҳз аз ҳамон давра сар карда адабиёти форсу-тоҷик ташаккул ёфта дар тамоми олам машҳур гардид.

Дар охири асри X Фирдавсӣ «Шоҳнома»-и безаволи худро эҷод кард, ки аз ҷихати маъно ва ҳаҷм дар адабиёти умумибашарӣ ҳамтоё надорад. Асри XI бо ба вукӯъ омадани эпосҳои романтикӣ машҳур шудааст. Маҳз дар ҳамин жанр силсилаи достонҳои Унсурӣ, Айюкӣ, Гунгурӣ, Умари Хайём мебошанд, вале «Хамса»Низомии Ганҷавӣ намунаи беҳтарин маҳсуб мешавад, ки асри XII эҷод карда шудааст. Дар асри XIII «Бӯстон» ва «Гулистон»- и Саъдӣ, дар асри XIV достонҳои Амир Хусрави Дехлавӣ ва Хоҷа Кирмонӣ, Камоли Хуҷандӣ ва ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ эҷод шудаанд. Асри XV бошад бо назми Ҷомӣ машҳур гардидааст.

Адабиёти тоҷик дар асри XX

Ғалабаи Инқилоби Октябру истиқрори низоми шӯравӣ дар Осиёи Миёна боъис гардиданд, ки миллати азийяткашидаи тоҷик дигарбора самандарвор аз хокистари зиллат бархоста, бар минбари иззату шарофат барнишинад ва дар баробари соҳати дигари ҳаёту иқтисоди кишвар ба соҳаи фарҳангу адаби деринасоли худ сару сомони наву матлубе бахшад. Ба иборати дигар, баъди таъсиси ҶМШС Тоҷикистон (1924) ва ҶШС Тоҷикистон (1929) ниҳоди ҷадиди нависандагони Тоҷикистон арзи ҳастӣ намудааст, ки гурӯҳу дастаҳои парешони суханварони диёрамонро ҷамъ оварда, фаъолияташонро ба талаботи замони инқилобӣ мутобиқу мувофиқ гардонидааст. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон моҳи майи соли 1934 ҳамчун қисми таркибии Иттифоқи нависандагони ИҶШС ташкил ёфт.

Дар асри XX, эҷодиёти адибони Тоҷикистон боиси рушди насру назми тоҷик, ташаккули тарҷумаи адабиёти ҷаҳон, драматургия, адабиёти кӯдакону наврасон, адабиётшиносӣ ва танқиди тоҷик гардид. Адибони Тоҷикистон бо асарҳои эҷоднамудаи хеш адабиёт ва забони тоҷикиро ба пояи нав бароварда дар адабиёти башар ҳиссагузор шудаанд. Эҷодиёти адибон ба садҳо забонҳои дунё тарҷума шуда дастраси хонандагон гардидааст.

Маориф

Мақолаи асосӣ: Маориф дар Тоҷикистон

Дар гузаштаи таърихи тоҷикон, дар давраҳои гуногуни рушди ҷомеъа масъалаи инкишофи муассисаҳои парваришу маориф аз сарварони давлату ҳомиёни дин вобаста буд. Доир ба гузаштаи мактабу мадрасаҳо баъзе маълумотҳо дар асарҳои муаррихону адибон боқӣ мондаанд, ки ҳоло мавриди тадқиқи олимон мебошанд. Аз нигоришоти ниёкон, иқдоми маорифпарварӣ танҳо дар охири садаи XIX аз ҷониби Аҳмади Дониш ва маорифпарварони тоҷик барои оммаи заҳматкаш мавриди тарғибу ташвиқ қарор гирифта будааст. Намояндагони Ҳаракати ҷадидия ба мислӣ Айнӣ, Мунзим, Беҳбудӣ ва диг. давомдиҳандагони ин раванди равшанфикрӣ ва муассисони нахустини Мактабҳои усули нав гардиданд.

Баъд аз таъсис ёфтани ҶМШС Тоҷикистон соли 1924 зиммаи таъсиси соҳаи парваришу маориф ба давлати тоҷик гузашт, ки аз намояндагони табақаҳои заҳматкаш иборат буд.

14 декабри 1924 Комиссариати маорифи халқи ҶХШС Тоҷикистон ташкил гардид, ки он 11 феврали 1925 дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Комиссариати маорифи халқ баъд ба Вазорати маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1946—1978: 1988—1992), Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси ҶШС Тоҷикистон (1978—1988) табдили ном кард. Соли 1992 Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ном гирифт.[82] Дар замони шӯравӣ маҳви бесаводӣ бартараф, таҳсилоти ройгон ҷорӣ гардида муассисаҳои гуногуни маърифатӣ аз ҷониби давлат бунёд ёфтанд.

Имрӯз, дар ҷумҳурӣ муассисаҳои гуногуни парваришу омӯзиш рушд меёбад. Дар замони истиқлол маориф як рукни иҷтимоии давлат гардидааст. Президенти Тоҷикистон дар суханорониаш ба ифтихори 25 — солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.09.2016 зикр намудааст:

Дар зарфи 25 соли истиқлол маблағгузории соҳаи маориф садҳо баробар зиёд карда шуд. Агар соли 2000-ум барои маориф ҳамагӣ 41 миллион сомонӣ ҷудо гардида бошад, пас соли 2016 барои ин соҳаи ҳаётан муҳим зиёда аз 3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Имрӯз дар кишвар 161 муассисаи типи нав, аз ҷумла 85 гимназия ва 65 литсей фаъолият дорад. Инчунин, дар ин давра 9 мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар онҳо ҳамаи шароити муосири таълиму тарбия муҳайё карда шудааст.

Афзоиши шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар даврони истиқлоли давлатӣ яке аз дастовардҳои соҳаи маорифи мамлакат мебошад. Агар соли 1991 дар мамлакат 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо шумораи умумии 70 000 нафар донишҷӯ фаъолият карда бошад, пас соли 2016 шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 39 ва донишҷӯён ба 170 000 нафар расид.

Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ ба ифтихори 25 - солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сатҳи саводнокии аҳолии Тоҷикистон низ тадриҷан баландшуда истодааст. Аз рӯи омори «Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ:Шуъбаи аҳолӣ» доир ба саводнокӣ, дар Тоҷикистон тахминан 5 781 203 наф дар синни 15 сола ва боло, ба забонҳои гуногун хонда ва навишта метавонанд. Ин шумора, 99,77 % аз ҳаҷми умумии аҳолии калонсолро дар бар мегирад. Яъне, тахминан 13 147 нафар сокинон ҳоло ҳам бесавод мебошанд.[83]

Мусиқӣ ва театр

Дар Тоҷикистон 15 муассисаҳои театрӣ ва 5 консертӣ фаъолият доранд.

Варзиш

Мақолаи асосӣ: Варзиш дар Тоҷикистон

Варзишгарони тоҷик новобаста ба мушкилиҳои молиявӣ дар бисёр мусобиқаҳо байналмилалӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Варзишгарони беҳтарин ба монанди: Расул Боқиев, Мавзуна Чориева, Дилшод Назаров, Гулов Алишер, Акмалиддин Каримов ва дигарон шаъну шарафи варзиши Тоҷикистонро баланд бардошта истодаанд.

Соли 2013 дар ҷумҳурӣ 7564 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 164 варзишгоҳ, 1893 толорҳои варзиш, 64 ҳавзи шиноварӣ фаъолият мекард.[84]. Дар Тоҷикистон 3 варзишгоҳи ғунҷоишаш 25 ҳазор тамошобин ва боз як варзишгоҳ барои 25 000, чор варзишгоҳ барои 20 000 ва 15 000 сохта ба истифода супорида шудаанд.

Варзишгоҳҳои бузург:

  1. Қасри варзиши «Тоҷикистон»
  2. Варзишгоҳи «Спитамен» (собиқ варзишгоҳи «Спартак»)
  3. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ (бошгоҳи футболи «Истиқлол»)
  4. Толори «Қасри теннис»
  5. Ҳавзи шиноварӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Гулистон, Панҷакент ва диг.
  6. Қасри варзиши Кумитаи андози ҶТ ва диг.

Дар федератсияи Тхэквондо ИТФ имрӯз 36 қаҳрамонҳои ҷаҳон тарбия ёфтаанд[85], ки якчанд маротиба ғолиби мусобиқаҳо гардида буданд. Ин ягона федератсияи варзишгарони Тоҷикистон аст, ки солҳои истиқлол бо саъю кӯшиши Раиси федератсия Мирсаид Яҳёев ва кумаки молиявии корхонаҳову шахсони алоҳида дар мусобиқаҳо фаъол аст.

Дигар комёбии назаррас дар бозиҳои олимпӣ соли 2012 ба медали биринҷии олимпиада сазовор шудани муштзани тоҷик Мавзуна Чориева мебошад.

Сентябри соли 2014 дар Бозиҳои тобистонаи Осиё варзишгарони тоҷик соҳиби 5 медал, аз ҷумла як медали тилоӣ аз рӯи намуди гурзпартоӣ, ки соҳибаш Дилшод Назаров шуданд. Дилшод Назаров ягона варзишгарест, ки се маротиба дар Олимпиадаҳо иштирок намуда, ду карат ғолиби Бозиҳои Осиёӣ шудааст. Августи соли 2015 ӯ соҳиби медали нуқра дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Пекин гардидааст. Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷикистонӣ мебошад, ки дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро (Бразилия) соҳиби медали тило шудааст.

Варзишгари 22-солаи тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода, ки моҳи ноябри соли 2017 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Сочии Русия дар вазни 74 кг ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт, бо медали тило мукофотонида шуд. Вай инчунин дар чемпионати Осиё дар Тошканд дар вазни 68 кг медали тило, дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод дар намуди самбои варзишӣ дар вазни 74 кг медали тило ва дар намуди куштии кураш дар вазни 73 кг медали нуқра гирифтааст. Ӯ дар рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2017, ки онро Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) аз рӯи натиҷагирии пурсиши хабарнигорон тартиб додааст, дар ҷойи аввал мебошад.[86]

Муассисаҳои фарҳангӣ

Мақолаи асосӣ: Фарҳанги Тоҷикистон
Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Соли 2012 дар Душанбе бузургтарин дар Осиёи Марказӣ Китобхонаи миллии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода дода шудааст. Теъдоди хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 6 миллион нусха китобро ташкил медиҳад.[87]. Аз соли 2008 ҳамасола рӯзҳои 2-9 апрел дар саросари ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикис тон» баргузор мегардад ва 4 сентябр ҳамчун «Рӯзи китоб» таҷлил мешавад. Аз соли 2007 Ҳаракати «Корвони китоб» ташкил карда шуд, ки ҳар сол як маротиба китобҳои тозанашрро ба китобхонаҳои тамоми шаҳру ноҳияҳо ба таври ройгон дастрас менамояд. Солҳои 2011, 2012 ва 2013 Намоиши байналхалқии китоби Душанбе ташкил карда шуд.

Ифтитоҳи осорхонаи миллӣ аз ҷумлаи рӯйдодҳои таърихӣ ва дастовардҳои муҳими фарҳангии даврони Истиқлоли Тоҷикистон мебошад. 20 марти соли 2013 дар Душанбе расми кушодашавии бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими кушодашавии осорхона Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сокинони шаҳри Душанбе иштирок намудаанд.

Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Суғд, Қалъаи Хуҷанд

Дар толори бузурги Осорхонаи миллии Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори зиёиёни эҷодкори ҷумҳурӣ мулоқот намуд.[88]

Айни замон (1.01.2017), дар ҷумҳурӣ 2 ҳазору 320 муассисаи иҷтимоию фарҳангӣ, аз ҷумла 1 ҳазору 354 китобхонаи давлатию оммавӣ, 332 қаср ва хонаҳои фарҳанг, 415 клуб, 48 клуби сайёр, 14 маркази фарҳангу фароғатӣ, 7 филармонияи халқӣ, 62 боғи фарҳангию фароғатӣ, 22 театри халқӣ, 54 осорхона, 24 ансамбли тарона ва рақс, 16 ансамбли шашмақом, 7 ансамбли фалак, 6 ансамбли эстрадӣ ва 16 ансамбли фолклорию этнографӣ фаъолият доранд.[89]

Ҷозибаҳои гардишгарӣ

Мақолаи асосӣ: Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, пазируфта шудани пойтахти Ватанамон — шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ, эълон гардидани шаҳри Душанбе — пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020—2021 симои сайёҳии Тоҷикистон ба ҷаҳониён муаррифӣ ва машҳур намуд. Дар сафи 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон шудани ҷумҳурӣ, дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои сайёҳони саргузаштӣ ҷой додани Тоҷикистон, ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил гаштани шоҳроҳи Помир, ҳамчун даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона, инчунин, ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор ва тирамоҳ барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эътироф шудани шаҳри Душанбе, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рӯи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ шомил шудани Тоҷикистон ва ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми содаи пешниҳоди раводид ворид шудани ҷумҳурӣ шаҳодати аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гаштани сайёҳии мамлакат ва дар ин росто касб намудани мавқеи намоён дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 350 ҳазор нафар сайёҳ ташриф овард, ки нисбат ба соли пешин 72,2 дарсад кам мебошад. Тибқи арзёбиҳои Кумитаи омор ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ даромади соҳа то давраи беморӣ тақрибан 2,5 дарсади ММД -ро ташкил медод. Ин ҳудудан 230—250 миллион доллари ИМА-ро дар бар мегирад. Cоли 2020 ин рақам хеле кам шуда, тахминан ба 72,6 миллион доллари ИМА баробар гардид, ки тахмин 1 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дониста мешавад.

Бо мақсади пиёда намудани тарҳи рушди деҳот, бозсозии роҳҳои назди ёдгориҳои таърихӣ, бунёди хонаҳои қабули сайёҳон, меҳмонхонаҳои хурд ва дигар хидматрасониҳои муосир дар соли 2021, дар заминаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд чор мавзеи таърихию сайёҳии ҷумҳурӣ — «Чилучорчашма», «Аҷинатеппа», «Ҳулбук» ва «Ямчун» дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ бозсозӣ ва ба сатҳи байналмилалӣ мешаванд.

Идҳои расмии Тоҷикистон

Мақолаи асосӣ: Идҳои Тоҷикистон

Тоҷикистон дар радабандиҳои ҷаҳонӣ

  • Дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ-и Бонки ҷаҳонӣ, ки танзими давлатии фаъолияти соҳибкориро дар кишварҳои ҷаҳон арзёбӣ менамояд, соли 2020 мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 зина баланд рафта, дар байни 190 давлати ҷаҳон ҷои 106-ум-ро ишғол намуда, бори дигар ба даҳгонаи кишварҳои пешқадами ислоҳотгари ҷаҳон шомил шуд.[91].
  • Дар радабандии кишварҳои хушбахти дунё (World Happiness Report) (соли 2018), ки бахши Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҷустуҷӯи роҳи босубот таҳия кард, ки Тоҷикистон дар ҷойи 74 қарор дорад.[92].
  • Тоҷикистон дар гузориши Forbes аз рӯи озодии тиҷорат дар мақоми 118, озодии монетарӣ — 131, навоварӣ — 116, технология — 108, ҳифзи сармоягузор — 37, фасод — 148, озодии шахсӣ — 142 ва аз рӯи сарбории андоз дар мақоми 114-ум қарор гирифтааст.[93].
  • Коршиносони Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF), Ҷумҳурии Тоҷикистонро амнтарин кишвари Осиёи Марказӣ дар соли 2017 донистаанд. Дар ин радабандӣ Тоҷикистон миёни 136 кишвар мақоми 49-умро касб кард.[94]
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радабандии „Шохиси ҳуқуқи кӯдак-2017“, ки соли 2017 созмони „Бунёди ҳуқуқи кӯдак“ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Ерасмуси Роттердам дар самтҳои ҳуқуқи кӯдак ба ҳаёт, саломатӣ, маориф ва ҳифзи муҳити зист баргузор кард, дар миёни 165 кишвари узви Конвенсияи ҳуқуқи кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид мақоми 55-умро касб намуд. Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Ҷумҳурии Қазоқистон (ҷойи 22) ва Туркманистон (ҷойи 42) дар ҷойи сеюм қарор дорад. Пас аз Тоҷикистон кишварҳои Озарбойҷон (ҷойи 66), Беларус (ҷойи 78), Қирғизистон (ҷойи 81), Ӯзбекистон (ҷойи 85), Русия (ҷойи 86) ва Арманистон дар ҷойи 106 қарор гирифтаанд».[95]
  • Бино бар иттилои Internet Live Stats соли 2016 Тоҷикистон аз ҷиҳати шумораи корбарони интернет дар мақоми 114-ум қарор дошт.[96] ва дар қаламрави Тоҷикистон шумораи корбарони интернет ба 1,6 миллион нафар расида ин адад 18,7 % аз шумораи умумии аҳолиии кишварро ташкил медиҳад. Дар муқоиса бо соли 2015 шумораи корбарони интернет 4,3 % афзудааст[97].

Боз нигаред

Аксҳои Тоҷикистон

Омӯзишу парвариш ва фарҳанг

Эзоҳ

  1. Атлас мира: Максимально подробная информация / Руководители проекта: А. Н. Бушнев, А. П. Притворов. — Москва: АСТ, 2017. — С. 40. — 96 с. — ISBN 978-5-17-10261-4.
  2. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 14 феврали 2018 санҷида шуд.

    Моддаи 1

    Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

  3. tajikistan-population аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2020(тоҷ.). stat.tj (2021). 26 марти 2021 санҷида шуд.
  4. tajikistan-population аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2020(тоҷ.). stat.tj (2021). 26 марти 2021 санҷида шуд.
  5. Tajikistan. International Monetary Fund website.
  6. http://hdr.undp.org/sites/default/files/2016_human_development_report.pdf
  7. List of sovereign states and dependencies by area
  8. tajikistan-population аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2020(тоҷ.). stat.tj (2021). 26 марти 2021 санҷида шуд.
  9. Национальногосударственное размежевание советских республик Средней Азии. www.booksite.ru. Большая советская энциклопедия. 28 феврали 2024 санҷида шуд.
  10. Abdullaev, Kazim Nomad Migration in Central Asia (in After Alexander: Central Asia before Islam)(англ.) // Proceedings of the British Academy(англ.) : journal. — 2007. — Vol. 133. — P. 87—98. Архивировано из первоисточника 2 май 2020.
  11. Кофронси илмӣ — назариявӣ, базшида ба 20 солагии Истиқлоли миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. — Душанбе, 2011, с.29 — 30, 66 — 70, 71 — 75
  12. Мавқеи ҷуғрофиёӣ ва ҳудудии Тоҷикистон // Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома. — Д.: СИЭМТ, 2021. — С. 10. — 696 с. — ISBN 978-99985-0-005-1.
  13. 13.0 13.1 13.2 Сохти геологӣ / А. С. Ниёзов, Х. М. Муҳаббатов // Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома. — Д.: СИЭМТ, 2021. — С. 52—58. — 696 с. — ISBN 978-99985-0-005-1.
  14. Best-Country: Водные ресурсы Таджикистана(рус.). www.best-country.com. 4 марти 2024 санҷида шуд.
  15. Захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон. avkd.tj. Академияи ВКТ ҶТ. 4 марти 2024 санҷида шуд.
  16. 16.0 16.1 Обҳо: Пиряхҳо / Х. Муҳаббатов // Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома. — Д.: СИЭМТ, 2021. — С. 79. — 696 с. — ISBN 978-99985-0-005-1.
  17. Пиряхҳои Тоҷикистон: сарчашмаи об дар Осиёи Марказӣ(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (11 феврали 2020). 4 марти 2024 санҷида шуд.
  18. Пиряхҳои Тоҷикистон: сарчашмаи об дар Осиёи Марказӣ(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (11 феврали 2020). 4 марти 2024 санҷида шуд.
  19. Сарватҳои табиӣ / А. Ниёзов, Х. Муҳаббатов // Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома. — Д.: СИЭМТ, 2021. — С. 59—72. — 696 с. — ISBN 978-99985-0-005-1.
  20. В Таджикистане зарегистрировано 28 месторождений нефти и газа(пайванди дастнорас)
  21. Постановление Кабинета Министров СССР от 04.02.1991 № 20 - Сейчас.ру. www.lawmix.ru. 12 марти 2024 санҷида шуд.
  22. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 3, мод. 177
  23. Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2018 Ахбороти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). stat.tj (2018). 27 апрели 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 май 2019.
  24. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — С. 6. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  25. 25.0 25.1 25.2 25.3 Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2018 года. Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2018 года(пайванди дастнорас — таърих). 29 феврали 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 апрели 2020.
  26. Численность населения Республики Таджикистана на 1 января 2015 года(пайванди дастнорас — таърих). 4 июли 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
  27. Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2016 года. Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2016 года(пайванди дастнорас — таърих). 26 октябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 августи 2017.
  28. Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2019 года. Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2019 года(пайванди дастнорас — таърих).(пайванди дастнорас)
  29. Population of the Republic of Tajikistan as of 1 January 2020(рус.)(пайванди дастнорас — таърих). Statistics office of Tajikistan. 3 октябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 июни 2021.
  30. 30.0 30.1 Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2022 года(пайванди дастнорас — таърих).
  31. Тифли 10 миллионаи Тоҷикистон ба хонаи худ омад. dushanbe.tj. Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (26 июли 2022). 29 феврали 2024 санҷида шуд.
  32. Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2022 года(пайванди дастнорас — таърих).
  33. Таджикистан - Страна ТАСС(рус.). ТАСС. 13 марти 2024 санҷида шуд.
  34. Қонуни ҶТ «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон». Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 апрели 2017).
  35. Модаи 1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. mmk.tj. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 12 марти 2024 санҷида шуд.
  36. Моддаи 9. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. mmk.tj. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 12 марти 2024 санҷида шуд.
  37. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. mmk.tj. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 12 марти 2024 санҷида шуд.
  38. Моддаи 64. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. mmk.tj. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 12 марти 2024 санҷида шуд.
  39. Моддаи 65. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. mmk.tj. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 12 марти 2024 санҷида шуд.
  40. (КМИР)-и Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии овоздиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистонро эълон кард(тоҷ.). sputnik.tj. 15 октябри 2020 санҷида шуд.
  41. 41.0 41.1 Моддаи 48. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. mmk.tj. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 12 марти 2024 санҷида шуд.
  42. Моддаи 1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (13 апрели 2017). 13 марти 2024 санҷида шуд.
  43. Моддаи 73. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. mmk.tj. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 12 марти 2024 санҷида шуд.
  44. Моддаи 5. Қонуни ҶТ «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон». Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 апрели 2017). 13 марти 2024 санҷида шуд.
  45. Моддаи 84. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. mmk.tj. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 12 марти 2024 санҷида шуд.
  46. Моддаи 3. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (15 Январ 2020).
  47. Моддаи 8. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. mmk.tj. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 12 марти 2024 санҷида шуд.
  48. 48.0 48.1 Моддаи 3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (13 апрели 2017). 13 марти 2024 санҷида шуд.
  49. Артиши миллии Тоҷикистон // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
  50. Tajikistan. Encyclopædia Britannica.
  51. ozodi.org. Дар 10 сол дар Тоҷикистон чӣ тағйир кард?(тоҷ.). ozodi.org. 18 апрели 2019 санҷида шуд.
  52. ozodi.org. Дар семоҳаи аввал қарзи хориҷии Тоҷикистон $2 млн зиёд шуд(тоҷ.). ozodi.org (7 июни 2022). 16 сентябри 2022 санҷида шуд.
  53. sputnik-tj.com. СБП дурнамои рушди ММД-и Тоҷикистонро дар соли 2019 пешгӯӣ кард(тоҷ.). sputnik-tj.com. 18 апрели 2019 санҷида шуд.
  54. /sputniknews.ru/ 26.02.2021
  55. www.asiaplustj.info/news/. Тоҷикистон бо кишварҳои СҲШ чӣ гуна молу маҳсулот савдо мекунад ва маблағаш чӣ қадар аст(тоҷ.). asiaplustj.info (13 сентябри 2022). 16 сентябри 2022 санҷида шуд.
  56. http://www.regnum.ru/news/1582915.html
  57. нусхаи бойгонӣ. 9 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 августи 2017.
  58. Натиҷаи воридоти технологияҳои муосир ва татбиқи он дар истеҳсолоти ватанӣ. sanoat.tj. 22 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 феврали 2020.
  59. Амиршо Миралиев роҳбари АБТ интихоб шуд. 26 апрели 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 апрели 2016.
  60. http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2012/11/121121_zkh_worldbank_report.shtml
  61. Ашуров Ш. А., Караматуллаева Р. С. Совершенствование управления в сельскохозяйственном производстве Республики Таджикистан // Аграрное образование и наука. — 2015. — № 2. — С. 5
  62. Дар давраи Истиқлол иқтидори истеҳсолии соҳа бе назардошти НБО «Роғун» 1520 МВт зиёд шуд(тоҷ.). www.khovar.tj. 22 Декабри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2019.
  63. ТЭЦ-2 на вес золота: Китай «вернёт» свои инвестиции на рудниках Таджикистана. Sputnik (28 ноябри 2019). 28 ноябри 2019 санҷида шуд.
  64. Дар давраи Истиқлол иқтидори истеҳсолии соҳа бе назардошти НБО «Роғун» 1520 МВт зиёд шуд(тоҷ.). www.khovar.tj. 22 Декабри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2019.
  65. Иҷозати хусусӣ кардани амволи “Роғун” ва “Талко”: Ҳукумату парлумон пазируфтанд(тоҷ.). www.sputnik-tj.com. 22 Январ 2020 санҷида шуд.
  66. В Таджикистане рассказали, сколько электроэнергии экспортировано за рубеж(тоҷ.). www.sputnik-tj.com. 1 феврали 2021 санҷида шуд.
  67. Оғози расмии амалисозии лоиҳаи CASA-1000(пайванди дастнорас)
  68. Бедность в Таджикистане – 2020(пайванди дастнорас — таърих). Всемирный банк. 4 ноябри 2021 санҷида шуд.
  69. Ифтитоҳи роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакент. 17 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 май 2021.
  70. Оғози корҳои навсозии шоҳроҳи Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов. 24 апрели 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 апрели 2016.
  71. Истиқбол дар истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Ёвон
  72. Пагоҳ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон 110-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад(тоҷ.). www.khovar.tj (10 марти 2022). 10 марти 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 марти 2022.
  73. khovar.tj/ 06.04.2018. 8 апрели 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 июни 2020.
  74. Натиҷаҳои тадқиқоти маркази "Зеркало" муарриф гардиданд(тоҷ.). khovar.tj. 18 июни 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 июни 2020.
  75. В Таджикистане закрылось независимое агентство TojNews. 16 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 ноябри 2016.
  76. Дар Тоҷикистон соли гузашта даромади операторони хусусии алоқа афзоиш ёфт. 5 марти 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 май 2021.
  77. Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 2014. — С. 314.
  78. Илҳомҷон Атоев: «Теъдоди истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон ба 2,3 млн. нафар расид» | АМИТ "Ховар"(тоҷ.). khovar.tj. 12 феврали 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 май 2021.
  79. Дар Тоҷикистон соли гузашта даромади операторони хусусии алоқа афзоиш ёфт(тоҷ.). khovar.tj. 5 марти 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 май 2021.
  80. 80.0 80.1 sputnik-tj.com. Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии суръати интернет боз пасттар шуд(тоҷ.). sputnik-tj.com. 5 марти 2020 санҷида шуд.
  81. Таджикистан оказался в конце рейтинга по готовности к развитию новых технологий /avesta.tj/2021/02/26/. 27 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 феврали 2021.
  82. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 3. БОЗ-ВИЧКУТ — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2014, — с.381-387
  83. Население Таджикистана. Грамотность населения
  84. Саидова М. Х. Экономические аспекты функционирования и развития физической культуры и спорта в структуре сферы услуг Республики Таджикистан // Наука и спорт: современные тенденции. — 2015. — Т. 7. — № 2. — С. 94
  85. Национальная Федерация Тхэквондо и Кикбоксинга Республики Таджикистан. 9 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 Декабри 2016.
  86. Беҳрӯзи Хоҷазода варзишгари сол эълон шуд!. 29 Декабри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 Декабри 2017.
  87. ТАЪРИХИ КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ
  88. ИШТИРОКИ Э. РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ ВА МУЛОҚОТ БО ЗИЁИЁНИ КИШВАР. 10 июли 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 марти 2016.
  89. Вазорати фарҳанг дар ҳамоҳангӣ бо ЮНЕСКО 3 филми мустанад ба навор гирифт. 2 феврали 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 Январ 2017.
  90. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 21, мод. 237; соли 1998, № 10, мод.125, № 23-24, мод. 338; соли 1999, № 5, мод.76, № 12, мод.308; соли 2002, № 4, қ-1, мод.191, мод.194, мод.197; соли 2003, № 4, мод.132, № 8, мод. 449, № 12, мод. 678; соли 2004, № 5, мод. 350, № 12, қ-1, мод. 697; соли 2005, № 3, мод. 131, № 12, мод. 658; соли 2008, № 1, қ-2, мод. 9, № 3, мод.188, № 12, қ-1, мод. 988; соли 2009, № 5, мод.319, № 7-8, мод. 493, № 11, мод. 698, мод. 699; соли 2010, № 7, мод. 544, мод. 548.
  91. Тоҷикистон ба даҳгонаи давлатҳои пешқадами ислоҳотгари ҷаҳон шомил шуд. khovar.tj (28 октябри 2019). 15 ноябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 ноябри 2019.
  92. ozodi.org. Финландия хушбахттарин кишвари дунё. Тоҷикистон дар ҷойи 74-ум аст(тоҷ.). ozodi.org. 18 апрели 2019 санҷида шуд.
  93. sputnik-tj.com. Баҳои Forbes ба андоз, фасод, ҳифзи сармоягузор ва шароити соҳибкорӣ дар Тоҷикистон(тоҷ.). sputnik-tj.com. 18 апрели 2019 санҷида шуд.
  94. Тоҷикистон дар соли 2017 бехавфтарин кишвари Осиёи Марказӣ номида шуд. 29 Декабри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 Декабри 2017.
  95. Тоҷикистон дар радабандии «Шохиси ҳуқуқи кӯдак-2017» мақоми 55-умро касб кард. 23 Январ 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 Январ 2018.
  96. Internet Users by Country (2016) - Internet Live Stats(англ.). www.internetlivestats.com. 12 феврали 2018 санҷида шуд.
  97. Sputnik. Тоҷикистон аз ҷиҳати истифодабарандагони интернет дар ҷои 114 қарор гирифт(тоҷ.). sputnik-tj.com. 12 феврали 2018 санҷида шуд.

Пайвандҳо

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:


 
Созмони ҳамкории Шанхай
Қазоқистон  | Қирғизистон  | ҶХЧ  | Русия  | Тоҷикистон  | Ӯзбекистон
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Ҳиндустон | Эрон | Муғулистон | Покистон


 
Иттиҳоди иқтисодии Евразия
Қазоқистон  | Қирғизистон  | Беларус | Русия  | Тоҷикистон |  Ӯзбекистон |
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Арманистон | Молдова | Украина